Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе) мебошад. Дар маҷалла мақолаю тақризҳо ва ахбор дар бахши филология ва шарқшиносӣ ба табъ мерасанд. Маҷаллаи «Суханшиносӣ» ба забони тоҷикӣ нашр гашта, мақолаҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ пазируфта мешаванд. Ҳамроҳи мақола фишурдаи он низ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд пешниҳод шавад. Муаллиф дар мақолаи ба чоп пешниҳодкадааш бояд мубрамии мавзӯъ ва ҳадафу мақсади таҳқиқро бо истидлоли илмӣ асоснок карда, хулосаҳое гирад, ки бо навоварӣ ва аҳамияти илмию амалии худ қобили таваҷҷуҳ бошанд.
Маҷаллаи илмӣ «Суханшиносӣ» №1 2017 - 162 саҳифа.
Маҷаллаи илмӣ «Суханшиносӣ» №2 2017 - 159 саҳифа.
Маҷаллаи илмӣ «Суханшиносӣ» №3 2017 - 157 саҳифа.
Назари худро нависед