Нусхаи чопи
Чоршанбе, 11 Феврали 2026 07:37

Фиреби ифротиёни наҳзатӣ ошкор шудааст  

Муаллиф:

 

   Раҳбарияти ташкилоти террористии наҳзатӣ аз ибтидо мехост, ки ҷойгоҳи низоми зиндагии дунявиро тадриҷан танг карда, ба ҷойи он меъёрҳои шариати исломӣ ҷорӣ намуда, эътибору нуфузи исломи сиёсиро миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ афзояд ва дар ниҳоят, ба қудрати сиёсӣ бирасад.

   Наҳзат бо кӯмаку дастгирии пуштибонони хориҷиаш дар ҳодисаҳои февралии соли 1990 фаъолона ширкат варзида, қувваи фикрӣ, ҷисмонӣ ва сиёсии худро, ки дар натиҷаи таҷриботи қаблӣ андўхта буд,  мавриди санҷиш қарор дод, вале муваффақ нагардид. Ба ҳар сурат, фоҷиаро дар сатҳи мардумӣ тарҳрезӣ намуд. Мутаассифона, интеллигенсияи миллии вақт натавонист дасисаҳои наҳзатро сари вақт бишносад ва ба амалкардҳои он баҳои воқеӣ бидиҳад. Ҳарчанд ки мақомоти дахлдори вақти ҷумҳурӣ масъаларо мавриди санҷиш қарор дод ва то андозае муҷриёни воқеаҳои февралиро бозшиносӣ намуд, вале бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ имкони пушти панҷара қарор додани омилони асосии он ҳаводис даст надод. Чун наҳзат мушоҳида кард, ки ҷиноёташ бепосух мемонанд, фаъолтар ва бебоктар гардид.

  Наҳзат баъди ноком шудан ба марҳилаи дуюми даргириҳо бо Ҳукумат омодагӣ гирифт ва тавассути «тасмимот»-у «ташаббусот»-и худ сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷиаи хашини миллӣ дар ҷумҳурӣ шуд. Албатта, ҷаҳолату таассуб ва хурофот, ки аз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист, аввал дар шакли тарғиботу таблиғоти пинҳонӣ ва минбаъд ошкорои муҷриёни барномаи наҳзатӣ сурат баста, бадана ва бофтҳои иҷтимоӣ ва маърифатиро заиф сохт ва табақаҳои гуногуни иҷтимоиро ба доми вопасгаройӣ тела дод. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоъу бадбиниҳо баланд гардид ва мамлакат якбора мувоҷеҳи ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар натиҷа, аз 5,5 миллион аҳолии кишвар, тибқи маълумотҳои гуногун, зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардид. Ин ҳақиқатест, ки дар адёни характери муташаккилидошта, минҷумла исломи сиёсӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, нозидани наҳзатиҳо аз як чунин созмони динӣ, ки ботинан бар мабнои қавонини шахшудаи исломӣ сохта шудааст, хандаовар аст. Набояд аз ёд баровард, ки дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадум нақши наҳзат ва сардамдорони он «калидӣ» аст. Маҳз он гурўҳи ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор кашид ва бо сўйистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард, ки онро ба ҷуз фоҷиаи миллию мардумӣ чизи дигар гуфта намешавад. Бо а суйиистифода аз зеҳниёти соддаи ҷомеаи суннатӣ ходимони наҳзатӣ рўйи мардум таъсир гузоштанд. Саранҷом дар охири асри бист ҷомеаи тоҷикро ба дарди беҳувиятӣ мубтало карда, боиси сардаргумӣ ва бесуботӣ дар кишвар гардид ва барои сад соли дигар мамлакати моро ба қафо бурд.

    Мо медонем, ки наҳзат ҳамеша аз фош шудани гуноҳҳои худ дар қазияи ҷанги шаҳрвандӣ, чи дар гузашта ва чи имрўз сахт ҳарос дорад, чаро ки ҳар нафар аз насли миёнсол ва солманди солимфикр ва огоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзараи замони бебандубори  ибтидои соли 90-уми садаи бистро, ки бо «ибтикор»-и муллоҳои наҳзатманиш рўйи кор омада буд, хуб дар хотир дорад: даъвиҳои ба истилоҳ, муллоҳо, мазҳабиёни хурофотӣ, мутаассиб ва демократмаобони вақт, ки дар масҷидҳо алайҳи режими коммунистӣ (ва дар асл, алайҳи низоми дунявӣ, ки меъёри усулии системаи давлатдории имрўзаи миллӣ маҳсуб меёбад) муборизаи ҳадафмандонаи сиёсӣ мебурданд, ба ҳама маълум буду ҳаст ва ҳар кӣ имрўз дар бораи рабт надоштани наҳзат ва субъектҳои он - муллою эшон, шайху охунд ва махсумҳои ҷоҳилу мутаассиб ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвӣ пеш меоварад, рўйирост дурўғ мегўяд ва умри найранги низоми рўҳониятсолории наҳзатиро дароз мекунад. То имрўз аз забони роҳбарони наҳзатӣ ягон маротиба ҳарфи дар хаводиси солҳои навадум муқассир будан ва ба бадбахтӣ расондани мардуми тоҷик садо надодааст. Баръакс, аксарияти онҳо бар ин назаранд, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ, аслан наҳзат гунаҳкор набуд ва неруҳои беруна миллат ва ҷомеаро ба ҷангу даргирӣ таҳрик додаанд. 

      Дар тафовут аз дигар созмонҳои террористии динӣ-мазҳабӣ, ки ҳадафи тамомиятхоҳиро рўйирост дунбол мекунанд, наҳзат роҳи дигари муборизаро пайгирӣ менамояд. Ин роҳ бар асоси рўпўш намудани аҳдофи пуштипардагии наҳзатӣ паймуда мешавад ва наҳзатиёни фирорӣ, ки бар тан либоси урупоӣ доранд, андаке забони англисиро баладанд, истилоҳоти маъмулу гулзанандаи либерализм, демократия ва амсоли инҳоро дар нутқу суханрониҳояшон васеъ истифода мебаранд, миёни баъзе созмонҳои байналхалқӣ чеҳранамоӣ карда, ба ин васила дар ҷомеаи маданӣ ва сиёсии ғарбӣ барои худ ва ҳизби султахоҳашон имиҷи сиёсӣ дуруст мекунанд. Муколимот, гуфтугу, мусоҳибот, музокирот ва суханрониҳои саркардагони фирории наҳзатӣ дар Урупо ба ҳукми анъана даромадааст ва аз тариқи ин приёми сиёсӣ онҳо мавқеияти худро устувор мекунанд.

Ҳамин тавр, наҳзатиҳо моҳи сентябри соли 2018 эътилофи қаллобие таҳти унвони «Паймони миллӣ» (дар асл паймони экстремистони зиддимиллӣ) дар заминаи дигар ташкилотҳои худсохта ва рамзии ТТЭ ҲНИ созмон доданд. Бо ин амал саркардаи наҳзатӣ Кабирӣ мехост худро бо чеҳраи дигар ҷилва диҳад ва мардумро боз ба гумроҳӣ барад.

Албатта яке аз самтҳои фаъолияти нангини ташкилоти террористии ба ном ПМТ набарди иттилоотист. Ҳар як аъзои он, ки аксарияташон аслан аъзои ТТЭ ҲНИ ҳастанд, муваззаф мебошанд, ки дар пешбурди умури иттилоотии бардурӯғ ва иғвобарангез саҳмгузор бошанд ва то ҳадди тавонмандӣ бо истифода аз тамоми усул, аз ҷумла туҳматпароканиву дурӯғгӯйӣ зидди давлату миллати мо амал кунанд.

Бо ин сабаб таъсис додани шабакаҳои нав ба нав дар интернет, паҳн намудани ҳар гуна маълумотҳои бардурӯғи характери экстремистиву террористидошта, мағзшӯӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ кори ҳаррӯзаи ПМТ ва дигар гурӯҳҳои радикалии наҳзатист ва албатта ин раванди номатлубро нодида гирифтан ба зарари кор аст.

Ба ном ПМТ дар асл, паймони наҳзатиёни террорист буда, ба миллату Ватан ҳеҷ иртиботи мазмунию мундариҷавӣ надорад.  Раҳбари ташкилоти ба ном ПМТ низ ҳамон роҳбари ТТЭ ҲНИ буда, баъди талошҳои зиёд, чанд созмони сохтаи худро гӯё муттаҳид кардааст.

Азбаски ба ном ПМТ аз ҳисоби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва зери роҳбарии саркардаи фирории наҳзатӣ таъсис ёфтааст, наметавонад, паймони миллӣ маҳсуб ёбад. Чунки аъзоён ва пайравони ТТЭ ҲНИ чи дар замони дар ҷумҳурӣ фаъолияти расмӣ кардан ва чи дар айёми дар хориҷ будан ба манфиати миллӣ коре накардаанд, балки пайваста манофеи шахсиашонро аз манофеи миллӣ боло мегузоштанд ва дар раҳи душманӣ бо миллату давлат буданд. Зеро наҳзати ифротӣ аз реша ва бунёд  назароти маҳдуди ғайримиллӣ дошт ва дорад.

Аз замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ то ҳол зеҳну хотираи аъзоёну пайраврони ТТЭ ҲНИ аз амалҳои террористонаю экстремистона пок нагаштааст. Аз рафтори   нифоқпароканонаю хилофандозонаи саркардаи  террористони наҳзатӣ дида мешавад, ки ӯ ҳамеша дар пайи содир кардани амалҳои хиёнаткоронаю душманона аст. Ҳар амали террористонае, ки дар ҳудуди Тоҷикистон рӯйи кор омад, бо дастуру супориш ва сарпарастии роҳбарияти наҳзат роҳандозӣ ва амалӣ карда шудааст. Аз ҷумла, 4-уми сентябри соли 2015 бо дастур ва маблағгузории бевоситаи роҳбари фирории ташкилоти терористии ҲНИ, яке аз масъулони вақти ин гуруҳ  Абдуҳалим Назарзода бузургтарин хиёнат – кӯшиши табаддулоти низомиро анҷом дода буд.

Дили сиёҳу пур аз кина ва хусумат наҳзатиҳоро намегузорад, ки ором нишинанд. Онҳо дар сар афкори ақиббарандаи ҷамъиятро парварида, ба ҳар роҳу восита монеаи рушд мегарданд. Саркарда ва аъзои ташкилоти наҳзатӣ бо истифода аз эҳсосоти динии мардум аҳли кишварро гумроҳ намуданӣ шуда, афкору андешаи ҷавонону наврасонро бо суханони догматикию схоластикӣ пур кардан мехоҳанд. Ин амали онҳо боиси он мегардад, ки марудми мо аз аслу насаб ва фарҳанги ниёкони худ маҳрум гардида, тамаддун ва фарҳанги пешазсиломии тоҷикро барои худ ҳамчун фарҳанги бегонаю зиддиинсон ҳисобад.

Айни замон саркарда ва масъулини ТТЭ ҲНИ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар Аврупо панаҳ бурда, зидди манфиати давлату миллати тоҷик кирдору ҷиноятҳои зишт содир мекунанд. Вале рӯзе мерасад, ки найрангҳои наҳзатӣ барои ҷомеаи аврупоӣ ошкор мегардад ва парда аз руйи фиреби наҳзатӣ  бардошта мешавад. Пай дар пай амалӣ нашудани нақша ва барномаҳои наҳзатӣ гувоҳи он аст, ки наҳзат дар арсаи минтақавӣ обрў ва нуфуз надорад ва мардуми тоҷик аз барномарезиҳои фиребои наҳзатӣ огоҳ шуда, дигар роҳ намедиҳад, ки гурӯҳе зиддимиллӣ сари қудрат биояд ва ормонҳои миллӣ ба боди фано бираванд. Муҳимтар аз ҳама, миллати тоҷик воқеиятро дуруст дарк мекунад ва барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ва сохтани давлати миллии дунявӣ аз тамоми имконот истифода мебарад.

 

     Хайрулло Раҷабалиев,

       пажуҳишгар

Хондан 14 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр