Нусхаи чопи
Сешанбе, 22 Сентябри 2026 09:35

Рӯдакӣ ва Мавлоно

Муаллиф:

 

Ақл қувват гирад аз ақли дигар,

Найшакар комил шавад аз найшакар.

                                                   Мавлоно

  Дар бораи таассури Мавлоно аз устод Рудакӣ аввалин бор рӯдакишиноси бузург устод Саид Нафисӣ дар китоби «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» маълумот додааст. Ӯ дар бахши «Мазомини Рӯдакӣ дар ашъори дигарон» таваҷҷуҳи машоихи тасаввуфи Эронро ба устод Рудакӣ зикр карда, ду танро дар ин раҳгузар, яъне татаббуъ дар ашъори Рудакӣ пешгом мешуморад. Яке Абусаиди Абулхайр, дигаре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Бад-ин маънӣ, ӯ дар фасли «Абусаиди Абулхайр ва Рудакӣ» чунин менависад: «Яке аз корҳои бисёр писандидаи машоихи тасаввуфи Эрон ин будааст, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи муридону касоне, ки мехостанд эшонро ба худ наздик кунанд, ашъори шурангези муассиру шево ба забони форсӣ дар мувоизу таълимоти худ мехонданд. Гоҳе ин ашъорро иртиҷолан худ месуруданд ва гоҳе низ аз бузургони сухансарои Эрон истишҳод мекарданд. Ва дар ин замина ду тан аз ин бузургон беш аз дигарон эҳтимом доштанд. Яке орифи машҳур Абусаиди Абулхайр будааст ва дигаре орифи номвар Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ». 1

        Сипас, устод Саид Нафисӣ аз таассури Абусаиди Абулхайр ва монандии каломи ӯ ба каломи устод Рӯдакӣ сухан дар миён оварда, дар фасли «Рӯдакӣ ва Мавлоно» таваҷҷуҳи вижаи Мавлоноро ба шеъри устод Рӯдакӣ нишон дода, ғазалҳоеро, ки Мавлоно ба вазну қофияву радифи ашъори устод Рӯдакӣ сурудааст, як-як меорад, тавзеҳ медиҳад ва нишон медиҳад, ки ӯ дар ашъораш на танҳо аз мисраву байти устод Рӯдакӣ, балки мазмуни ашъори ӯ низ истифода кардааст. Бинобар ин, мегӯяд: «Чунон ки гузашт, Мавлоно Ҷалолуддин низ чун Абусаиди Абулхайр ба шеъри Рудакӣ таваҷҷуҳи хоссе доштааст. Чанд ғазал ба вазну қофияву радифи ашъори Рудакӣ суруда, гоҳе байте, гоҳе мисрае аз суханони ӯро айнан оварда ва гоҳе низ мазомини ӯро гирифтааст. Аз он ҷумла ин ғазалро аз марсияе, ки Рудакӣ дар бораи Муродӣ суруда, гирифтааст, ки байти аввали он ин аст:

Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд,

Марги чунин хоҷа на корест хурд.

 

        Аз ду ғазал, ки бад-ин гуна сурудааст, яке ин ғазал аст:

Гуфт касе: Хоҷа Саноӣ бимурд,

Марги чунин хоҷа на корест хурд.

Коҳ набуд, ки ба боде парид,

Об набуд ӯ, ки ба сармо фисурд.

Шамс магӯ, мафхари табрезиён,

Ҳар кӣ бимурд аз ду ҷаҳон, ӯ намурд.

 

Дигар ин ғазалро:

Гуфт касе: Хоҷа Саноӣ бимурд,

Марги чунин хоҷа на корест хурд.

Қолаби хокӣ ба замин боздод,

Рӯҳи табиӣ ба фалак восупурд.

Моҳи вуҷудаш зи ғуборе бираст,

Оби ҳаёташ бадар омад зи дурд.

 

        Дигар ин ғазали Рӯдакӣ:

Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.

Ба ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?

Гӯӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

 

ки Мавлоно дар пайравӣ аз он сурудааст:

Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,

Бо буи гулу мушку насими суман ояд.

Бар ҳар зану ҳар мард, ки он бӯй асар кард,

Гӯянд, ки он бӯй ҳама аз Хутан ояд.

 

        Дигар ин ду байти Рӯдакист:

Маро ту роҳати ҷонӣ, муояна, на хабар,

Киро муояна омад, хабар чӣ суд кунад?

Сипар ба пеш кашидам хаданги қаҳри туро,

Чу тир бар ҷигар омад, сипар чӣ суд кунад?

 

        Мавлоно дар сурудани ин ғазал аз он илҳом гирифтааст:

Маро ақиқи ту бояд, шакар чӣ суд кунад?

Маро ҷамоли ту бояд, қамар чӣ суд кунад?

Чу чашми масти ту набвад, шаробро чӣ тараб?

Чу ҳамраҳам ту набошӣ, сафар чӣ суд кунад?

Чунон ки гузашт, ин дубайт ҳам аз Рӯдакист:

Ҳама ҷамоли ту бинам, чу дида боз кунам,

Ҳама танам дил гардад, ки бо ту роз кунам.

Ҳаром дорам бо дигарон сухан гуфтан,

Куҷо ҳадиси ту ояд, сухан дароз кунам.

 

Мавлоно ин ғазалро ба пайравӣ аз он сурудааст:

Ҳама ҷамоли ту бинам, чу чашм боз кунам,

Ҳама шароби ту нӯшам, чу лаб фароз кунам

Ҳаром дорам ба мардумон сухан гуфтан

Ва чун ҳадиси ту ояд, сухан дароз кунад…

 

Чунонки гузашт, ин дубайт аз Рӯдакист:

Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин,

Ба ҳар ки нест ошиқ, кам гӯю кам нишин.

Бошад, ки дар висоли ту бинанд рӯи дуст,

Ту низ дар миёни эшон наӣ, бибин.

 

Мавлоно дар сурудани ин ғазал бад-он назар доштааст:

Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин,

Бо он ки нест ошиқ, як дам машав қарин.

В-ар з-он ки ёр пардаи иззат фурӯ кашид,

Онро, ки парда нест, бирав, рӯи ӯ бибин.

 

Он чи аз қасидаи маъруфи Рудакӣ мондааст:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…

 

Мавлоно Ҷалолуддин дар ин ғазал аз он ашъор илҳом ёфтааст:

Бӯи боғу гулистон ояд ҳаме,

Бӯи ёри меҳрубон ояд ҳаме… 2

 

        Бояд гуфт, ки пас аз устод Саид Нафисӣ дар бораи робитаи устод Рудакӣ ва Мавлоно донишмандон мақолаҳои зиёд навиштаанд, аммо аксари онҳо такрори гуфтаҳои устод Саид Нафисӣ мебошанд. Лиҳозо, мо мекушем, ки ба ҷуз мисолҳои боло, ки устод Саид Нафисӣ кашфу пайдо кардаву дар китоби хеш овардааст, мисолҳои дигарро, ки ин дар замина пайдо кардем, барои хонандагон пешниҳод намоем, зеро ташобуҳ, наздикӣ дар байни ашъори бозмондаи устод Рудакӣ ва Мавлоно хеле зиёд аст ва нишон додани онҳо вазифаи аҳли илм ва рудакишиносону мавлавипажуҳон маҳсуб мешавад. Ба ин намунаҳо мутаваҷҷеҳ шавед:

Рӯдакӣ:

Ту аз фарғул бояд дур бошӣ,

Шавӣ дунболи кору ҷон харошӣ! 3

Мавлавӣ:

Андар ин раҳ метарошу мехарош,

То дами охир, даме фориғ мабош! 4

Рӯдакӣ:

Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое,

Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?! 5

Мавлавӣ:

Чанд кӯбем оҳани сарде зи ғай,

Дар дамидан дар қафас ҳин, то ба кай? 6

Рӯдакӣ:

Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ

Зери поям парниён ояд ҳаме. 7

Мавлавӣ:

Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,

Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир. 8

Рӯдакӣ:

Модари майро бикард бояд қурбон,

Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. 9

Мавлавӣ:

То зи суксук вораҳад, хушпай шавад,

Шираро зиндон кунӣ, то май шавад. 10

Рӯдакӣ:

Эй, дареғо, ки хирадмандро

Бошад фарзанду хирадманд не!

В-арчи адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не! 11

Мавлавӣ:

Эй басо меҳтарбача, к-аз шӯру шар

Шуд зи феъли зишти худ нанги падар. 12

Рӯдакӣ:

Дурусту рост кунод ин масал Худой варо:

Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикшод. 13

Мавлавӣ:

Гар даре барбаста шуд, даҳ дар кушод,

Гар қуче шуд, Ҳақ иваз уштур бидод. 14

Рӯдакӣ:

 

Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон! 15

Мавлавӣ:

Он тақозои ду чашми дил шинос,

К-ӯ ҳамеҷӯяд зиёи беқиёс. 16

Рӯдакӣ:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб. 17

Мавлавӣ:

Омад баҳори хурраму омад расули ёр,

Мастему ошиқему хуморему беқарор. 18

Рӯдакӣ:

Омад ин навбаҳори тавбашикан,

Парниён гашт боғу барзану кӯй. 19

Мавлавӣ:

Вақт омад тавбаро шикастан

В-аз доми ҳазор тавба ҷастан. 20

Рӯдакӣ:

Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ

Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ. 21

Мавлавӣ

Ғуломи посбононам, ки ёрам посбон астӣ,

Ба чустию ба шабхезӣ чу моҳу ахтарон астӣ. 22

Рӯдакӣ:

Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирд гардон аст,

Ҳамеша, то бувад оин-ш, гирд гардон буд. 23

Мавлавӣ:

Нагуфтӣ: «Чарх то гардон бувад гирд,

Аз ин саргашта ҳаргиз барнагардӣ? 24

Рӯдакӣ:

Ба ҳиҷоб андарун шавад хуршед,

Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб. 25

Мавлавӣ:

Чун ту он рӯбандро аз рӯйи чун маҳ барканӣ,

Чун қазои осмонӣ ту баҳоро бишканӣ. 26

 

        Мусаллам аст, ки устод Рӯдакӣ дар эҷоди маснавӣ низ даст тавоно доштааст. Дар байни маснавиҳои устод Рӯдакӣ, ки ба мо маълум аст, «Калила ва Димна» хеле машҳур аст. Дар бораи аз ҷониби устод Рӯдакӣ ба назм даровардани он Фирдавсӣ чунин мегӯяд:

Ба тозӣ ҳаме буд то гоҳи Наср,

Бад-он гаҳ, ки шуд бар ҷаҳон шоҳи аср.

Гаронмоя Булфазл дастури ӯ,

Ки андар сухан буд ганҷури ӯ.

Бифармуд, то форсиву дарӣ

Бигуфтанду кӯтоҳ шуд доварӣ.

Аз он пас чу бишнид, рой омадаш,

Бар ӯ бар хирад раҳнамой омадаш.

Ҳаме хостӣ ошкору ниҳон,

К-аз ӯ ёдгоре бувад бар ҷаҳон.

Гузорандае пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

Бипайваст гӯё парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро… 27

 

        Аз ин гуфтори Фирдавсӣ маълум мешавад, ки «Калила ва Димна»-ро устод Рӯдакӣ ба назм дароварда, ба қавли Унсурӣ, аз Насри II «чиҳил ҳазор дирам» сила гирифтааст:

Чиҳил ҳазор дирам Рӯдакӣ зи меҳтари хеш

Биёфтаст ба тавзеъ аз ин дару он дар. 28

     Аммо, мутаассифона, аз маснавии «Калила ва Димна»-и устод Рӯдакӣ абёти пароканда боқӣ мондааст. Мавлоно, ки ба устод Рӯдакӣ ва осори ӯ таваҷҷуҳи зиёд доштааст, ҳам дар «Маснавии маънавӣ» ва ҳам «Девони Кабир» («Девони Шамс») дар ин асар аз реги Ому, Ҷуйи Мулиён, Бухоро ва ғайра, ба ин ё он сабаб, мавфур ёд менамояд:

 

«Шоҳнома» ё «Калила» пеши ту

Ҳамчунон бошад, ки Қуръон аз уту. 29

 

Оби Ҷайҳунро агар натвон кашид,

Ҳам зи қадри ташнагӣ натвон бурид. 30

 

Ин Бухоро манбаи дониш бувад,

Пас бухороист ҳар-к онаш бувад. 31

 

Гарчи дил чун санги хора мекунад,

Ҷони ман азми Бухоро мекунад. 32

 

        Дар Девони Кабир («Девони Шамс») низ Мавлоно аз Калила ва Димна (образҳои достони «Калила ва Димна») ёд менамояд:

Ку хаймаву тавила, ку кору ҳолу ҳила?

Ку Димнаву Калила, ку кадди кадхудоӣ? 33

 

        Мавлоно на танҳо аз мазмуну муҳтаво, балки аз вожаву таркиботу сувари хаёли шеърҳои устод Рӯдакӣ низ дар осораш суд ҷустааст. Масалан, «чашми дил», «чашми хирад», «абри гирён» ва ғайра. Ба ин намунаҳо нигоҳ кунед:

Рӯдакӣ:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст! 34

Мавлавӣ:

Эй дил он ҷо рав, ки бо ту равшананд,

Аз балоҳо мар туро чун ҷавшананд. 35

Рӯдакӣ:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ! 36

Мавлавӣ:

Ин ҷаҳон дарёсту тан моҳиву рӯҳ

Юнуси маҳҷуб аз нури сабӯҳ. 37

Рӯдакӣ:

Зулфи туро «ҷим» кӣ кард, он ки ӯ

Холи туро нуқтаи он ҷим кард? 38

Мавлавӣ:

З-он гӯши ҳамчун «ҷим»-и ту, з-он чашми ҳамчун «сод»-и ту,

З-он қомати ҳамчун «алиф», з-он абруи чун «нун»-и хуш. 39

 

        Зимнан бояд гуфт, ки Мавлоно на танҳо ба шеъри Рудакӣ, балки шоирони дигари ҳамасри ӯ, аз ҷумла Шаҳиду Абушакуру дигарон низ ошноӣ дошта, ба каломашон пайравӣ намудааст:

Шаҳид:

Кӯдаки ширхора то нагирист,

Модар ӯро ба меҳр шир надод. 40

Мавлавӣ:

То нагиряд абр, кай хандад чаман,

То нагиряд тифл, кай нушад лабан? 41

Абушакур:

Сухан бифканад минбару дорро,

Зи сӯрох берун кашад морро. 42

Мавлавӣ:

Ки дуруштӣ н-ояд ин ҷо ҳеҷ кор,

Ҳам ба нармӣ сар кунад аз ғор мор. 43

 

        Маълум аст, ки аввалин мушкилоте, ки дар мавриди таассури шоирон аз Рудакӣ пеш меояд, кам будани осори ӯ, интисоби бисёре аз  абёту ашъораш ба дигарон мебошад. Агар девони устод Рӯдакӣ аз байн намерафт, кори пажуҳандагон осон мегардид. Аммо, бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, мо нақши осори бозмондаи ӯро дар ашъори дигарон ба хубӣ мушоҳида менамоем. Тавре ки дар осори пурҳаҷми Мавлоно боздид мекунем. Ин аз он дарак медиҳад, ки дар замони Мавлоно низ устод Рӯдакӣ ҳамчун устоди аввали шеъри тоҷик-форс на танҳо дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр, балки Туркия, ки Мавлоно дар он ҷо зиндагию эҷод менамуд, нуфуз доштааст. Шояд дар он замон девони устод Рӯдакӣ мавҷуд будааст. Дигар, ҳузури устод Рӯдакиро мо дар осори шоирони қабл аз Мавлоно, аз ҷумла Шаҳиду Абушакуру Робиаву Кисоиву Фирдавсию Унсурию Фарухию Манучеҳрию Фахруддини Гургонию Адиб Собиру Масъуди Саъду Хоқониву Низомиву Саъдию дигарон низ боздид менамоем. Дар осори ин шоирон низ мо ба номи устод Рӯдакӣ, таъсири осори ӯ, тазмини абёти алоҳидааш ӯ рӯ ба рӯ мешавем. Ин ҳолатро дар осори адибони баъд аз Мавлоно, аз ҷумла Ҳофиз ва Ҷомӣ низ мебинем. Аммо баъд аз асри ХУ ҳузури устод Рӯдакӣ дар шеъри мо камранг мешавад. Мо дигар ба нудрат ба номи Рӯдакӣ дар осори адибони асрҳои ХУ1-Х1Х дучор мешавем. Танҳо дар аввали асри ХХ аст, ки номи устод Рӯдакӣ зинда мешавад, осори ӯ ба барномаҳо ворид мегардад, тоҷикон бо шоири миллии худ ошно мешаванд, осорашро мехонанд, ҳифз менамоянд ва ба дигарон муаррифӣ мекунанд. Ба қавли устод Турсунзода, ки мегӯяд:

Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун

Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун.

