JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 28 Сентябри 2023 05:37

Шиорат “Огаҳӣ, Озодию Ободӣ” бошад

Муаллиф:

(шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи Бозор Ибодӣ)

Дӯсту ҳамандеши гиромӣ Бозор Ибодӣ,

       Дар давоми чанд соле, ки бо Шумо ҳамкорию ҳамшарикӣ дорем, симо ва чеҳраи иҷтимоӣ, ихтисосӣ, фаннӣ, илмӣ, эҷодӣ ва миллиатонро ба қадри кофӣ шинохтаем. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ ончунон фаъолед, ки кас ангушти ҳайрат мегазад. Гоҳо дар набуди Шумо миёни худ баҳс мекунем ва, ростӣ, рашкамон ҳам меояд, ки ҳамкори азизи мо ин қадар имкон, ин қадар энержӣ ва ин қадар вақту замонро аз куҷо пайдо мекунад, ки дар як они воҳид сарриштаи ҳар кореро дармеёбад, дар пайи ҳалли он мешавад ва дар сатҳи баланди ҳирфаӣ анҷомаш медиҳад. Дар зимн, вежагиҳои шахсӣ-ҳувиятие назири сахткӯшӣ, тезкорӣ, дурусткорӣ, дақиқкорӣ, мӯшикофӣ ва рамузфаҳмӣ мунҳасир ба фарди Шумо – Бозори гиромӣ ҳастанд. Аз ин ҷост, ки ахлоқу одоб, фарҳанги гуфтор, такаллум, муошират ва муносибати мунҳасир ба фарди Шумо сазовори таҳсину офарин аст.

        Аз ин гузашта, Шумо дар пайгирии пайвастаи масъалаҳои иқтисодӣ, донистани барномаҳои навтарини компютерӣ, дастёбӣ ба гузинаҳои гуногуни расонаӣ, дарёфти нодиртарин маълумоту иттилооти роёнаӣ, муаррифии шоистаи сомона ва пойгоҳи иттилоотию таҳлилии “ravshanfikr.tj” маҳорату малакаи вежа доред. Омӯзиши бардавоми манобеи илмию ихтисосӣ, бозомӯзӣ дар курсҳои махсуси ихтисосӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷопону Чин Шуморо миёни насли ҷавони ҷомеаи илмию ихтисосӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоиста бахшидааст. Аз ташрифи теъдоди зиёди корафтодагон ва ихлосмандон дар утоқи кории Шумо маълум мегардад, ки аллакай дар миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ихтисосӣ, фаннӣ ва илмӣ соҳибэҳтир гардидаед. Хуш ба ҳолатон!

       Чархонидани сомона-пойгоҳи “ravshanfikr.tj” ва танзиму такмили он аз тариқи ворид кардани маводи хуби омӯзишӣ, таҳлилӣ, пажуҳишӣ, илмӣ-оммавӣ, бадеӣ ва эҷодӣ кори саҳлу осоне нест, вале Шумо бо такя ба дониш, биниш, маҳорат, малака ва таҷрибаи барномасозӣ аз уҳдаи ин кори мушкил бармеоед. Мунтаҳо, Шумо шиори “огоҳӣ, озодӣ ва ободӣ”-ро на танҳо чун сартитри пойгоҳ, балки минҳайси меъёри зиндагии инфиродӣ пазируфта, дар масири бедорӣ, огоҳӣ ва озодагӣ қадам бармедоред. Ба ин маънӣ:

                 Бар рағми ғам талош андар нишоту шодӣ бошад,

                 Шиорат “Огаҳӣ, Озодию Ободӣ” бошад.

       Аз фурсати муносиб истифода намуда, зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи хонаводагӣ, иҷтимоӣ, корию идорӣ ва илмию эҷодиатон муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем. Воқеан:

            Бо ҷӯшу гармию сафо дилҳо мунаввар мекунӣ,

            Бо ҷуръату озодагӣ моро диловар мекунӣ.           

            Бо шӯру исёни ҳунар донӣ, ки Бозори Ибод

            Ин растахези зиндагӣ Бозори маҳшар мекунӣ!

           

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

28 сентябри соли 2023

Хондан 1487 маротиба