JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 13 Майи 2019 09:08

Иқтисоди «сабз» - заминаи бунёдии рушди устувор

Муаллиф:

  Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, солҳои охир ибораи иқтисоди сабз вирди забони олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод ва ҳоказо мечархад. Консепсияи иқтисоди сабз ғояҳои мухталифи улуми иқтисод ва фалсафа, аз ҷумла иқтисоди феминистӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист, постмодернистӣ, зиддиистеъмолот, муқобил ба ҷаҳонишавӣ, анархияи сабз, сиёсати сабз ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро дарбар мегирад. Ҳамин аст, ки барои амиқан ифода кардани иқтисоди сабз то ҳанӯз фаҳмиши ягонаю умумӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, назарияи иқтисоди сабз аз се аксиома - 1) васеъ намудани майдони таъсир дар фазои маҳдуд ғайриимкон аст; 2) афзоиши бемеъёри талаботҳои қонеъкунанда дар шароити маҳдуди захиравӣ ногузир аст ва 3) ҳам чизҳо дар сатҳи Замин бо ҳам алоқаманданд, асос ёфтааст.

  Айни замон ҷомеа моҳияти ибораи иқтисоди «сабз»-ро ба маъноҳои мухталиф фарқ мекунад. Гурӯҳи аввал чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро ҳамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кӯмаку фоидаоварӣ ба табиат даъват мекунад, мефаҳманд. Гурӯҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технология тоза ё «сабз» асос ёфтааст.

  Баробари рушди иқтисоди сабз тарафдорони он низ сол аз сол зиёд мегарданд, ки Мюррей Букчин (ҷомешиноси иртиҷоии амрикоӣ), Ҷейн Ҷекобс (нависандаи канадагӣ-амрикоӣ), Эрнст Шумахер (иқтисоддони британӣ), Рейчел Карсон (биологи амрикоӣ), Дэвид Кортен (профессори тиҷорат), Роберт Костанса (иқтисоддони экологии амрикоӣ), Линн Маргулис (биологи амрикоӣ), Денниc Медоуз (профессори идоракунии система), Герман Дэйли (иқтисоддони экологии амрикоӣ), Амос Тверски (равоншиноси исроилӣ) ва Светлана Липина (иқтисоддони Русиягӣ) аз аввалинҳо мебошанд. Ҷонибдорони иқтисоди сабз аз соли 2006 ин ҷониб маҷаллаи International Journal of Green Economics нашр мекунанд ва ҳамзамон, Институти иқтисоди сабзро таъсис додаанд.

  Дар баробари ин, мушкилоти мухталифи глобалии экологӣ, амнияти озуқаворӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо неруи барқ ва ҳоказо тамоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳоро маҷбур сохтааст, ки барои бартараф кардани ин проблемаҳо, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити зист ва мутобиқ гардонидани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба тағйирёбии глобалии иқлиму баландшавии ҳарорат ҳарчи зудтар ба модели нави иқтисодӣ рӯйи оранд. Чунки зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне иқтисоди сабзро афзудани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист ба миён овардааст. Аз ин рӯ, қисме аз коршиносон иқтисоди сабзро ба маънои васеъ, тарзи фаъолияти хоҷагидорие меҳисобанд, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Ба маънои маҳдуд бошад, ҳамчун технологияи коркард, истеҳсолу истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва коҳиш додани партовҳои ифлоскунандаю газҳои гулхонаӣ, мониторинги тағйирёбии иқлим ва инчунин, технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод карда мешавад.

  Фаҳмиши иқтисоди сабз ба ҳарду маъно, ҳам бо манои васеъ ва ҳам бо маънои маҳдуд истифодаи васеъ дошта, он дар ҳардуи маъно ба самти мутобиқ гардонидани шаклҳои мухталифи хоҷагидорӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити атроф ва солимии ҷомеа, истифодаи босамари захираҳои табиию инсонӣ, ҳифз кардани тавозуни биомасса, истеҳсолу истифодаи маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва рӯй овардан ба манбаъҳои алтернативии энергия нигаронида шудааст. Барои амалӣ гардидани ин нақшаҳо ва ноил шудан ба аҳдофи гузошташуда дар барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид гузариш ба «иқтисоди сабз» («green economy») ва «рушди сабз» («green growth») пешниҳод шудаанд. Ин пешниҳодот аз як тараф барои рушди иқтисоди сабз заминаҳои меъёриву ҳуқуқиро дар саросари ҷаҳон таъмин мекунад ва аз ҷониби дигар тамоми мамолики ҷаҳонро водор менамояд, ки дар марзи худ рушди сабзро тақвият диҳанд. Ва мусаллам аст, ки ҳадафи ягонаю умумӣ ҳифзи табиати сайёра, солимии аҳолӣ ва чун сабзу зебо ба мерос гузоштани хонаи умеди башарият - сайёраи Замин ба насли ояндаи инсоният мебошад.

  Таърих гувоҳ аст, ки дар тақдиру толеъи инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушду инкишоф додани сохтори афкору андеша имконият фаро нарасида буд. Тавре ба назар мерасад, бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз якқатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ инсониятро ба ташвиш оварда, олимон, мутахассисону сиёсатмадорон барои бартараф намудани онҳо ғояҳои рушдро пешниҳод менамоянд, ки яке аз онҳо маҳз иқтисоди сабз аст. Дар иқтисоди сабз ба фаъолияти он хоҷагидорие афзалият дода мешавад, ки дар баробари таҷдид ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба баланд шудани сифати ҳаёт ва беҳбудии муҳити зист мусоидат намояд. Дар ҳуҷҷатҳои расмии кишварҳои мухталиф ҳадафҳои иқтисоди сабз аз ҳам тафовут доранд. Масалан, барои кишварҳои рушдёфта ҳадафи асосӣ - рақобат ва таъмини ҷойҳои корӣ ва дар ҳуҷҷатҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳадаф - расидан ба рушди устувор, коҳиш додани масоили камбизоатӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Вале дар ягон ҳуҷҷат қазияҳои экологӣ, бахусус маҳдудияти экологии рушд дар мафҳуми иқтисоди сабз ишора нагардидааст. Ин исботи он аст, ки омили асосӣ дар иқтисоди сабз - худи иқтисод ва соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, иқтисоди сабз ба таъминоти талаботҳои инсон бо назардошти алоқамандӣ бо муҳити зист ташаккул меёбад.

  Бинобар ин, яке аз принсипҳои асосии иқтисоди сабз волоияти арзиши истеъмолӣ ва сифат мебошад, ки он ба истеъмолгари ниҳоӣ ва беҳдошти муҳити зист нигаронида шудааст. Дар иқтисоди сабз усулҳои ғайрисамаранок ва исрофкоронаи ташкили ҳама гуна бахши иқтисод ҷоиз нест. Тибқи ин консепсия дар табиат партов вуҷуд надорад, анҷоми як раванд ё ҷараён ин оғози равандҳои дигар мешавад. Яъне, ин чунин маъно дорад, ки партовҳо ба сифр баробар мешаванд. Принсипи дигари иқтисоди сабз ба гуногунӣ рабт дорад ва ин мафҳум ба ҳамаи сатҳҳои зиндагӣ (гуногунии намудҳо, экосистемаҳо, минтақаҳо) ва инчунин, гуногунии иҷтимоию экологӣ дахл дорад. Бо экологикунонии ҷомеа ҳудудҳои сиёсию иқтисодӣ аз байн рафта, ба иқтисоди биоминтақавӣ табдил меёбад. Дар иқтисоди сабз бештар ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти саноати «сабз» ва энергияи барқароршаванда афзалият дода мешавад. Аз ин рӯ, ҷанбаи тағйироти иҷтимоию экологиро дар консепсияи иқтисоди сабз дар якҷоягӣ дида баромадан мумкин аст. Дар консепсияи рушд ба ягон бахши ҷамъиятию хусусии иқтисод афзалияти махсус дода намешавад. Чунки, бахшҳои давлатию хусусӣ дар бозор таваҷҷуҳи худро бояд ба арзишҳои иҷтимоию экологӣ равона намоянд. Ва дар ин раванд ҳамкории зич миёни давлат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади таҳаввулоти инноватсионӣ вуҷуд дошта бошад. Барои амалӣ кардани ин таҷриба бояд тарҳи нави раванду қоидаҳои иқтисодӣ тартиб дода шаванд ва рафтори экологиро ташаккул дода, дар ҳаёти ҳаррӯзаи иқтисодӣ татбиқ намоянд.

  Омили дигари амалӣ шудани иқтисоди сабз барои бартарафсозии камбизоатӣ имкони хуб фароҳам меорад. Зеро байни бартарафнамоии камбизоатӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиию экосистемаҳо робитаи мустақим вуҷуд дорад, чунки аз афзоиши сармояи табиӣ барои қишри камбизоати аҳолӣ манфиати бевосита мерасад. Дар баробари ин, тадбирҳои гузариш ба иқтисоди сабз ва дар ҳудуди 2 дараҷа нигоҳдории гармшавии глобалӣ имкон медиҳанд, ки то соли 2030 24 млн ҷойи нави корӣ ташкил мешавад. Бино ба иттилои Созмони байналмилалии меҳнат ҷойҳои нав дар натиҷаи дигаргунӣ дар бахши энергетика ба вуҷуд омада, зарурат ба кормандон дар соҳаҳои тозасозии ҳаво, об, замин ва инчунин, ҳифз аз офатҳои хусусияти табиидошта низ хоҳад афзуд.

  Зеро тибқи гузориши Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ зиёда аз 80% талафоти оқибатҳои офатҳои табиӣ дар саросари ҷаҳон ба обу ҳаво, иқлим ва об: тӯфонҳо, обхезиҳо ва хушксолиҳо робита доранд. Давоми 30 соли охир шумораи ин офатҳо се маротиба зиёд гардида, дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодаи табиии солҳои 90-уми асри ХХ зиёд аз 600 000 нафар ҷон бохтаанд. Ин боиси зиёдшавии басомади шиддатноки боронҳои сахт, шамолҳои сахт, афзоиши шумораи рӯзҳои беҳад гарм, миқдори ниҳоят баланд ва хеле пасти ҳаҷми маҷро ва ҳамчунин Гурӯҳи коншиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлими Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ тасдиқ менамояд, ки ин тамоил дар оянда низ идома меёбад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, ҳолатҳои фавқулода хусусияти табиидошта ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъсироти манфии зиёд мерасонанд ва ҳадафҳои рушди устуворро коҳиш медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои фавқулода аз ҳама бештар дар Бадахшон ва Зарафшон ба вуҷуд меоянд. Масалан, аз шумораи умумии офатҳои табиии дар тамоми ҷумҳурӣ 6,5%-и онҳо ба Зарафшон рост меояд. 

  Мувофиқи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент обхезии калонмиқёс соли 2012 ба қайд гирифта шуд, ки хисороти иқтисодии он 4,66 млн доллари ИМА буд. Дар ноҳияи Айнӣ чунин ҳолат соли 2002 бо зарари иқтисодии зиёда аз 3 млн доллари ИМА мушоҳида гардид. Ё бар асари офатҳои табиии соли 2005 баамаломада дар ноҳияи Ҳамадонӣ 266 хонаи истиқоматӣ хароб гардида, 2025 нафар бесарпаноҳ монданд. Ва ё 16.07.2015 дар ноҳияи Шуғнон сел 6 мағоза, роҳу хатти барқ ва 41 хонаро вайрон карда, 56 оиларо аз манзил маҳрум сохт. Ё ин ки дар натиҷаи номусоид омадани обу ҳавои солҳои 2007-2008 беш аз 40 ноҳияи Тоҷикистон дучори офатҳои табиӣ гардиданд, ки хисороти иқтисодии ин офатҳо беш аз 100 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.  Ҳамин тавр, соли 2017 дар Тоҷикистон 883 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин ҳаводис беш аз 30 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз шумораи умумии ин ҳодисаҳо 56 ҳолат ба хоҷагии халқ ва аҳолӣ зарари моддии ҷиддӣ расонидаанд. Аз шумораи умумии офатҳои бақайдгирифташуда 20,2% - заминларза; 19,1% - сел; 19,1% - сангрез; 16% - фаромадани тарма; 8,5% - обхезӣ; 5,3% - шамолҳои шадид; 4,3% - ярч; 3,2% - боришоти барфи зиёд ва хунукиҳо; 3,2% - намнокӣ ва 1,1% - баландшавии сатҳи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд.

  Дар боробари ҳолатҳои фавқулода яке омилҳои асосие, ки раванди тағйирёбии иқлиму мушкилоти оби нӯшокиро тезонида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеагӣ эҷод мекунад, обшавии пиряхҳо ва коҳиш ёфтани майдони яхбандиҳо мебошад. Ин раванд дар навбати аввал боиси серобии дарёҳо, шусташавии соҳил ва харобшави киштзор гардида, баъдан ба хушкшавии рӯдҳои хурд, хушксолиҳо ва норасоии об барои киштзорҳо оварда мерасонад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои 1970-2015 камшавии майдони пиряхҳо ва афзудани шумораи офатҳои табиӣ бештар ба назар мерасид ва маҳз дар ин давра масоҳати пиряхҳои кӯҳҳои Помиру Олой 11-16% ва ҳаҷмашон соле аз 12 то 17% кам шудааст. Агар ин вазъ ба чунин тарз ифдома ёбад, то соли 2050 тахмин 30%-и пиряхҳои Тоҷикистон аз байн раванд.

  Мусаллам аст, ки мушкилоти мавҷуда масъалаи як бахши муайяни илм набуда, аз масоили гуногуни маҷмӯии байнисоҳавӣ иборат аст, зеро тағйирёбии иқлим на танҳо ба коҳишёбии пиряхҳо, соҳаҳои кишоварзию иқтисодӣ, балки ба саломатии одамон низ таъсири манфии зиёд дорад. Ба андешаи доктори илмҳои тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов, дар натиҷаи гармшавии иқлим хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла табларза, меафзояд ва бемориҳои гузаранда ба мавзеъҳое паҳн мешаванд, ки қаблан дар он ҷо ба назар намерасиданд. Зиёдшавии намнокӣ бошад, боиси афзоиши дарди буғумҳо ва бемории диққи нафас мешавад. Илова бар ин, солҳои охир дар натиҷаи гармшавии иқлим ва кам боридани борон дар фасли тобистон зуд-зуд хокбориш рӯй медиҳад, ки дар ин ҳолат беморони дилу рагҳо, фишори хун ва роҳи нафас худро бад ҳис мекунанд. Ҳамчунин, хокбориш ба нашъунамои сабзавот ва сифати меваҷот низ таъсири манфӣ мерасонад.

  Дар бораи сабабҳои тағйирёбии иқлим фикру ақидаҳои хеле гуногун ҷой мавҷуданд. Масалан, як гурӯҳи олимон зиёдшавии гази карбонатро дар ҳаво сабаби гармшавии иқлим меҳисобанд. Тарафдорони ин фарзия ақида доранд, ки дар натиҷаи сол то сол зиёд сӯхтани газ, нафту ангишт ихроҷи гази карбонат ба ҳаво зиёд мешавад ва бад-ин сабаб соле зиёда аз 20 млрд тонна оксиген нобуд шуда, ҳаҷми гази карбонат зиёд мешавад. Ба ақидаи гурӯҳи дигари олимон омилҳои маҳаллӣ метавонанд сабаби гармшавии иқлим гарданд. Масалан, аз соли 1912 то соли 2007 ҳаҷми пиряхҳои кӯҳи Килиманҷаро (Танзания) 85% кам шуда, чоряк ҳиссаи он ба давраи аз соли 2010 ба ин ҷониб рост меояд. Сабаби босуръат коҳиш ёфтани майдони пиряхии Килиманҷаро буридани ҷангалзор бо мақсади бунёди қаҳвазору бананзор мебошад. Дар натиҷаи буридани дарахтони сӯзанбарг намнокии ҳаво кам шуда, гармсел пиряхҳоро об намудааст.

