JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Ноябри 2018 08:53

Дар масири дарёфти соҳибкори муваффақ ва тоҷири корчаллон

Муаллиф:

(Тибқи осори ёддоштӣ ва публисистии академик З.Раҷабов ва проф.  А.Мухторов)

Дар ҳар як давру замон дарёфти соҳибкори муваффақ ва тоҷири корчаллон ниҳоят кори мушкил ва мураккаб маҳсуб меёбанд. Аз ин боис, ба ташаккул ва омода намудани бозаргону соҳибкори асилу муваффақ эътибори махсус равона намуда, пайваста талош мекунанд, ки чунин кори муҳиму судбахш анҷом дода шаванд. Хосатан ҳар як ашхоси ҷозибу хайрхоҳ ва некхоҳу дурандеш ният ва орзу менамояд, ки меросхўри худро чун соҳибкори муваффақ ва тоҷири корчаллон тарбия намуда, ба воя расонад, то ки дар рўзгори инсонӣ ва рушду такомули ҷомеаи мутамаддин мавқеи муҳим ва нақши арзанда пайдо намояд. Чунин ниятҳои неку орзуҳои ширинро чун ҳар як тоҷики асилу ояндабин бобою падари Зарифу Латиф ва дигарон дар замири хеш парварида, мудом аз паи амалӣ намудани он пайваста кўшишу талош менамуданд. Аз ин рў, ин мавзўъ муҳиму рўзмарра буда, пажўҳишу тадқиқи саривақтии худро интизор аст.

Маҳз аз нигоҳи имрўз даврони тифливу наврасӣ ва ҷавонии академик Зариф Шарифович Раҷабов (1906-1990) дар ибтидои асри  бистум, дар Хуҷанди бостон сурат гирифтааст. Дар хотираҳо ва ёддоштҳои ин марди ҷасуру дурандеш ва инсони неку ояндасоз на танҳо паҳлуҳои рўзгори тифлӣ, ҷавонӣ, навҷавонӣ ва камолоти худаш, балки бародару наздикони хонадони Раҷабовҳо ва дигар ҳамзамонон ба тариқи амиқу мукаммал қаламдод гаштаанд. Зимнан қиблагоҳи ў Мирзошариф орзу мекард, ки Зариф ва Латиф дар шаҳрҳои Русия, Аврупо ва Амрико таҳсили илму маърифат намуда, ҳамчун соҳибкори моҳиру кордон ва тоҷири корчаллон ба Ватани азизамон баргашта, ба аҳли диёр ва миллати сарбаланду бостониамон содиқона хизмат намоянд. Ин нияти нек ва орзуҳои қиблагоҳ ҷомаи амал пўшида, Зариф дар аҳди шўравӣ ҳамчун шахси лаёқатманду боистеъдод парвариш ёфта, то дарарҷаи олими маҳбуб ва номдори замони шўравӣ, доктори илми таърих,  профессор, академики Академияи улуми ҷумҳурӣ сабзида расид. Имрўз аз таҷрибаҳои судбахш ва рангини олимони номдори Ватан, муҳаққиқони мумтоз ва чирадасти замон дар бунёди ҷомеаи мутамаддин-Тоҷикистони соҳибистиқлол пурсамар ва моҳирона истифода бурдан мувофиқи матлаб аст. Аз ин хотир, саҳифаҳои дурахшон ва пурасрори рўзгори рангини ин фарзанди фарзона ва барўманди миллатамонро варақгардон намуда, дар асоси хотираҳову ёддоштҳо ва инчунин муқоиса бо дигар маъхазу сарчашмаҳо ва тадқиқотҳои ҳамкасбону шогирдон, аз ҷумла профессор Абдусаттор Мухторов, пиромуни ҷузъиёти рўзгори тоинқилобии эшон фикру мулоҳизаҳои судманд пешкаши аҳли илму адаб гардонида хоҳанд шуд.

Ашхоси пешқадами Осиёи Марказӣ, аз ҷумла музофоти Хуҷанд ба забт ва ҳамроҳшавии ин минтақа ба Русияи подшоҳӣ назари нек ва муносибати мусбат зоҳир намуданд. Чунончи, бобою падари Зариф Раҷабхўҷа ва Мирзошариф нисбат ба боёну амалдорони маҳаллӣ дида, ба русҳо эътимод доштанд ва аз назари онҳо русҳо мардуми маърифатпарвару ояндабин мебошанд. Чунонки баъдтар мушоҳида гардид, ки русҳо дар баробари дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна дар музофоти Хуҷанд низ корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намуда, ба ин ҷо навгониҳои зиёде, аз ҷумла роҳи оҳан ва амсоли онро оварда, ба хизмати мардуми маҳаллӣ во гузоштанд. Ҳамаи ин дигаргунсозиҳо ба мардуми пешқадами музофот, аз ҷумла Раҷабхўҷаву Мирзошариф ва дигарон таъсири мусбат расониданд. Чунонки  профессор А. Мухторов  шаҳодат медиҳад, ки пас аз шаш соли ҳаёти мустамликашавӣ, русҳо дар Хуҷанд ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумлаи заводу фабрикаҳои пилларесӣ, шарбатбарорӣ, шишабарорӣ, чармгармӣ ва ғайра оғоз бахшиданд, ки онҳо дар рушду инкишофи иқтисодиёти музофот такони азиме доданд ( 4,6 -7). Масалан, бобои Зариф - Раҷабхўҷа дар корхонаи шишабарории Хуҷанд ба кор даромад, ки он дар рўзгори минбаъдаи аҳли хонадон мавқеи мусбӣ бозид. Мавсуф ба омўхтани забони русӣ оғоз намуда, хешу ақрабояшро аз қафои худ бурд. Дар рўзгори онҳо омаду ноомадҳо ва комрониву камомадҳо ва рўйдодҳои мусбиву манфӣ тавъам рух медоданд. Ин рафтори ў ба ҳамсояҳо, муллотарошону  хушомадгўёни замон маъқул набуд. Аммо Раҷабхўҷа ба рафтору гуфтори эшон гўш намедод, зеро худ аз қоидаю қонунҳои ислом мудом бохабар буд, ба онҳо мефаҳмонид, ки донистани забонҳои гуногун ва урфу одати халқҳои дигар, дар васеъ гардидани ҷаҳонбинии мардум манфиатнок аст . Зеро инсон бо воситаи омўхтани забони русӣ  ҷаҳони нав пайдо мекунад ва  дунёро хуб дарк менамояд. Баъди ошно шудан бо маданият ва урфу одати русҳо, Раҷабхўҷа ба писаронаш Мирзошарифу Ашурхўҷа таълим медод, ки баробари азбар намудани «Ҳафтяк», «Чаҳор китоб», зимнан ба омўзиши забони русӣ камари ҳиммат бубанданд. Ин рафтори ноҷою  якравонаи Раҷабхўҷа ба ҳамсояҳо маъқул набуданд, онҳо дар нишастҳо таънаю маломат мезаданд, ки «Раҷабхўҷа писаронашро кофир кардааст, онҳо салла намебанданд, дар мактаби урусҳо дарс мехонанд, бо онҳо дар як табақ хўрок мехўранд» ва ғайра. Аммо ў ба ҳамаи таънаю маломати ҳаммаҳаллаҳову дўстони аз илму маърифат бехабар гўш намедод ва писаронашро аз пайомадҳои илмҳои ҷахонӣ бархурдор менамуд Забономўзӣ ва забондонӣ ба фарзандони Раҷабхўҷа кор дод: даставвал, Мирзошариф дар ширкати тиҷоратӣ ва Ашурхўҷа дар корҳонаи пиллапарварӣ ба шарофати забондониашон соҳиби ҷойи кор ва иззату икроми хўҷаинонашон шуданд (4,6 –7).

