JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 16 Январи 2019 09:20

15 далели аҷиб дар бораи ширкати Samsung

Муаллиф:

  Ширкати Самсунг Груп («Samsung Group») гурӯҳи ширкатҳо дар Кореяи Ҷанубӣ ва яке аз калонтарин ширкатҳои чеболӣ (ширкатҳои молиявию саноатӣ дар Ҷумҳурии Корея) буда, соли 1938 таъсис ёфтааст. Ширкати мазкур дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун истеҳсолкунандаи асосии компонентҳои фавқутехнологӣ, таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ, техникаи маишӣ ва дастгоҳҳои аудиоиву видеоӣ машҳур аст. Он айни замон бузургтарин ширкати тавлидотии Ҷумҳурии Корея ба ҳисоб рафта, сабташ дар биржа KRX: 005930 ва KRX: 005935 мебошад.

  Идораи асосии ширкати Самсунг Груп дар шаҳри Сувон, ки пойтахт ва калонтарин шаҳри музофоти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея мебошад, воқеъ гардидааст.

  Ин ширкат соли 1938 аз ҷониби яке тоҷирони муваффақи кореягӣ Ли Бён Чхол (1910-1987) ба унвони як ширкати тиҷоратӣ таъсис ёфт. Ли дар ибтидои фаъолияташ наонқадар муваффақ буд. Аммо, ӯ санаи 1-уми марти соли 1938 тиҷорати худро таъсис дода, онро Samsung Trading Co унвон кард.

  Ширкати Самсунг аз соли 1945 оғоз карда, молҳои истеҳсолии худро дар саросари Корея ва дигар кишварҳо интиқол медиҳад. Он соли 1947, дар пойтахти Ҷумҳурии Корея - шаҳри Сеул ҳамчун ширкати асосӣ таъсис ёфт. Ин ширкат солҳои 50-уми асри ХХ, дар замоне ки ҷанги байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ сар шуд, яке аз даҳ ширкати бузург маҳсуб меёфт. Бо ғалабаи артиши Кореяи Шимолӣ дар Сеул, Ли Бён Чхол маҷбур буд, ки тиҷорати худро ба Пусан интиқол диҳад. Дар соли оянда, воридшавии нерӯҳои ҳарбии амрикоӣ ба шаҳри Пусан барои ширкати нақлиётии Ли Бён Чхол хеле муфид афтод.

  Соли 1961, вақте Пак Чжон Хи (1917-1979) қудратро ба даст гирифт, Ли дар Ҷопон буд ва давоми якчанд сол ба Ҷумҳурии Корея барнагашт. Дар ниҳоят, созишнома ба имзо расид ва Ли Бён Чхол ба Корея баргашт, вале тибқи он бояд Самсунг аз назорати бонкҳои бадастоварда даст кашад ва роҳнамои иқтисодии ҳукуматро риоя кунад. Соли 1953 Ли Бён Чхол ширкати «Cheiljedang (Чеил чэдан)»-ро таъсис дод, ки дар айни замон яке аз ширкатҳои муваффақ ва фоидаовар маҳсуб меёбад. Вай бо истифода аз даромади Cheiljedang ширкатҳои зиёди дигареро таъсис дода, тавассути онҳо маҳсулоти гуногун: матоъҳо, мошинҳо, таҷҳизотҳо ва электроникаи маиширо ба бозорҳо баровард.

  Ҳамин тавр, Ли Бён Чхол баъдтар ба сифати раиси Федератсияи саноатии Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуда, сарватмандтарин инсони нимҷазираи Корея машҳур гардид. Баъд аз марги Ли тамоми моликияти «Хоам» барои омма ошкор гардид ва ба намоиш бароварда шуд. Зеро Ли Бён Чхол яке аз дӯстдорони ҷамъоварии дастовардҳои фарҳангу санъати меҳанаш буда, коллексиягоҳи шахсии вай дар кишвараш аз бузургтарин коллексиягоҳ маҳсуб меёфт ва он аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Корея «Ганҷинаи миллӣ» эълон гардид. «Хоам» дар наздикии боғи «Everland», ки яке аз иншоотҳои дигари Samsung Group ба шумор меравад, воқеъ гардида, машҳуртарин боғи тамошобоби Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

  Дар айни замон ширкати Samsung Group аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, консерни (иттиҳодияи якчанд муассисаҳои тиҷоратӣ ва саноатии капиталистӣ дар зери як роҳбарияти умумии молиявӣ) он соҳаҳои электроника, микроэлектроника, кимиё, сохтмон, мошинсозӣ, саноати вазнин, молияву қарз ва суғуртаро дарбар мегирад. Ба сохтори консерн даври пурраи истеҳсоли электрикӣ - аз истихроҷи захираҳо сар карда, то коркарди онҳо ва ба анҷом расонидани маҳсулоти тайёр дохил мешавад.

