JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 06 Майи 2024 12:11

Тағйирёбии фаслҳои сол дар сайёраҳои Низоми офтобӣ

Муаллиф: Асоев Ҳ.Ғ.

   Аслан ҳар як ҳодисае, ки дар табиат рӯй медиҳад, сабаби худро дорад ва баъзе аз ин ҳодисаҳо хусусияти даврӣ такроршаванда доранд. Шарҳ додани  сабаби ба амал омадани ҳодисаи даврӣ ва такроршавии он баъзан аз рӯи мушоҳидаҳои бардавом  имконпазир мешавад. Ин ишора ба яке аз ҳодисаҳои табиӣ – ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин ва дигар сайёраҳои Низоми офтобӣ тааллуқ дорад.

  Сабаби асосии ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи ин ё он сайёра ба моилии тири чархзании он дар атрофи меҳвараш нисбат ба ҳамвории мадораш аст. Маҳз ҳамин моилӣ сабаб мешавад, ки баландии Офтоб дар сатҳи сайёра нисбат ба уфуқ (ҳамворие, ки мо дар он роҳ меравем) дар давоми сол(як даври пурраи сайёра дар атрофи Офтоб) вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавии сайёра нисбат ба Офтоб тағйир ёфта истад. Агар тири чархзании сайёра нисбат ба ҳамвории мадораш перпендикуляр бошад, пас дар сатҳи он ивазшавии фаслхои сол ва кӯтоҳу дарозшавии шаб ва рӯз ба амал намеояд.

Расми  1. Ивазшавии фаслҳои сол ва кӯтоҳу дарозшавии шаб ва рӯз (сурх - ба амал намеомад, сабз – ба амал меояд).

 Дар расми 2  моилии тири чархзании 8 сайраи Низоми офтобӣ нисбат ба ҳамвории мадорашон нишон дода шудааст. Чи тавре, ки аз расм аён аст, моилии тири чархзании сайёраҳо нисбат ба ҳамвории мадорашон гуногун аст ва ин сабаб мешавад, ки ивазшавии фаслҳои дар сатҳи сайёраҳо фарккунанда бошад ё ин, ки ба амал наояд.  

 

Расми 2. Моилии тири чархзании 8 сайраи Низоми офтобӣ нисбат ба ҳамвории мадорашон.

 

Дар сатҳи сайёраҳои Аторуд, Миррих Зуҳал ва Нептун ивазшавии фаслҳои сол ба амал меояд, зеро моилии тири чархзаниашон нисбат ба ҳамвории мадорашон тақрибан ба монанди Замин аст(ба ғайр аз Аторуд). Дар сатҳи сайёраи Аторуд ивазшавии фаслҳои сол на аз сабаби моилии тири чархзани, балки аз сабаби фишурдагии мадораш ба амал меояд.

Дар сатҳи сайёраҳои Зӯҳра, Муштарӣ ивазшавии фаслҳои сол ба амал намеояд, зеро моилии тири чархзаниашон нисбат ба ҳамвории мадорашон кунҷи хурдро ташкил медиҳад.

Дар сатҳи сайёраи Уран низ ивазшавии фаслҳои сол ба амал намеояд, зеро қутбҳои сайёра ба тарафи Офтоб нигаронида шудаанд ва сайёра дар атрофи мехвараш бо паҳлӯ чарх  мезанад.

Дар сатҳи паканасайёраи Плутон ивазшавии фаслҳои сол айнан ба монанди Нептун ба амал меояд, лекин чархзаниаш баръакс аст.

Расми  3. Давомнокии сол ва фаслҳои сол дар сатҳи сайёраҳои Низоми офтобӣ.

 

Ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин

Дар Низоми офтобӣ Замин ягона сайёраест, ки дар сатҳи он ҳаёт мавҷуд аст. Ин ҳам бесабаб нест, зеро Замин нисбат ба Офтоб дар масофае ҷойгир шудааст, ки он аз Офтоб на миқдори гармии зиёд мегираду на кам. Ба таври дигар, гармии мегирифтаи Замин аз Офтоб ин муътадил аст. Аз ҳамин сабаб об, ки асоси ҳаётро ташкил медиҳад, дар сатҳи Замин дар се шакл во мехӯрад. Ин ҳолат дар дигар сайёраҳои Низоми офтобӣ дида намешавад. Маҳз бо чунин шаклҳо қарор доштани об дар сатҳи Замин пайдоиши ҳаётро сабаб шудааст.

Ивазшавии фаслҳои сол ҳам дар сатҳи Замин бо як мароми хосса ин дар як вазъияти мувофиқ хобидани моилии тири чархзании Замин нисбат ба ҳамвории мадораш аст.

Тири чархзании меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории мадораш таҳти кунҷи тақрибан 66,5 дараҷаи кунҷиро ташкил медиҳад, ки ҳамин моилӣ сабаби ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин мешавад. Дар ин ҳолат, моилии экватори Замин нисбат ба ҳамвории мадораш 23,5 дараҷаи кунҷиро ташкил медиҳад(Расми 4). Замин дар давоми як сол аз рӯи мадораш дар атрофи Офтоб як даври пурра мезанад.

 

Расми 4. Моилии меҳвари Замин нисбат ба Эклиптика

Азбаски, мо ҳаракати Заминро бевосита дар атрофи Офтоб пай намебарем, лекин ин ҳаракат ба ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб дар кураи осмон акс меёбад(расми 5 ва 6). Ҳамвории доираи мадори Замин, ё ин ки  доираи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро эклиптика меноманд.

Эклиптика аз калимаи лотинии  ecliptica гирифта шуда, маънояш  гирифт аст.

Расми 5. Ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб дар давоми сол дар кураи осмон

Расми 6. Ивазшавии мавкеъи Офтоб дар кураи осмон дар давоми сол.

Замин дар давоми сол дар атрофи Офтоб як даври пурра зада, аз чор нуктаи муҳим мегузарад, ки онҳо чунин ном доранд:

  1. Инкилоби замистона(22 декабр) – нуқтаест, ки дар он Офтоб нисбат ба уфуқ(хамвории Замин, ки мо роҳ меравем) дар ҳадди пасттарини худ мерасад ва зимистон оғоз мешавад(нигаред расми 5).
  2. Эътидоли баҳорӣ(21 март) – нуқтаест, ки дар он Офтоб дар нуқтаи бурриши хатҳои экватор ва эклиптика қарор мегирад. Дар ин вақт, кунҷи байни ҳамвории экватори осмон ва эклиптика сифр дараҷаи кунҷиро ташкил дода, давомнокии шабу рӯз баробар мешавад. Ин ба фарорасии баҳор рост меояд, ки мо онро чун наврӯз ҷашн мегирем.
  3. Инқилоби тобистона(22 июн) – нуқтаест, ки дар он Офтоб нисбат ба уфуқ дар ҳадди баландтарини худ мерасад ва тобистон оғоз мешавад.
  4. Эътидоли тирамоҳӣ(23 сентябр) – нуқтаест, ки дар он Офтоб боз дар нуқтаи бурриши хатҳои экватор ва эклиптика қарор мегирад. Дар ин ҳолат, боз шабу рӯз баробар шуда, тирамоҳ оғоз мешавад.

Расми 7 ин ҳаракати ҳақиқии Заминро дар атрофи Офтоб ифода мекунад, ки аз сабаби моил будани тири чархзанӣ вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавиаш нисбат ба Офтоб чор фаслро ба вуҷуд меорад. 

Расми 7. Ҳаракати ҳақиқии Замин дар давоми сол дар атрофи Офтоб.

Шиддатнокии афтиши гармӣ ва равшании  Офтоб ба сатҳи Замин вобаста ба баландии Офтоб нисбат ба уфуқ ин ба ду бузургӣ: яке давомияти равшаннокӣ, яъне даврмнокии рӯз ва дигаре синуси кунҷи афтиши нур вобастагӣ дорад. Маҳз тағйирёбии ин ду бузургӣ вобаста ба тағйирёбии баландии Офтоб нисбат ба уфуқ дар давоми сол дар сатҳи Замин чор фасли солро ба вуҷуд меорад.

Вақте, ки Замин дар масофаи перигелии худ қарор мегирад, дар нимкураи шимолии Замин фасли сардтарини сол – зимистон ва дар нимкураи ҷануби бошад, фасли тобистон ҳукмфармост. Масофаи перигелии Замин ин масофаи наздиктарини Замин нисбат ба Офтоб мебошад, ки он ба 147 млн. км баробар аст. Замин ҳар сол 4- уми  январ дар нуқтаи перигелиаш қарор мегирад. Масофаи дуртарини Замин нисбат ба Офтобро масофаи афелий меноманд, ки он ба 152 млн. км баробар аст. Замин  ҳар сол 4- уми  июл дар нуқтаи афелиаш қарор мегирад ва замистони нимкураи шимолӣ ба тобистон ва тобистони нимкураи ҷанубӣ ба зимистон табдил меёбад. Яъне вақте, ки Замин нисбат ба Офтоб дар масофаи наздиктарин қарор мегирад(147 млн. км) дар нимкураи шимолӣ, ки мо дар он қарор дорем, зимистон аст ва вақте, ки  нисбат ба Офтоб дар масофаи дуртарин қарор мегирад(152 млн. км), фасли тобистон.

Расми 8. Чойгиршавии Замин дар нуктаи перигелии ва афелиаш.

Замин дар фасли зимистони нимкураи шимолӣ  нисбат ба фасли тобистонаш ба Офтоб 5 млн. км наздиктар аст.  Маҳз аз ҳамин сабаб зимистони нимкураи шимолӣ нисбат ба зимистони нимкураи ҷанубӣ 7 % гармтар ва тобистонаш бошад, 7% сардтар аст.   

Асоев Ҳ.Ғ.

Ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ 

Манбаъҳо

  1. https://i.pinimg.com/originals/b8/33/3f/b8333f0a270679b77fb63d0568130ae3.jpg
  2. https://triptonkosti.ru/31-foto/s-pomoschyu-risunka-130-opredelite-kogda-otmechayut-dni-letnego-i-zimnego-solncestoyaniya-pochemu-ih-esche.html
  3. https://translated.turbopages.org/proxy_u/en-ru.ru.38c974e5-65f3d8c0-be155f93-74722d776562/https/en.wikipedia.org/wiki/Ecliptic
  4. https://ru.wikipedia.org/wiki/Эклиптика
  5. https://i.pinimg.com/originals/b8/33/3f/b8333f0a270679b77fb63d0568130ae3.jpg
  6. https://triptonkosti.ru/31-foto/s-pomoschyu-risunka-130-opredelite-kogda-otmechayut-dni-letnego-i-zimnego-solncestoyaniya-pochemu-ih-esche.html
  7. https://images.slideplayer.com/13/3622546/slides/slide_93.jpg
Хондан 321 маротиба