Инсон аз замони пайдоиш то имрӯз ба асбобҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт ва дар оянда ҳам ба ин асбобҳо эҳтиёҷманд аст. Дар ҷамъияти ибтидоӣ одамон барои ҳисобкуниҳо аз ангуштон, чӯбчаҳои нишонадор, тасмаҳои сӯрохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва дигар асбобҳои оддитарин истифода мебурданд. Ҷаҳиши асосӣ дар пайдоиш ва барқароршавии техникаи ҳисоббарор дар қарнҳои XVII-XVIII ба вуҷуд омада, мошинҳои дар ин давра сохта шударо мошинҳои арифметикӣ меномиданд. Пешрафти техникаи ҳисоббарорро ҳамеша талабот ба ҳисоббарориҳои фаврӣ ва аниқ муайян месозанд. Аз ин рӯ, ин талабот омиле буд, ки доимо техникаи ҳисоббарорро мукаммал мегардонид ва он то ҳол аҳамияти илмии худро гум накардааст.