JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 11 Ноябри 2023 04:37

Хирадгаро ва рӯшангари миллӣ

Муаллиф:

(шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин  Шарифзода)

   11 ноябр рӯзи мелоди яке аз чеҳраҳои матраҳи рӯшангарии миллӣ Исомиддин Шарифзода аст, ки умри хешро вақфи хирадгаройӣ ва рӯшангарӣ намуда, дар ин масири мушкилписанди зиндагӣ ҳадафмандона, пайгирона, ҷасоратмандона, муваффақона ва бурдборона  умрфарсоӣ мекунад.

  Исомиддин Шарифзода ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ талош меварзад.

  Таълифот, мутолибот, мусоҳибот ва гузоришоти ҷолиби илмӣ, ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Исомиддин Шарифзода дар ВАО-и ватанӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардаанд. Махсусан, даҳ соли ахир силсилаи мақола ва мутолиботи илмӣ ва илмӣ-оммавии Исомиддин Шарифзода, ки ба масоили фикрӣ, ҳувиятӣ, ақидатӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва миллӣ ихтисос ёфтаанд, сафаҳоти матбуоти даврии мустақили ватаниро рангин сохтаанд (барои иттилооти бештар, аз ҷумла таваҷҷуҳ шавад ба силсиламатолиби илмӣ-оммавии зайл: Шарифзода И. Хурофот. //Ҷумҳурият, № 213 (23816), 13 ноябри соли 2019. –С.3; Шарифзода И. Аз тавсеаи хурофот то бархӯрдҳои шадид. //Ҷумҳурият, № 43, 27.02. 2020. –С.2; Шарифзода И. Баҳсе дар ахлоқ ва дин. //ИмрӯзNews, №107(2106), 25.06.2020. –С.V1; Шарифзода И. Инқилобро киҳо ба вуҷуд меоранд? (қисми 1). //ИмрӯзNews, №114 (2123), 09.07.2020. –С.V1; Шарифзода И. Инқилобро киҳо ба вуҷуд меоранд? (қисми 2). //ИмрӯзNews, №115 (2124), 13.07.2020. –С.V; Шарифзода И. Низоми сиёсии динӣ ва озодии инсон. //ИмрӯзNews, № 126 (2125), 04.08.2020. –С.V; Шарифзода И. Дар Ғарб фановарӣ месозанд, дар Шарқ чӣ? //Ҷумҳурият, №152-153 (24008), ҷумъа, 14 августи соли 2020. –С.1; Шарифзода И. Дар Ғарб фановарӣ месозанд, дар Шарқ чӣ? //ИмрӯзNews, №137 (2136), 12.08.2020. –С.V1; Шарифзода И. Исломи сиёсӣ ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсии инсон. //ИмрӯзNews, №136 (2135), 18.08.2020. –С.V1; Шарифзода И. Нодонӣ, ҷаҳл, таассуб. //ИмрӯзNews, № 127 (2126), 05.09.2020. –С.V11; Шарифзода И. Ҳокимияти динсолор ё расмикунонии хурофазадагӣ. //Адабиёт ва санъат, № 47(2070), 19 ноябри соли 2020. –С.14; Шарифзода И. Тахаюл ва тафаккур ё баҳси хурофот бо илм. // ИмрӯзNews, №198 (2199), 27.11.2020. –С.V1- V111; Шарифзода И. Фарди хурофазада маҳсули ҷомеаи хурофотист. //Самак №1 (478), ҷумъа, 1 январи  соли 2021. -С.6; Шарифзода И. Мазҳабзадагӣ дар бозиҳои геосиёсӣ. //ИмрӯзNews, №3 (2223), 13.01.2021. –С.V;  Шарифзода И. Ҳокимияти теократӣ муқобили мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар меистад. //Ҷумҳурият, № 11 (24118), душанбе, 18 январи соли 2021. –С.1; Шарифзода И. Хурофот ва ё ҳалли хаёлии мушкил. //Самак №4 (481), чоршанбе, 20 январи  соли 2021. -С.5; Шарифзода И. Хирадгароӣ шеваи асосии хурофазудоӣ. //ИмрӯзNews, №21 (2241), 19.02.2021. –С.V1- V11; Шарифзода И. Хурофот ва ё ҳалли хаёлии мушкил. //ИмрӯзNews, №5 (2225), 19.02.2021. –С.V1- V111; Шарифзода И. Хирадсолорӣ ва дунявият. //Ҷумҳурият №60-61 (24168), 29 марти соли 2021. -С.7; Шарифзода И. Таассуб мардумонро ба нобудӣ мекашонад. //Самак №29 (507), чоршанбе, 14 июли  соли 2021. -С.7; Исомиддин Шарифзода. Ваҳдати миллӣ – омили асосии рушди кишвар. //ИмрӯзNews, №92 (2312), 22.07.2021. –С. 1V-V; Шарифзода И. Исломи сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №4 (22), 2020. -С.82-97; Шарифзода И. Хирадгароӣ – шеваи асосии хурофазудоӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (23), 2021. -С.42-53; Шарифзода И. Хирадгаройӣ – асли бунёди тамаддуни исломӣ. //Самак №15 (545), панҷшанбе, 14 апрели  соли 2022. -С.14; Шарифзода И. Хушкандешӣ ва хирадгароӣ. //Самак, №16 (546), 21 апрели соли 2022. –С.5; Шарифзода И. Хурофот ва таассуб боздорандаи рушди миллатҳоянд. //Садои Шарқ. Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, №2, 2022. –С.49-55; Шарифзода И. Вақте фазои хирадандешӣ тира мешавад.... //Ҷумҳурият, №79 (24438), 25 апрели соли 2022. –С.3; Шарифзода И. То ба дунявият расидан аврупоиён низ ҳокимияти мутлақи диниро аз сар гузарониданд. //ИмрӯзNews №98 (2497), сешанбе, 05 июли соли 2022. -С. 1V- V; Шарифзода И. Ҷомеаи дунявӣ. Мафкураи сиёсӣ муҳимтарин омили пешрафт аст. //Ҷумҳурият, №127 (24486), сешанбе, 5 июли соли 2022. –С.3; Шарифзода И. Омили маънавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинӣ – асоси пешрафти ҷомеа. //Самак, №29 (559), 21 июли соли 2022. –С.15; Шарифзода И. Хурофот – хушбоварӣ ва саробе, ки моро дар баробари воқеият фиреб медиҳад. //ИмрӯзNews №131 (2530), 16.09.2022. -С.V; Шарифзода И. Бовармандӣ бояд фардӣ бошад. //Фараж, №39 (825), 29 сентябри соли 2022. –С.7; Шарифзода И. Бовармандӣ ва фардияти ақидатӣ. //ИмрӯзNews №142 (2541), 05.10.2022. -С. V111; Шарифзода И. Сиёсикунии динҳо ё тиҷорат бо мазҳабу бовармандӣ. //ИмрӯзNews №150 (2549), 19.10.2022. -С.1V; Шарифзода И. Халқро тақлидашон барбод дод. //Самак, №45 (575), 11 ноябри соли 2022. –С.5; Шарифзода И. Зиёни касон аз пайи суди хеш. //ИмрӯзNews №182 (2581), 19.12.2022. -С. V1; Шарифзода И. Таассубзадагӣ ва хурофот миллатҳоро нобуд месозад. //Самак, №1 (583), 12 январи соли 2023. –С.11; Шарифзода И. Таассубзадагӣ ва хурофот миллатҳоро нобуд месозад. //ИмрӯзNews №01 (2590), 10.01.2023. -С.1V; Шарифзода И. Низоми дунявӣ ин кафили пешрафт ва ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. //ИмрӯзNews №03 (2592), 12.01.2023. -С.V1; Шарифзода И. Рушди маориф дар меҳвари сиёсати Президенти кишвар. //Фановар, №1-2 (170-171), 28 январи соли 2023. –С.3; Шарифзода И. Хурофот ва фақри фарҳангӣ. //Минбари халқ, №6 (1403), 8 феврали соли 2023. –С.7; Шарифов И. Терроризм – хатари глобалӣ. //Фараж, №4 (842), 2 феврали соли 2023. –С.4; Шарифзода И. Танҳо мубориза...Хурофот садди роҳи тараққиёт аст. //ИмрӯзNews №14-15 (2603-2604), 02-03-02.2023. –С 1V; Шарифов И. Мо дар даврони терроризму экстремизм зиндагӣ дорем. //ИмрӯзNews №16 (2605), 06.02.2023. -С. 1V; Шарифзода И. Ҷомеаи бозмонда ва ҷӯянда. //Минбари халқ №9 (1406), 1 марти соли 2023. –С 6; Шарифзода И. Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор. //Самак, №11-12 (594), 30 марти соли 2023. –С.11-12; Шарифов И. Хирадандешӣ камоли инсонист. //Самак, №15 (597), 20 апрели соли 2023. –С.13; Шарифзода И. Таҳкими ҳувияти фардӣ тақвиятбахши пайкараи иҷтимоӣ.  //Самак, №21 (603), 1 июни соли 2023. –С.11; Шарифзода И. Хирадбунёд. //Самак, №29-30 (611-612), 3 августи соли 2023. –С.14; Шарифзода И. Агар тағйире дар андешаат нест. //Самак, №43 (625), 2 ноябри соли 2023.  –С.11). Дар тамоми навиштаҳо, таълифот ва гуфтаву муколимоти Шарифзода хирад, хирадгаройӣ ва рӯшангарӣ ба унвони меҳвари умури фикрӣ ва маданӣ эътибор доранд. Дар зимн, мутолиботи илмӣ-оммавии Шарифзода дар шаклгирии тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии насли ҷавон ва умуман, ҷомеаи тоҷик нақши калидӣ доранд.

