JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 10 Марти 2021 06:13

Маслиҳатҳои муфид доир ба сарфаи энергияи барқ ва босамар истифода бурдани он

Муаллиф: Ф. Холмуродов
Маслиҳатҳои муфид доир ба сарфаи энергияи барқ ва босамар истифода бурдани он https://s1.1zoom.ru

  Яке аз масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ дар марҳилаи муосири рушди прогресси илмӣ-техникӣ дар ҷумҳуриамон ин сарфаи энергияи барқ ба ҳисоб меравад. Доир ба ин масъала ду ақидаи назар боиси зикр мебошад: яке экологӣ, дигаре молиявӣ.

  Назари экологӣ, одатан ба намоиши манбаъҳои алтернативии энергия ва даъват ба истифодабарии ин манбаъҳо меорад. Ба хусус, дар замони муосир диққати бисёр ҳам қатъӣ ба маъмул намудани генераторҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобӣ равона карда мешавад. Дар ҷумҳурии мо ин намуди алтернативии ҳосил намудани энергия ҳоло истифодаи ҳаматарафаи худро наёфтааст, лекин бояд қайд намуд, ки аллакай дар кишварҳои ҷаҳон бомҳои иншоотҳоро бо батареяҳои офтобӣ таҷҳизонида истодаанд.

  Агар ба тарафи молиявии ин масъала назар андозем, пас ин ҳамон масъалае мебошад, ки на танҳо шаҳрвандони дорои фарҳанги экологӣ, балки дар умум ҳамаи муштариёнро ба изтироб андохтааст. Чӣ гуна маблағи худро эҳтиёт намуда барои истифодаи энергияи барқ ҳар қадар камтар хароҷот намудан – ин масъалаи мубрами барои кулли аҳолии ҷаҳон мебошад, зеро истифодабарии қувваи барқ зиёд шуда истодааст. Танҳо он муҳим аст, ки меъёри истифодаи барқ аз миқдори одами дар хона истиқомат мекарда ва аз андозаи он вобаста нест.

  Дар хонаҳо энергияи барқ бо мақсадҳои гуногун сарф карда мешавад ва сол аз сол истеъмоли он аз ҳисоби истифодабарии техникаҳои навини маишӣ афзун шуда истодааст. Техникаи хонагӣ яке аз манбаъҳои асосии истеъмиоли энергияи барқ ба ҳисоб меравад.   

  Асбобҳои нисбатан аз нуқтаи назари хароҷоти энергетикиашон зиёдтар дар хона печкаи электрикӣ, мошини ҷомашӯйӣ, яхдон, чойники электрикӣ, дарзмол ва ҳатто хеле тааҷубовар компютер низ ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, маслиҳатҳо барои сарфаи энергияи барқ дар ҳолати истифодабарии ин ё он асбобҳои маишии хонагӣ хело муфид мебошад.

  1. Яхдон. Бояд кӯшиш намоем, то ки яхдон аз батареяҳои гармидиҳанда ё печкаи электрикӣ дуртар бошад, яъне дар утоқи аз ҳама салқинтар бояд гузошта шавад. Инчунин хӯрокро гармогарм набояд ба он гузошт. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки яхдон нисбатан кори зиёдтарро иҷро мекунад ва боиси сарфи зиёдатии энергияи барқ мешавад. Агар яхдон дар утоқи ҳарораташ 30оС гузошта шуда бошад, он гоҳ истеъмоли энергия ду маротиба зиёд мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки деворҳои яхкардаи камераи хунуккунии яхдон низ сарфаи энергияи барқро ба 15-20 фисад зиёд мекунанд.

   Реҷаи аз ҳама сарфакоронаи яхдон – ин ҳарорати +5 оС ва  -18 оС барои камераи хунуккунӣ мебошад. Афзун намудани реҷаи ҳароратӣ ба як дараҷа хароҷоти энергияро ба 5% зиёд мекунад. Тугмачаи зудхунукуниро дар ҳолати зарурӣ истифода бурдан даркор аст, чунки дар ин реҷа хароҷоти энергияи барқ то 30-55 % зиёд мешавад. Бояд дар хотир дошт, ки зуд-зуд кушодани дари яхдон мувофиқи мақсад набуда,  хароҷоти энергияи барқро то 15-20 %, дар агрегатҳои кӯҳнатар бошад ҳатто то 50% зиёд мекунад.

   Аз ҳама беҳтар он аст, ки дохили яхдон аз мавод то ҳадди имкон пур нигоҳ дошта шавад. Гармиғунҷоиши баланди маводҳои нигоҳдоранда ҳарорати якхеларо дар яхдон таъмин мекунанд ва компрессор нисбатан камтар кор мекунад. Ҳангоми қатъ шудани қувваи барқ ин ҳол маводҳоро аз яхобшавӣ эмин медорад

  1. Асбобҳои электронӣ. Ҳар як шахс бояд одати ҳатмӣ дошта бошад, яъне пас аз хомӯш намудани асбобҳои электронӣ пахши On/Off, инчунин васлкунакро аз бумак гирифтан набояд фаромӯш шавад. Аксар асбобҳо дар реҷаи интизорӣ бошанд ҳам як миқдор энергияи электрикиро сарфа менамоянд.

