Бо зиёдшавии ҳаҷми ҳисобкуниҳо, инсон ба кофтукови усулҳои иҷрокунии онҳо ва ихтирои асбобҳои ҳисоббарорӣ шурӯъ намуд, ки яке аз аввалин асбобҳои ҳисоббарори қадима чут (счёт) мебошад. Таърихшиносон бар он ақидаанд, ки чут тақрибан 2000-2500 сол муқаддам ё дар Чини қадим, ё дар Миср ва ё дар Юнони атиқа сохта шудааст. Аммо дар ибтидои асри XVII мутахассисони соҳаҳои физика ва астрономия ба зарурати ҳисобкуниҳои мураккаб ва калонҳаҷм рӯ ба рӯ гаштанд, ки ин талаботи эшонро чут қонеъ карда натавонист. Бинобар ин, талабот ба мошинҳое, ки ҳаҷми калони ҳисоббарориҳоро дар муддати кӯтоҳ, бо саҳеҳии баланд иҷро карда метавонистабошад, рӯз то рӯз меафзуд.
Соли 1642 физики 19 - солаи фаронсавӣ Блез Паскал (1623-1662) дар ҷаҳон аввалин шуда мошини ҳисоббарори (арифмометр) механикиро ихтироъ намуд, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро мекард. Баъди ним аср, яъне соли 1694 математики барҷастаи немис Вилгелм фон Лейбнитс (1646-1717) мошини навбатиеро сохт, ки он аз арифмометри Паскал имконияти зиёдтар дошт ва аз рӯи лоиҳа (конструксия) низ ин мошин мураккабтар буд. Мошини Лейбнитс на натанҳо чор амали арифметикӣ - ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро иҷро карда метавонист, балки аз решаи квадратӣ низ ададҳоро мебаровард. Соли 1820 бошад, олими дигари фаронсавӣ Чарлз Калмар мошини ҳисоббарори мукаммалтару оммафаҳмеро ихтироъ намуд, ки он муддати хеле зиёд мавриди истифода қарор гирифт. Ва бисёре аз олимон кӯшиш менамуданд, то сохти онро тағйир диҳанд. Аввалин шуда, соли 1880 механики шведии муқими Россия Вилгодт Однер (1845-1905) арифмометри наверо ихтироъ намуд, ки он аз миқдори зиёди дандонакҳо иборат буд. Баъдтар дар асоси он то солҳои 70 - уми асри ХХ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арифмометр бо номи "Феликс" истифода мешуд.
Дар соли 1830 математики англис Чарлз Беббиҷ (1792-1871) лоиҳаи мошини ҳисоббарори нисбатан мукаммалтар «Мошинаи аналитикӣ» - ро пешниҳод намуд, ки маҳз ӯро асосгузори компютерҳои ҳозиразамон ҳисобидан мумкин аст. Андешаи илмии Беббиҷ сохтани мошини таҳлилӣ буд, ки дар асоси ғояҳои вай ихтироъкори амрикоӣ Герман Ҳоллерит (1860-1929) соли 1889 дастгоҳи перфоратсиониеро барои ҳалли масъалаҳои оморӣ ихтироъ намуд. Дар соли 1896 бошад, Ҳоллерит ширкати «Tabulating Machine Copany» - ро барои истеҳсоли дастгоҳҳои перфоратсионӣ ташкил кард ва каме баъдтар, соли 1924 он ба ширкати бузургтарини ихтироъкунандаи компютерҳо, ки бо номи IBM (International Business Machine) маъруф аст, табдил дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки барои мошини Беббиҷ аввалин шуда риёзидони англис, духтари шоири маҳбуб Ҷорҷ Байрон Огаста Ада Лайвлес (1815-1852) барнома (программа) - ро сохт.
