Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 19 Марти 2026 12:44

Тамаддуни Ориёӣ ва масъулияти миллӣ

Муаллиф:

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориёӣ: дирӯз ва имрӯз” дар ҳошияи пешниҳодоти саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе – 19-уми марти соли 2026)

  Гузаронидани ҳамоишу конференсияҳои илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар Раёсат, марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, парешонии қишри равшангарӣ ва зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию маданӣ, ташкил ва гузаронидани конфронсу ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ва нишасту маҳфилҳои фарҳангӣ-фароғатӣ амри зарурист. Маҳз бо ин ҳадафу ният дар муҳити академӣ бо ҳузури донишмандону коршиносон ва пажуҳишгарону ихлосмандон конфронсу ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ ва маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегарданд ва аз ин тариқ вазъи ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ, биниши миллӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии насли ҷавони муҳаққиқ беҳбуд меёбад.

  Ба ин тартиб, дар ҳошияи пешниҳодоти Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 19-уми марти соли 2026 бо ташаббус ва ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориёӣ” доир гардид. Дар доираи Конференсия муҳаққикону донишмандон, шоирону адибон ва фарҳангиёни саршиноси дохилию хориҷӣ ширкат варзиданд. Конференсия аз ду бахш – бахши илмӣ-академӣ ва бахши адабӣ-фарҳангӣ иборат буд.

 Бахши илмии Конференсия 19 март, соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида,  конфронсро саркотиби илмии АМИТ, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, профессор Қосимшоҳ Искандаров гардонандагӣ карда, баъдан сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода ва шодбошиҳои мушовири Бахши ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, муовини раиси  Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ муҳтарам Иброҳим Абдуллозода шунида шуд. Ҳамчунин, дар кори Конференсия масъулини мақомоти давлатӣ, донишмандону пажуҳишгарони ватанию хориҷӣ ва зиёиёни саршиноси миллӣ фаъолона  ширкат варзиданд.

  Дар Конференсия ба ҷуз суханрониҳои ифтитоҳию табрикӣ, 20 гузориши илмӣ  ва мубоҳисоти  ҷолиби ихтисосӣ ироа гардиданд, ки сатҳи илмӣ, амалӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ  ва тарбиявии чорабиниро боло бурд. Аз ҷумла, суханрониҳои илмии академик Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ дар мавзуи “Вазъи ориёшиносӣ дар замони ҳозира”, шоир, нависанда, мунаққид ва раиси Конуни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Франкфурти Олмон устод Латиф Нозимӣ (Афғонистон) дар мавзуи “Мероси адабӣ дар  тамаддуни Ориёӣ”, раиси Анҷумани инсиҷоми тоҷикон дар Аврупо, доктор Наҷиби Масир дар мавзуи “Нақши диаспораҳои тоҷик дар сипеҳри фаромиллӣ: зарфиятҳои ниҳодӣ, илмӣ ва тамаддунӣ дар ҳимоят аз Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз”, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Сарчашмаҳои зуҳур ва ҳузури фарҳангу тамаддуни Ориёӣ”, раиси Анҷумани Рӯдакӣ дар Париж Масъуд Миршоҳӣ дар мавзуи “Ҷойгоҳи ҷашни Наврӯз ва аҳаммияти он дар ҷаҳони имрӯз” (тариқи онлайн), доктор Башир Азизӣ дар мавзуи “Паёми тамаддуни Ориёӣ дар ҳавои ойини Наврӯзӣ”, Шоири мардумии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам дар мавзуи “Густураи тамаддуни Ориёӣ дар сарчашмаҳои Чинӣ”, раиси Анҷумани инсиҷоми тоҷикон дар Аврупо, суханронии доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Аъламхон Кучарзода дар мавзуи “Бозтоби суннатҳои Ориёӣ дар адабиёти муосири тоҷик”, доктор Абдураҳмони Охониёз дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи тамаддуни Ориёӣ”, доктори Риҳом Аша (забоншинос, пажуҳишгари забонҳои авастоию паҳлавӣ аз Фаронса), доктор Муҳаммаддастагир Ризоӣ дар мавзуи “Иқтисод дар тамаддуни Ориёӣ”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саъдӣ Қосимӣ дар мавзуи “Наврӯз ва маросимоти Наврӯзӣ дар фазои тамаддунии Ориёӣ”, бунёдгузор ва соҳибимтиёзи рӯзномаи “8 субҳ” Санҷар Суҳайл дар мавзуи “ Нақши расонаҳои ҳавзаи Наврӯз дар бозтоби фарҳанг ва тамаддуни Ориёӣ”,   доктор Файёзиддин Ғиёсӣ дар мавзуи “Наврӯзи бостонӣ дар доираи баррасиҳои иқтисодӣ” ва дигарон, ки масоили умдаи фарҳангу тамаддуни Ориёиро бевосита дар бар мегирифтанд, мавриди истимоъ ва гуфтугӯю баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҳама муҳим, тавассути иштирок дар кори Конференсия ҳозирин аз  андеша  ва дидгоҳҳои пурарзиши донишмандону пажуҳишгарони варзидаи ватанию хориҷӣ дар заминаи таъриху фарҳангу тамаддуни Ориёӣ огоҳ гардида, дониши худро дар самти омӯзиши мушаххасоти таърихӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ҳувиятӣ, иқтисодӣ ва мадании тамаддуни Ориёӣ тавсеа бахшиданд.

