Илми арабшиносии тоҷик ба мафҳуми академии он баъд аз таъсиси шуъбаи арабӣ ва кафедраи арабӣ дар назди факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1958 оғоз шуда, солҳои 70-уми қарни ХХ аввалин арабшиносони тоҷик, ки дар соҳаи филологияи арабӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд – Ҳ.К.Мӯминов, К.Мусофиров, Ф. Деҳотӣ, Н.Қаҳҳорова, С. Шукроева ва Т.Бердиева, ки ҳама фориғуттаҳсилони шуъбаи арабии Донишгоҳ буданд.
Дӯсту бародари гиромӣ Меҳрдод Субҳонӣ,
хабари ба Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ сазовор гардиданатонро шунида, бениҳоят хушҳол шудем. На танҳо хушҳол аз онем, ки ҷавони баномусу донишманду меҳандӯсти тоҷик дар симои Меҳрдод Субҳонӣ сазовори Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ гардидааст, балки аз он меболем, ки мавсуф дар арсаи байналмилалӣ илми тоҷикро муваффақона муаррифӣ карда, бо заҳмату талошҳои фаровони илмию эҷодӣ миёни доираҳои илмию фаннии минтақавию Осиёӣ соҳибэҳтиром шудааст.
(Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ва 78 солагии Истиқлоли Ҳиндустону Покистон, 80 солагии камоли умри ҳиндшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов)
Адабиёт ва адибони бузурги он чун ситораҳои дурахшоне ҳастанд, ки ҳастиву вуҷудашон саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои башарият чун чароғи роҳнамо роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар ду дорои ҷазабаҳои адабӣ ва забонӣ чун сармояҳое мебошанд, ки инсониятро ба сӯи ҳаёти дурусту комил ҳидоят намуда, чун дарахте тамоми вуҷудаш барои башарият хуррамӣ меоварад.
Дар ҳақиқат онҳо ба монанди фурӯғи субҳи доноӣ ва ҳидоягари арзишҳои волои инсонӣ мебошанд, ки манбаи муҳаббати хадамоти адабиашон ҳамчун махзани ганҷ баҳри башарият дурахшонӣ мекунад. Тавассути ҳамин оиннамоҳои дурахшон мо аз ҳақиқати воқеаҳои муҳими иҷтимоии ҳар давру замон огаҳӣ пайдо карда, роҳҳои эҷоди ҷомеаи озоду орому ободро метавонем бисозему бизиҳему бираҳем.
Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри адабии онҳо мо инсонҳоро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо аҳли башар дар канори ҳамин сарчашмаи дурахшон бо олами рангинмоя ба воя мерасему аз онҳо дарси адаб, меҳру вафо, латофату садоқат ва ватандӯстиву инсондӯстӣ меомӯзем.
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)