JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Невзирая на закономерности процесса общественных явлений, неизбежность которых подчёркивается для развития и совершенствования общественных отношений, исторический опыт свидетельствует о том, что политические субъекты играют чрезвычайно важную роль в формировании политического действия и его результата. Кажется, что изучение института политического субъекта в системе политических процессов требует вечного и бесконечного усилия по приближению мышления к познанию указанной крайне сложной и представляющей особый интерес проблемы.

Душанбе, 24 Сентябри 2018 04:53

Нақши Устод

 

Илм агар андак бувад, хораш мадор,

З-он ки дорад илм қадри бешумор

 Фаридаддини Аттор

 Дар ҳадиси Шариф гуфта шудааст:

«Беҳтарин инсон касест, ки барои мардум манфиат биёрад ва бадтаринаш касест, ки барои мардум зарар биёрад».

    Дар таърихи илму адаби ҷаҳонӣ адабиёти форсӣ- тоҷикӣ маҳз бо шеъри хирадварзӣ ва тасвироти зиндагисозӣ ҷойгоҳи муносиб касб кардааст. Шеъри зиндагиро метавон дар қолаби назми ҳикматӣ-фалсафӣ андозагирӣ кард, ки реша, бунёд, поя ва муҳтавои адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Маҳз каломи муассири манзум, ки бар мабнои хирадварзӣ офарида шуда, аз ашъори падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ устод Рӯдакӣ ифтитоҳ ёфтааст, дархӯри ҷомеа буда, ба ниёзҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва мадании мардум посух гуфтааст. Гузашта аз ин, адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, ба назари муаррихи варзидаи илм Ҷорҷ Сартон, комёбии бузурги илми ҷаҳонист. Ин комёбӣ ва муваффақияти бузурги илми ҷаҳонӣ, ки ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ марбут мешавад, ба шарофати саъю талош ва заҳматҳои фаровони шоирон, ҳакимон ва андешамандоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайём, Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ба даст омадааст.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Қурбонов Номвар  иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Шинохти энергия аз нигоҳи табиатшиносии муосир» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.