JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Апрели 2021 04:30

Гидроэнергетика ва саноатикунонии босуръати Тоҷикистон

Муаллиф: Абдуманонова Ф.А., Абдуманонов А.А.

  Дар мақола оиди нақши гидроэнергетика дар саноатикунонии босуръати Тоҷикистон  маълумот оварда шудааст. Аз маълумоти таърихӣ ва рақамӣ, ки оиди неругоҳҳои электрӣ-обии Тоҷикистон оварда шудаанд, омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёна бо мақсадҳои таълимӣ ва тарбиявӣ истифода бурда метавонанд.  

  Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ мебошад. Дар кӯҳҳои баланд шумораи зиёди пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дарёҳои кӯҳӣ аз онҳо ибтидо мегиранд. Массаи оби аз кӯҳ бо суръат ба поён ҷоришаванда дорои энергияи кинетикӣ мешавад. Дар неругоҳҳои обӣ энергияи механикии об тавассути генераторҳои индуксионии электромеханикӣ ба энергияи электрӣ табдил дода мешавад. Тибқи ҳисобу китоб захираи солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёда аз 500 млрд кВт соатро ташкил медиҳад. Бо назардошти захираҳои калон ба гидроэнергетикаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад [1]. Неругоҳҳои барқи обӣ (ГЭС-ҳо) нисбат ба неругоҳҳои аловӣ (ТЭС-ҳо) афзалият доранд. Зеро НБО-ҳо ба атмосфера гази СО2 хориҷ намекунанд. Муҳити зистро ифлос намекунанд. Манбаи барқароршавандаи энергия мебошанд. Дар ҳамон як дарёи кӯҳӣ паси ҳам якчанд неругоҳи электрӣ сохтан мумкин. Энергияи электрӣ нисбати дигар навъҳои энергия афзалияти калон доранд ва бинобар он дар ҳамаи соҳаҳо (истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ) фаровон истифода мешавад [2].   

   Силсиланеругоҳҳо дар дарёи Варзоб. Аввалин неругоҳи электрии обӣ дар Тоҷикистон дар дарёи Варзоб сохта шудааст. Агрегати (чархаи) якуми ГЭС-и Варзоб-1 соли 1936 ва агрегати дуюмаш соли 1937 ба кор дароварда шудааст. Иқтидори умумии онҳо солҳои қаблӣ ба 7440 кВт буд. Соли 2012 агрегат ва дастгоҳҳои ёрирасони Варзоб-1 пурра иваз карда шудааст. Дар натиҷа, тавоногии неругоҳ ба 9500 кВт расидааст. Аз ибтидои кор то соли 2013 неругоҳи Варзоб-1 ба миқдори 281 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст [1].  

  Соли 1949 неругоҳи Варзоб-2 ба кор оғоз намудааст. Ин неругоҳ аз ду агрегат иборат буда тавоногии умумиаш ба 14 400 кВт баробар мебошад. Аз рӯзи ба истифода додан то 1 январи соли 2013 дар неругоҳи Варзоб-2 ба миқдори 3 миллиарду 763 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол карда шудааст.

  Соли 1952 неругоҳи Варзоб-3 ба кор оғоз намудааст. Ин неругоҳ низ аз ду агрегат иборат буда тавоногии умумиаш 3520 кВт мебошад. Дар ин неругоҳ то 1 январи 2013 ба миқдори 628,5 миллион кВт·соат энергия истеҳсол шудааст. Силсиланеругоҳҳои электрии дарёи Варзоб дар низоми (системаи) энергетикии Тоҷикистон аввалин мебошад. Алҳол дар ин силсила неругоҳҳои хурди электрии Ҳазора-1 ва Ҳазора-2, ҳар кадомаш бо иқтидори 250 кВт, кор мекунанд.