  Зиёда аз 70%-и фурӯши маҳсулотҳои ширкат ба саноати электронӣ рост меояд. Чунки бахшҳои саноати эклектронии он дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон фаъолият мекунанд ва онҳо аксарияти маҳсулотро содир мекунанд. Консернҳои зерини ширкат: Samsung Electronics, Samsung SDI, Samsung Electro-Mechanics, Samsung SDS ва Samsung Networks ба истеҳсол ва фурӯши асбобҳои электронӣ машғуланд. Тақсимоти тиҷорати саноати электронии Самсунг дар манотиқи сайёра чунин аст: Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ - 28%; давлатҳои Аврупо ва ИДМ - 37%; Корея - 15%; Чин - 7%; Ҷопон - 1% ва дигар кишварҳо - 12%.

 Мувофиқи тадқиқотҳои маркетингӣ, ки ҳамасола аз ҷониби ширкати консалтингии Interbrand гузаронида мешаванд, аз рӯи маблағи умумии бренд дар соли 2007 ширкати Samsung дар ҷойи 21-ум қарор дорад. Рақиби асосии он ширкати Sony буда, дар ин рӯйхат ҷойи 25-умро ишғол менамояд. Ба иттилои хабаргузориҳо, даромади Самсунг муодили 17% аз истеҳсолоти нохолиси дохилии 1,082 миллиард доллари Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Акнун дар ин навишта шуморо ба 15 ҳақиқати аҷиб оид ба ширкати Самсунг ошно менамоем, ки шояд ҳеч вақт дар ҳеҷ куҷо нахонда бошед:

  1. Маънои Samsung. Вожаи «Самсунг» ба маънии «се ситора» аст ва аз калимаи куриёӣ гирифта, се намоди бузург ва фаровонӣ мебошад.
  2. Моҳии хушк. Ширкат Самсунг дар аввали моҳи марти соли 1938 дар шаҳри Тэгу ба ҳайси як ширкати тиҷоратии кӯчак, бо 40 корманд таъсис дода шуд ва ба муомилаи моҳии хушк, маводи ғизои маҳаллӣ ва ғайра машғул буд.
  3. Ҷудоӣ. Муассиси ширкат Ли Бён Чхол соли 1947 ширкати «Самсунг монсон гонгсо» (ширкати тиҷоратӣ)-ро бо ҳамроҳии Чу Ҳунг Ҷоӣ, муассиси ширкати «Ҳойнгсонг» роҳандозӣ намуд. Ин ду ширкат баъд аз чанд сол роҳашонро аз якдигар ҷудо карданд.
  4. Корхонаи Ли Бён Чхол. Баъд аз поёни ҷанги Корея Ли касбу кори худро равнақ дод ва дар шаҳри Пусан ширкати коркарди шакар ба номи «Чеил чэдан»-ро таъсис дод ва сипас, соли 1954 дар Тэгу бузургтарин корхонаи нахресии «Cheil Wool Textile Co»-ро бунёд кард.
  5. Ворид шудан ба саноати қоғаз. Ширкати Самсунг дар даҳаи 60-уми асри ХХ, бо ворид шудан ба саноати коғаз, марказҳои харид ва инчунин, ширкатҳои биржа равнақ гирифт. Ли соли 1969 бо кӯмаки ширкати Sony ба таъсиси консерни Samsung Electronics пардохт, ки он телевизионҳои арзону қиммат ва ҳамчунин барои ширкатҳои «Серз-Канада» ва «Ҷенерол-электроника» маҳсулоти истифодашаванда тавлид мекард.
  6. Марги муассиси Самсунг. Санаи 19.11.1987 Ли Бён Чхол, муассиси ширкати Самсунг даргузашт ва баъд аз марги ӯ ширкат ба чор зергурӯҳ тақсим шуд, ки ҳар кадом гурӯҳ ба тавлиди маҳсулоти хос машғул аст.
  7. Оғози истеҳсоли телевизори Самсунг. Ширкати Samsung Electronics бо ворид шудан ба саноати телевизорсозӣ ва сармоягузорӣ дар бахши пажӯҳиш ва тавсеа оҳиста-оҳиста ба ширкати ҷаҳонӣ табдил шуд. Ин консерни ширкати Самсунг Груп ба сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ дар Португалия, ИМА (Ню-Йорк) ва Ҷопон (Токио) оғоз кард.
  8. Бузургтарин тавлидкунандаи LCD-панел. Дар соли 1993 баъзе аз зергурӯҳҳои Самсунг фурӯхта шуданд ва ширкат дар қолаби се саноати умда - электроника, муҳандисӣ ва химия фаъолияти худро густариш дод. Он баъд аз ширкати Intel ба унвони дуюмин истеҳсолкунандаи бузурги тарошаҳои (процессор) компютерӣ ва инчунин, ба унвони калонтарин истеҳсолгари панели LCD-и дунё шинохта шуд.
  9. Қатъи ҳамкории Hyundai ва Daewoo бо Samsung. Ибтидои моҳи январи соли 1997, ҳангоме ки се шарики пешниҳодӣ - Hyundai, Hanjin ва Daewoo набудани тамоюли худро барои ҳамкорӣ бо консерни Самсунг, ҷиҳати эҳёи ширкати ҳавопаймосозии нидерландии Fokker ба Кореяи Ҷанубӣ эълон карданд, ин консерн фурсати хуберо барои эҳёи ширкат дар ҳоли варшикастагӣ аз даст дод. Ширкати Fokker бошад, 90 дарсади амалиёти худро мутаваққиф намуд ва 5,600 коргарро низ ихроҷ кард.
  10. Озмоишгоҳи барноманависӣ дар Варшава. Соли 2000 Samsung Electronics қароргоҳи худро дар Варшава (Лаҳистон) таъсис дод. Консерн дар Варшава озмоишгоҳи барноманависии компютерӣ таъсис дод, ки ба унвони Маркази пажӯҳишу тавсеа барои Аврупо бисёр муҳим ба шумор меравад. Консерни мазкур, қабл аз ворид шудан ба бозори телевизор ва телефонҳои ҳушманд дар соли 2012, кори худро бо фановари гирандаҳои деҷтал оғоз кард. Он соли 2012 ба бузургтарин тавлидкунандаи телефони дастӣ дар ҷаҳон табдил шуд.
  11. Ҳузури пурранг дар Амрико. Самсунг ҳузури худро дар ИМА беш аз пеш пурранг кард. Ин ширкат дар соли 2015 беш аз ҳар ширкати дигаре ҳаққи имтиёзи ба номи худ сабт кардани 7,670 маврид аз 44,430 дархост, ки он худи ин ширкатро дар садри феҳристи мазкур қарор медиҳад.
  12. Барномарезии хадамоти Самсунг. Ширкат бо таъсиси як маҷмааи даҳқабатӣ, ба унвони марказе барои пажӯҳишу тавсеаи ними расонаҳо ва сойири коркардҳои фурӯшу бозорёбӣ 300 миллион доллар дар ин самт сармоягузорӣ кардааст.

Китобхона ва маркази тадқиқотии Samsung дар Кореяи Ҷанубӣ

  1. Ба кор гирифтани кормандони ғайри сини қонунӣ. Ширкати Самсунг, таъминкунандаи чинии 250 ширкати кореягиро барои ба кор гирифтани кормандони ғайри синни қонунӣ таҳти тафтиш қарор дод ва гузориши онро дар соли 2012 эълон кард. Тибқи гузориши гурӯҳи кории Самсунг, ки07.2014 нашр шуд, муносибатҳои бад дар нисбати кормандон дар бахше аз шуъбаҳои ин ширкат ба қайд гирифта шуд, аммо ҳеҷ далеле барои ба кор гирифтани кӯдакон ёфт нашуд.
  2. Мутаваққиф кардани ҳамкориҳои тиҷоратӣ. Ширкати Самсунг бо вуҷуди муваффақиятҳояш маҷбур шуд, ки бисёре аз тиҷоратҳои муштаракашро бо баъзе далелҳо қатъ кунад. Соли 1998 ширкате ба номи Алфо Проссесор, ки бо маблағи 500 миллион доллар таъсис дода шуда буд, таътил шуд. Ба ҳамин шакл, ҳамкориҳои шарикии ширкати мазкур бо General Electric умри кӯтоҳ дошт, яъне аз соли 1998 то 2009 давом кард.
  3. Бунёдгари иншоотҳои муҳташам. Консерни Samsung Engineering-и ширкат ба сохтмони идораҳо, биноҳои баландошёна ва корхонаҳо дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон машғул буда, Бурҷи Халифа (АМА), манораҳои Петронас (Малайзия), Тайбэй 101 (Тайван), «Лахта-марказ» (Россия) ва ғайраро бунёд кардааст.

 Номвар ҚУРБОН,

Бознашр аз мачаллаи "Илм ва хаёт", №4 (144), соли 2018

Хондан 223 маротиба