Барои Ҳофизу Саъдии Шероз

Намуда тоҷикон оғӯши худ боз… 44

 

        Зимнан, бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи зиёди Мавлоно, ки дар Туркия зиндагию эҷод мекард, ба устод Рудакӣ, ашъори ҷавобия гуфтан, аз мазомини шеъраш суд ҷустан, аз калимаву таркибот, образҳои шеърӣ, сувари хаёлӣ ӯ кор гирифтан дар ин сарзамин нишон медиҳад, ки дар асри Х111 шеъри устод Рӯдакӣ на танҳо дар Эронзамин, балки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Туркия низ аз шуҳрати зиёд бархурдор будааст. Лиҳозо, на танҳо Мавлоно, балки шоирони дигари муҳоҷир, ки дар ин сарзамини нисбатан амн мезистанд, низ ба осори устод Рӯдакӣ пайравӣ намудаву ашъори ҷавобия гуфтаву суханашро тазмин намудаанд, ки яке аз онҳо Сайфи Фарғонӣ, шоири нисбатан ҷавони ҳамасри Мавлоно, мебошад, ки ба қасидаи «Бӯйи ҷӯи Мулиён» ва «Шикоят аз пирӣ»-и устод Рӯдакӣ ҷавоб гуфтааст. Ба қавли яке аз муҳаққиқони осори Сайфи Фарғонӣ, Ансори Афсаҳ, «шеъри устод Рӯдакӣ дар асри Х111 хеле машҳур будааст ва истиқболияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Вассофи Шерозӣ, Сайфи Фарғонӣ ин гуфторро таъйид мекунад». 45 Инак матлаи он ҷавобияҳои Сайф, ки мо алъон онҳоро ба хониш мегирем:

Рӯдакӣ:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. 46

Сайф:

Номи ту чун бар забон ояд ҳаме,

Оби ҳайвон дар даҳон ояд ҳаме. 47

Рӯдакӣ:

Маро бисуду фуру рехт, ҳар чӣ дандон буд,

Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. 48

Сайф:

Дар аҷабам, то худ он замон чӣ замон буд,

К-омадани ман ба сӯи мулки ҷаҳон буд? 49

 

        Аз ин нуқтаи назар, мавзуи Рӯдакӣ ва Мавлоно як мавзуи муҳим, густарда буда, онро наметавон дар ҳаҷми як мақола баррасӣ кард, барои ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи ин мавзуъ рисола бояд навишт, инро ишораҳо, бардоштҳо, ҳамсониҳои зиёд, аз лиҳози мухталиф, аз ҷумла забону баён, корбурди тамсил, зарбулмасалу мақол ва ғайра, ки дар осори устод Рӯдакӣ ва Мавлоно боздид менамоем, тақозо менамояд. Масалан, Мавлоно дар пайравии ин байти машҳури устод Рӯдакӣ:

Ҳар киро роҳбар заған бошад,

Гузари ӯ ба марғазан бошад, 50

 

ки як навъ ҳукми зарбулмасал ва каломи ҳакимона дорад, абёти зиёд эҷод кардааст. Чунончи:

 

Бол бозонро сӯйи султон барад,

Бол зоғонро ба гӯристон барад. 51

                      ХХХ

То ки бозон ҷониби султон раванд,

То ки зоғон сӯйи гӯристон раванд. 52

Ва ё дар пайравии ин байти ӯ:

Дар сафар афтанд ба ҳам, эй азиз,

Марвазию розию румию курд. 53

 

абёти зеринро эҷод намудааст.

Марғазию розӣ афтанд аз сафар,

Ҳамраҳу ҳамсуфра пеши ҳамдигар. 54

 

Гармравон аз куҷо, тирадилон аз куҷо?

Марвазие уфтод дар раҳи бо розие. 55

 

Рӯзе ду ҳамраҳ омад ҷони ғариб бо тан,

Чун марғазию розӣ, чун мағрибию тӯсӣ. 56

 

        Мусаллам аст, ки устод Рӯдакӣ намояндаи сабки хурсонӣ ва Мавлоно сабки ироқӣ маҳсуб мешаванд. Лиҳозо, пайравию илҳомгирии Мавлоно аз устод Рудакӣ ироқиёна аст, на хуросонигуна. Ба ҳарфи дигар, агарчи ӯ мавод ва мазмуну сувари хаёлро аз устод Рудакӣ мегирад, аммо онро айнан руи коғаз намеорад, балки онҳоро ба тарзи нав коркард менамояд ва руи сафҳа мерезад. Аз ин рӯ, хуросонигуна будани он нопадид мешаванд, онҳо ироқигуна ба ҷилва меоянд, яъне шоир ба онҳо рамзу рози ирфонӣ медиҳад. Лиҳозо, такрорӣ будани маводу мазмуну сувари хаёлро барҳам мезанад. Ба қавли Шафеъии Кадканӣ, «доманаи тахайюли Мавлоно ва офоқи биниши ӯ чандон густарда аст, ки азалу абадро ба ҳам мепайвандад ва тасвире ба вусъати ҳастӣ меофаринад… Агар ҳам аносире тасвириро, чунон ки расму зарурати ҳамаи шоирон аст, аз шоирони дигар вом мегирад, бори отифии ин ҷаҳонбинию диди ӯ нисбат ба ҳастӣ ношӣ мешавад, бад-онҳо маънии тозае мебахшад. Ин тасовири такрорӣ дар шеъри ӯ ҳаракату ҳаёти бештаре дорад. Наргис (рамзи чашм), савсан (рамзи хомушӣ дар айни забондорӣ), бунафша (рамзи сарбагиребониву сугворӣ) дар шеъри ӯ зиндагии тозае ёфтаанд ва хонанда эҳсос намекунад, ки ин ҳамон наргису савсан ва бунафшаи шеъри Рӯдакӣ ва Фаррухию Манучеҳрист. Ин тасовир агар дар шеъри он шоирон ҷанбаи офоқӣ дошт, дар шеъри Мавлоно ҷанбаи анфусӣ пайдо кардааст. Дар он сӯи наргису савсану бунафшаи Мавлоно инсону масоили ҳаёти инсонӣ бо ҳамон доманаву вусъати худ нуҳуфтааст». 57

        Дар бораи таъсири достони «Калила ва Димна», ки асли ҳиндӣ дошт, аммо дар Аҷаму Араб доман афкандаву маҳбубият пайдо карда буд, ба Мавлоно дар эҷоди «Маснавии маънавӣ» Бред Гуч дар китоби «Асрори Мавлоно» чунин мегуяд: «Бояд гуфт, ки Баҳоувалад ягона неруи муассир дар рушди отифӣ ва адабии писараш набуд. Шароити ҷуғрофии Хуросони бузург дар инкишофи писараки фавқулода хаёлпардоз ва дорои ҳисси кунҷковии барвақт оид ба масъалаҳои маънавӣ ва ҳамосӣ таъсири муҳим гузошт. Ваҷд ва унсурҳои мовароуттабиа, ки реша дар фарҳанги қиссагуӣ дошт, ҳам барои саргармӣ ва ҳам барои баёни умури маънавӣ ба далелҳои ахлоқӣ дар Балх ва Вахш паҳн гашта буданд. Дар чунин шароит достонҳои хаёлангез ба Мавлоно ва дустонаш пешниҳод мешуданд, онҳо даҳон ба даҳон шоху барг бароварда, боз ҳам мақбултар мешуданд… Мавлоно ба афсонаҳои дӯстӣ ва хиёнат дар байни ҳайвонот дил баста буд: достонҳои машҳури «Калила ва Димна» ӯро ҷоду мекарданд. Асли ин афсонаҳои зебо ба забони санскритӣ аз «Панҷатантри» гирифта шуда, дар он ҷуфти шағолҳо ба баҳси аҷоиб машғул мешаванд. Ин асар аввал дар асри шаш ба забони форсии паҳлавӣ тарҷума шуда, баъдҳо дар қарни ёздаҳуми мелодӣ Насруллоҳ-муншӣ ба забони форсии миёна баргардон  намуд. «Калила ва Димна» яке аз асарҳои аввалини ин силсила буда, дар замони Мавлоно китоби маҳбубтарин ба шумор мерафт. Мавлоно, ки дар ду даҳаи охири умр дар ҳоли эҷоди «Маснавӣ» буд, ин достонро аз нав аз назар гузаронид. Дар «Маснавӣ» мебинем, ки ӯ то чӣ андоза таҳти таъсири «Калила ва Димна» қарор дошт. Ӯ аз асари мазкур ба унвони «Достони бузург» ёд кардааст.

       Дар оғози дафтари 1 достон бо моҷарои харгуши ҳилагар шуруъ мешавад, ки аз шери қудратманд ва мағрур зирактар аст. Қариб панҷсад мисраъ аз дафтари якуми «Маснавӣ» ба муаррифии ин достон бахшида шудааст:

Аз Калила бозҷӯ он қиссаро

В-андар он қисса талаб кун ҳиссаро.

 

        Дар баёни Мавлоно достон ба мунозираи имон ва амал табдил меёбад. Дар китоби дувум рубаҳе аз китоби «Калила» зоҳир мешавад, ки табли холии овезон аз шохаи дарахтро пора мекард, ба гумони он ки садои шохи дарахт бар табл аз хуки фарбеҳ дарак медиҳад. Дар дафтари чорум се моҳии бузурги достони Калила: яке хирадманд, дигаре ҳушманд ва сеюм аблаҳ ба доми моҳигир афтода бо ҳам вомехуранд; онҳо ҳар яке сарнавишти мутафовут доранд. Ба қавли Мавлоно, ин достон омузанда аст:

Дар Калила хонда бошӣ, лек он

Қишри қисса бошаду ин мағзи ҷон.

 

        Достони ибартомузи се моҳӣ Мавлоноро водор карда аст, ки хирадро роҳи ягона шуморад, ҳамин тавр ки моҳиҳои раҳоёфта ҳар яке роҳи халосиро дар ақли худ туфайли андешаи мустақил пайдо мекунанд». 58

        Ҳамин муаллиф дар ҳамин китоб дар бораи устод Рӯдакӣ, шуҳрати ӯ дар Бухорову Самарқанд ва таъсири шеъри ӯ ба шоҳ, ба вижа Мавлоно ва ғайра низ изҳори ақида менамояд: «Аммо дар он вақт, дар вақти навҷавонии Мавлоно, дар майдони Раъсултоқ қасидаҳои Рӯдакиро мехонданд ва бар коғази нафиси самарқандӣ ашъори ошиқонаи ӯро нусхабардорӣ мекарданд. Падари шеъри форсӣ Рӯдакӣ аст. Ӯ, ки зодаи деҳаи атрофи Самарқанд аст, бо он забон ва сабке эҷод кардааст, ки Мавлоно баъдҳо бо он асар офарид… Рӯдакӣ ибтидо «Калила ва Димна»-ро ба назм даровард, сипас, ба эҷоди шеърҳо дар тамоми қолабҳо сар кард, ки онро минбаъд шоирони форсигуй идома доданд… Дар ашъори Мавлоно Бухоро, ки бо китобхонааш машҳур буд, назир ва ҳамтои Самарқанд ҳисоб мешавад.

Дар Самарқанд аст қанд, аммо лабаш

Аз Бухоро ёфт в-он шуд мазҳабаш.

 

        Навиштаҳои Рӯдакӣ дар зеҳни Румӣ монанди суруди аллаи модар нақш баст. Гоҳе байтҳоро бидуни ишора вом мегирифт, масалан мисраеро, ки Рӯдакӣ дар марсияи дусташ Муродӣ суруда буд, Мавлоно дар ҳаққи шоири ориф Саноӣ ба кор бурд:

Гуфт касе, Хоҷа Саноӣ бимурд,

Марги чунин Хоҷа на корест хурд.

 

        Машҳуртарин эҷоди Рӯдакӣ барои ба бозгашт мутақоид кардани подшоҳ ба хонаву дараш дар Бухоро баъд аз гузаронидани истироҳати тобистона дар Ҳирот буд. Подшоҳ дар Ҳирот аз токзорҳои васеи дилфиреби он дил канда наметавонист. Қисса мекунанд: вақте ки Рӯдакӣ бори охир нохун ба удаш зад, подшоҳ аллакай аспашро ба қасди хона зин мезад. Мавлоно байтҳои Рӯдакиро иқтибос карда, ба он каме руҳи маънавӣ ва ошиқона бахшид, то иштиёқи ӯ ва рафиқонашро ба хона беҳтар инъикос намояд.

Рӯдакӣ:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…

Мавлоно:

Бӯи боғу гулситон ояд ҳаме,

Бӯи ёри меҳрубон ояд ҳаме…». 59

 

        Мутаассифона, Бред Гуч сарчашмаи афкору ороъ ва китобҳои Мавлоноро танҳо дар мисоли афкори падараш Баҳоувалад, Қуръон, достони «Калила ва Димна», осори Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ мебинад ва ба зикри онҳо иктифо менамояд. Аз таъсири шоирони дигар, аз ҷумла Шаҳиду Абушакуру Кисоиву Фахриддини Гургониву Асадии Тусиву Унсурию Хоқониву Низомиву дигарон, сухан дар миён намеорад. Аммо ин мавзуи дигар аст ва ба мавзуи мо рабте надорад.

        Хулоса, тавре ки мебинем, дар бораи таассури Мавлоно аз Рӯдакӣ нахустин бор устод Саид Нафисӣ дар китоби «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рудакӣ» сухан дар миён оварда, роҳро барои пажуҳандагон дар ин замина ҳамвор намудааст. Мо низ дар заминаи тадқиқоти ӯ ин корро идома додем, то ҷое, ки имкон буд, баъзе мисолҳои тозаро илова кардем. Умед дорем, ки донишмандон дар ин замина дар оянда низ ковиш менамоянд, бо овардани мисолҳои нав, тоза ба тоза ба бозтоби таассури Мавлоно аз устод Рӯдакӣ муваффақ мешаванд ва бад-ин тартиб, ба илму адабиёти тоҷик хидмат менамоянд.

 

Ҷамолиддин Cаидзода

Адабиётшинос

 

ПАЙНАВИШТҲО:

1.Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. – Душанбе, 2002. – С. 730.

2.Ҳамон ҷо. – С. 734-741.

3.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – Душанбе: Адиб, 2007. – С. 354.

4.Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. – С. 62.

5.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 52.

6.Маснавии маънавӣ. – С. 294.

7.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 174.

8.Маснавии маънавӣ. – С. 314.

9.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 141.

10.Маснавии маънавӣ. – С. 318.

11.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 168.

12.Маснавии маънавӣ. – С. 565.

13.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 100.

14.Маснавии маънавӣ. – С. 571.

15.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 349.

16.Маснавии маънавӣ. – С. 122.

17.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 61.

18.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2007. – С. 74.

19.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 321.

20.Ҳамон ҷо. – С. 597.

21.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 173.

22.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 3. – Душанбе: Дониш, 2008. – С.280.

23.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 76.

24.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Девони кабри. – Ҷ.3. – С. 376.

25.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 63.

26.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 3. – С. 470.

27.Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. – Ҷ.8. – Душанбе: Адиб, 1990. – С. 361.

28.Девони Унсурии Балхӣ. – Теҳрон, 1363. – С.126.

29.Маснавии маънавӣ. – С. 430.

30.Ҳамон ҷо. – С. 560.

31.Маснавии маънавӣ. – С. 312.

32.Ҳамон ҷо, ҳамон с.

33.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Девони кабир. – Ҷ. 3. – С.563.

34.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 329.

35.Маснавии маънавӣ. – С. 181.

36.Абӯбадуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 176.

37.Маснавии маънавӣ. – С. 196.

38.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 89.

39.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 2. – С. 142.

40.Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. – Душанбе: Адиб, 2007. – С. 44.

41.Маснавии маънавӣ. – С. 446.

42.Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. – С. 152.

43.Маснавии маънавӣ. – С. 472.

44.Мирзо Турсунзода. Шеърҳо. – Ҷ. 1. – Душанбе: Ирфон, 1981. – С. 190.

45.Ансор Афсаҳов. Сайфи Фарғонӣ. – Душанбе: Дониш, 1976. – С.

46.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 174.

47.Ансор Афсаҳов. Сайфи Фарғонӣ. – Душанбе: Дониш, 1976. – С. 110.

48.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 76.

49.Ансор Афсаҳов. Сайфи Фарғонӣ. – С. 110.

50.Абӯабудуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 350.

51.Маснавии маънавӣ. – С. 596.

52.Ҳамон ҷо. – С. 607.

53.Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. – С. 80.

54.Маснавии маънавӣ. – С. 619.

55.Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Девони кабир. – Ҷ. 3. – С. 610.

56.Ҳамон ҷо. – С. 558.

57.Шафеъии Кадканӣ. Рӯзгор ва осори Мавлоно. Адиб, 1992, №5. – С. 16.

58.Бред Гуч. Асрори Мавлоно. – Душанбе: Эр-граф, 2022. – С. 33-36.

59.Ҳамон ҷо. – С. 44-46.

 

Хондан 6 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр