Ҳанўз аз замонҳои қадим маълум аст, ки баробари ташаккул ёфтани нахустин давлатҳо артиш ва мавҷудияти марз нишонаҳои асосии давлатӣ ва таъминкунандагони пойдориву мустақилияти он маҳсуб меёфтанд. Маҳз ҳамин нишонаҳо буданд, ки озодиву истилоли давлатҳоро таъмин намуда, мақому мартабаи кишвари худро дар баробари дигар давлатҳо нишон медоданд. Чунки мавҷудият ва ҳастии артиши давлатӣ на танҳо сохтори давлатиро таъмин менамояд, балки иқтидору баробаровозии давлатро дар баробари дигар кишварҳо бармало месозад.
Вазъияти ноороми ҷаҳони муосир, таҳдиди хатарҳои глобалии терроризм ва экстремизм аз мо тақозо мекунад, ки дар ҳифзи Ватан устувор бошем. Вобаста ба ин, айни замон ниҳоят қавӣ будани артиши миллӣ, неруҳои марзбонӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд.
Дар асл, артиши миллӣ, неруҳои марзбон ва сохторҳои дигари қудратӣ асоситарин рукнҳои давлатдорӣ ва пойдевори истиқлоли ҳар як кишвар маҳсуб мешаванд. Пойдорӣ ва устувории давлат аз қудрату тавоноии қувваҳои мусаллаҳ, ки марзу бумро аз хатароти беруна ҳифз мекунанд ва гарави аслии амнияту сулҳу субот дар кишвар маҳсуб меёбанд, вобастагӣ дорад.
Ҳифзи марзу бум дар ҳамаи давру замонҳо ва имрӯз низ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди миллат ба шумор меравад. Бояд хизмат ба Ватан барои ҳар як нафар, махсусан ҷавонписарон, ки дар ҳар давру замон ояндаи ҷомеа аз кору пайкори онҳо вобастагӣ дораду маъулияти фардои миллату меҳан бар дӯшашон меафтад, мояи ифтихор бошад.
Зеро дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ ва фарҳангҳо мард рамзи далери ҷасурӣ ва устуворию қавииродагӣ буда, бузургони илму адаб ва фарҳангу маънавиёт инро бо далелҳои бешуморе собит сохтаанд.
Таърихи миллати тоҷик пур аз қаҳрамонию далерии фарзандони шуҷоъ ва баномуси миллат аст, ки барои ҳифзи Ватан ҳатто ҷони худро нисор кардаанд, то душманро ба хоки поки ин сарзамин роҳ надиҳанд. Анъанаҳои неки гузаштагони худро имрӯз ҷавонони Тоҷикистон идома дода, барои ҳифзи Ватани азизамон ҳамеша тайёранд. Ватан бо ҷавонони худ имрӯз мефахрад!
Хушбахтона, бо дарки маъсулияти баланд ва ифтихор аз миллату меҳан ҷавонони кишвар дар роҳи ҳифзи марзу бум сарбаланду устуворанд. Сарбозону афсарони тоҷик дар ҳақиқат ворисони арзандаи Ҷамшеди пешдодию Куруши Кабир, Исмоили Сомонию Яъқуби Саффорӣ, Ғиёсуддини Ғӯрию Абдураззоқи Боштинӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум, Рустаму Исфандиёр, Бежану Гев, Шераку Спитамен, Виркану Ёдхишетак, Абумуслиму Темурмалик, Саидқул Тӯрдиеву Сафар Амиршоев ва садҳо сарварону паҳлавонони миллати куҳанбунёди хеш ҳастанд.
Эҳсоси баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ, худшиносӣ ва дарки масъулиятшиносӣ аст, ки ҳар сол ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ихтиёрӣ рафта хизмат мекунанд. Имрӯз хизмат дар сафи артиши миллӣ боиси ифтихори ҷавонони тоҷик аст. Ин нишонаи олитарин ва дараҷаи бузургтарини дӯст доштани меҳан аст. Яъне ҷавонони кишварамон ҳар лаҳза баҳри ҳифзи марзу бум омода мебошанд.
Чанд соли охир маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар саросари кишвар бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад. Рафтори ҷавонони бонангу номуси диёр намунаи волои ибрат мебошад. Амали далеронаи ҷавонони шуҷоъу миллатдӯст боиси ифтихору сарбаландӣ ва осудагии ҳар як сокини мамлакат аст.
Ҳукумат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои муфид меандешад. Замоне ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд.
Яъне, давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт.
Давлати тозаистиқлол дар ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, назири таъсиси қӯшунҳои дохилӣ, зудамалу хушкигард, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳайё намудани техникаю лавозимоти ҳарбӣ муваффақ шуд.
Қобили таъкиди хос аст, ки артиши мо аз Артиши Шӯравӣ чизеро ба мерос нагирифтааст ва дар заминаи холӣ ва сармояи давлати Тоҷикистон таъсис ва ташаккул ёфтааст. Ба касе пӯшида нест, ки дар ибтидо барои ин артиши ҷавон на бинову иншоот буд ва на техникаву таҷҳизот. Бомдоди истиқлол, ки бо ҷанги шаҳрвандӣ тавъам афтод ва таъсири худро дар ҳама соҳоти ҳаёти иҷтимоӣ гузошта буд, имкон намедод, сармояи бузург ба артиш масраф шавад. Бо вуҷуди ҳамаи ин вобаста аз рушди иқтисоди кишвар зина ба зина артиши Тоҷикистон низ рушду такмил кард ва соҳиби техникаву таҷҳизот ва ҷойгоҳи муайян дар байни артишҳои Осиёи Миёна гардид.
Боиси хушнудӣ ва мояи сарафрозии ҳар сокини кишвар аст, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ҳифзи тамоми сарҳадоти кишварро ба ихтиёр дорад. Айни ҳол кафили аслии оромиши ҷомеа ҳамин артиши миллӣ буда, масъулиятшиносиву содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҳифзи сарҳадоти он ва кафили осоиштагии мардуми кишвар мебошад.
Дар ин ҷомеаи пуртакопӯ ва зудтағйирёбанда, ҳар фарди ватандӯсту худшиноси кишварро зарур аст, ки огоҳонаву пайгирона, хидмати артишро арҷгузорӣ намояду онро ҳамчун арзиши муҳими ҳаёту мамот барои ҷавонон таблиғ намоянд. Осудагиву осоиши имрӯзаи кору фаъолияти ҳар шаҳрванди кишвар новобаста аз он ки он дар кадом арсаи ҷомеа ифои вазифа мекунад ё соҳибкор асту дар дигар соҳоти ҷамъият фаъолият менамояд, ҳар як нафар бояд дарк намояд, ки бедорхобию ҳушёрии сарбозон ва ниҳодҳои дигари муҳофизи ватан кафили асосии субботи ҷомеа ва давлат мебошад.
Бо саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан фаъолияти босамар менамоянд. Вазъи воқеии имрӯзаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ куллан тағйир ёфта, шароити хизмат батадриҷ чандин маротиба беҳбуд ёфт. Ваҷҳи асосии сол ба сол афзудани шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз беҳтар гардидани шароити моддию маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ мебошад.
Ҳифзи меҳан ва пос доштани хоки муқаддаси он на танҳо вазифаи муқаддаси сарбозону кормандони мақомоти қудратӣ, балки нангу номус ва эътибору шарафи ҳар нафари соҳибватан аст. Масъулияти мазкурро танҳо нафаре эҳсос мекунад, ки воқеан ҳам нисбат ба Ватан меҳру самимият дорад.
Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки дар ҳифзи Ватани маҳбубамон муттаҳид бошем ва барои пешрафту шукуфоии он амал намоем. Барои таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз сина сипар намуда, оромиву осудагии кишварро таъмин созем. Зеро Тоҷикистони азиз, ватани маҳбуб ва хонаи умеди ҳар як тоҷикистонӣ аст, пас онро мо ва танҳо мо ҳифз мекунему ободу зебо мегардонем!
Хайрулло Раҷабалиев,
сиёсатшинос