  Дарёи Сир яке аз калонтарин дарёҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки пас аз якҷоя шудани шохобҳояш- Норин ва Қародарё дарёи Сир ном гирифтааст. Бо истифода аз захираҳои гидроэнергеткии дарёи Сир дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 12 нерӯгоҳҳои электрӣ-обӣ бунёд шудаанд.

  Неругоҳи “Дӯстии халқҳо” (Қайроқум) дар дарёи Сир дар наздикии ш.Хуҷанд (алҳол ш.Гулистон) солҳои 1956-57 сохта шудааст. Сарбанди неругоҳро гидроэнергетикҳои советӣ соли 1956 сохтаанд. Дарозии обанбори неругоҳ - “Баҳри тоҷик” 65 км, васегиаш аз 8 то 20 км (тағйирёбанда) ва масоҳати сатҳи обанбор 513 км2 мебошад. Ҳаҷми умумии обанбор, тибқи ҳисоби с. 2009, тақрибан 3 млрд.131 млн. м3, ҳаҷми фоиданокаш 2 млрд.390 млн м3 муайян шудааст. Мақсад аз сохтани неругоҳ, аввало танзим ва истифодаи захираи оби дарёи Сир барои киштукор ва дуюм истеҳсоли энергияи электрӣ буд. Сохта ба истифода додани неругоҳи “Дӯстии халқҳо” дар ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ дар Шимоли Тоҷикистон мусоидат намудааст.   

  Неругоҳи “Дӯстии халқҳо” аз шаш гидроагрегати тавоногии ҳар кадоме  21 000 кВт иборат мебошад. Иқтидори умумии неругоҳ 126 000 кВт-ро ташкил медиҳад. Соли 1956 ду агрегат ва соли 1957 чор агрегат ба кор андохта шудааст [1]. Об аз баландии 18 м меафтад. Ҳангоми бо тавоногии пурра кор кардани неругоҳ аз гидроагрегатҳо дар як сония 177 м3 об мегузарад.

  Тибқи маълумоти Ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” дар неругоҳи “Дӯстии халқҳо” то 1 январи соли 2013 ба миқдори 32,86 миллиард кВт·соат энергия истеҳсол шудааст.    

  Неругоҳҳои дарёи Вахш. Дигар силсиланеругоҳҳо дар дарёи Вахш сохта шудаанд. Соли 1954 неругоҳи Марказӣ бо иқтидори 18 400 кВт, соли 1959 неругоҳи Шаршара бо иқтидори 29 950 кВт, ва солҳои 1962-63 неругоҳи электрии Сарбанд бо иқтидори 210 000 кВт сохта ба истифода дода шудааст.  

  Он солҳо неругоҳи Сарбанд дар Осиёи Миёна пуриқтидортарин неругоҳи электрии обӣ ба ҳисоб мерафт. Бояд тазаккур дод, ки солҳои 2010-13 неругоҳи Сарбанд таҷдид карда шудааст. Дар неругоҳи Сарбанд се агрегати иқтидори ҳар кадомаш 45 000 кВт ва се агрегати тавоногии ҳар кадомаш 35 000 кВт насб карда шудааст. Алҳол иқтидори неругоҳи Сарбанд 240 000 кВт -ро ташкил медиҳад.

   Ҳоло бо кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи таҷдиди навбатии неругоҳи Сарбанд бо маблағи 1,3 мллиард сомони идома дорад ва он соли 2021 ба анҷом расонида мешавад. Дар натиҷа иқтидори пурраи неругоҳ ба 290 000 кВт расонида мешавад [3].

   Аз оғози фаъолият то 1 январи 2013 дар неругоҳи Марказӣ 1 млрд 596 миллион кВт·соат, дар неругоҳи Шаршара 10 млрд 609 миллион кВт·соат, дар неругоҳи Сарбанд 45 млрд 730 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол шудааст.