Дере нагузашта, обрўйи Мирзошариф дар байни соҳибкорону тоҷирони Хуҷандӣ боло рафт. Ҳар яке аз онҳо мехостанд, ки мисли ў, ҷавони кордону корчаллонро ба доми хеш кашанд. Дар охир, бойи калони Хуҷанд Фозилбой дили ўро ба даст овард. Вай дар шаҳри Андиҷон ширкати калони тиҷоратиро соҳибӣ мекард. Зимнан сармоядор чунин фарди моҳиру корчаллонро дар симои Мирзошариф медид. Дар охир, ўро розӣ намуда, бо фотиҳаи падараш Раҷабхўҷа ба Андиҷон бурда, низоми корҳои истеҳсоливу тиҷоратиро ба уҳдааш мегузорад.

Мирзошариф дар зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд таҷрибаи бойи на танҳо зиндагӣ, балки фаъолияти босамари корӣ ба даст оварда буд. Баробари забони модарӣ, инчунин забонҳои русӣ ва ўзбакиро низ хуб медонист ва аз ин хотир, чуноне мегўянд, ки «кор ба кордон осон аст!». Вай дар баробари шаҳри Андиҷон, инчунин дар шаҳрҳои Хўқанду Фарғона, Марғелону Ўш савдо карда, ба боварии хўҷаин даромада буд (4,8). Акнун Фозилбой бо дили пур аз фараҳ, бемалол ба корҳои соҳибкориву тиҷориаш машғул мешуд, ба ў дар ҳама кор боварӣ дошт.

Марди моҳиру корчаллон Мирзошариф ин дафъа муддати тўлонӣ, аз сабаби ба корҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ машғул будан, ба Хуҷанд омада натавонист. Ў дар ин муддат, ба корвони тоҷирон ҳамроҳ шуда, ба мулки Қошғари Чин сафар карда, мудом корҳои савдоиро анҷом дода, ба баъзе дастовардҳо ноил мегардад, ки перомуни ҳамаи онҳо ишора кардан шарт нест. Воқеан, Мирзошариф марди тозакору озодандеш буда, хизмати бойи маҳаллиро адо мекард. Вале аз кору рафтори бой розӣ набуд, зеро ин фард чун дигар сармоядорон халқро фиреб медод. Мирзошариф ба ивази хизматаш аз хўҷаин танҳо музди ночизе мегрифт, ки он барои рўзгораш кофӣ набуд. Вале ў чун намояндаи хўҷаин вагон-вагон меваи хушк, пўсти қароқўлӣ, пахта ва дигар молу маҳсулоти бойро сарфакорона ба Русия мефиристод, ба ивази он қатораи пур аз ангиштсанг гирифта, онро дар байни савдогарони хурду миёна тақсим карда, мефурўхт ва фоидааш пурра ба киссаи бой мерафт (4,27). Аз ин рў, аз кирдору рафтори рўзгор, аз нобаробарии инсонҳо, аз нобасомониҳо ва  таассубу рўйдодҳои иҷтимоӣ дар тааҷҷуб монда, аз онҳо мудом хиҷил ва норизо мешуд. Дар натиҷа, талошу бархўрдҳояш нисбат ба замони нави сармоядорӣ ва он тағйироту дигаргунсозиҳои  кишварамон, воқеан ҳам афкору акидаҳои ўро тағйир медиҳанд.

Модари Зариф Бибисолеҳа зани ҳунарманде буда, дар оилаашон чаҳор нафар фарзанд - Бароҳатхон,Зариф, Латиф ва Шарофатхонро парасторӣ мекард. Вай мекўшид, ки фарзандонро бо ашёву лавозимоти зарурӣ ва сару либос таъмин намояд. Ба ин мақсад, ў дўкони аллочабофӣ созмон дода, аз пахтаю абрешим, карбосу алоча бофта, ба писару духтаронаш ҷомаву ҷелак ва куртаву эзор омода мекард, зиёдатиашро Бароҳатхону Зариф ба бозор бароварда, мефурўхтанд. Духтари калонӣ Бароҳатхон ба модараш пайравӣ карда, тўппӣ медўхт, ба дўкон нишаста, аллоча мебофт, бисёр ҳунарҳоро азбар намуд, хамроҳи Зариф ба Панҷшанбе-бозор рафта, маҳсули истеҳсолиашонро мефурўхтанд ва аз ин ҳисоб ризқу рўзӣ меёфтанд. Азбаски ҳавлиашон дар шафати бозори Панҷшанбе мавзеъ дошт, тўппиҳои дўхтаашонро Бароҳатхону Зариф ба фурўш мебароварданд. Рўзҳое мешуд, ки тўппиҳо ба савдо намерафтанд, он гоҳ ҷигарбандон бо дасти холӣ бармегаштанд. Дар ин хусус, худи устод дар китоби ёддоштиву саргузаштиашон «Саҳифаҳои рўзгори гузашта» баъдтар ин душвориҳоро чунин нақлу тафсир додаанд, ки он ҷолибу хотирмон аст: «Ман ҳамчун писари калонӣ соатҳоро дар бозор сипарӣ менамудам, то ки ришта ва тўппиҳои тайёркардаи модарамро фурўшам, вале на ҳама вақт корам омад мекард, бисёр вакт бо дасти холӣ гуруснаю мондашуда ба хона бармегаштам. Модарам бештар асабонӣ мешуд, вале чӣ илоҷ! Азбаски аксари мардум қашшоқона зиндагӣ мекарданд, бино бар ин, қудрати харидорӣ надоштанд»  (8,12,15).

