JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Мегаолам ё кайҳон (коинот) - ро илми муосир ҳамчун системаи ҷисмҳои осмонии таъсири мутақобилакунанда ва инкишофёбанда меомӯзад. Коинот аз сайёраю системаи сайёраҳои дар атрофи ситораҳо бавуҷудоянда, ситораю системаи ситорагии бузург, галактикаю системаи боҳашамати галактикӣ ва умуман мегалактика иборат мебошад. Дар давраи ҳозиразамони эволютсияи кайҳонӣ муайян карда шуд, ки модда дар коинот дар ҳолати ситоравӣ вуҷуд дорад. Аз ин сабаб, ситораҳо элементҳои басо муҳими кайҳон ба шумор мераванд. Ситораҳо дар алоҳидагӣ вуҷуд надошта, балки системаҳои муҳташами ахтариро ташкил медиҳанд. Дар кайҳон системаи ситорагии оддитарин ва системаи ситорагии сохти куравидоштаро аз ҳам фарқ мекунанд. Системаи ситоравии оддитаринро инчунин, системаҳои каратӣ меноманд ва ин системаҳо ду, се, чор, панҷ ва аз он ҳам зиёдтар ситора доранд. Системаи ситорагии пароканда ва ё куравӣ бошад, гурӯҳи калони ситораҳоро дар худ муттаҳид менамояд. Аз рӯи ҳисоби назариявии астрофизикҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 97% - и массаи коинотро ситораҳои дар ҳолати плазмавӣ вуҷуддошта ташкил медиҳанд. Аммо, дар замони муосир ситорашиносон ба хулосае омаданд, ки 95% -и массаи коинотро ин гуна ситораҳо ташкил карда, 5% - и массаи боқимондаи кайҳон бошад, дар муҳити байнисайёравӣ паҳн гардидааст.

  Крики, попытки объяснить и воспитать, молчаливые взгляды, -ни одна из распространенных реакций на уличные домогательства не заставит отдельного человека изменить свое поведение, и не сократит подобные проявления в обществе в целом.

  Дар илми ҳозиразамон дар асоси тасаввуротҳо оид ба олами материалӣ нуқтаи назари системавӣ фаҳмида мешавад. Дар асоси чунин тасаввуротҳо объектҳои дилхоҳи олами материалӣ - зарраҳои бунёдӣ, атом, молекула, ҳуҷайра, организм, растанӣ, ҳайвон, дарё, кӯҳ, сайёра, ситора, галактика ва ғайраро ҳамчун таъсисёбии мураккаб дида баромадан мумкин аст. Ҳамаи объектҳои номбаршуда худ қисмҳои таркибии системаи яклухтро ташкил медиҳанд. Дар илм фаҳмиши системаро барои он дохил менамоянд, ки ба воситаи он яклухтии объектҳоро ишора карда тавонанд. Система бошад, маҷмӯи ҳамаи элементҳо ва робитаи байни онҳоро дар бар мегирад. Яклухтии система чунин маъно дорад, ки ҳамаи қисмҳои таркибии он ба ҳам пайваст гардида, ба хосиятҳои нави якҷояшуда соҳиб мешаванд. Дар илмҳои табиатшиносӣ системаҳои материалиро ба ду мнамуд ҷудо мекунанд: системаҳои табиати зинда ва системаҳои табиати ғайризинда.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад,  Мирсаид Раҳмонов коршиноси масоили Осиёи Ҷанубии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.