  Неругоҳи электрии Норак, алҳол, калонтарин неругоҳи амалкунандаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. ГЭС-и Норак аз 9 агрегати иқтидори ҳар кадомаш 300 ҳазор кВт-и иборат мебошад. Яъне иқтидори лоиҳавии неругоҳи Норак ба 2 миллиону 700 ҳазор кВт баробар аст. Сохтмони ГЭС-и Норак соли 1961 оғоз шудааст. Агрегати аввалини ГЭС-и Норакро 14 ноябри соли 1972 котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ба кор андохта буд. Ҳамон сол агрегати дуюм ва соли 1973 агрегати сеюми неругоҳи Норак ба кор андохта шуданд. Соли 1976 агрегати чорум ва соли 1977 агрегатҳои 5 ва 6 ба кор оғоз карданд. Ниҳоят соли 1978 агрегатҳои 7 ва 8 ва соли 1979 агрегати 9-ум ба кор андохта шудааст.

  Соли 1988 ҳамаи 9 чархаи Норак таҷдид гардида иқтидори ҳар кадом ба 335 ҳазор кВт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3 миллион кВт (3000 МВт) расонида шудааст. Соли 2019 лоиҳаи навбатии таҷдиди неругоҳи Норак оғоз шудааст [3]. Неругоҳи электрии Норак бо ду хати баландшиддати 500 000 В (волт) ва панҷ хати баландшиддати 220 000 В ба системаи энергетикии Тоҷикистон пайваст мебошад.

  Аз рӯзи оғози кор то 1 январи 2013 неругоҳи электрии Норак ба миқдори 383,933 млрд. кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст.    

  Неругоҳи электрии обии Бойғозӣ панҷумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш мебошад, ки дар он чор агрегати иқтидори ҳар кадомаш 150 ҳазор кВт насб шудааст. Иқтидори умумии неругоҳи Бойғозӣ 600 ҳазор кВт мебошад. Се агрегати он соли 1985 ва агрегати чорум соли 1986 ба кор андохта шудааст. Аз оғози фаъолият то 1 январи соли 2013 неругоҳи мазкур ба миқдори 60,096 миллиард кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст.

  Неругоҳи электрии Сангтӯда-1. Неругоҳи электрии Сангтӯда-1 аз аввалин неругоҳи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон (шашумин неругоҳ дар дарёи Вахш) ба ҳисоб меравад. Неругоҳи мазкур пас аз ба итмом расидани сохтмони неругоҳи Бойғозӣ соли 1986 оғоз шуда буд. Лекин бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони он нотамом монд. Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, бо ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи Сангтӯда-1 бо Ҳукумати Федератсияи Россия баррасӣ шуд. Дар натиҷа байни Ҳукумати ФР ва Тоҷикистон Созишнома оиди сохтмони неругоҳи Сангтуда-1 (соли 2004) ба имзо расид. Тибқи ин Созишнома Ҳукумати ФР ба сохтмони Сангтӯда-1 ба миқдори 250 млн доллари ИМА маблағгузор намуд. Сохта ба истифода додани неругоҳро Ширкати “РАО ЕЭС” ба зимма гирифт. Агрегатҳои якум, дуюм ва сеюм соли 2008 ва агрегати чорум соли 2009 ба кор андохта шуданд. Дар ин неругоҳ 25% саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75% саҳми Федератсияи Руссия мебошад.

  Дар неругоҳи Сангтӯда-1 чор агрегати иқтидори ҳар кадомаш 167,5 ҳазор кВт насб шудааст. Иқтидори пурраи лоиҳавии неругоҳ 670 000 кВт-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Ширкати Барқи тоҷик неругоҳи Сангтӯда-1 аз оғози кор то 1 январи 2013  ба миқдори 8 млрд. 519 миллион кВт·соат энергия истеҳсол намудааст.