Дар солҳои баъдӣ, додари хурдии Зариф Латиф ба доираи корҳои ҳоҷагӣ ва иртиботи савдоӣ кашида шуда, дастёри беминнат гардид. Аз рўйи тавсифҳои профессор А Мухторов, баъзан бародарон бо бачаҳои ҳаммаҳаллаашон ба бозиҳои гуногун машғул шуда, бозорро фаромўш мекарданд. Онҳо барои рўпўш  намудани сирру асрори хеш, маҷбуран ба назди бобояшон Насруллобой омада, каме ба корҳои ў кўмак расонида, пас, чойпулӣ мегирифтанд. Ба пули додаи бобо ба хона нону сабзавот харид мекарданд(4,13-14). Аз ин далелҳо маълум мегардад, ки бобои модарии Зариф Насруллобой яке аз соҳибкорону сармоядорони машҳури Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Яке аз дастовардҳои савдоии бобояш Насруллобой аз он иборат буд, ки ў дар бозори Панҷшанбе дорои дўкони савдоӣ буда, дар он ҷо доираи васеи тиҷоратӣ амалӣ мегардид. Аз ин амалиёт, наберагони ў Зарифу Латиф низ баҳраманд мегаштанд. Ин матлаб дар осори  ёддоштии академик З.Ш.Раҷабов чунин ба қалам дода шудааст: «Дар бозори Панҷшанбе падари Бибисолеҳа Насруллобой дўкон дошт. Баъзе рўзҳо Зариф ба бобояш чойю хўрок бурда, ба корҳои ў кўмак мерасонд. Бобояшон ба ивази хизмати набераҳо ба Зариф нонпулӣ медод, онҳоро дар ин роҳ рўҳбаланд  менамуд…» (4, 13).

Дар замони тоинқилобӣ, дар музофоти Хуҷанд сармоядорону соҳибкорони номдор кам набуданд. Яке аз чунин ашхоси барўманди Хуҷанди бостонӣ Насруллобой маҳсуб меёфт. Бино бар қайдҳои муаррихон, «дар воқеъ ҳам, Насруллобой одами машҳури замон ба шумор мерафт. Вай бо тоҷирони русу тотор робитаи устувор дошта, бо онҳо доду гирифти савдоӣ анҷом медод. Дар бозори Панҷшанбе соҳиби анбори калоне буд. Бештар  ба савдои яклухти газвор машғул мешуд. Аз савдогарони рус вагон–вагон газвору матоъҳоро гирифта, пас чаканафурўшӣ мекард. Савдогарон аз водии Фарғона, шаҳри Истаравшан ва мулкҳои дигари атрофи Хуҷанд ба назди Насруллобой омада, ба қадри имкон , бо нархҳои дилхоҳ газвор, моҳут, шиму костюм ва ғайра харид мекарданд» (4,14). Чуноне  З. Раҷабов дар ёддоштҳои хеш ёдовар шудааст, ки «бобояш Насруллобой чун тоҷири кўтарафурўш дар бозори Панҷшанбе саройи калони тиҷоратӣ дошт. Вай ба назди бобояш ҳаррўз як маротиба хўроки лазиз ва чойи кабуд бурда, доираи муомилоти тиҷоратии ин саройро  хеле хуб медонист. Ба қавли ў, ин сарой аз  рафу қаторҳои молу маҳсулот иборат буда, дар онҳо чандин бастаҳои калони матоъу газвор гузошта мешуданд. Насруллобой онҳоро вагон-вагон аз Русия оварда, сипас ба савдогарони хурди Хуҷанд ва музофоти он бо нархи фоидаовар мефурўхт. Маълум аст, ки чунин муомилоти доманадори савдоӣ бемуҳобот фоидаи калон меовард» (8,23).

  Дар воқеъ, сармоядорону соҳибкорон ва тоҷирони номдори музофоти Хуҷанд маҳз дар ин давра чун намояндаи бонуфузи доираҳои сармоядорону табақаи тоҷирони Тоҷикистони тоинқилобӣ ташаккул ёфтанд. Хусусан бойҳо ва сарватмандони машҳури он замон: Насруллобой, Солиҷонбой, Эргашбой, Мирзокарим ва амсоли он дар байни доираҳои тиҷоративу саноатӣ мавқеи калонро соҳиб гашта, дар байни онҳо  рақобат мавҷуд буд. Ҳар кадоме кўшиш менамуданд, ки дар гирдоварӣ ва ҷамъоварӣ  намудани боигариву сарват аз якдигар қафо намонанд (4, 14). Чуноне академик З. Раҷабов дар ёддоштҳояш таъкид кардааст, ки дар он замон дар Хуҷанд Эргашбой ном бойи калон ва сарватманди бонуфуз зиндагӣ мекард. Вай фурўши яклухти меваҳои хушк, хусусан ғўлингро соҳибӣ  менамуд. Зеро ғўлинги Хуҷанд, аз ҳама бештар навъи қандаки он дар аксар ҷойҳо талабгорони сершумор дошт. Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки он на танҳо дар Осиёи Миёна, балки инчунин дар Русия ва баъзе кишварҳои Урупо харидорони бештаре  пайдо карда будааст. Зимнан Эргашбой ин намуди меваҷот, хусусан ғўлингро аз деҳқонон бо нархи арзон харида, бо воситаи қатора ба дигар шаҳру мамлакатҳо гусел  менамуд. Ба ҳамин роҳу усул сарвату бойгарии ў ташаккул меёфт (6,12; 8,17). Профессор А.Мухторов низ пиромуни фаъолияти соҳибкорӣ ва туҷҷории Эргашбой иттилоъ дода, қайд кардааст, ки ин шахс дар ин ҷода, ба комёбиҳо ва дастовардҳо ноил мегардад. Ба қавли нигоранда, хусусияти кору пайкори Эргашбой дар он таҷассум  меёфт, ки аз деҳқонон меваи хушк, аз қабили ғўлинг, чормағз, мавиз, бодом, писта ва монанди  онро ҷамъоовварӣ намуда, ба Русия ва ҳатто кишварҳои Аврупо мефиристод ва аз он фоидаи калон ба даст меовард (4,14). Воқеан, боигариву дороӣ ва сарватмандии Эргашбой диққати Зарифи хурдсолро низ ба худ ҷалб карда будааст. Чуноне ў баъдтар таъкид месозад, ки «ман муттасил ба ҳавлии Эргашбой мерафтам ва борҳо медидам, ки чӣ тавр бой ба аспи худ қанд медод, ба сагаш бошад, гўшти серравғани гўсфандро ҳадя мекард. Ҳар бегоҳ дар манзили ў чароғи калони карасинӣ дар гирифта, гирду атрофро чароғон мекард (6,13; 8,18). Ҳамеша ба манзили барҳавои Эргашбой меҳмонон фойтунсавор меомаданд. Онҳо, қабл аз ҳама, маъмурону хизматгузорони подшоҳӣ, сарватмандони машҳур, соҳибкорону тоҷирони русу маҳаллӣ ва ғайра буданд (8,18-19).

Хосатан амалу фаъолияти соҳибкорӣ ва туҷҷории Эргашбой ба  соҳибкорону тоҷирон муфид ва манфиатбахш будааст.Гарчанде Эргашбой шахси бесавод бошад ҳам, вале ба русӣ чандон бад ҳарф намезад. Хазинадор ва котиби шахсии ў корчаллони тотор И. Консеров буда, забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ўзбекиро дар дараҷаи баланд медонист. Падари Зарифу Латиф дар вақти мувофиқ ва қўлай ба фарзандонаш такроран таъкид менамуд, ки «Эргашбой марди бесавод аст, ҳамаи корхои тиҷоратии ў дар дасти И.Консеров аст. Эргашбойро танҳо Консерови соҳибмаълумот сарватманд намудааст. Агар шумоён ҳам, дар оянда маълумотнок шуда, илму амал ва касбу ҳунар омўзед, чун ў  одами доро ва аҳли сарват мешавед» (6,13;8,18). Ин тарғибу  ташфиқи қиблагоҳ доим дар ёду хаёли писаронаш Зарифу Латиф садо медонанд, онҳо пайваста ба омўхтани илму адаб ва  касбу  ҳунар шитоб мекарданд.

Ҳамсояи Насруллобой яке аз одамони намоёни Хуҷанд Абдуқодир Оқсақол буда, ки ҳокими шаҳр ба шумор мерафт, дар ихтиёраш хизматгорони зиёде кору фаъолият мекарданд. Писари калонии оқсақол Ҷўра дўсти наздики тағои Зариф - Мирзокарим ба шумор мерафт. Ҳар муддат ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо ба сайру саёҳат мерафт. Вай нахустин шахсе буд, ки дар Хуҷанд соҳиби автомобил шудааст(4,16). Чуноне Зариф Раҷабов дар ёддоштҳои хеш зикр кардааст, ки дар соли 1916 яке  аз бойҳои Қалъаи Нави Хуҷанд Мулло Абдуқодир аз Маскав як автомобил оварда буд. «Боре  ман, - менависад З. Раҷабов,- шоҳиди воқеаи ҳайратоваре шудам. Дар ҳамон гузаре, ки  бобоям Абдуқодир – оқсаққол зиндагӣ мекард, ў чун яке аз сарватмандони намоёни шаҳр вазифаи оқсаққолии қисмати Қалъаи Нави Хуҷандро бар ўҳда дошт, писарони ў ҳамчун тоҷирони номдори Хуҷанд ба мақсади пешбурди корҳои тиҷоратӣ борҳо ба Русия сафар карда буданд. Боре ҳангоми бозӣ ба назди манзили оқсаққол аз ҷониби бозор ҳаракат карда омадани як қуттии калони сиёҳеро дида, дар ҳайрат мондам. Пас аз чанде, он дар назди хонаи оқсаққол омада бозистод. Аз даруни он писари калони бой- рафиқи амакам Мирзокарим берун баромад. Маълум шуд, ки он қуттии сиёҳ автомобил буда, онро яке аз ошноҳои руси ў оварда будааст»(8, 31-32).

Дар воқеъ, як нуктаи муҳимро таъкид кардан ҷоиз аст, ки тағои қадрдони Зарифу Латиф нисбат ба ҷиянҳои  худ  пайваста ғамхорӣ зоҳир мекард. Чунончи, азбаски Зариф ва дигар рафиқонаш майлу завқи ба автомобил саворшавӣ доштанд, бо дастгирии тағояшон Мирзокарим, писари бой онҳоро ба мошинаш савор карда, дар майдони атрофи Панҷшанбе - бозор сайру тамошо медод (4,16). Аз ин боис, ба Зарифу Латиф навгониҳои илмию техникӣ бештар диққатҷалбкунанда буданд. Қаблан мардуми ноҳияҳои шимоли Точикистон, чун мардуми Осиёи Марказӣ аз бисёр навгониҳои илмиву техникии он замон бохабар буданд. Чунончи, падари Зариф Мирзошариф дар водии Фарғона, дар истгоҳи роҳи оҳан кор мекард. Ба тариқе аён гардид, ки падари Зарифи ҷавон дар Андиҷон чун мудири хоҷагии бой аз истансаи Дирагомир қатораҳои пурангиштро қабул намуда, онро дар миёни тоҷирони хурд тақсим мекард. Корҳои падараш ба роҳи оҳан зич вобастагӣ дошт. Бо сардори вокзали роҳи оҳани  Андиҷон ниҳоят наздик буд (8,39-40).

Дар охири карни XIX аллакай баъзе ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд бо бисёр шаҳрҳои кишвари Туркистон ва Русия тавассути хати тилгироф мепайваст. Зарифи ҷавон аснои ҳашт-нўҳсолагиаш ҳодисаи муҳимеро ба мушоҳида мегирад, ки пиромуни тилгироф ва тилфун аст. «Ҳангоми ба хонаи яке аз ҳамшаҳриёнам рафтан,- менависад вай, - дар роҳ гўшамро ба симчўби тилгироф монда, гуфтугўи одамонро гўш кардан хостам. Зеро калонсолон мегуфтанд, ки сими тилгироф – сими «гапзанандаест». Аммо ман гуфтугўйи шахсеро шунида натавонистам, ба гўшам танҳо ғуввоси симчўбҳои тилгироф мерасиданду халос. Симҳо танҳо баъди дар хонаамон овардани асбоби беҳаракати чўбини тилфун «гап мезадагӣ»шуданд, ки ман онро бори нахуст дар соли 1921 дар Самарқанд дида будам...» (8,32).

Коргарони тилгироф ва тилфунро русҳо ва баъдтар маҳаллиён ташкил медоданд. Ба гуфти З.Раҷабов, ҳамсояи андиҷонии онҳо амаки Валентин начандон дуртар аз хонаашон мезист ва ў  чун тилгирофчӣ  кор мекард (8,39).

Пас аз пахши шўриши соли 1916 Мирзошариф бо назардошти мураккаб гардидани вазъияти музофоти Хуҷанд,  писарони худ Зариф ва Латифро ба водии Фарғона - шаҳри Андиҷон ҳамроҳ мебарад. Онҳо тавассути қатора бори нахуст сафар мекарданд. Аз рўйи ахбори профессор А. Мухторов, Мирзошариф писаронашро ҳамроҳ бо худ гирифта, ба поезд савор шуда, роҳи Андиҷонро пеш гирифт. Зарифу Латиф поездро бори нахуст медиданд ва аввалин бор ба он савор шуданд. Зариф дар ҳайрат буд, ки хонаҳои чўбин худазхуд дар болои қатораи оҳан ҳаракат мекунанд ва кунҷковона аз падар мепурсид:

-Додоҷон бигўед, ки беасп, ин қатораро чӣ ба пеш мебарад?

Мирзошариф аз саволҳои кўдаконаи фарзандаш ба завқ омада, посух мегуфт:

 -Онро паровоз ба пеш мебарад...

-Паровозаш чист?-мепурсид Зариф.

-Паравозаш хонаи оҳанин аст, ки дар дохилаш оташдон дорад. Дар он ангиштсангро алав мекунанд. Он гоҳ дегҳои обдор ба ҷўш меоянд, пас буғ тайёр мешавад. Ба воситаи он буғ қисмҳои механикии паровоз ба кор даромада, қатораро ба пеш тела медиҳанд, он гоҳ поезд суръат гирифта, ба сўйи муайян ҳаракат менамояд,- бо хушнудӣ мефаҳмонд падар (4,24).

Пас аз гузашти айём, Зариф Раҷабов аз сайргузашт ва рўйдодҳои нимаи дуюми соли 1916 ёдовар шуда, дар ёддоштҳояш онро чунин акс намудааст:

-Мо бори нахуст тавассути қатора (поезд) ба шаҳри Андиҷон мерафтем. Аҷобаташ дар он буд, ки мо дар аробаи калони болопўш ҷой гирифта, дар шоҳроҳи фўлодӣ бе кўмаки асп ё дигар ҳайвоноти боркаш ҳаракат менамудем. Вай ниҳоят тез медавид, ки ҳатто ҳавлиҳову дарахтони шафати хати роҳи оҳанро фарқ кардан мушкил буд. Ман аз падарам дар хати роҳ бе қувваи беруна чӣ тарз ҳаракат кардани қатора (поезд)-ро пурсидам, ки  ў як лаҳзаи ҳаёти ҷавониашро ба хотир оварда, нақл намуд, ки бобоям дар замони пайдоиши оташароба дар кишварамон дар мадраса таҳсил мекардааст. Ҳамон солҳо дар мадраса ҳеҷ ягон шахсе муаммои ин кашфиёти бузург ва «асрорангезе»-ро тасаввур карда наметавонист. Боре бобоям ва рафиқони ҳамсабақаш ба мударрис – донишманди  ҳодисаҳои тамоми олам рў оварда, мепурсанд:

-Ҷаноби Ҳазрати эшон дар саҳро дар болои қутии сиёҳи русҳо давидани қуттии сурхро чӣ тавр шарҳ медиҳанд?

-Дар қуттии сиёҳ аспест, ки аз қафояш қуттии сурхро мекашад, - бериё посух медиҳад мударрис (8,38). Бубинед, ки аз ин посух ба кадом натиҷа расидан мумкин аст, қазоват ба худатон ҳавола карда хоҳад шуд.

Албатта, то ин вақт, хати роҳи оҳан, ҳудуди ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон - музофоти Хуҷандро бурида мегузашт, ки он то водии Фарғона кашида шуда буд ва он амалан дар такомул ва тақвияти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши бузург мебозид. Ин матлаб дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ низ дарҷ ёфта, мақсаду мароми мардуми маҳаллиро ифода мекард. Бино бар ахбори асноди бойгонӣ, сокинони деҳаи Говхонаи волости Гулякандози музофоти Хуҷанд аз манфиату фоидаи истгоҳи роҳи оҳани Дирагомир дар арзномаи худ, аз 2 майи соли 1900 ба сардори музофоти Хуҷанд чунин навишта буданд: «…Бо тараҳҳуми подшоҳи бузурги рус дар Туркистон хати роҳи оҳан кашида шудааст. Дар шафати деҳаи мо – Говхона вокзали роҳи оҳан бунёд ёфтааст. Ҳудуди вокзал… ба минтақаи сарсабзу хуррам табдил ёфтааст. Қатора (оташароба) ба мардум фароғату манфиати зиёде меорад. Мо аз он ифтихор мекунем, ки истгоҳи роҳи оҳан дар шафати деҳаи мо бунёд ёфтааст» (ниг.: 1,9). Воқеан, истгоҳи Дирагомир яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон (ҳоло вилояти Суғд) буда, мардум аз он ба таври васеъ истифода мебурданд. Чунончи, агар дар соли 1900, аз ин истгоҳ 1640 нафар мусофирон сарфар карда бошанд, пас дар ин муддат беш аз 1000 нафар мусофир ба ин ҷо ворид шуданд ( ниг.: 2, 374).

Як ҷиҳати муҳимро таъкид кардан ҷоиз аст, ки  писари калонии Насруллобой Мирзокарим тағои меҳрубони Зарифу Латиф аз боздиди ҷиянҳояш дар манзилашон шоду масрур мегашт. Тағояшон Зарифу Латифро пазироӣ намуда, онҳоро бо фойтун ва автомобил савор карда, дар кўчаҳои Хуҷанд сайру тамошо медод. Дар як вақт, Зарифу Латиф низ ба корҳои ҳоҷагии бобои худ Насруллобой ҳамеша чун дастёри хуб хизмат менамуданд. Дар хоҷагии Насруллобой, дар аксар ҳолатҳо, навгониҳои хоҷагӣ ва истеҳсолӣ дар амал татбиқ мешуданд. Чунончи, дар Хуҷанд ташкил шудани корхонаи пилларесӣ шавқу рағбати аҳли хонаводаи Насруллобойро ба пиллапарварӣ зиёд намуд. Ташаббускори ин кори  наҷиб, писари бой Мирзокарим гардид. Зеро онҳо берун аз шаҳр замин доштанд, ки онро ба тутзор табдил дода, дар манзилашон ба пиллапарварӣ шароити мусоид омода сохтанд. Чунки ин соҳа ба эшон даромади калон меовард. Аз ин рў, тағояшон завқу ҳаваси ҷиянҳояш Зарифу Латифро ба баргчинӣ зиёд мекард. Ў ба онҳо ба ивази меҳнаташон маблағи пулӣ дода,  илова бар ин, аз бозор шириниҳо низ харида, табъи онҳоро шод менамуд. Ин тадбирҳо боиси ба кор шавқманд шудани бародарон мегашт (4,15-16). Ҳамин ки дар фасли баҳору тобистон, онҳо баробари аз мактаби динӣ фориғ гаштан, фавран ба кўмаки тағо мешитофтанд. Дар воқеъ, чунин рафтори тағо меҳру муҳаббати ҷиянҳоро нисбат ба фаъолияти меҳнатӣ зиёд мекард. Мирзокарим ҳар гоҳ ҳамроҳи ҷиянҳояш ба боғу роғ рафта, онҳоро дастгирӣ мекард. Вай навдаҳои тути сабзро қайчӣ карда, ба пуштораи Зарифу Латиф бор мекард, то ки ба хонаи бибиашон бурда, пиллаҳоро бо хўрок таъмин намоянд. Онҳо ин корҳоро доим иҷро намуда, баҳри бобою тағояшон хизмати арзандаеро анҷом медоданд  (4,17).

Бемуболиға, бойҳо ва сармоядорони Хуҷанд дар байни мардум таъсир ва нуфузи калон доштанд. Онҳо на танҳо дар шаҳри Хуҷанд ва  музофоти он, балки берун аз он низ дар ҳалли корҳои гуногун қодир буданд. Ин ҳолатро академик Зариф Раҷабов дар ёддоштҳояш  ҳаққонӣ қаламдод намудааст, ки намунаи ибрат аст. Ба қавли ў, дар ҳамсоягии бобоям Насруллобой, дар маҳаллаи Панҷшанбе-бозор Эргашбой ном марди сарватманди Хуҷандӣ зиндагӣ мекард. Сарвату боигарии ў нисбат ба дигар бойҳову сармоядорони музофот зиёдтар буда, дар ин минтақа таъсиру нуфузи калон дошт. Масалан, ҳангоми мардикоргирӣ (соли 1916) вай Алӣ ном камбағали ҳаммаҳаллаи худро киро карда, ба ҷойи худ ба Русия фиристод. Ў ба Алӣ ваъда медиҳад, ки тамоми аҳли байташро мехўронад ва бо пўшока таъмин менамояд. Вале муддате мегузараду Эргашбой ба ин ваъдаи худ вафо накард… (муфасал ниг.: 8,11; 4,21-22).

Ҳамзамон Зариф ва Латиф дар ин ҷо ба муҳити нави замон ворид гардида, бо навгониҳо ва ободкориҳо шинос шуданд, ки дар ташаккули афкори сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо таъсири муфид расонд. Ба тариқе маълум аст, ки  Андиҷон яке аз шаҳрҳои қадимаи водии Фарғона ба шумор мерафт. Мирзошариф Раҷабов ҳамчун корчаллони бойи Хуҷандӣ дар маҳаллаи нави Андиҷон ҳуҷраеро иҷора гирифта, бо мароми ба худ хос  зиндагӣ мекард. Ин бино нисбати хонаҳои хуҷандӣ хеле озодаву пероста буда, беруну дохили он бо оҳаксанг сафед  карда шуда, дар он тамоми шароитҳо ба тарзи аврупоӣ зебу зинат ёфта буданд. Дар рў ба рўйи утоқи Мирзошариф Валентин ном марди чеҳракушоди аврупоӣ зиндагӣ мекард. Ў дўсти наздики эшон буда, дар идораи алоқаи шаҳр сармутахассис шуда хизмат менамуд. Ў аз рўзҳои аввали ба Андиҷон омадани Зариф ва Латиф ба онҳо меҳр баста, онҳоро иззату икром меварзид. Идораи кории ў аз хонаи истиқоматиаш  начандон дур воқеъ гардида буд. Бино бар ин, ҳар рўз ҳангоми хўроки нисфирўзӣ, Мирзошариф ба воситаи Зариф ба дўсташ оши палав , манту ва ё шўрбо мефиристод. Валентин аз он хеле мамнун ва сарфароз гашта, бо хушнудӣ Зарифро пешвоз гирифта, сипас гусел менамуд. Ҳамин тавр, Зарифу Латиф бо дўстони андиҷонии падарашон наздику қарин гаштанд. Дар ибтидо, бародарон аз вохўрӣ ва нишаст бо урусҳо истиҳола мекарданд. Зеро дар кўдакӣ онҳо шўх буданд ва барои ором намуданашон Бибисолеҳа мегуфт, ки: «Хап шинед, урус омада истодааст!». Аммо дар асл, онҳо дар Андиҷон дўстони рус пайдо карда, бо онҳо унс гирифта, дар сари як миз нишаста, хўрок хўрда, суҳбатҳо меоростанд ва дар амал медиданд, ки урусҳо дигаранду дўстӣ бо онҳо лоиқу арзанда аст.

