JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 Устод Шодимуҳаммад Сӯфизода,

   Шумо ба унвони шахсияти матраҳи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ солҳост миёни доираҳои илмӣ, ҳавзаҳои фикрӣ ва муҳитҳои мадании  ҷумҳурӣ маъруфият доред. Шахсияти илмӣ, адабӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи бардоштҳои илмию адабӣ ва мутолеоти густардаи адабиёти гуногунмуҳтавои русию урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Таҳсилу омӯзиш дар марказҳои бонуфузи  шарқшиносии шӯравӣ, мутолеоти  бардавоми осори адабию илмӣ, андӯхтани таҷриботи ҳавзаҳои илмӣ-фаннии ғарбӣ, сафарҳои зиёди хидматию таҳқиқӣ ба мамолики хориҷӣ, ковишу ҷустуҷӯҳои ҷиддии ихтисосӣ дар заминаи мероси сӯфия ва умуман, адабиёту фарҳанги минтақавию ҷаҳонӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони илмию донишгоҳӣ минҳайси донишманди саршинос ва адабиётшиноси варзидаи миллӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

Панҷшанбе, 29 Сентябри 2022 05:36

Омилҳои вуҷуд доштани ҳаёт дар рӯи Замин

  Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо доктори (PhD) дар соҳаи геология Ҷовид Аминов дар мавзуи "Омилҳои вуҷуд доштани ҳаёт дар рӯи Замин”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.

  Агар то ибтидои асри ХХ 11% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8% ва дар интиҳои асри гузашта ба 6% расидааст. Маҳз бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, то имрӯз беш аз 1000 пирях комилан об шудаанд. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои мамлакат то 20-25% кам мешавад. Дар ин бора Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Ориф АМИРЗОДА ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Сешанбе, 27 Сентябри 2022 05:40

Ҳувийяти миллӣ ва рушди иқтисод

  Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Тозанашр”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Ҷаҳоннамо” Муҳаммади Нурулло бо коршиноси масоили иқтисодӣ Меҳр Собириён дар мавзуи “Ҳувийяти миллӣ ва рушди иқтисод”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.