      Афзун бар ин, барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” (ҳар ҳафта шоми панҷшанбе ва такроран саҳари шанбе аз тариқи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” пахш мешавад), ки Исомиддин Шарифзода масъул ва муҷрии он маҳсуб меёбад, минҳайси минбари баҳсу мунозироти илмию фалсафӣ ва муколимоти адабию фарҳангӣ миёни бинандагони ватанӣ маҳбубият пайдо кардааст. Масъул ва муҷрӣ Исомиддин Шарифзода дар доираи барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” бо ҳузури донишмандону пажуҳишгарони муосири миллю ватанӣ масъалаҳои муҳимми фалсафӣ, илмӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва фарҳангиро матраҳ мекунад ва ҷиҳати ҷалби ҷомеаи маданӣ ва фаъолони фарҳангӣ ба ин пружаи телевизионӣ  аз тамоми имконот истифода мебарад. Кӯшишу иқдомоти шахсиятҳое назири Исомиддин Шарифзода аст, ки илму фалсафа ва ҷараёни рӯшангарии миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳанӯз нуфуз доранд ва таассубу хурофазадагӣ ба сифати эпидемияи вогир ҷомеа сироят накардааст.

     Дӯсти азизи мо Исомиддин Шарифзода шахсияти чандбуъда аст. Бар иловаи омӯзгор, донишманд ва муҳаққиқи варзида будан, мавсуф, ҳамчунин истеъдоди хуби шоирӣ дорад ва дар заминаи мутолеа ва ҳифзи ашъори бузургони назми классикию муосир тамрини шеър ҳам мекунад. Тайи зиёда аз як соли ахир намунаҳои ашъори Шарифзодаро, ки дар жанрҳои гуногуни адабӣ – аз ғазал шурӯъ карда, то қасидаю рубоию дубайтӣ ва шеъри нимоӣ иншо гардидаанд, аз тариқи саҳифаи фейсбукии муаллиф (манзур Исомиддин Шарифзода аст) мурур ва мутолеа мекунем. Мавсуф намунаҳои тамриноти манзуми хешро, ки дар имтидоди соли 2020 рӯйи коғаз омадаанд, ҷамъоварӣ намуда, дар маҷмӯае таҳти унвони “Оинаи вақт” (ниг.: Шарифзода, Исомиддин. Оинаи вақт (Маҷмӯаи ашъор). –Душанбе: Мулквар, 2021. -262 саҳ.) интишор дод. Шарифзода дар қолиби суннатӣ ва нимоӣ шеър суруда, дар баробари бозгӯйии эҳсосу авотифи инсонӣ, вуҷуду ҳастии инсониро дар бастагӣ бо ҳақиқати низоми кайҳонӣ мавзӯи меҳварӣ қарор дода, дар ин замина тасвирсозӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки танаввуи мавзӯӣ ва мундариҷавӣ маҷмӯаи ашъори Шарифзодаро хонданбоб мекунад.

         Воқеан, маҳфили  “Ҷаҳони андеша” аз ҳузур ва нуфузи чунин шахсияти ҳавзаи рӯшанфикрии миллӣ ифтихор мекунад. 

       Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, файласуф ва рӯшангарии миллӣ Исомиддин Шарифзода!

   Бо эҳтиром ва самимият,

   аъзои маҳфили  “Ҷаҳони андеша”

  11 ноябри соли 2023  

 

          Рӯзи навоварист!

(дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти гиромӣ, шахсияти варзидаи фалсафӣ ва парвардаи мактаби рӯшанфикрии миллӣ Исомиддин Шарифзода)

 

          Эй дӯст, аз масири муҳаббат гузар кунӣ,

          Аз ҳоли зори аҳли вафо чашм тар кунӣ,

          Ин умр дар талоши худӣ пушти сар кунӣ,

          Бо нур шоми тираи миллат саҳар кунӣ,

          Такя ба илму ҳиммати аҳли назар кунӣ,

          Ханда бар иқтидори қазову қадар кунӣ,

          Ҷаҳлу хурофадовариро муштипар кунӣ,

          Шохи дарахти ҳикмати мо борвар кунӣ,

          Мафкурахушки аҷнабиро бесамар кунӣ,

          Бо азму фазлу назм адои ҳунар кунӣ,

          Дунё дигар кунӣ!

 

          Мавлуди ту мусодифи рӯзи хирадварист,

          Мавлуди ту баробари ин лафзи модарист,

          Мавлуди ту намои куҳанҳикмати дарист,

          Мавлуди ту, ки лаҳзаи атфи саросарист,

          Рӯзи саиди тантанаи меҳрпарварист,

          Рӯзи умед, рӯзи ризо, рӯзи боварист,

          Рӯзи шикасти зулмату банду ситамгарист,

          Рӯзи ғуруру қудрати озоди озарист,

          Рӯзи сухан ба минбари ҳар баҳсу доварист,

          Рӯзи дурахши чеҳраи Хуршеди Ховарист,

          Рӯзи навоварист!

 

         Бо эҳтиром,

         Нозим Нурзода

      11.11.2020

 

 

        

             

 

Хондан 1081 маротиба