Яке аз дўстони дигари Мирзошариф, сардори роҳи оҳани Андиҷон Алексей Николаевич Миронов буд. Вай дар мавзеи шаҳри нави ин мулк манзил дошт. Баъди чанде писарони дўсташ Зарифу Латифро ба хонааш даъват кард. Онҳоро зани дўсти русашон бо ду нафар духтаронаш самимона пешвоз гирифтанд. Бародарон чунин муносибати ҳалимонаи зани русро бори нахуст дида, байни якдигар мегуфтанд:

-Гапҳои момою модарамон дуруғ будааст. Ин зану духтаронаш ба мо чунон меҳрубонанд, ки онро дар хонаи ягон тан аз хешу табори худамон надидем… (4,24--25).

Зимнан соҳибхона онҳоро бо шўрбо ва гўштбирён зиёфат медиҳад. Чунин меҳмондориро онҳо ҳатто дар хонаи бобояшон Насруллобой ҳам надида буданд. Баъди анҷоми хўрок меҳмононро бо қаҳва зиёфат намуданд. Ин меҳрубонӣ боиси ҳушнудӣ ва ба русҳо дил бастани писарони Мирзошариф гардид. Пас аз чамъ намудани хон, яке аз духтарон ба паси асбоби мусиқии аврупоӣ - пианино нишаста, оҳанги шўхеро навохт. Духтари дуввум бошад, дар зери оҳанг ба рақс даромад, бародаронро низ ба он таклиф кард, ки аз он дар ҳайрат монданд, Духтар аз дасти Зариф гирифта, ба ў рақсиданро нишон дод, ки он ба ин ҷавон писанд омад ва он боиси абадан бо русҳо дўсту бародар шуданаш мегардад.

Ҷигарбандони Мирзошариф дар як муддати кўтоҳ ба шароити зиндагии нав ворид шуданд. Акнун дар шаҳри Андиҷон касе онҳоро «кофир» намегуфт. Падар ба онҳо шиму костюм, туфлию ҷомадон харид ва писаронашро омодаи мактаб намуд.

Яке аз мактабҳои нахустини русӣ-маҳаллӣ дар Осиёи Миёна дар Андиҷон таъсис ёфтааст. Ин мактаб ба туфайли омўзгоронаш дар ибтидои қарни XX дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна машҳур гашта буд. Директории онро дўсти наздики Мирзошариф Михаил Василевич Назаров бар дўш дошт. Вай марди миёнасоли ширинсухану инсондўст ба шумор мерафт. Вай таклифи дўсти тоҷикашро рад накарда, писарони Мирзошарифро ба мактабаш қабул намуд ва дар баровардани хату саводи кофӣ ба онҳо кўмак расонид. Ў баробари директорӣ, инчунин ба омўзгорӣ низ машғул мешуд. Дар синфҳои ибтидоӣ аз забони русӣ, адабиёти рус, илми ҳисоб ва ҷуғрофия дарс мегуфт. Бо дастгирии директор Зарифу Латиф бо китобҳои дарсӣ ва дафтару қалам аз ҳисоби мактаб таъмин гаштанд (4,26).

Ин марди шариф ва инсонпарвар ба вазифааш нигоҳ накарда, марди хоксору худотарс буда, бо ҳама муносибати неки инсонӣ дошт. Ў вақти холии хешро бештар бо дўсташ Мирзошариф мегузаронид. Дар сари мизи хоксоронаи ў нишаста, оид ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва кишвари Туркистон суҳбатҳои хоса меорост. Муаллим шогирдонаш Зарифу Латифро дўст медошт, ба онҳо маслиҳат медод, ки бештар илму адаб омўзанд, донишу биниш ва малакаю маърифатнокии хешро сайқал дода, чун мутахассиси баландихтисос сабзида, ба воя расанд.

Таҳсил дар мактаби нав ба бародарон писанд омад. Онҳо дигар аз дасти нимчамуллоҳо калтак намехўрданд, ҷомаю салла намепўшиданд. Дар азхуд намудани забони русӣ ҳамсояашон амаки Валентин мадади худро дареғ намедошт, ба онҳо пайваста машғулият мегузаронд. Зимнан ў кўшиш менамуд, ки писарони дўсташ зудтар савод бароранд. Ба дарсҳои иловагӣ аз бачаҳо маблағ талаб намекард. Ҳангоми ба сафари хизматӣ берун аз Андиҷон рафтани Мирзошариф, амаки Валентин дўстони ҷавони худро нигоҳубин мекард. Мавсуф бо ҳамин дар тарбия ва такомули қиёсии онҳо нақши  муассир мегузошт.

Ҳамзамон муҳити нави таҳсил дар мактаби русии маҳаллӣ, шиносоӣ бо навгониҳои илмию техникӣ ва фарҳангӣ ва дигар омилҳо дар ташаккул ва пешрафти шууру тафаккури Зариф Раҷабов ва дигар ҷавонони замони сармоядорӣ нақши муассир гузошт. Падари Зариф Мирзошариф ҳангоми фаро гирифтани таълим ва тарбияи фарзандонаш тамоми кўшишу талошҳои худро дареғ надошта, дар ботину замири хеш сидқан орзу мекард, ки ҷигарбандонаш мактаби русии маҳаллиро сарбаландона хатм намуда, дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, инчунин Амрикою Англия ташриф оварда, дар шаҳрҳои Нюйорку Лондон таҳсил намуда, ҳамчун соҳибкори моҳиру муваффақ ва тоҷири корчаллон ба меҳани азизамон баргарданд. Зимнан бо боварӣ изҳор карда метавонем, ки он дуои хайр ва фотиҳаи неки қиблагоҳи Зарифи соҳибистеъдод дар ояндаи наздик ҷомаи амал пўшида, мавсуф ба олими номдору муаррихи барҷастаи дорои мактаби бузурги таърихшиноси тоҷик сабзида расид. Ҳатто дар замони шўравӣ ва имрўз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагон аз чунин фарзандони фарзонаи миллат фахр мекунанд. Зеро чунин фарзандони барўманди миллат баҳри ба ин рўзи саид - Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистони азизамон нақши боризу арзанда гузоштаанд.

Инак, пиромуни рўзгори рангини тоинқилобии академик Зариф Шарифович Раҷабов, минҷумла овони тифлию наврасӣ, камолот, доираи парваришу таълим, ғамхориҳои падари бузургвор, дўстону наздикону пайвандони хонаводаашон, ки маҳз ба ҷавонони кунунӣ муфиду ибратомўз мебошанд, чанд мулоҳизаҳои мубраму судмандро пешкаш менамоем:

Аввалан, аз рўйи ёддоштҳои Зариф Раҷабов оилаашон аз падар (Мирзошариф Раҷабов), модар (Бибисолеҳа Насруллоева) ду писар (Зариф ва Латиф), ду духтар (Бароатхон ва Шарофатхон) иборат буданд. Модараш гарчанде камсавод бошад ҳам, вале ҳунарманди моҳиру чирадаст буда, бо меҳнати ҳалоли касби аллочабофӣ ва туппидўзӣ оиларо таъмин менамуд. Падараш шахси босавод буда, китобҳои таърихиву адабиётро беҳад дўст медошт, онҳоро бештар мутолиа мекард. Ба фарзандон гаштаю баргашта тарғиб менамуд, ки шеърҳо ва ғазалҳои Умари Хаём, Саъдии Шерозӣ ва дигар классикони адабиёти форсу тоҷикро азбар намоянд (9, 56 – 57) ва монанди он.

Дуввум, дар навиштаҳо, ёдномаҳо ва қомусҳо зикр гардида, ки дар маърифатнок шудани Зариф хидмати қиблагоҳаш Мирзошариф Раҷабов бузург ва бесобиқа аст. Зарифи хурдсол саводомўзиро аз Хуҷанд оғоз намуда, дар солҳои 1915-1916 таҳсилро дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Андиҷон идома додааст. Аз рўйи дигар манбаъҳо, Зариф Шарифович маълумоти ибтидоиро дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Андиҷон гирифта, аз хурдсолӣ ба забони русӣ хеле хуб гуфтугў карда, босаводона хонда ва навишта метавонист (5, 36 – 37).

Сониян, мактабҳои русии маҳаллӣ дар омодасозӣ ва камолоти ҷавонони заҳматкашу лаёқатманди кишварамон саҳми бориз ва нақши бесобиқа гузоштанд. Новобаста аз он, ки мактабҳои русии маҳаллӣ бо қарори ҳукумати подшоҳӣ дар кишвари Туркистон, аз ҷумла музофоти Хуҷанд ба мақсади омода намудани кормандони ҳидматгузор ва маъмурони мустамликавӣ ташкил ёфта буданд, вале дар онҳо фарзандони мустамликадорон, бойҳову сарватмандони маҳаллӣ низ таълим дода мешуданд. Матлаби аслии онҳо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ тайёр кардани кормандони ёрирасон ва маъмурони босаводу содиқ нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ ба ҳисоб мерафт (3, 73).

Дар охир, зикр кардан мусаллам аст, ки Зариф Раҷабов дар роҳи омўзиш ва мутолиа пайваста талош карда, асосҳои илму дониш, таъриху фарҳанг, адабиёт ва дигар фанҳоро  азхуд намуда, ҳамчун шахси босавод ва маърифатнок тарбия ёфта, ба камол расидааст. Маҳз ин шахс дар замони шўравӣ дар нахустин муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии шўравӣ - Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил намуда, чун нахустин номзади илми таърих (1937), нахустин доктори илми таърих (1959), нахустин ректори Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (1948-1954), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962-1990) ва амсоли он ба халқу Ватан ва миллати худ садоқатмандона хизмат намудааст. Мавсуф муаллифи беш аз 400 асару монография, мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ, илмиву таълимӣ ва оммавӣ буда, асарҳои худро ба масъалаҳои актуалӣ ва мубрами таърихи халқи тоҷик ва дигар мардуми Осиёи Марказӣ бахшидааст. Ў мактаби бузурги илмӣ созмон дода, беш аз 30-40 нафар аспирантон ва докторантонро тарбия намуда, ба воя расонидааст, ки онҳо имрўз кору пайкори ўро идома дода, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона ва садоқатмандона хидмат карда истодаанд.

 

Юсуф ШОДИПУР

номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (12), 2018

Пайнавишт

  1. АМД ҶТ - Архиви марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-З.1.-Р.1.-Д. 921.-В.9.
  2. Иллюстрированный путеводитель по Среднеазиатской и Ташкентской/ Под ред.А.И.Дмитриева-Мамонова. Изд. 3-е. - Спб., 1907.- 398 с.
  3. Ёрмуҳаммадов А.Академик З.Ш.Раҷабов муҳаққиқи таърихи матбуоти Туркистон//Ахтари илму ирфон. - Душанбе, 2006.- С. 69 -76.
  4. Мухторов А.Ахтари тобони илми таърих:(Очерки публисистӣ-таърихӣ).-Душанбе:Сино, 2016.-150 с.
  5. Набиева Р. Ситораи дурахшони илму фарҳанги Машриқзамин//Ахтари илму ирфон.-Душанбе: Ватанпарвар,2006.- С. 35- 43.
  6. Раҷабов З. Дорогой знаний (Из воспоминаний).- Душанбе: Ирфон,1975.-152 с.
  7. Раҷабов З. Маорифпарвар Аҳмади Дониш. - Душанбе: Ирфон,1964.-308 с.
  8. Раҷабов З. Страницы прошлого: (Из воспоминаний ветерана культурного строительства в Таджикской ССР).- Душанбе: Ирфон,1986.-256 с.
  9. Раҷабова А.А. Мой дорогой Зариф//Ахтари илму ирфон.-Душанбе: Ватан-парвар,2006.-С.56-63.
  10. Шодипур Ю. Муносибатҳои сармоядорӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ аз нигоҳи академик З.Ш. Раҷабов//Ахтари илму ирфон.-Душанбе,2006.- С. 83-87.
  11. Шодипур Ю. Нақши муассисаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ ва фароғатӣ дар тақвияти муносибатҳои савдоии Тоҷикистони тоинқилобӣ (тибқи маълумоти осори илмиву тадқиқотӣ ва хотираҳои академик З.Ш.Раҷабов)//Саҳми академик З.Ш.Раҷабов дар рушди илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик (Маҷмўаи мақолаҳо…). - Душанбе,2016.- С.142-149.
Хондан 41 маротиба