(Мулоҳизоти куллӣ дар қолиби паёми шодбошӣ ба ифтихори 50-умин солгарди пажуҳишгар, донишманд ва рӯшангари варзидаи миллӣ Исомиддин Шарифзодаи гиромӣ)
Имрӯз – 11-уми ноябри соли 2025 солрӯз ва ҷашни 50-солагии мелоди дӯст ва бародари хирадгаро ва заҳматқарини мо Исомиддин Шарифзода аст. Дар ин рӯз дӯстону ҳампешагон табрикоту таманниёти самимонаи худро ба Шарифзодаи гиромӣ арз медоранд ва имрӯз, дақиқан, ин лаҳзаҳо фарзанди содиқу барӯманди миллат Исомиддин Шарифзода 50-умин солгарди таваллудашро истиқбол мегирад. Сипардани пайроҳаи пурпечутоби нимасраи зиндагӣ ба назар саҳлу осон менамояд, вале дар асл, як марҳилаи мушаххасти таърихист, ки бо шебу фароз, комёбию нокомӣ, пастию баландӣ, бурду бохт, ғаму шодӣ ва дарду давоҳо тавъам мебошад. Аз тарафи дигар, Исомиддин Шарифзода солҳост, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш дошта, ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқовимату мубориза мекунад. Дар воқеъ, Исомиддин Шарифзода дар садри феҳристи рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ қарор дорад.
1 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи Ҳирошимаи Ҷопон чорабинии байналмилалии “Рӯзҳои дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар ин рӯйдоди фарҳангӣ ва таълимӣ бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, ки дар он хизматчиёни давлатии кишварамон, ки тибқи барномаи Бурсияҳо барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) таҳсил менамоянд, фаъолона ширкат варзиданд.
(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ-эҷодӣ таҳти унвони “Матншиносии миллӣ ва шеъри муосири иҷтимоӣ” ба муносибати 55-солагии фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ ва рӯнамоии китоби тозанашри “Чархи Истиқлол” (Девони ашъор)-и матншинос, адабиётшинос ва шоири муосири миллӣ, мудири Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ)
Солҳои ахир гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмӣ ва илмӣ-эҷодӣ дар муҳити академӣ ба ҳукми анъана даромадааст, бахусус пас аз таъсиси маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нафарони зиёде аз ҷумлаи олимону муҳаққиқон ва адибону рӯшангарони муосири ватанию миллӣ аз минбари маҳфил истифода намуда, мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми илмиро мавриди радду бадал қарор медиҳанд ва аз ин тариқ илму адаби миллиро тарғибу ташвиқ менамоянд.
Эволюция представлений о государственности, праве и справедливости — это сложный и многовековой процесс, в котором человечество постепенно осознавало необходимость ограничения власти законом, признания достоинства личности и защиты её неотъемлемых прав. С этой точки зрения история развития конституционных идей имеет не только юридическое, но и культурно-цивилизационное значение. Одним из важнейших источников раннего конституционного мышления принято считать Цилиндр Кира Великого — древнеперсидский документ VI века до нашей эры, который историки и правоведы нередко именуют «первой декларацией прав человека». Его идеи, основанные на принципах гуманизма, свободы совести и справедливости, нашли своё продолжение в современных конституциях, в том числе и в Конституции Республики Таджикистан, принятой в 1994 году. Сопоставление этих двух эпохальных документов позволяет проследить неразрывную преемственность правовых и морально-политических идей, которые прошли долгий путь от нравственного императива древности до юридически закреплённых основ современного демократического государства.