Забони бумӣ аслан ба маънии нисбатан васеи ин мафҳум бо мафҳумҳои забони маҳаллӣ, забони мардуми асл, забони сокинони муқимӣ муродиф дониста мешавад. Ба ин далел забони тоҷикӣ дар ин марзу бум забони бумӣ маҳсуб мешавад, зеро тоҷикон қадимтарин ва асилтарин сокинони бумии қаламрави Тоҷикистони имрӯза ва фаротар аз он, қисмати аъзами Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар таъриху фарҳанги мардумони ин марзу бум нақши ба истилоҳ меҳварӣ доранд. Аз ҳамин ҷост, ки Юсуфи Балосоғунӣ (1015-1070) ба сифати яке аз нахустин донишмандон ва муаллифони осори туркӣ, дар китоби «Қутадғу билик» («Донишҳои файзбор») (соли таълифаш 1069) тақрибан ҳазор…