  Неругоҳи Сангтӯда-2. Ҳафтумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш. Лоиҳаи ин неругоҳ ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯрави омода шуда буд, лекин сохтмон оғоз нашуда монд. Соли 2004 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон оиди сохтани неругоҳи Сангтӯда-2 гуфтушунид оғоз шуда, соли 2005 созишнома оиди сохтмон ба имзо расид. Ҷумҳурии исломии Эрон сохтмони неругоҳи мазкурро ба зимма гирифт. 20 феврали соли 2006 оғози расмии сохтмон эълон карда шуд ва рамзи сохтмон ҳамчун рамзи дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Эрон гузошта шуд.

  Неругоҳ аз ду гидроагрегати тавоногии ҳар кадомаш 110 000 кВт иборат мебошад. Агрегати якум соли 2011 ва агрегати дуюм соли 2013 ба истифода дода шудааст. Ҳоло неругоҳи Сангтӯда-2 бо иқтидори лоиҳавии 220 000 кВт кор мекунад.  

  Неругоҳ (ГЭС)и Роғун. Ҳаштумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон нарасидани энергияи электрӣ, хусусан дар фасли тирамоҳу зимистон, ҷиддан эҳсос карда мешуд. Аз ин ҳолат иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Чумҳурӣ зарар медид, мардум аз нарасидани электр азоб мекашиданд. Бо назардошти муҳимияти электроэнергетика Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон эълон намуд. Бо баробари ба кор андохтани неругоҳҳои электрии хурди обӣ, тасмим гирифта шуд, ки сохтмони неругоҳи Роғун идома дода шавад. Зеро тибқи лоиҳа иқтидори неругоҳи Роғун ба 3 миллиону 600 000 кВт баробар буда, дар сурати сохта ба истифода додани он кишвари мо на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, балки фасли тобистон як миқдор энергияи электриро ба кишварҳои ҳамсоя содирот хоҳад кард [5].

  Аз таърихи сохтмон. Лоиҳаи техникии неругоҳи Роғунро соли 1974 Госстройи Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ намуда сохтмон соли 1976 оғоз шудааст. Ин лоиҳаро шӯъбаи Осиёи-миёнагии “Гидропроект” воқеъ дар ш.Тошканд таҳия намуда буд. Алҳол, ин лоиҳа, аз тарафи пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и Федератсияи Руссия амалӣ мешавад [4].  

  Зимни ҷӯишҳои геологӣ муқаррар карда шудааст, ки дар мавзеи ҷойгиршавии неругоҳи Роғун якчанд мушкилоти геофизикӣ вуҷуд дорад. Аввало, мавзеи интихобшуда аз лиҳози сейсмикӣ фаъол аст ва моҳе як ду заминларзаи ҳисшаванда ҳодисаи маъмулист. Дигар ин, ки ҷинсҳои кӯҳии ин мавзеъ ковок ва бунёди нақбҳо мушкил. Сеюм, дар он мавзее, ки бунёди сарбанд қулай мебошад, зери замин тарқиши калони плитаи тектоникӣ (разлом) ҷойгир ва он бо намаксанг пур мебошад. Бо ба вуҷуд омадани сарбанд об бо фишор ба ин тарқиш ворид шуда намаксангро шустанаш эҳтимол дорад. Барои роҳ надодан ба шусташавии намаксанг мутахасисони советӣ бо қабати семент маҳкам пӯшидани даҳони ин тарқиш ва дигар чораҷӯиҳоро пешбинӣ намудаанд.

  Бояд зикр кард, ки ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон оиди оғози корҳои барқароркунӣ ва идомаи сохтмони Неругоҳи электрии Роғун ба муқовимати ҷиддии кишварҳои ҳамсоя дучор шуд. Мухолифони амалишавии лоиҳаи неругоҳи Роғун иддао пеш меоварданд, ки сохта ба истифода додани неругоҳи Роғун таъминоти обро дар кишварҳои поёноб мушкил ва кандашавии сарбанд (бо сабабҳои техникӣ ва табиӣ, аз ҷумла заминларза) ба ҳаёти сокинони ин минтақа хавфи хеле калон пеш меорад. Барои аз байн бурдани ин сару садоҳо Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғунро ба экспертизаи байналхалқӣ пешниҳод намуд. Хушбахтон аз тарафи коршиносони ҷаҳонӣ ба лоиҳа экспертиза(хулосаи муҳаққиқӣ)и мусбат дода шуд. Исбот карда шуд, ки дар сурати риоя шудани нуктаҳои техникии дар лоиҳа пешбинишуда Неругоҳи Роғун ба мисли неругоҳи Норак аз ҳар ҷиҳат бехавф ва ба манфиати тамоми минтақа хизмат хоҳад кард.    

  Инак, сохтмони неругоҳ аз соли 2016 инҷониб дар заминаи ҳуқуқии байналхалқӣ идома дорад. Дар сурати сохта ба истифода додани неругоҳи Роғун сарбанди он бо баландии 335 м баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мешавад. Сарбанди неругоҳ бо истифода аз сангу шағал сол ба сол баланд мешавад.

  16 ноябри соли 2018 чархаи аввали неругоҳ бо иқтидори 120 000 кВт ба кор дароварда шуд. Чархаи дигари он низ дорои ҳамин иқтидор буда, 9 сентябри соли 2019 ба кор даромадааст. Ҳар ду чархаи Роғун аз тарафи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ ба кор дароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ҳар ду чархаҳои ба кор андохташуда муваққатӣ мебошанд ва онҳо тибқи лоиҳа то соли 2021 кор мекунанд ва баъд иваз карда мешавад. Тибқи лоиҳа неругоҳи Роғун аз 6 гидроагрегати тавоноии ҳар яке 600 000 кВт иборат буда, то декабри соли 2029 ҳамаи шаш агрегат ба кор андохта мешавад. Дар сурати пурра ба кор даромадани неругоҳ вай ба ҳисоби миёна соле то 17 млрд кВт соат энергия истеҳсол менамояд ва Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Яъне энергияи электрии дар Ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда тамоми талаботи хоҷагии халқи Тоҷикистонро қонеъ менамояд. Ҳамин тавр, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон заминаи боэътимоди саноатикунонии босуръати кишвари мо мебошад, ки зина ба зина амалӣ мешавад.    

   Сарбанди неругоҳи электрии Роғун дар дарёи Вахш обанбори ҳаҷмаш тақрибан 13,3 км³ -ро ба вуҷуд меорад, ки ҳаҷми фоиданоки он 10,3 км³ ташкил хоҳад дод. Оби захирашуда бо мақсади ҳосил намудани энергияи электрӣ ва обшор намудани зиёда аз 300 ҳазор гектар заминҳои ташналаб истифода хоҳад шуд. Баландии сатҳи обанбор, тибқи лоиҳа, соли 2032 ба даст оварда мешавад.

 

Абдуманонова Ф.А

-корманди Маркази илмии

 Хуҷанди АМИТ,

Абдуманонов А.А.

доктори илмҳои физика-математика,

 профессор, мудири лабораторияи физикаи

Маркази илмии Хуҷанди АМИТ

АДАБИЁТ

  1. Назаров А. Неругоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон. –Душанбе «ЭР-граф», 2013, - 52 с.
  2. Абдуманонова Ф.А., Абдуманонов А.А. Энергия, гидроэнергетика ва иқтисоди сабз //Маводи конф. илмию амалии ҷумҳуриявии «Муаммоҳои физикаи муосир ва раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон».- Хуҷанд, 29-30 апрели 2020.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ. ш.Душанбе, 26 декабри соли 2019. –Душанбе, «Шарқи озод», 2019, - 48 с.
  4. http://www.news-asia.ru/view/tj/topical/12804.
  5. Тарҳи СASA–1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад. Суханронии Президенти Тоҷикистон, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии СASA–1000. ноҳияи Варзоб, 6 июли с.2017// “Ҷумҳурият” аз 7.07.2017.
Хондан 1745 маротиба