Нусхаи чопи
Якшанбе, 04 Майи 2025 01:00

Навиди фараҳбахши фарҳангӣ

Муаллиф:

   Имрӯз – 2 май зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода аст. Ҳамзамон, бо зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон ва ба муносибати 114-умин солгарди таваллуди шоири ширинсухан китоби муҳаққиқу адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода-ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар нашриёти “Дониш” аз чоп баромад.

Дар китоб роҷеъ ба зиндагию осор, руҳи миллию байналмилалии ашъори устод Турсунзода, мақому мартабаи иҷтимоии шоир, таъсирпазирию таъсиргузории ӯ дар адабиёт ва дигар паҳлуҳои ҳаёту эҷодиёти ин шоири номвари тоҷик дар асри ХХ изҳори назар шудааст.

Хондан 18 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр