JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 27 Январи 2021 08:48

Ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физикаю техника

Муаллиф: Ф.Шокир

   Дар замони муосир, яке аз самтҳои калидии пешравии кишварҳои ҷаҳон – рушди раванди таҳқиқот ва таълим дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад, зеро таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки илмҳои мазкур ҳамчун асоси дастовардҳои инноватсионии кишварҳои ҷаҳон ва баланд баровардани некӯаҳволии шаҳрвандони онҳо мавқеи марказӣ ва аслии хешро ишғол намуда истодаанд. Вобаста ба ин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шаклҳои гуногуни рушди илмҳои дақиқ тариқи кор карда баромадани стратегияҳову барномаҳои давлатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ бо дарки ин воқеъият аз ибтидои таъсисёбии ин ташкилоти байналмилалӣ ба рушду устувории равандҳои муттаҳидшавӣ дар соҳаи илм аҳамияти махсус дода мешавад. Вобаста ба ин соли 2007 дар Дурнамои рушди минбаъдаи ИДМ ба вуҷуд овардани фазои умумии илмӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ ҳамчун масъалаи асосии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ муайян карда шуд. Дар ин асос ҳоло дар чаҳорчӯбаи ИДМ баҳри рушди ҳамкориҳои илмӣ як қатор сохторҳои байнидавлатӣ таъсис дода шудаанд ва бомуваффақият фаъолият бурда истодаанд, ки дар раванди ҳамкории илмии кишварҳои ИДМ масъалаҳои муайянро ҳал мекунанд. Аз ҷумла Шўро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ, Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ, Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозии иттилооти илмӣ-техникӣ.

  Аз ин сохторҳои дар миқёси ИДМ таъсисдодашуда ва амалкунанда, масъалаҳои соҳаи рушди илмҳои дақиқ ва умуман рушди алоқаҳо байни олимон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ИДМ бештар аз ҷониби Шўро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд - Шӯро) баррасӣ мешавад. Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз санаи 19 майи соли 2011 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар ш. Минск баргузор гардид Созишнома доир ба таъсиси Шўрои мазкур аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ имзо шуда буд. Тибқи Низомномаи Шӯро ба ҳайати он сарварони Академияи илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ ё дигар шахсони ваколатдори давлатӣ дохил буда, раисии Шӯро пайдарпай аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ амалӣ мегардад. Аз ҷумла солҳои 2017-2018 раисии Шӯро аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон, солҳои 2018-2019 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2020 аз ҷониб Федератсияи Россия ва ҳоло барои давраи ҷорӣ – солҳои 2020-2021 раисии Шӯро дар ҷаласаи VIII-уми Шӯро аз санаи 24 сентябри соли 2020 ба зиммаи Ҷумҳурии Белоруссия вогузор шудааст.

  Таҷрибаи ҳамкориҳои илмӣ дар миқёси ИДМ нишон медиҳад, ки яке аз воситаҳои самараноки ҳамкорӣ дар соҳаи омоданамоӣ ва баланд баровардани сатҳи касбии кадрҳо дар соҳаи илмҳои фундаменталӣ –ташкилотҳои базавӣ мебошанд. Вобаста ба ин бо ташаббуси Шӯро, соли 2017 таъсисёбии ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ дар 2 самти мубрами ҷаҳони имрӯза – физика ва физикаю техника ба нақша гирифта шуд. Ҷавобан ба ин ташаббуси Шӯро аз ҷониби муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатҳои аъзои ИДМ ба котиботи Шӯро пешниҳодҳо ворид гардиданд. Дар ин ҷараён, аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ф.Раҳимӣ низ, ки аъзои Шӯро ҳастанд, бо мактуби №30001/23-381 аз 01.03.2018 баррасии масъалаи ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров дода шудани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника ба Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳод гардид, ки санаи 12 апрели соли 2018 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳоди мазкур барои баррасӣ қабул шуд. Аз ҳамон лаҳза, дар давоми беш аз дуюним сол Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров бо мусоидати Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар зинаҳои таҳлилу ташхиси потенсиали зеҳнии кадрӣ ва имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки дар ҷаласаҳои Шӯроҳои экспертӣ ва гурӯҳҳои кории Кумитаи иҷроияи ИДМ баррасиӣ мешуданд иштирок ва дифоъ намуд. Аз ҷумла, мо исбот намудем, ки новобаста аз душвориҳои бо сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар соҳаи илми кулли давлатҳои аъзои ИДМ ба миён омада, олимону мутахассисони соҳаи физикаю техникаи кишвар сатҳи илмиро нигоҳ доштанд ва дар ҳолати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар миқёси ИДМ саҳми арзанди хешро дар масъалаи умумӣ – дар ҳамдастӣ ба илми ҷаҳонӣ рақобатпазир намудани соҳаи физикаю техникаи ИДМ гузошта метавонанд.

