JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар мақола моҳияти физикии муҳимтарин фаҳмишҳо оиди хосиятҳои физикӣ-механикии ҷисмҳои сахт, бо таври сода пешниҳод ва муҳимияти илмӣ-амалии онҳо нишон дода шудааст. Зимни таҳлили натиҷаи ҳисобкунии мустаҳкамии назариявӣ бо усулҳои мухталиф ба даст омада ва муқоиса бо мустаҳкамии воқеӣ, актуалӣ будани омӯзиши сабабияти ин фарқият бо мақсади идора кардани раванди вайроншавӣ ва баланд бардоштани савияи мустаҳкамии воқеии ҷисмҳои сахт нишон дода шудааст.
Илми муосир исбот намудааст, ки Замин дар қатори сайёраҳои Офтоб аз гарду ғубори кайҳонӣ, (натиҷаи таркиши Бузург) 4,5-5 миллиард сол қабл ба вуҷуд омада, одам ҳамчун навъи биологӣ дар рӯйи Замин тақрибан 300 ҳазор сол қабл пайдо шудааст. Инсон дар тӯли мавҷудияташ то ин дам барои зинда будан ва насли худро нигоҳ доштан мубориза мебарад. Фаҳмост, ки барои одами ибтидоӣ зиндагӣ хеле мушкил буд. Зеро ӯ таҷрибаи зиндагӣ ва дониш надошт. Ивазшавии шабу рӯз, ҳаракати зоҳирии Офтобу Моҳ, милтос задани ситораҳо, гулдурос ва рӯшноии чашмхиракунандаи барқро аксаран бо тарсу ҳарос ва бо ҳайрат тамошо мекард, лекин сабаби онҳоро намедонист. Одами ибтидоӣ эҳсос мекард, ки бе хӯрок зиндагӣ карда наметавонад, лекин чиро (кадом меваву, растаниҳоро) истеъмол карданро намедонист. Аз ин рӯ ӯ ҳамеша дар тарсу ҳарос зиндагӣ ба сар мебурд. Тасаввур кардан душвор нест, ки таҷрибаи зиндагӣ дар табиат (дар табиат зинда будан!!) барои аҷдодони мо ба ивази вақт ва қурбониҳои хеле зиёд ба даст омадааст…
Бо гармӣ ва барқ таъмин намудани аҳолӣ яке аз масоили муҳим ва ҳалталаби замони муосир ба ҳисоб рафта, тайи даҳсолаҳои охир аст, ки диққати олимон, пажӯҳишгарон ва коршиносонро ба худ кашида меояд. Дар шароити имрӯза, вобаста ба пешрафти илму техника тадқиқотҳои олимону мутахассисон ба истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (гармии Офтоб, биомасса, биогаз, шамол, мадду ҷазр, энергияи қаъри Замин (геотермаленӣ), дарёчаҳо ва ғайра) бештар равона карда шудааст. Зиёда аз сӣ сол муқаддам дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лаборатория (озмоишгоҳ)-и илмӣ-тадқиқотӣ барои имкониятҳои истифодаи нерӯи Офтоб созмон ёфта, қувваи олимону муҳандисон барои тарҳрезӣ ва омӯзиши дастгоҳҳои табдилдиҳандаи нерӯи Офтоб ба гармӣ ва барқ сафарбар карда шуданд.