   Дар хотир дошта бошед, ки ҳама вақт пеш аз хона баромадан тамоми асбобҳои маишӣ, ба ғайр аз яхдон, бояд хомӯш карда шаванд ва аз бумак кашида гирифта шаванд. Ҳатто телевизор ва компютерҳои моделҳои навтарин дар муддати як моҳ дар реҷаи интизорӣ мувофиқан 0,2 кВт ва 3,6 кВт энергия истеъмол мекунанд, моделҳои нисбатан кӯҳнатар бошад якчанд маротиба зиёдтар.

  1. Мошинҳои ҷомашӯйӣ. Бештар хароҷоти энергияи барқ дар мошинҳои ҷомашӯйӣ хангоми гармкунии об ба амал меояд. Усули босамараи сарфаи энергияи барқ дар ҳолати истифодабарии мошинҳои ҷомашӯйӣ камтар намудани фосилаи ҷомашӯйӣ мебошад. Сарбории нопурра ва ё аз ҳад зиёд дар мошини ҷомашӯйӣ (ё худ интихоби нодурусти барномаи ҷомашӯйӣ) метавонад то 30% ба хароҷоти энергия орад. Бештар ба ҷойи шустушӯ ҳолати қатронкуниро бояд истифода бурд. Ҳангоми истифодаи мошини ҷомашӯйӣ дар назар бояд дошт, ки пастии ҳарорат ва дарозии муддати ҷомашӯйӣ (барномаҳои хурд) низ хароҷоти энергияи барқро кам мекунанд.
  2. Равшанидиҳӣ. Миқдори зиёди энергияи электрикӣ барои равшанидиҳӣ сарф мешавад. Кӯшиш намудан даркор аст, ки фурӯзонакҳо беҳуда истифода нашаванд. Дар ҷойҳое, ки зарурати тез-тез хомӯш ва қатъ намудани фурӯзонакҳои бо накал коркунанда набошад, мунтазам онҳоро бо фурӯзонакҳои каммасраф иваз намудан даркор аст. Хароҷоти барои хариди фурӯзонакҳои каммасраф сарф шуда, дар муддати камтар аз як сол мувозӣ мешавад. Ҳангоми хариди фурӯзонакҳои каммасраф ба ранги афканишоти онҳо эътибор диҳед – гарм ё хунук. Ранги гарм ба ранги фурӯзонаки накалдор ё ранги табиии офтобӣ наздик буда, ранги хунук бошад ба ранги фурӯзонакҳои люминессентӣ шабоҳат дорад. Дар ҳар сурат хароҷоти энергияи барқ қариб 2 маротиба камтар мешавад.

   Бояд қайд намоем, ки фурӯзонакҳои каммасрафи муосир то 10 ҳазор соат хизмат мекунанд, ҳоло он ки фурӯзонакҳои бо накал коркунанда – ба ҳисоби миёна 1,5 ҳазор соат кор мекунанду халос, яъне 6-7 маротиба камтар. Дар поён ҷадвали муқоисавии манбаъҳои гуногуни рафшанидиҳиро меорем:

Фурӯзонаки накалдор,
Ватт

Фурӯзонаки каммасраф,
Ватт

Равшаннокӣ,

люмен

60

14-15

710

40

10-12

430

  Ба ғайр аз ин самаранок истифодабарии равшанидиҳандаҳои қитъавии хонаҳоро низ ба эътибор бояд гирифт, ки ба онҳо шомиланд: фурӯзонакҳои рӯимизӣ, назди бистари хобӣ, браҳои деворӣ ва торшерҳо. Яъне манбаъҳои рӯшноие, ки фақат як қисми хонаро равшанӣ  медиҳанд. Масалан, барои хониш ҳоҷати истифодабарии люстраи калони бо 3 фурӯзонакҳои садватта муҷаҳҳаз шарт нест, танҳо равшанидиҳандаҳои назди бистари хобии 40-60 ватта кифоягӣ мекунад.

  Дар назар бояд дошт, ки истифодаи равшаннокии табиӣ ҷиддӣ зери эътибор бошад. Пардаҳои равшан, тирезаи тоза, миқдори муайяни гулҳои назди тиреза равшаннокии утоқро зиёд намуда, муддати истифодабарии фурӯзонакҳоро кӯтоҳтар менамоянд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки чанги тиреза равшаннокии табииро ба 30% камтар мекунад.