  Чунин ҳолатро дар мисоли баҳри Арал низ метавон мушоҳида кард, ки солҳои Ҳокмияти Шӯравӣ бо мақсади гирифтани ҳосили зиёди пахта заминҳои асрҳо бекорхобидаи Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба майдони кишти пахта тадбил дода шуданд. Оби дарёҳои Амударё ва Сирдарё ба пахтазору шолизори ин ҷумҳуриҳо ҷорӣ шуда, то баҳри Арал намерасид. Дар натиҷа, чорумин кӯли калонтарини ҷаҳон ба хушкшавӣ сар кард. Соҳили баҳр аз шаҳри Муйнаки Ӯзбекистон 100 км қафо рафт. Яъне, масоҳати 100 км ба биёбони сӯзони пур аз таҳшини заҳрхимикату намакҳо табдил ёфт. Охири солҳои 80-уми асри ХХ сатҳи оби Арал кам гардида, баҳр ба ду қисмат: Арали хурд (шимол) ва Арали калон (ҷануб) ҷудо шуд. То соли 2007 ҳаҷми Арали калон аз 708 км3 то ба 75 км3 кам шуда, шӯрнокии об аз 14 то ба 100 г/литр расид. Ҳангоми вазидани тундбод миқдори зиёди чангу ғубор ва заррачаҳои намаки масоҳати холишудаи баҳри Арал ба фазо бархеста, ба сари як қисм сокинони Осиёи Марказӣ мерезад ва заррачаҳои намак боиси зуд об шудани пиряхҳои Тоҷикистону Қирғизистон мегарданд.

  Яке аз роҳҳои мубориза ба ин хатари бузург ва мутобиқ намудани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба тағйирёбии иқлим кам кардани партовҳои саноатию маишӣ, афзун намудани ҷангалзорҳо, гузариш ба манбаъҳои алтернативии энергия ва истеҳсолу истифодаи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад. Ба андешаи директори Маркази омӯзиш ва тадқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Қурбонҷон Кабутов, дар Тоҷикистон истифода бурдани энергияи офтобу шамол, дарёҳои хурд ва биогаз дурнамои хуб дорад. Мисол, истифодаи обгармкунаки офтобӣ дар шаҳру деҳот боиси сарфаи ҳезуму барқ мешавад. Аз поруи чорво ба ҷои таппак кардан метавон биогаз ҳосил кард, ки самараи он даҳчанд аст. Ва ё тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд метавон чанд хонаводаро тамоми сол бо барқи арзону тоза таъмин кард. Марказ барномаи давлатии «Барномаи комплексии мақсаднок доир ба истифодабарии васеъи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, энергияи манбаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015»-ро иҷро карда, дар доираи он давоми солҳои 2009-2010 се лоиҳаро дар ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг амалӣ намуд.

  Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 142,6 ҳазор км2 дорои захираи бузурги барқароршавандаи энергия мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои назарӣ иқтидори захираҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон: энергияи обӣ - 527 млрд кВт*ст/сол, энергияи офтобӣ - 3103 млрд кВт*ст/сол, энергияи биомасса - 2 млрд кВт*ст/сол, энергияи бод - 25-150 млрд кВт*ст/сол, энергияи геотермалӣ - 450 млрд кВт*ст/сол мебошад. Ҳатто қисман истифодабарии ин захираи бузурги энергетикӣ ҳама гуна фаъолиятҳои ба энергия эҳтиҷёдоштаи кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад ва боқимондааш тавозуни энергетикию вазъи экологии минтақаи Осиёи Марказиро устувор мегардонад. Маҳз ин иқтидори бузурги энергетикиро ба назар гирифта, созмонҳои байналмилалии соҳавӣ нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Чунки дар кишвари мо истеҳсоли неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015 ба ҳисоби миёна 99,56% неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.

  Ҳамин тавр, истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи «энергияи сабз» ба рушди иҷтимоиву иқтисодии тамоми кишварҳо ва ташаккули «иқтисоди сабз» дар онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, истифодаи босамари партовҳои истеҳсолӣ ва экологикунонии ҷараёни истеҳсолот низ яке аз самтҳои амалисозии «иқтисоди сабз» маҳсуб ёфта, дар якҷоягӣ бо мутобиқ намудани соҳаҳои фаъолият ба тағйирёбии иқлим барои рушди устувор заминаи бунёдию шароити мусоидро таъмин менамояд.

Номвар ҚУРБОНОВ

табиатшинос

Хондан 87 маротиба