JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Истеъмоли як порсия (140 грамм) моҳии равғаннок (макрели, гулмоҳӣ, самак, озодмоҳӣ (лосось)) се бор дар як ҳафта мушакҳои шахсони кӯхансолро аз фарсудашавӣ муҳофизат менамояд. Ин боз ҳам пурсамар хоҳад шуд, агар онҳо ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.

  Дар сини 40-солагӣ сар карда организми мо қобилияти мустақилона ҳосил намудани мушакҳоро гумм мекунад ва ин танҳо бо ёрии машқҳои ҷисмонӣ бартараф шуданаш мумкин аст. Агар аниқтар карда гӯем, ба шахсони кӯҳансол ба камшавии мушакҳо истидагарӣ намудан мушкил мегардад.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:33

Одоби хӯрдан

1. Шустани дасту даҳон қабл ва баъд аз хӯрдани ғизо мӯҷиби баракати ғизо аст.

2. Қабл аз хӯрдани ғизо «Бисми-л-Лоҳ» бигӯ.
3. Бо дасти рост бихӯр.
4. Аз ҷулӯи худ ғизо бихӯр, яъне ба ҳар тарафи коса даст наандоз ва аз пеши худат бихӯр.
5. Ҳаргиз бо дасти чап хӯрду нӯш макун, зеро Шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:32

Одоби шогирд

   Бидонед, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад, ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила, сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст то охири умр ҳамин хел меравад. Ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад.

 Агар пурсанд, ки одоби шогирд чандаст, бигуй ҳашт:

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:29

Донистани ҳаққи падару модар.

  Бидон, эй писар, ки воҷиб аст асли худро шинохтан ва ҳурмат доштан. Асли фарзанд падару модар аст.

  Ва зинҳор, эй писар , ки ранҷи падару модар хор надорӣ. . . Пас ҳаққи падару модар агар аз рӯи дин нанигарӣ , аз рӯи хираду мардумӣ бингар , ки падару модар мунтиҷи некиву асли парвариши нафси туанд. Чун ту дар ҳаққи эшон муқассир бошӣ, чунон бувад, ки ту сазои ҳеҷ некӣ набошӣ ва он кас, ки вай ҳақшиноси некии асл набошад, некии фаръро ҳам қадр надорад.