Дар оптикаи физиологӣ қонуниятҳои бо чашм дарккунии рӯшноӣ ва рангҳои алоҳидаи таркибии он омӯхта мешавад. Бо ин қонуниятҳо баъзе масъалаҳои фотометрия ҳалли худро ёфтааст. Оптикаи физиологӣ бо биофизикаю психология алоқаманд буда механизми биниш ва таҳлилкунандаи қувваи босирӣ (аз асаби биниш то чашм) - ро тадқиқ менамояд.
Масъалаҳои бо табиати рӯшнои ва ҳодисаҳои бо он алоқаманд бударо оптикаи физикӣ меомӯзад. Қисми калонтарини оптикаи физикӣ - оптикаи мавҷӣ буда вай ҳодисаҳоеро шарҳ медиҳад, ки дар онҳо табиати мавҷии рӯшноӣ зоҳир мегардад.
Таҷрибаҳои сершумор оиди тадқиқи интерференсия, дифраксия, поляризатсияи рӯшноӣ ва паҳншавии он дар муҳитҳои анизотропӣ тасдиқи маҷмӯъи мавҷҳои электромагнитӣ будани рӯшноиро асоснок намудаанд.
Дар инкишофи оптикаи мавҷӣ роли муҳимеро алоқамандии доимиҳои макроскопии муҳит, нуфузпазирии нисбии диэлектрикӣ e ва магнитӣ ( - нишондиҳандаи шикасти муҳит) бо сохти молекулавӣ ва кристаллии модда бозид. Якчанд ҳодисаҳои оптикӣ (дисперсия - вобастагии аз дарозии мавҷи рӯшноӣ : паҳншавии рӯшноӣ дар муҳитҳои анизотропӣ ва ғайра) дар ин асос маънидод шудаанд.
Дар оптикаи квантӣ рӯшноиро ҳамчун сели квантҳо - фотонҳо дониста мешавад. Бо ёрии методҳои оптикаи квантӣ ҳодисаҳоеро омӯхтан имконпазиранд, ки онҳо ҳангоми таъсири рӯшноӣ бо модда ба амал меоянд ва роли асосиро дар онҳо хосиятҳои квантии системаи элементарӣ (атом, молекула, ион) мебозанд.
Соҳаи нави оптика голография (аз юнонӣ holos - пурра ва grapho - навиштан) - имкониятҳои ҳосил гардидани тасвирҳои пурра (ҳаҷмӣ)-и предметҳоро дар бар мегирад.
Принсипҳои голографияро барои усулҳои нави ҳалли масъалаҳои техникаи ҳисоббарорӣ истифода намудаанд. Кашфиёти ҳодисаҳои квантӣ сабаби бавуҷудоии соҳае гардид, ки он бо ҳосил кардани шуоъафкании маҷбурӣ ва сохтани зӯргарҳои квантӣ ва генераторҳои квантии оптикӣ - лазерҳо алоқаманданд.
Дар аввали солҳои 60-уми асри 20 манбаъҳои принсипан нав ГКО - генераторҳои квантии оптикӣ ё лазерҳо сохта шуданд. Бар хилофи манбаъҳои табиии ғайрикогерентӣ нурҳои тавассути лазерҳо ҳосилшуда байни худ когерентӣ мебошанд. Хусусияти асосии лазерҳо, ки ба нурафкании когерентии онҳо вобаста аст пеш аз ҳама, қобилияти дар фазои маҳдуд ҷамъ намудани энергия мебошад. Барои баъзе лазерҳо қобилияти хориҷ намудани мавҷи дараҷаи монохроматиаш баланд хос аст. Баъзе лазерҳо қодиранд, ки импулсҳои давомнокиашон то 10-17 сонияро афкананд. Ин имконият медиҳад, ки тавоноии лаҳзагии нури хориҷшуда бениҳоят калон бошад. Нури афкандаи лазерҳо самти муайянро дорад ва тағйирёбии паҳноии дастаи он (диаметри нур), асосан бо ҳодисаҳои дифраксия алоқаманд аст. Нури аз лазер баромадаро ба майдончаи хурд ҷамъ намуда, равшании ниҳоят калонро дар сатҳ ҳосил намудан мумкин аст.
Лазерҳо барои бо суръат инкишоф ёфтани локатсияи оптикӣ, хатҳои алоқаи оптикӣ ва методҳои оптикии масофасанҷи сабаб шуд. Мавқеъи радифони маснӯъи Замин ва киштиҳои кайҳониро локатсияи оптикӣ муайян мекунад. Бо ёрии хатҳои алоқаи лазерии оптикӣ бавуҷудоии гуфтугӯи телефонӣ бо тасвираш ба ҳарду тарафҳо пайдо мегардад. Дар корҳои геодезӣ, иншоотҳои гидротехникӣ, сохтмон ва инчунин, ба сифати баландисанҷҳо масофасанҷҳои оптикӣ мавриди истифода қарор ёфтаанд.
Татбиқи лазерҳо дар спектроскопия сабаби пайдоиш ва инкишофи пуравҷи соҳаи нав - спектроскопияи лазерӣ гардид. Дар соҳаҳои гуногуни физика, кимиё, тиб, биология, астрофизика, геофизика, физикаи уқёнус, физикаи атмосфера, техника, санъатшиносӣ ва дар якчанд соҳаҳои саноат таҳлилҳои спектралию люминессентӣ мавриди истифода қарор ёфтаанд. Селҳои пуриқтидори шуоъафкании монохроматикии лазериро ҳосил намуданд, ки ба туфайли он методҳои оптикии ҷудокунии изотопҳо ва бо тези ҷоришавии реаксияҳои кимиёвиро бунёд намуданд. Ин татбиқи нави оптика дар соҳаи биофизика ва тиб истифода карда мешавад. Аз ин рӯ, бо таъсири нурҳои лазерӣ табобати якчанд намуди касалиҳо имконпазир гардид.
Ҳамин тариқ, дар соҳаҳои гуногуни илму техника истифодаи методҳои оптикӣ роли ҳалкунандаро бозид. Оптика дар инкишофи илму-техникӣ хеле муҳим буда қариб ҳамаи масъалаҳояш дар амалия татбиқ ёфтаанд.
Масрур ҲОДИЕВ
аспиранти ДМТ