Ҳамин тавр, орзуҳои Беббиҷ баъди як аср ҷомаи амал пӯшиданд, яъне соли 1937 профессори Донишгоҳи Айоваи ИМА Ҷон Атанасаов (1903-1998) ба сохтани мошини ҳисоббароре оғоз кард, ки он барои ҳалли масъалаҳои физикаи математикӣ пешбинӣ шуда буд. Худи ҳамон сол аз ҷониби муҳандиси Донишгоҳи Горварди ИМА Горвард Айткен лоиҳаи мошини релегии Мark-1 пешниҳод гардид ва он соли 1944 аз ҷониби ширкати IBM сохта шуд. Вале, аввалин компютер соли 1946 бо номи ENIAC аз тарафи кормандони Донишгоҳи Пенсилвани ИМА Пресперт Эккерт ва Ҷон Мочлӣ сохта шуд, ки он аз 18000 лампаҳои электронӣ, 70000 резисторҳо ва 5 миллион пайвастаҳо иборат буда, 160 кВт/ст қувваи ҷараёнро истеъмол менамуд.
Қадами навбатии хеле муҳимро дар пешрафти МЭҲ математики шаҳири амрикоӣ Ҷон фон Нейман (1903-1957) гузошт. Вай соли 1945 аввалин шуда пешниҳод намуд, ки дар баробари маълумоти ададии додашуда, барномаи коркарди ин маълумот низ ба хотираи мошин дохил карда шавад. Принсипи Нейман аз чори қисм иборат мебошад: 1) арифметикӣ - мантиқӣ, 2) идоракунӣ, 3) беруна ва 4) хотираи фаврӣ. Нахустин компютери дар асоси принсипи фон Нейман коркунанда соли 1949 дар Англия аз тарафи Морис Уилск ихтироъ гардид. Дар ИҶШС бошад, соли 1951 аввалин компютер аз ҷониби риёзидони шӯравӣ Сергей Алексеевич Лебедев (1902-1974) бо номи МЭСМ сохта шуд.
Хурдгардонии ҳаҷми компютер ба ихтирои транзистор алоқаманд буда, аввалин транзисторро соли 1948 физик - назариётчии амрикоӣ Ҷон Бардин (1908 - 1991) ва мутахассиси ширкати «Bell Telephone Labolatoris» ихтироъ намуданд. Баъд аз ин кашфиёт, аз соли 1954 сар карда ширкати «Texas Instrument» истеҳсоли васеи транзисторҳоро ба роҳ монд. Соли 1958 Ҷек Килби (1923-2005) усули дар як пластинаи нимноқилӣ ҳосил намудани якчанд транзисторро кор кард. Соли 1959 бошад, Роберт Нойс (1927-1990) усулеро фикр намуд, ки мувофиқи он дар як пластина ҳам транзистор ва ҳам пайвастаҳои байни онро сохтан мумкин буд. Дар заминаи ин кашфиётҳо аввалин мини - компютери РDР - 8 соли 1965 аз ҷониби ширкати «Digital Equiment» истеҳсол гардид. Аввалин компютери фардӣ бошад, соли 1977 бо номи «Apple» аз тарафи Стевен Возняк (тав. 1950) ва Стив Ҷобс (1955-2011) сохта шуд.
Бояд қайд кард, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз як фанни техникӣ дар бораи усулҳо ва воситаҳои коркарди маълумотҳои додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба як илми бунёдӣ дар бораи информатсия ва равандҳои информатсионии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфта, ду ҷанбаи асосиро дарбар мегирад: Ҷанбаи аввал ба омӯзиши системаҳои информатсионии тасвири олам, қонунияти информатсионии умумии сохт ва тарзи кори системаҳои худидоракунӣ - биологӣ, ҷамъиятӣ ва автоматӣ - техникӣ бахшида шудаааст, ки яке аз шохаҳои асосии кибернетика мебошад.
Кибернетика - илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.
Ҷанбаи баъдӣ бошад, ба омӯзиши усулҳо ва воситаҳои техникии дарёфт, ғункунӣ, захира, табдил, ирсол ва истифодаи информатсия бо ёрии компютер ва дигар воситаҳои электронии муосир бахшида шудааст.
Қурбонов Н.Б.