JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 15 Декабри 2023 08:55

Рӯшангарӣ ва масъулияти пурсишгарӣ (Шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи рӯзноманигор ва рӯшангари миллӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор)

Муаллиф:

   Мусалламан, рӯшангарӣ (просветительство), ки бедории фикрии башарро рақам зада, ҷомеаи инсониро ба сатҳи баланди таҳаввулоту пешравию тараққиёт расонидааст, аз зеҳни пурсишгари инсон буруз кардааст. Бинобар ин, пурсишгарӣ (шакку тардидварзӣ ва нигоҳи интиқодӣ ба масоилу мушкилоти мавҷуда) ба сифати масъулияти фардию ҷамъӣ оғози кори рӯшангарӣ будааст ва ҳар кӣ ба арсаи рӯшангарӣ по мегузорад, дар ибтидо масъулият ва рисолати пурсишгариро иҷро менамояд. Бад-ин тартиб, фарди пурсишгар дар натиҷаи таккон додани зеҳн ва ба истилоҳ, даргир сохтани тафаккур мароҳили фикриро тай намуда, тадриҷан ковишу ҷустуҷӯҳо ва суолу пурсишҳоро зиёдтар намуда, сатҳи маърифатию ҳунари ковишгариаш зина ба зина ва марҳила ба марҳила болотар меравад ва билохира то ба мартабаи як шахсияти рӯшангари миллӣ рушд мекунад.

       Ба ин маънӣ, бо даричаи шакку тардид ба кулли масоил ва муаммоҳои рӯзгор нигаристан ва шакку гумонҳоро дар шакли пурсишу суолот матраҳ кардан ибтидои кори  рӯшангарист. Аз ин ҷост, ки ҷомеа ҳамеша ба пурсишгар ва рӯшангар ниёз дошту дорад ва замоне ки ин табақаи иҷтимоӣ (манзур пурсишгарону рӯшангарон) аз анҷоми масъулияту рисолат канор мегиранд, тарокуми фикрию ҳувиятӣ ва ахлоқию иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, бебандуборию сардаргумию парешонӣ ҷойи оромишу босуботиро мегирад. Ба ин манзур, агар пурсишгарону рӯшангарон дар иттиҳоду ҳамбастагӣ қарор дошта бошанд, дар ҷомеа аз мақому ҷойгоҳи баланд бархурдоранд. Ҳарчанд ки имрӯз иттиҳоду ҳамбастагии умумӣ миёни қишру табақоти зиёию  рӯшангар кам ба назар мерасад, вуҷуду ҳузури шахсиятҳои рӯшангари миллӣ, ки дар таносуб бо ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ ангуштшуморанд, раванди бедории фикрӣ ва ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият мебахшад.

        Аз зумраи рӯшангарони муосири миллӣ, ки бо масъулияти пурсишгарӣ байни доираҳои илмию маданӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маъруф аст, устод Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Ориёмеҳр) мебошад. Абдуқодир ба сабаби эҳтирому ихлосу алоқамандии фавқулода ба қаламраву соҳату паҳнои бузурги Ориё ва фарҳангу тамаддуни ниёкон исмашро ба “Ориёмеҳр” табдил карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо ин номи миллӣ ва ниёконӣ ҳузури фаъол дорад. То ба сатҳи як рӯзноманигори ҳирфаӣ ва рӯшангари миллӣ расидан ва тавассути нақду интиқодоти уқдаву муаммо ва мушкилоти фикрию ақидатию ҳувиятӣ, ки ғолибан реша дар ҷаҳоншиносии хурофотӣ ва фаҳмишу бинишҳои ғайримиллию ғайриилмии мо доранд, Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Ориёмеҳр) дар заминаи омӯзишу таҳқиқи мероси таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ, динӣ-мазҳабӣ, фарҳангӣ ва афкори мутараққии ҷаҳонӣ саъю талошҳои зиёде кардааст. Ба ин маъно, устод он чи ки дар қолиби матолибу гузоришу мусоҳибаву мутолибот рӯйи сафаҳоти фейсбукию матбуотӣ мечинаду мерезад, маҳсули зеҳни пурсишгар ва тафаккури интиқодии ӯянд.

        Маҳз мушаххасаи ҳувиятии пурсишгарӣ Абдуқодири ҳанӯз ҷавонро ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) овард. Дар ин даргоҳи бузурги илму маорифи миллию ватанӣ Абдуқаҳҳор ҳунари пурсишгариашро ташаккул дода,  сабку шеваи нави нақду баррасии муаммою мушкилоти замонро омӯхта, роҳро барои шинохту ташхиси уқдаю ҳассосиёти замонию маконӣ ҳамвор сохт. Сарнавишти минбаъдаи Абдуқаҳҳор бо телевизиону радиои ҷумҳурӣ гиреҳ хурда, мавсуф бо масъулияти пурсишгарӣ ва дидгоҳи вежаи ҳирфаӣ дар инъикосу бозтоби масоили зарурӣ аз тариқи барномаҳои телерадиоӣ саҳми сазовор гузошт. Абдуқаҳҳор солҳо масъулияти тавлиду тадвин ва муҳарририю муҷригии барномаҳои махсуси ихтисосӣ, таҳлилӣ, мубоҳисавӣ, маърифатӣ ва фарҳангиро бар уҳда гирифта, дар ин самт муваффақ гардид. Солҳое, ки масъулияти мудирияти Телевизиони “Пойтахт” (ҳозира Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”) бар уҳда дошт, ташаббус ва ибтикороти зарурии эҷодию ҳирфаӣ рӯйи даст гирифта, пружаҳои барномаҳои ҷолиби фалсафӣ ва фарҳангӣ-маданӣ, аз ҷумла барномаи фалсафии “Ҷаҳони андеша”-ро дар фазои телевизиони ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар вазифа ва симатҳои гуногуни расмӣ-идорӣ ифои вазифа карда, дар ҳифзи манофеи миллӣ ва гиромидошти арзишҳои дунявӣ саҳми муносиб гузошта, то имрӯз дар ин масир бардамона ва устуворона ҳаракат мекунад.    

        Махсусан, ибтикороту талошҳои ҳадафмандонаи Абдуқаҳҳор-Ориёмеҳр дар заминаи шинохту муаррифии мероси гаронмояи бостонӣ, адибону нависандагони номдори ватанию хориҷӣ, чеҳраҳои мондагори фарҳанги миллӣ ва пахшу нашри матолиби ҷолиби иттилоотӣ, фалсафӣ, адабӣ, маданӣ ва ҳунарӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоиву фазои маҷозӣ сазовори таҳсину офарин аст. Муаррифии китобҳои тозанашри бадеӣ, илмӣ ва оммавӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи хидматҳои бедареғи Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Ориёмеҳр) маҳсуб мешавад. Ин иқдоми барномавӣ миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолони маданӣ ҳамовозӣ пайдо намудааст.

       Воқеан, Абдуқодир-Ориёмеҳр чеҳраи номдори фарҳанги миллӣ мебошад ва ҳузуру нуфузи рӯшангароне ҳамчунинӣ дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ ва нуфузи чашмгири ифротгаройии динӣ амри зарурист. Аз фурсати муносиб истифода карда, зодрӯзи Абдуқодир-Ориёмеҳрро шодбош гуфта, ба мавсуф дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, ҷуръату ҷасорати фикрию маданӣ таманно мекунем.

          Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, Абдуқаҳҳор-Ориёмеҳри гиромӣ!

 

         Бо эҳтиром,

     маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

     ш. Душанбе, 15 декабри соли 2023

 

Хондан 833 маротиба