  Аз ҷумла санаҳои 28-29 ноябри соли 2019 дар Раёсати Академияи илмҳои Россия (ш.Москва) вобаста ба таҳлили умумии Низомномаи ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника ҷаласаи VII-уми Шӯро баргузор гардид, ки дар он бо пешниҳоди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон директори ИФТ ба номи С.У.Умаров Ф.Шокир муҳим ва мубрам будани ҳар яке аз бандҳои Низомномаи мазкурро асоснок намуд. Ҳамчунин санаҳои 12-13 феврали соли 2020 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ (ш.Минск) ҷаласаи гурӯҳи экспертӣ оид ба мувофиқа намудани Низомномаи ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника баргузор гардид, ки дар ин зина низ директори ИФТ ба номи С.У.Умаров Ф.Шокир оид ба имкониятҳои институт дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника ва дурнамои ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илмҳои физикаю техника маърӯза намуда, ба саволҳои экспертон ҷавобҳои асоснок пешниҳод намуд.

  Ниҳоят, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз санаи 10 декабри соли 2020 – Қарор оид ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дода шудан мақоми “Ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физикаю техника” қабул гардид.

Бояд қайд намоем, ки дар ҷаласаи мазкур Қарор оид ба 2 муассисаи илмӣ таҳқиқотии ИДМ қабул гардид, ки мувофиқи он:

  • ба Институти физикаи ба номи П.Н.Лебедеви Академияи илмҳои Россия (ФИАН) – мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физика;
  • ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти омоданамоии кадрҳои илмӣ дар соҳаи физикаю техника;

дода шуд.

  Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки то қабул шудани Қарори мазкур дар санаи 10 декабри соли 2020 дар миқёси ИДМ мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар умум ба 86 адад институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва сохторҳои дигар дода шуда буд, ки аз ин теъдод фаъолияти танҳо як муассиса дар самти илми химия, 4 муассиса дар самти энергетика ва бехатарии истгоҳҳои таҳқиқотии ядроӣ, 3 муассиса дар соҳаи саноат (ш.Москва) ба роҳ монда шуда, фаъолияти ташкилотҳои базавии дигар ба соҳаи илмҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳуқуқ бахшида шуда буданд. Яъне чӣ тавре, ки мебинем то ин вақт дар миқёси ИДМ теъдоди ташкилотҳои базавии ИДМ дар самти илмҳои бунёдии табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле ночиз буда, за ҷумла, ягон ташкилоти базавӣ дар самти илмҳои физика ва техника вуҷуд надошт. Танҳо санаи 10 декабри соли 2020 бо Қарори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2 муассиса дар соҳаи илмҳои физика ва физикаю техника соҳиби мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардиданд ва теъдоди ташкилотҳои базавии ИДМ ба 88 адад расид. Аз ҷумла, аз ин теъдод ҳоло 67 ташкилоти базавии ИДМ дар Федератсияи Россия ва 12 ташкилоти базавии ИДМ дар Ҷумҳурии Белоруссия буда, 9 ташкилоти базавии дигар ҳоло дар Ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Украина мебошанд.

  Самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои базавии ИДМ аз ҷумла дар бар мегиранд:

  • омоданамоӣ, бозомӯзӣ ва баланд баровардани тахассуси кормандон, муҳассилон ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва дигар сохторҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии давлатҳои аъзои ИДМ;
  • гузаронидани таҳқиқоти ҳамҷояи илмӣ бо муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва дигар сохторҳои давлатҳои аъзои ИДМ;
  • кор карда баромадани тавсияҳо вобаста ба ҳамоҳангсозӣ ва умумигардонии базаи меъёрӣ, омоданамоии лоиҳаҳои дахлдор, мубодилаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
  • баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ;
  • омода намудани маводҳои илмӣ, методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ғ.

  Ҳоло ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба дар сатҳи баланд бурдани масъулияти нав ва ба таври самарабахш ба роҳ мондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ дар мақоми ташкилоти базавии ИДМ фаъолияти хешро оғоз намуданд. Нақшаҳои бунёдӣ ва идеяҳои инноватсионии институт зиёданд ва умедвор ҳастем, ки онҳоро бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастуру роҳнамоии Ҳукумат ва Сарвари кишвар амалӣ намуда, бори дигар миллати олим ва тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

 Лаҳзаҳо аз раванди ҷаласаи Шӯро ва иштироки намояндаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯроҳои экспертӣ ва гурӯҳҳои кории Кумитаи иҷроияи ИДМ

Ҷаласаи VI-уми Шӯро ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ таҳти раисии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Ф.Раҳимӣ. Душанбе, 12 октябри соли 2018

   

Иштирок ва баромади директори институт дар ҷаласаи VII-уми Шўро вобаста ба таҳлили умумии Низомномаи ташкилоти базавии давлатҳои аъзои ИДМ. Москва, Раёсати Академияи илмҳои Россия –28-29 ноябри соли 2019.

  

Иштирок ва баромади директори институт дар ҷаласаи гурӯҳи экспертӣ вобаста ба созиши лоиҳаҳои ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физикаю техника. Минск, Кумитаи иҷроияи ИДМ –12-13 феврали соли 2020.

 

Ф.Шокир,

директори Институти физикаю техникаи

ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 1063 маротиба