  1. Компютер. Барои маълумот бояд қайд намуд, ки компютер дар як соат тақрибан 350 ватт, яъне мисли 3-4 фурӯзонакҳои бо накал коркунанда қувваи барқро истифода мебарад. Баъзеҳо бо компютер тамоми шабонарӯз кор мекунанд. Барои худ қоидаи ҳатмиеро муқаррар бояд намуд, то ки дар ҳолати аз компютер ба муддати 20 дақиқа дур шудан онро ба «реҷаи оромӣ» овардан зарур аст. Ин ба хомӯш намудани фурӯзонакҳои ду ҳуҷра баробар мебошад.

   Таҷҳизоти бо заряд пур намудани телефонҳои мобилии дар бумак бе сарборӣ гузошта, ҳатто дар набудани телефон ҳам гарм мешавад. Ин ҳолат бо он маънидод карда мешавад, ки таҷҳизоти зарядмон энергияи электрикиро истеъмол карда истодааст ва хароҷоти беҳуда рафта истодааст.

  1. Барои истифодабарандагони печкаҳои электрикӣ: барои сарфаи энергия дар печкаҳои электрикӣ зарфҳоеро истифода бурдан даркор аст, ки асосашон ба қутри конфорка мувофиқат кунад ё каме калонтар бошад. Ҳамаи зарфҳо бояд бо сарпӯш бошанд. Бе сарпӯш хароҷоти энергияи барқ се маротиба зиёдтар мешавад. Зарфҳои асосашон каҷшуда то ба 40-60% хароҷоти энергияи электрикӣ меоранд. Барои он ки 1 литр обро дар чойники электрикӣ ҷӯшонед ду маротиба энергияи электрикӣ камтар сарф карда мешавад, нисбат ба ҳамин миқдори оби дар печкаи электрикӣ ҷӯшонида.

    Бояд қайд намуд, ки таҳшини дар зери чойники электрикӣ ғуншударо доимо тоза карда истодан зарур аст. Таҳшин гармигузаронии хурд дорад ва об сустар гарм мешавад, ки ин ҳолат ба хароҷоти иловагии энергияи барқ меорад. Инчунин сиёҳии таги дегро низ доимо тоза кардан даркор аст, зеро сиёҳӣ миқдори энергияи  барои гармшавии он зарурро то ба 30-50 фисад зиёдтар менамояд.

    Аз нуқтаи назари самаранокии истеъмоли энергияи барқ асбоби «микроволновка» мақсаднок буда, бо порсияҳои хурд обкунии маводҳои яхкарда, тайёр намудан ва гармкунии таъом нисбатан камхароҷот мебошад.

  1. Гармкунакҳо. Мавқеи махсусро дар истиснои бе мақсад истифодабарии энергияи барқ истифодаи гармкунакҳои гуногун дар фасли зимистон ишғол менамояд. Пеш аз ҳама холигиҳои дар ва тирезаҳои утоқҳоро бо матоъ бояд пур намуд, дар ин сурат зарурати истифодаи гармкунакҳои иловагӣ аз байн меравад, яъне хароҷоти энергияи барқ хеле паст мешавад. Агар паси батареяҳои гармидиҳӣ гармиинъикоскунандаҳо гузошта шаванд, ё бо панелҳои декоративӣ пӯшонида нашаванд, он гоҳ гармӣ самаранок истифода бурда мешавад.

          Кӯшиш ба харҷ бурдан даркор аст, ки техникаи маишии синфи А, А+, А++ дастрас карда шавад. Нисбат ба асбобҳои аз нуқтаи назари истеъмоли энергия синфашон пастар, онҳо энергияи барқро то 30-40% камтар истеъмол менамоянд.

  1. Дарзмол. Дар муддати дарзмолкунӣ кӯшиш намудан зарур аст, ки саршавӣ ва ба охир расидани раванди дарзмолкунӣ бо матоъҳои дар реҷаи ҳарорати паст дарзмолшаванда ба ҷо оварда шаванд. Пас рӯймолҳо ва рӯймолчаҳо ва инчунин дигар матоъҳои хурдро бо дарзмоли хомӯш карда дарзмол намудан мумкин аст.
  2. Чангтозакун. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳар дафъаи чангтозакунӣ полоякҳои чангтозакунакро иваз намудан ва ё онро тоза намудан шарт ва зарур мебошад, чунки чанг кори онро мушкил намуда, кашиши ҳаворо душвор мегардонад. Оқибати ин кор истеъмоли зиёди энергияи барқ мешавад.
  3. Кондитсионерро дар он сурат ба кор даровардан даркор аст, ки агар дар ва тирезаҳо пӯшида бошанд, вагарна энергияи электрикӣ беҳуда сарф мешавад. Бо маънои дигар хунукии баровардаи он беҳуда баромада меравад.

 

Ф. Холмуродов

Муовидини директори Институти физикаю техникаи

ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

оид ба илм ва таълим

Хондан 1302 маротиба