JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 19 Сентябри 2023 09:38

Хидмат ба хирадхонаи миллат талаби туст!  

Муаллиф:

(шодбошии Маҳфили фалсафии «Ҷаҳони андеша» ба ифтихори зодрӯзи Раиси Фарҳангистони миллии Тоҷикистон)                                   

    Раиси муҳтарами Фарҳангистони миллӣ Фарҳод Раҳимӣ!

   Солҳост, ки Шумо аз тариқи ташаббусу ибтикороти фардӣ ва неруи хастагинопазири эҷодӣ дар масири илму маориф ва фарҳанги миллӣ ҳадафмандона ва бардамона гом бармедоред. Дар ин муддат бо такя ба дониш, биниш, мушоҳида, андӯхта ва таҷриба ба таври шоиста дар самти рушди маорифи миллӣ ва илми ватанӣ бидуни вақфа заҳмат кашида, роҳро барои ташаккули тафаккури илмӣ, дидгоҳи мантиқӣ ва мавқеъгирии миллӣ ҳамвор сохта, дар ин ҷодаи мушкилписанди зиндагӣ бурдборона талош меварзед. Хамираи шахсиятии Шумо бар мабнои мушаххасоти ҳувиятие мисли ҷуръат, ҷасорат, муҳаббат, отифат, фаросат, садоқат, саховат, мурувват ва фикрат сиришта шуда, бо сифату хасоиси миллӣ пероста гардидааст.

   Шумо минҳайси мудир-омили Фарҳангистони миллӣ дар роҳи беҳтар кардани шароити корию эҷодӣ, боло бурдани сатҳи ҷаҳоншиносии илмӣ, тақвияти тафаккури мантиқӣ, таҳкими раванди таҳқиқӣ-пажуҳишӣ, пахшу нашри осори мондагори аҷдодӣ, таблиғи илми академӣ, тарғиби дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ва билохира ҳифзи сармояи зеҳнӣ қадамҳои устувор бардошта, ба ин васила дар рушду тараққиёти мамлакат саҳми муносиб мегузоред. Афзун бар ин, сатҳи баланди муносибат ва муошират бо ҳайати кормандон ва персонали илмӣ-таҳқиқӣ мақому нуфузу ҷойгоҳи Шуморо ҳамчун садри хирадхонаи миллат ва мудир-менеҷери муваффақи соҳаи илми ватанӣ боло бардоштааст. Ин аст, ки ҳар корафтодае, новобаста аз сатҳу дараҷаи илмию мансабӣ ва иҷтимоӣ роҳат бо Шумо дар мавзуоти мавриди назар суҳбат мекунад ва қаноатмандона изҳори сипос менамояд.              

    Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷашни мелодатонро шодбош гуфта, ба Шумо, пеш аз ҳама, сиҳатмандию тандурустӣ, руҳи тамомнопазири илмию эҷодӣ ва иқболи ҳамешагиро таманно менамоем. Мутмаинем, ки бо тавону неруи фикрӣ, қудрати эҷодӣ, руҳияи миллӣ ва тоҷиксифатӣ солҳои дароз дар хидмати Меҳан ва хирадхонаи миллат қарор хоҳед гирифт. Воқеан:

 

Тоҷиксифатӣ мадраку аслу насаби туст,

 Хидмат ба хирадхонаи миллат талаби туст!

 

Бо эҳтиром,

аъзои Маҳфили «Ҷаҳони андеша»

 

    19 сентябри соли 2023

Хондан 1453 маротиба