JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   Андеша кардан сари арзишҳои миллӣ рушанфикронро водор кардааст, ки дар мавриди яке аз арзишҳои асосии ифодакунандаи ҳуввияти миллӣ, яъне либос низ андеша ва аз густариш ёфтани либосҳои қавмҳои дигар бо тарғиботҳои гулзанандаи «либоси исломӣ» изҳори хатар ва нигаронӣ намоянд. Ба назари мо чунин таваҷҷуҳи мардум ба либос ва дигар падидаҳои маънавии бегонагон аз рўи хушбоварӣ ва нокифоягии огоҳии онҳо сурат мегирад. Онҳо вақте ки ифодаи «либоси исломӣ»-ро мешунаванд, гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат он исломӣ мебошад, зеро унсуре аз «исломӣ будан», яъне сарро бо рўймол бастан дар он вуҷуд дорад, аммо ин фиреби назаре беш нест. Дар фарҳанги исломӣ аслан либоси ягонае вуҷуд надорад ва ҳар миллат тавассути либоси миллии худ дар тамоми давраҳои ислом либос мепушид.

   Ин савол дар назар соддаву осонфаҳм менамояд лек аксарияти мо шояд, ки илман мафҳуми ин ҳодисаро  надонем. Инҷо хостем  ҷиҳати илмии ин ходисаро  ба шумо фаҳмонем.Ба ҳама маълум  аст , ки абр аз шумораи зиёди қатрачаҳои оби ва кристалчаҳои яхи  таркиб ёфтааст. Қатрачаҳои об  дар  абр  андозаҳои  гуногунро  соҳибанд- аз ҳиссаи микорметр то якчанд миллиметр. Қатари ях  чӣ миқдоре  набошад  ҳам,   вай  аз ҳаво вазнинтар аст. Пас табиатан савол ба вуҷуд меояд:

Кометаи C / 2013 US10 Каталина бо ёрии  телескопи кайҳони қутри оинааш 0.67 метраи Шмидт-Кассигрен дар моҳи октябри соли 2013 кашф карда шуд.

     Аз аввали ташкилшавии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони зиёде дар ҷодаи илми астрономия то инҷониб кор ва фаолият карда истодаанд. Аз тарафи Иттиҳоди Байналмилалии Астрономи ба номи Тоҷикистон, ба номи Расадхонаи астрономии Ҳисор, ба номи дигар кормандони институт астрофизика сайёраҳои хурд, яъне астероидҳо номгузори кардаанд. Моҳи июли с. 2014 тибқи қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономи ба яке аз коригарони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна як cайёраи хурд (астероид) № 24533 ба номи “Kokhirova” номгузори карда шуд.