JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Ба даст овардани сепаратсияи психологӣ аз волидайн яке аз вазифаҳои  меҳварӣ дар инкишофи ҷавонон мебошад (R.Havighurst). Ҷомеаи муосири Тоҷикистон нисбат ба ҷавондухтарону ҷавонписарони баркамолшудаистода талаботҳои баланд мегузорад: махсусан, мустақилият, худтаъминкунии шахсият, инкишофи доимии худ, қобилияти мустақилона гузоштани мақсадҳои ҳаётӣ, «такя ба худ», интихоби озодона, қадр карда мешавад.

  Сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар давраи ҷавонӣ - ин раванди тағйир  додани муносибат бо падару модар ба тарафи баробарҳуқуқии бештар аст. Раванди таҷдиди сохтори тамоми системаи оилавии оилаи волидайнӣ мебошад, ки боиси ноил шудан ба мустақилияти шахсӣ аз ҷониби писарон/духтарон дар қисматҳои маърифатӣ, аффективӣ ва рафторӣ мебошад; раванде, ки тағйироти худшиносии писарон/духтаронро дар бар мегирад, ки дар тағйирёбии образи МАН, рушди дарки худ ҳамчун фарди алоҳидаи нотакрор, ки аз образҳои сохтаи волидайн фарқ мекунад, инъикос меёбад ( «индвидуатсия»), тағйирёбии образи волидайн ба тарафи реалистӣ («деидеализатсияи волидайн»). Аз ҷиҳати генетикӣ мафҳуми «сепаратсия аз падару модар» бо назарияи М. Малер алоқаманд аст, ки дар он ҷудошавии кӯдакони хурдсол аз волидон ҳамчун тафриқаи психикии (ҷудошавии) кӯдак аз модар барои мустақилияти бештарро ба даст оварданаш муайян карда шудааст. Марҳилаи «сепаратсия дуюмдараҷа - индивидуатсия», ба ақидаи П. Блос (1962, 1967) давраи наврасӣ ва аввали ҷавониро дар бар мегирад. Сепаратсия дар тарҷума аз забони лотинӣ (лот. separatio) маънои ҷудошавиро дорад. Сепаратсияи психологӣ - ин истилоҳ соли 1955 аз тарафи М. Малер барои шарҳи ду раванди бо ҳам пайваст ва тадриҷан мутақобилашаванда дар рафти инкишофи психикӣ пешниҳод шудааст: аз объект рафтан ва ё қатъ кардани ягон муносибат бо он [3, с-27-34]. Маънои психоаналитикии сепаратсия ин раванди интрапсихикии ба сохтори сепаратсия дохилшаванда-индвидуатсия, ки бо ёрии он индивид ҳисси мустақилӣ ва озодиро аз объекти яклухт ба даст меорад, шарҳ дода мешавад [2,с.71]. Маҳорат ба сепаратсия унсури муҳими  Сепаратсияи психологӣ - масъалаи мубрам на танҳо барои илми психология дар умум, инчунин барои соҳаҳои амалии он машварати психологӣ ва психотерапия низ мебошад.

 Ба муносибати Рўзи илми тоҷик, ки ҳамасола дар моҳи апрел дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад

 «Вазифаи илм – хидмат ба мардум аст» (Л.Н. Толстой)                                                     

Ҷомеаи инсонӣ дар баробари пешрафти илму фановарӣ рушду инкишоф меёбад. Дастовардҳо ва кашфиёти олимон мавриди истифодаи башарият қарор мегиранд, ки он сабаби пешрафти ҷомеа ва некуаҳволии инсонҳо мегардад. Дар ҳар давру замон вазифаи илм дар ҷомеа ба амал овардани донишҳои илмӣ-назариявӣ буда, дастовардҳои он дар ҳаёт татбиқ мегардид. 

    Ҳамасола 15 апрел дар сатҳи академӣ (манзур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), доираҳои илмӣ ва ҳавзаҳои фаннии ҷумҳурӣ Рӯзи илм ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина, тайи як ҳафтаи ахир бо ҳузури фаъоли донишмандону пажуҳишгарони саршиноси ватанӣ дар марказу пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “ҳафтаи илм” баргузор гардида, 16 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ҷамъбасти он сурат гирифт. Ба ин тартиб, Рӯзи илми тоҷик 16 апрел дар фазои илмию маданӣ бо иштироки муҳаққиқону донишмандони ҷумҳурӣ ва раҳбарияти ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҳошияи Рӯзи илм ишораи чанд нуктаи иҷмолиро зарур мешуморем.

Сешанбе, 09 Апрели 2024 10:29

Урфӣ ва Айнӣ

Муаллиф:

Шероз, ки дарёи маонигуҳар аст,

Якто гуҳараш Урфии соҳибназар аст.

                                                        Урфӣ

  Агарчи дар асрҳои охир, ба вижа асри XVIII ва XIX, бо омадани шеъри гунгу печидаи Бедил, адабиёти мо ба “сакта ва таваққуф” гирифтор шуд ва эпидемияи (вабои) тақлиду  пайравии кӯр-кӯрона ба осори ин адиби тоҷикзабони Ҳинд саросари Осиёи Миёнаро фаро гирифт, бедилгароӣ як навъ муд шуд, аммо, ба ҳар ҳол, ном ва осори бархе аз адибони миллии мо низ дар гӯшаю канори Мавороуннаҳр,ки дар қабзаи Манғитиён  буд ва ба номи давлати Узбакия ба умри худ идома медод,ба чашм мерасад. Ба сухани дигар, дар қатори Бедилу Ҳофиз,ки осорашон ба хотири ирфону тасаввуф мавриди омӯзиш қарор дошт ва девонҳои туркии    Навоӣ, мо ба номҳои адибоне чун Соиб, Саъдӣ, Камол, Хусрави Деҳлавӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ ва ғайра низ рӯ ба рӯ мешавем, ки ин, албатта, аз таназзули адабиёт ва рӯҳи миллӣ дарак медиҳад. Бад-ин маънӣ, муаллифи китоби “Шоири оинаҳо”- Шафеъии Кадканӣ чунин навиштааст: ”Аз Ҳофизу Бедил, ки бигзарем, шоирони дигаре, ки бешу кам дар муҳити адабии Мовароуннаҳр ҳузури ошкортаре доранд, яке Саъдист, дигаре Соиб аст. Фирдавсию Мавлавию Камоли Хуҷандию Хусравии Деҳлавӣ ҳам дар гӯшаву канор ҳузур доранд, аммо на ба вусъати Бедилу Ҳофиз”. 1

Саҳифа аз 1 то 265

Китобҳо