JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:46

Шамол чӣ гуна пайдо мешавад?

Муаллиф:

   Шамол яке аз ҳодисаҳои табиие  мебошад, ки дар ҳаёти инсоният фоида ва зиёни хешро мерасонад. Маслан  шамол метавонад туфону гирдбодҳоро  ба вуҷуд оварада  ҳолати ормии табиатро  вайрон намояд, метавонад ба хочагии халқ  фоида расонад ва боз кодир аст бисёр чизҳоро несту нобуд созад.

 Ин ҷо кӯшиш намудем сабабҳои ба амалоии шамол, роҳҳои муайян кардани қувваи шамол, муайян намудани самти он, намудҳои шамол ва нақши он дар ҳаёт ва фаъолияти  инсонро ба шумо нишон дода бошем.

   

Шамол чи гуна пайдо мешавад?

  

Шамол -  ин ҳаракати ҳаво аст. Пайдоиши шамол аз гармии сатҳи Замин ва нурафкании Офтоб вобаста аст. Офтоб сатҳи Заминро нобаробар гарм  намуда, боиси гармшавии як минтақа аз минтақаи дигар мегардад.  Дар минтақаҳое,  ки нурҳои Офтоб зиёдтар меафтанд,  қабатҳои ҳавои онҷоро гарм месозанд дар натиҷа онҳо  ҳаҷман калон  гардиди ба осонӣ ба боло ҳаркат менамоянд ва  ҷойи онҳоро қабатҳои  ҳавои хунук ишғол месозад. Ҳар чӣ қадар  гармии як минтақа аз гармии минтақаи дигари Замин фарқ намояд ҳамонқадар эҳтимолияти баамалоии шамол  зиёд аст. Яъне ҳамон қадар ҳодисаи конвексия зиёдтар ба амал меояд. Ба таври дигар гуфтан мумкин аст, ки  ҳаракати ҳавои гарм ва хунук  дар сатҳи болоии қабатҳои атмосфераи Замин шамол номида мешавад.

Дар давоми рӯз назар ба оби баҳру уқёнусҳо сатҳи хушкии рӯи Замин зуд гарми мешавад. Аз ин рӯ, ҳарорати баҳр ва  сатҳи заминӣ гуногун аст. Рӯзона ҳаво дар хушкиҳо гарм аст, ва шабонгоҳ бошад  дар укёнусҳо.  Бинобар ин рӯзона ҳавои хунук аз ҷониби укёнусҳо ба сатҳи хушки ҳаракат менамояд (инро шаббода мегуянд)  ва шабона ҳаво бараъакс ба самти муқобил, яъне  аз сатҳи  хушки ба укёнусҳо (инро шаббодаи шабона ном мегиранд).     

Барои бехатарии ҳаёт ва мусоидат намудан ба хоҷагии инсон  самти ҳаракати шамолро донистан лозим аст. Агар шамол аз тарафи минтақаи Арктика ояд бо худ хункуро  ва аз самти экваторӣ ояд бо худ гармиро меорад.

Дар пойгоҳҳои метеорологӣ  барои муайян намудани самти шамол, аз флюгер ном асбоб  истифода мебаранд , ки дар баландии 10 м насб карда мешавад.  Ин асбоб сохти оддӣ дошта  аз пластинаҳои метали сохта шудааст ва  самти ҳаракати шамолро нишон медиҳад. Ба шамол вобаста аз ҷониби вазидааш  ном  мегузоранд, масалан  аз  шарк-шаркӣ аз ҷануб-ҷанубӣ. Барои муайян намудани қувваи шамол низ  асбоби махсус – анемометр мавҷуд аст. Ҳар чӣ қадар шамол бо қувваи зиёд вазад, ҳамон қадар фирфираки асбобро тезтар  тоб мегардонад ва вобаста аз ин қувваи шамолро муайян менамоянд.

Шамол қувваҳои гуногунро соҳиб аст; заиф, миёна ва қавӣ

Агар қувваи  шамол  заиф бошад, он танҳо  барги дарахтонро метавонад  ба ларзиш орад.  Қувваи шамол миёна  бошад шохаҳои дарахтонро   меҷунбонад.  Шамоли қавӣ бошад баробари вазиши хеш  метавонад  шохаҳои дарахтонро шиканад, бомпӯши хонаҳои истиқоматӣ ва  ноқилҳои  симчубҳои барқиро аз кор барорад теппаву хонаҳоро вайрон намояд.

Нақши шамол дар ҳаёти инсоният.

Шамол –падидаи аҷоиби табиат буда, дар ҳаёти инсоният нақши муҳимро  мебозад. Шамол абрҳоро ба ҳаракат дароварда, дар ҷойҳои гуногун боришоти  борону барфу жоларо ба амал меорад. Аз шаҳрҳо  ҳавои ифлосро  мебарад  ва аз саҳрову  ҷангалу  марғзорҳо ҳавои тозаро  меорад. Дар хоҷагии халқ барои бордоршавии дарахтону гулу буттагон низ  саҳмгузор аст. Инсоният кайҳо тарзи истифодаи энергияи шамолро  омӯхтааст. Ба гуфтаҳои боло осиёи бодӣ мисол шуда метавонад, ки энергияи бодиро ба энергияи механикӣ табдил медиҳад. Аммо айни замон  фаъолияту талаботи инсон ба пуррагӣ бо қувваи электрикӣ  алоқаманд аст . Барои тавлиди энергияи электрикӣ аз энергияи бод аз генераторхои шамолӣ истифода мебаранд. Ва дар минтақаҳои гуногуни Замин аз ин усул васеъ истифода мекунанд.

Дар давраҳои қадим  киштиҳо бодбон доштану сабаби ҳаракати онҳо дар баҳру уқёнусҳо мешуданд ва аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар менамуданд. Баҳрнаварди испанӣ  Христофор Колумб  аз ҳисоби таъсири шамол самти ҳаракати худро гум карда,  ба ҷои Ҳиндустон ба Амрико рафта буд. Яъне «гунаҳкор»-и кашфи қитъаи Амрико шамол аст ва маҳз ба маънии ба ҳаракатдароварандаи киштӣ Ҳофиз чунин гуфтааст:

Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,

Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.

Вайронкории шамолро бошад Фирдавсии бузург таъкид, карда мегӯяд, ки шамол танҳо чизҳои  моддиро вайрон менамояду офаридаҳои маънавии ӯ аз таъсири боду борон эмин аст:

Аблукосими Фирдавсӣ

Пай афкандам аз назм кохи баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Дар байни одамони оддӣ ва эҷодиёти халқӣ низ шамол нақши худро дорад, аз он ҷумла «шамоли қибла», «кадом шамол парронд», «ба об ё шамол гуфтани сирру асрор», «барбод додан» (яъне ба ҳаво партофтан ва ё беҳуда сарф кардан) ва ғайраҳо.

 Масрур ҲОДИЕВ, 
аспиранти ДМТ
Хондан 5452 маротиба