 Масъулон, гузоришгарон, мубоҳисон, мусоҳибон, ҳозирон ва ширкаткунандагон Конференсия ҳамагӣ ба ин нукта тамаркуз карданд, ки  омӯзишу таҳқиқи таърих, фарҳанг ва тамаддуни Ориёӣ  дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунии имрӯзӣ саҳифаи тозаеро дар китоби давлатдории навини миллӣ боз карда, шароити муосиди ҳамкорию ҳамбастагӣ, фазои баҳамойии миллӣ, тафоҳуми мардумӣ ва ваҳдату иттиҳоди саросарии форсизабонони минтақавию хориҷӣ ва ҳавзаи тамаддунии Ориёиро фароҳам меоаврад. Бахусус, таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва нақши фарҳангу тамаддуни Ориёӣ дар ба ҳам овардани сокинони парешони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, мутамарказонидани  институтҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими пояҳои конститутсионии давлати миллӣ, расидан ба марҳилаи ваҳдати миллӣ ва боло рафтани нуфузи давлатдории тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ басо бузург аст. Ба ин тартиб, метавон арз дошт, ки конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориёӣ” дар ҳошияи пешниҳодоти Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, ки 19-20 марти соли 2026 баргузор гардид, дар сатҳи  зарурии  ташкилӣ, илмӣ-академӣ ва фарҳангӣ доир гардида, шароит, фазо ва муҳити бози баҳсӣ ва илмию фарҳангиро дар робита бо бозбинию баррасии масоили сиёсию иҷтимоӣ ва таърихию мадании миллат фароҳам овард.

 Бахши фарҳангӣ-фароғатии Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориёӣ” нимаи дуюми 19 март, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Раёсати Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури шоирону адибон, файласуфону рӯшангарон, ҳунармандони дохилию хориҷӣ баргузор гардид. Дар кори он шоирону ҳунармандони ҳавзаи тамаддунии Ориёӣ бо шумули Мастона Эргаш (Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Файзалӣ Ҳасан (Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ортиқи Қодир (Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Марям (Тониё) Окифӣ (шоир, пажуҳишгари фалсафа ва фаъоли мадании ҷунбиши занони бурунмарзии Афғонистон дар Ҳоланд), Манижа Нодирӣ (ношир ва фаъоли мадании муқими Ҳоланд), Мужгон Соғар (шоири ҷавони муосири афғонистонии муқими Олмон), Беҳрӯзи Забеҳулло (шоир ва муҳаққиқи тоҷик), Орифи Ниҷоҳ (шоири ҷавон ва умедбахши афғонистонии муқими Тоҷикистон), Сафӣ Амонӣ (овозхони ҷавони афғонистонии муқими Тоҷикистон), донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ширкат варзида, бо қироати пораҳои дархури Наврӯзию баҳорӣ ва иҷрои суруду навоҳои зиндаи Ориёӣ хотири тамошобинону ширкаткунандагонро шод гардониданд.

  Дар маросими ихтитомӣ-ҷамъбастӣ аз тарафи Раёсати Кумитаи тадорукот ба таваҷҷуҳи ҳозирин Эъломияи Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориёӣ” дар ҳошияи пешниҳодоти Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе (шаҳри Душанбе, Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 19-уми марти соли 2026) қироат гардид.

  Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода конференсияро ҷамъбаст намуда, барои ироаи гузоришҳои ҷолиби илмӣ ба гузоришгарони асосӣ ва ҳозирони маҳфил изҳори сипос карда, тазаккур дод, ки муваззафем, дар шароити бархурдҳои сиёсию мафкуравию тамаддунӣ ва ташаннуҷи буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ аз фарҳангу тамаддуни Ориёӣ, арзишҳои миллӣ ва суннату анъаноти неки аҷдодӣ дифоъ кунем ва роҳро барои рушди ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ ва тафаккури миллӣ ҳамвор созем. Хушвахтзода, ҳамчунин афзуд, ки ҷомеа имрӯз ба дониш, илм, фалсафа ва фарҳангу тамаддуне ниёз дорад, ки руҳияи миллии мардумро боло бубарад ва инсонҳоро ба такопуву ҷустуҷӯву ковишҳо раҳнамун созад.

  Ҳамин тариқ, Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориёӣ” дар ҳошияи пешниҳодоти Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе (шаҳри Душанбе, Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 19-уми марти соли 2026) дар фазои ҳамбастагию ифтихорофаринӣ ҷамъбаст гардид.

               

Нозим Нурзода

                Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 53 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр