Табиист, ки пас аз ҳамроҳшавӣ ба чунин ҳуҷҷатҳои байналмилалии экологӣ уҳдадории давлатҳо афзуда, фаъолияти онҳо дар ҳалли масоили экологӣ тақвият меёбад. Зеро ҳадафи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ва ё ягон давлати дигар ба ин конвенсияҳо, аз як тараф, баҳодиҳии объективии тамоюлоти тағйирёбии иқлим ва аз тарафи дигар, ҳамгироии арзишҳои илмӣ дар сатҳҳои мухталиф баҳри арзёбии таъсироти ин равандҳо ба рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон чун кишвари ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мушкилоти экологӣ, бо пешниҳоди иқдомҳои саривақтӣ дар масири мубориза ба масоили муҳимму ҳалталаб гомҳои уствор гузошта, сиёсати байналмилалии экологии худро баҳри ҳалли мушкилоти болозикр ва ҳифзи ояндаи табиати сайёра равона кардааст. Сол аз сол гармшавии глобалии иқлим, коҳишёбии захираҳои об, таназзулёбии пиряхҳо, мураккаб гардидани мушкилоти экологӣ ва далелҳои бармалои мушоҳидавию илмӣ нишон медиҳанд, ки масири интихобнамудаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, бахусус тағйирёбии иқлим ва захираҳои об, комилан дуруст аст.
Албатта, дар татбиқи ҳадафҳои конвенсияҳо, қатъномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ниҳодҳову созмонҳои гуногун нақши муассир дошта, онҳоро тавассути баргузории конференсияю ҳамоишҳои гуногун арзёбию пайгирӣ намуда, дар ин замина харитаи роҳ ва натиҷаҳои амалии мушаххас қабул мекунанд. Тавре ишора гардид, Тоҷикистон на танҳо дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, балки дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ ва баргузории конференсияҳои сатҳи баланд таҷрибаи ғанӣ дорад ва аз ин рў, қабл аз баргузории форумҳои ҷаҳонии об, ҷиҳати омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба форумҳо, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо муштараки минтақавӣ доир гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул ва ба Шурои ҷаҳонии обу котиботи форумҳо пешниҳод карда мешаванд. Қабл аз Форуми 4-уми ҷаҳонии об Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ (2005), пеш аз Форуми 5-ум Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об (2008), қабл аз Форуми 7-ум Конференсияи зерминтақавии омодагӣ (2014) ва пеш аз Форуми 9-ум Конференсияи зерминтақавии омодагӣ дар мавзуи «Бехатарии обӣ баҳри сулҳ ва рушд» (2021) баргузор шуданд, ки далели раднопазир ва шаҳодати бармалои эътирофи ҷаҳонии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим мебошанд. Бо назардошти ин нукта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд».
Тавъам ба ин, дар доираи иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 то соли 2025 дар пойтахти кишвар 11 форуму конференсияҳои сатҳҳои мухталиф баргузор шуданд, ки бархе аз онҳо нахустин маротиба доир гардида, дар арсаи байналмилалӣ беназиранд. Мисол, дар доираи нахустин иқдоми байналмилалии Тоҷикистон моҳҳои август-сентябри соли 2003 аввалин Форуми байналмилалӣ оид ба мушкилоти оби тоза доир гардид, ки Душанбешаҳрро ба «пойтахти ҷаҳон оид ба оби тоза» табдил дод. Ҳамзамон, дар таърихи тақрибан якунимасраи мушоҳидаву омўзиши пиряхҳо, танҳо дар доираи ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат, моҳи майи соли 2025 аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида шуд. Дар баробари ин, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо гузашти анқариб 50 сол дуюмин Конференсияи СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 баргузор гардид, ки онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи таърихӣ унвон карда, тақвияти талошҳои пайвастаи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим таъкид намуда, натиҷаҳои конференсияро самарабахш хонданд.
Ҳамин тавр, дар доираи иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, давоми солҳои 2003-2025 дар шаҳри Душанбе форуму конференсияҳои зерин баргузор гардиданд, ки дар заминаи он ҳуҷҷатҳои натиҷавӣ қабул гардида, баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.
Бинобар гармшавии глобалии иқлим, ифлосшавии ҳавои атмосфера, коҳишёбии захираҳои об, таназзул ёфтани пиряхҳо, биёбоншавӣ, афзоиши аҳолӣ, талабот ба об, алалхусус оби тозаи нўшокӣ афзуда, боиси зиёдшавии таъсирот ба захираҳои об гардидааст. Дар чунин шароит ягона механизме, ки то андозае чунин таъсиротро коҳиш медиҳад, идоракунии устувору ҳамгироёна ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мебошад. Вале, тадбирҳо оид ба беҳтар намудани амалҳо ва тақвият бахшидани татбиқот аз динамикаи афзоиши мушкилоти экологӣ тадриҷан оқиб меонанд. Дар баробари ин, тағйирёбии шадиди иқлим бехатарии обиро таҳти таъсир қарор дода, гирдгашти гидрологиро вусъат дода, равандҳои шадиди обу ҳаворо (обхезӣ, хушксолӣ) афзуда, ба тағйирёбии даврияти мавсими боришот мусоидат кардааст. Ҳамзамон, талаботи афзоянда ба об дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, таъмини аҳолӣ бо оби нўшокӣ дар раванди гармшавии иқлим тадриҷан дарёфти усулҳои мутобиқшавиро ба ин равандҳо ва пайдо кардани имконоти дастрасӣ ба манбаъҳои обро (алалхусус, дар минтақаҳое, ки ба норасоии шадиди об дучор шудаанд) боз ҳам мушкил мегардонад. Яке аз таъсироти манфии гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он муҳоҷирати аҳолӣ (экологӣ, иҷборӣ) буда, ба рушди ногаҳонии ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво алоқаманд аст ва тибқи ҳисобҳо, дар соли 2016 беш аз 23 млн нафар аҳолӣ бар асари офатҳои табиии хусусияти иқлимидошта муҳоҷир шудаанд.
Мувофиқи Гузоришҳои UN-Water оид ба рушди ҷаҳонии захираҳои об, ки аз соли 2003 ин ҷониб бо номҳои гуногун интишор меёбанд, айни замон дастрасӣ ба оби тоза дар тамоми гўшаю канори кураи арз ба таври назаррас коҳиш ёфта, ҳоло 2,2 млрд нафар бидуни дастрасӣ ба оби тозаи нўшокӣ умр ба сар мебаранд ва 3,5 млрд нафар аз беҳдошти бехатари об маҳруманд. Мувофиқи ангораҳои ба ҳам алоқаманди рушди демографӣ, гармшавии иқлим ва норасоии оби нўшокӣ, шумораи аҳолии дар давоми сол тўли як моҳ пурра бо мушкилоти об дучоршаванда, аз 3,6 млрд нафари имрўза ба 4,8-5,7 млрд нафар дар соли 2050 афзуда, миқдори аҳолии дар минтақаҳои хатари сел зиндагикунанда аз 1,2 млрд нафари имрўза то ба 1,6 млрд нафар мерасад. Дар баробари ин, аз соли 2002 то 2021 беш аз 1,4 млрд нафар аҳолии Замин аз хушксолӣ осеб дида, то соли 2022, тақрибан нисфи сокинони кураи арз соле ҳадди аққал як маротиба бо мушкилоти об рў ба рў мешаванд, ки чоряк ҳиссаи онҳоро дараҷаи ниҳоят баланди камбуди об ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки истеъмоли об аз ибтидои солҳои 80-уми асри XX инҷониб соле ~1% афзуда, ки раванди мазкур тавъам бо афзоиши аҳолӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва гармшавии глобалии иқлим вусъат ёфтааст. Тибқи арзёбиҳо, то соли 2050 талабот ба об, бинобар афзоиши талаботи истифодаи об дар соҳаҳои санотаию маишӣ, бо чунин тамоюл афзуда, ин афзоиш нисбат ба сатҳи имрўзаи истеъмоли об 20-30%-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, гармшавии глобалии иқлим ва тағйирёбии даврияти боришот ба коҳишёбии захираҳои об мусоидат намуда, басомад ва шиддати ҳодисаҳои фавқулоддаро афзоиш медиҳад ва ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ монеагӣ эҷод менамояд. Аз ин рў, Гузориши UN-Water оид ба рушди ҷаҳонии захираҳои об, беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, дастрасӣ ба об ва хидматрасониҳои беҳдоштиро яке аз роҳҳалҳои муассир дар масири рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, таъмини оби нўшокии бехатар ва беҳдошти онро аз ҳуқуқҳои асосии инсон эътироф кардааст.
Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, дар Гузориши UN-Water таҳти унвони «Сифати об», панҷ равиши ба ҳам алоқаманди (арзёбии манбаъҳои об (1); захираҳои об дар макон ва экосистемаҳо (2); арзёбии инфрасохтори хоҷагии об барои ҳифз, истифода, истифодаи такрорӣ ё афзоиши таъминоти об (3); арзёбии хизматрасонии хоҷагии об, асосан оби нўшокӣ, беҳдошт ва омилҳои марбут ба саломатии инсон (4); арзёбии об ҳамчун захира барои фаъолияти истеҳсолӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, ба монанди хўрокворӣ, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, тиҷроат ва шуғл (5) ва дигар арзишҳои иҷтимоию фарҳангии об, аз ҷумла ҷанбаъҳои фароғатӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ) захираҳои арзёбии об нишон нишон дода шудааст. Ин усулҳо дар манотиқи мухталифи кураи арз дар асоси таҷриба санҷида шуда, имконоти мувофиқ овардани арзишҳои марбут ба захираҳои обро тавассути равишҳои идоракунии ҳамгироёна, маблағгузорӣ ва баланд бардоштани савияти дониши истифодабарандагон тақвият мебахшанд. Бо вуҷуди ин, ҳадафҳои СММ дар масири таъмини дастрасӣ ба оби нўшокӣ то соли 2030, аз ҷумла ҳадафи VI-ми рушди устувор (SDG 6), ҳанўз ҳам амалӣ нашуда, баръакс дар ин самт нигарониҳо ҷой доранд, ки ба нобаробарии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо сахт марбутанд.
Бо мақсади татбиқи амалӣ ва пайгирии ҳадафҳои масоили болозикр, моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ зимни баргузории Иҷлоси 71-ум ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул кард, ки ҳадафи меҳварии он дастгирии рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, тақвияти ҳамкорию шарикии ноилшавии аҳдофу вазоифи дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, минҷумла Рўзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 мебошад.
Дар робита ба Нақшаи амали СММ ва татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Ҳукумати Тоҷикистон, дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри идомаи талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани платформа барои муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар бахши захираҳои об ва рушди устувор, палтформаи комилан ҷадидеро таҳти унвони «Раванди оби Душанбе» рўйи кор овард, ки дар доираи он ҳар ду сол дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ конференсияҳои сатҳи баланди марбут ба захираҳои об баргузор карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки дар доираи «Раванди оби Душанбе» коференсияҳои якум (20-21.07.2018), дуюми (6-9.06.2022) ва сеюми (10-13.06.2024) байналмилалии сатҳи баланди Душанбе ва инчунин, Конференсияи СММ оид ба захираҳои об (22-24.03.2023) баргузор гардида, рўзҳои 25-28.05.2026 низ Коференсияҳои чоруми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе оид ба об доир мешавад.
Дар доираи Коференсияи якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки оғози татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи мазкур аст, шаш чорабинии канорӣ (Пешбурди фановарӣ дар бахшҳои хоҷагии об ва кишоварзӣ баҳри хоҷагиҳои деҳқонии хурд, Ҷаласаи «Лоиҳаи тадқиқоти донишҷўён оид ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон», Мутахассисони ҷавон дар соҳаи захираҳои об, Муҳоҷират дар асри коҳишёбии захираҳои об, Татбиқи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муколамаи ҷамъиятӣ оид ба ҳадафи VI-ми рушди устувор (SDG 6) дар соли 2018) баргузор гардида, баҳри муҳокимаи васеи масоили марбут ба об ва мавзуъҳои афзалиятноки конференсия шароитҳои мусоид фароҳам оварданд. Ҳамчунин, дар фарҷоми конференсия се ҳуҷҷати натиҷавӣ – Хулосаи ҳамраисон (1), Эъломияи ниҳоӣ, ки аз ҷониби намояндагони давлатҳо ва созмонҳо бо иттифоқи оро қабул гардид (2) ва Даъват ба амалҳо ва шарикӣ, ки аз тарафи Котиботи Коференсияи якуми байналмилалии сатҳи баланд таҳия шудааст (3), қабул гардид.
Дар Эъломияи ниҳоии коференсияи мазкур хулоса ва тавсияҳои муҳим инъикос ёфта, аз кишварҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меорад, ки дар соҳаи об сармоягузорӣ намуда, истифодаи самараноки захираҳои обро тақвият бахшанд, нобаробариҳои соҳаро бартараф кунанд ва дастрасии ҳамагониро ба оби нўшокии бехатар ва беҳдошти онро таъмин намоянд. Ҳамчунин, дар ин ҳуҷҷат ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳар ду сол баргузор намудани конференсия оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зикр гардида, аз ҳама кишварҳои узви СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват менамояд, ки дар «Раванди оби Душанбе» фаъолона ширкат намоянд.
Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардида, барои сарҷамъ овардани роҳбарони сиёсӣ ва коршиносони соҳавӣ дар самти идоракунии захираҳои об ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти мавҷуда ва ҳалли онҳо заминаю имкониятҳои ҷадид фароҳам овард. Ҳадафи меҳварии конференсияи мазкур муайян кардани масоили асосии марбут ба идоракунии захираҳои об, таҳияи стратегияҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нўшокӣ ва тақвияти ҳаморӣ байни ҳукуматҳо, созмонҳо ҷонибҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри таъмини рушди устувор буда, дар доираи он роҳҳои ҳавасмандгардонии иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳҳои мухталиф баррасӣ гардид. Дар кори конференсия беш аз 2600 нафар аз 75 кишвар ва 634 созмони миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва инчунин, зиёда аз 500 нафар ба таври маҷозӣ (on-line) иштирок намуда, андешаҳои хешро доир ба масоили баррасишаванда, аз ҷумла пешбурди амалҳову шарикӣ дар соҳаи захираҳои об барои саҳмгузорӣ дар ҳама сатҳҳо ва равишҳои ноил гардидан ба ҳадафҳо ироз намуданд.
Мувофиқи барномаи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд, дар доираи он панҷ форум («Форуми ҳамкории минтақавии об дар Осиёи Марказӣ», «Форуми занон ва об: баробарӣ, гуногунӣ ва фарогирӣ – об моро муттаҳид мекунад», «Форуми об ва ҷавонону кўдакон», «Форуми мардуми таҳҷоӣ ва ҷамоаҳои маҳаллӣ: равишҳои фарогир ба об дар экосистемаҳо, замин, кишоварзӣ ва рушди дониш» ва «Об ва кўҳҳо дар масири рушди устувор») баргузор гардида, мавзуъҳои меҳварии онҳоро аҳамияти об барои солимии ҷомеа, нақши об барои ҳаёт ва рушди иқтисоди фарогир, об, муҳити зист ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва маориф, технология ва тақвият бахшидани огоҳию савияти дониши аҳолӣ такшил медиҳанд.
Дар рафти Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», 9 форум (Форуми Осиёи Марказӣ оид ба об ва тағйирёбии иқлим, Форуми Африқо оид ба об таҳти унвони «Баррасии пешраф ва таҳияи консепсияи оби Африқо барои давраи пас аз соли 2025», Форуми 3-юми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми кўдакону ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми бонувон ва об, Форуми илм ва технология, Форуми бахши хусусӣ, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон»), 5 муколамаи интерактивӣ ва 18 чорабинии иловагӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардида, дар онҳо парламентарҳо, бахши хусусӣ, аҳли илм, бонувон, ҷавонон ва дигар гурўҳҳои асосӣ тибқи ҳадафҳои конференсия ширкат варзиданд.
Ҳадафи форумҳо эҷоди платформаи иловагӣ баҳри муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об дар байни табақаҳои гуногуни ҷонибҳои манфиатдор ё дар манотиқи алоҳида буда, имкон доданд, ки ҷонибҳои манфиатдор, минҷумла бонувон, ҷавонон, гурўҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва умуман, тасмимгирандагону истифодабарандагони об дар татбиқи рўзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд. Муҳокимаҳо, хулосаҳо ва қарорҳои воқеӣ ва мувофиқ ба кори конференсияи мазкур ва баррасии Рўзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030, махсусан доираи суръатбахши ҳадафи VI-ми рушди устувор (SDG 6) мусоидат намуданд. Форумҳои Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд имкон фароҳам оварданд, то дар онҳо натиҷаҳои Конференсияи СММ оид ба захираҳои об (2023) ва конференсияҳои якуму дуюми оби Душанбе мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Дар асоси дастовардҳои конференсияи якум, дуюм ва сеюми «Раванди оби Душанбе», Конференсияи СММ оид ба захираҳои об (2023) ва ҷиҳати омодагӣ ба Конференсияи СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 ва дар ин замина, бо мақсади суръат бахшидан ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об, аз 25 то 28 майи соли 2026 Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир мегардад. Дар конференсия пешбурди уҳдадориҳо, тақвияти ҳамкориҳо, дастгирии Рўзномаи ҷаҳонии об, натиҷаҳои конфересияҳои қаблӣ, ҳадафҳои даҳсолаи болозикр баррасӣ шуда, дар доираи он нишастҳои пленарии сатҳи баланд ва нуҳ ҷаласаи тахассусӣ, ки бо мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конференсияи оби СММ-2026 ҳамоҳанг шудаанд баргузор мегарданд. Яке аз чунин чорабиниҳои муҳим Форуми минтақавии «Илм, мониторинг ва идоракунии хатарҳои иқлимӣ» мебошад, ки ба 115-солагии пайдоиши кўли Сарез бахшида шуда, чор бахши ба ҳам алоқамандро (115-солагии кўли Сарез: таърих, тадқиқ ва устувории оянда (1), об, иқлим ва хатари офатҳои табиӣ дар манотиқи кўҳсор (2), офатҳои табиии марбут ба об (3) ва Илм, мониторинг ва идоракунии хатарҳои обу иқлим (4)) дар бар мегирад.
Ҳамзамон барномаи Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд чорабинии минтақавии СММ барои омодагӣ ба Конференсияи СММ оид ба захираҳои обро дар соли 2026, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодию иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил карда мешавад, фаро гирифта, барои ҳамоҳанғсозии мавқеъҳои минтақавӣ ва таҳкими саҳми дастаҷамъонаи онҳо дар Конфронси оби СММ дар соли 2026 имконияти муҳим фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуъҳои меҳварии Рўзномаҳои ҷаҳонии обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ мунтазам ва фаъолона пеш мебарад ва давоми беш аз ду даҳсола аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар бахшҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масоили экологӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбанд ва дар пешбурди ин масъалаҳо дар сатҳҳои мухталиф нақши муҳим мебозанд. Ин аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёраи Замин ба ҳам овардаанд. Бо Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз 15 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки на танҳо далели бармалои суханони болоист, балки дар татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рўзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» асос гузоштанд.
Номвар ҚУРБОН,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент