JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Июни 2018 08:18

Қадамҳои аввалин дар Кайҳон

Муаллиф:

1.Дастовардҳо дар роҳи фатҳи кайҳон

 Фатҳи кайҳон аз тарафи инсон аз 4 октябри соли 1957 шурӯъ мешавад. Дар ин рӯзи таърихӣ ба мадор аввалин радифи маснӯи Замин бароварда шуд, ки аз тарафи ИҶШC амалӣ карда шуд. Ин радиф 86,3 кг вазн дошт. Аввалин «парсту»-и кайҳонӣ атмосфераро гузашта, ба фазои наздизаминӣ асбобҳои илмӣ ва радиодастгоҳҳоро мебарорад. Онҳо ба Замин маълумотҳои аввалинро аз Кайҳон оиди фазои Заминро иҳотакунанда доданд. Сигнали аввалине, ки ин радиф ба Замин фиристода буд, шакли «биб-биб» дошта, дар тамоми ҷаҳон маъруфияти хосса ба даст овард.

  Радифи аввалин дар гирди Замин аз рӯи мадори эллиптикӣ ба ҳаракат шурӯъ кард. Нуқтаҳои канории ҳаракати радиф (апогей ва перигей) мувофиқан 947 ва 228 км-ро ташкил медоданд. Моилии ҳамвории мадор ба экватор 65°-ро ташкил медод. Гардиши аввалини худро дар муддати 1 соату 36,2 дақиқа амалӣ карда, дар давоми як шабонарӯз тақрибан 15 маротиба тоб хӯрд.

2.  Проблемаҳои фатҳи кайҳон

 Даҳҳо саволҳои ҳалношуда дар назди илм меистоданд. Бояд ракетаҳое  сохта мешуданд, ки аз киштиҳои аввала чандин маротиба пурқувваттар буда, тавонанд станияҳои кайҳонии аз радифҳои аз  пеш ардода шуда чандин маротиба вазнинтарро ба кайҳон бароранд. Датгоҳҳои парвозкунандае сохтан лозим буд, ки на танҳо бехатарии кайҳоннавардро дар тамоми давраи парвоз таъмин намояд, балки шароитҳои заруриро барои ҳаёт бурдан фароҳам оварад. Бояд комплекси машқҳои махсусе  коркард мешуданд, ки барои мутобиқшавии организми кайҳоннавардони оянда ба муҳити бевазнӣ ва кайҳонӣ муоидат мекард. 

Новобата ба душвории ин нақшаи мӯхташам илм ва техникаи шӯравӣ тавонист бо ҳал кардани онҳо дастёб шавад. 

Радифи дуюми шӯравӣ 3 ноябри соли 1957 ҳамроҳи худ аввалин ҷондор – сагеро бо номи Лайка ба кайҳон баровард, ки як қдами ҷиддие ба пеш – ба ӯи фатҳи кайҳон ба ҳисоб мерафт.

Пас аз якчанд парвозҳои санҷишӣ, ки дар кабина аз замбӯруғҳо то бактерияҳо ва дар охир Белка ва Стрелкаи ба ҳама машҳур мавҷуд буданд, конструксияи киштиҳои кайҳонӣ бо тамоми системаи мураккаби баровардан ба мадор, танзими парвоз ва бозгашт ба Замин ба паррагӣ кор карда баромада шуданд.

3 марти соли 1960 бо амри Сарфармондеҳи Қуваҳҳои Ҳарбии Ҳавоӣ Константин Андреевич Вершинин  Ю.А.Гагаринро ба гурӯҳи номзадҳо ба кайҳонаварди шомил шуд.

Аз 25 март дарсҳои доими аз рӯи барномаи тайёри кайҳонавардон оғоз шуд.

 10 апрели соли 1961 Комиссияи давлатӣ қарор қабул кард, ки якумин маротиба ба кайҳон Юрий Гагарин парвоз мекунад, дублёри вай бошад,  Герман Титов таъин карда шуд. Дар ҷавоб Гагарин гуфт: Вазифаи гузошташуда иҷро карда мешавад.

 12 апрели соли 1961 касе хабар надошт, ки маҳс имрӯз аввалин парвози Инсон ба кайҳон рӯх медиҳад. Лейтинантҳои калон Гагарин ва Титов соати 5:30 дақиқа бархоста, баъди варзиши пагоҳирӯзӣ хӯроки саҳарӣ карданд.

 Духтурҳо Гагаринро аз муоина гузаронида, кӯмак намуданд, ки скафандрро ба бар кунад. Бо автобуси махсус онҳоро ба майдони парвозии Байконур оварданд.

 Пеш аз оне, ки бо лифт ба кабинаи киштӣ нишинад, Гагарин чунин  гуфт:

“Хайр бародарон, як кас барои ҳама ва ҳама барои як кас!”

  Дар рӯзи таърихии 12 апрели соли 1961 бо киштии кайҳонии «Восток» аввалин кайҳоннавард дар таърихи инсоният – Юрий Алексеевич Гагарин ба кайҳон парвоз кард!

 Аз рӯи маълумотҳои аввала даври гардиши киштии кайҳонӣ – радиф ВОСТОК дар атрофи Замин ба 89,1 дақиқа баробар буда, масофаи минималии дурӣ аз Замин 175 км, ва масофаи максималӣ ба 302 км баробар буд. Мадори кишти нисбати экватор таҳти кунҷи 650 4 дақиқаи камони буд.

 Аз рӯи маълумоти додашуда аз киштии кайҳонии “ВОСТОК” дар соати 9:52 дақиқа бо вақти Маскав сарнишин - кайҳонавард, майор Гагарин дар болои Америкаи Ҷанубӣ, чунин хабар дод: “Парвоз дуруст рафта истодааст, худамро хуб ҳис мекунам”.

  Дар соати 10:15 дақиқа аз рӯи вақти Маскав сарнишин - кайҳонавард, майор Гагарин аз болои Африка парвозкунон, аз киштии кайҳонии “ВОСТОК” чунин хабар дод: “Парвоз хело хуб аст, ҳолати бевазниро нағз бардошта истодаам”.

 Баъди парвоз 12 апрели соли 1961 соати 10:55 дақиқа бо вақти Маскав Гагарин ба ҷойи муайяншуда фаромад, бо кишти кайҳонии худ.

                                            

 

  Пас аз чанд моҳи парвози Гагарин, 6 августи соли 1961 киштии кайҳонии  «Восток-2» бо кайҳоннавард Герман Степанович Титов парвоз кард. «Восток-2» дар гирди Замин 17,5 маротиба тоб хӯрда, дар тӯли 25 соату 18 дақиқа дар парвоз буд.

Дар соли 1966 Гагаринро узви фахрии Академияи байналхалкии кайҳонавардон ва аз соли 1964 бошад, сардори гурӯҳи кайҳонавардони Шӯравӣ буд.

27 – уми марти соли 1968 ӯ дар ҳолатҳои фавқулода дар наздикии деҳаи Новоселовои ноҳияи Киржачски вилояти Владимирск дар вақти парвозҳои тайёрӣ ҳалок шуд.

Орденҳо

  • Ленин (СССР)
  • Георгий Димитров (Болгария)
  • Карл Маркс (ҶДГ)
  • Ситораи дараҷаи II (Индонезия)
  • Ордени «Салиби Грюнвалд» (Полша)
  • Нишонаи дараҷаи I бо бриллиант (Венгрия)
  • «Гарданбанди Нил» (Миср)
  • Лентаи калони Ситораи Африкоӣ (Либерия).
  • «Барои хизматҳо дар соҳаи парвози ҳавоӣ» (Бразилия).
  • Ордени якумин кавалер «Плайя-Хирон» (Куба, 18 июли 1961).

Унвонҳо

  • Сарнишин -кайҳонаварди СССР (14 апрели 1961)
  • Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ (14 апреля 1961)
  • Қаҳрамони меҳнати сотсиалистии, Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия (28 апреля 1961)
  • Қаҳрамони меҳнати сотсиалистии Ҷумҳурии Халқии Булғория (23 мая 1961)
  • Қаҳрамони меҳнати Ҷумҳурии демократии Ветнам
  • Иттифоқи Шӯравӣ ба Ю.А.Гагарин аз лейтенантӣ унвони майориро дод.
  • Узви фахрии Ҷамъияти «Финляндия—Иттифоқи Шӯравӣ» ва ғайраҳо.

Медалу дипломҳо

  • Медали «Ситораи Тилло» (СССР)
  • Медали тиллои ба номи Константин Сиолковский (АИ СССР)
  • Медали де Лаво (ФАИ).
  • Медали тиллоии Ҳукумати Австрия (1962)
  • Медали тиллоӣ ва дипломи фахрии «Инсон дар Кайҳон» -и Ассотсиатсияи кайҳонавардони Италия.
  • Медали тиллоии «За выдающееся отличие» ва дипломи фахрии аэроклуби Шоҳии Шветсия.

 Тамоми ин дастовардҳо бо номи конструктори барҷаста Сергей Павлович Королёв бевосита вобастагӣ дорад, ки дар натиҷаи амалишавии идеяҳои гениалии ӯ чунин натиҷаҳо ба даст омаданд.

Хулоса

Дар хулоса гуфтан мумкин аст, ки илми космонавтика ва парвоз ба кайҳон яке аз воситаҳои муҳими омӯзиши коинот, Замин, Системаи Офтобӣ ва умуман, инсон мебошад. Рӯз то рӯз истифодаи дастовардҳои космонавтика дар ҳаёти ҳаррӯзаамон васеъ гашта, имкониятҳои худро тавассути онҳо инкишоф медиҳем ва табиатро тобеи худ мегардонем.

Пешгӯии боду ҳаво, навигатсия, наҷоти одамон ва ҷангалзорҳо, телевизиону радио, алоқаи моҳвораӣ ва интернет технологияҳои пешқадами замони муосир мебошанд, ки ҳама ба шарофати парвозҳои кайҳонӣ ба мо даст додаанд.

Мо танҳо то парвози Гагарин навиштем, вале таърихи парвозҳои кайҳонӣ бо ин хотима намеёбад. Парвозҳои Герман Титов, Валентина Терешкова – аввалин кайҳоннавардзани дунё, Комаров, Николаев Андриян Григоревич, Нелюбов Григорий Григоревич ва дигарон қаҳрамонии Гагаринро такрор карданд.

Вақте ки тараққиёти космонавтикаро дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҳлил мекунем бевосита ҳисси ифтихор моро фаро мегирад, ки дар вақти чунин дастовардҳо мо ҳам узви ин кишвари абарқудрат будем ва Гагаринро кайҳоннаварди рус намегӯянд, балки кайҳоннаварди шӯравӣ меноманд, ки мафҳуми шӯравӣ моро ҳам фаро мегирад. Таманно мекунам, ки дар оянда аз байни тоҷикон низ Королёвҳову Гагаринҳо ба воя расанд.

 Хуҷаназаров Ҳ.Ф.

Институти астрофизикаи АИ ҶТ 

Хондан 6816 маротиба