JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 13 Апрели 2021 08:05

Ормонҳои миллӣ ва давлати дунявӣ

Муаллиф:

  Дар ташаккул ва таҳаввули андешаи миллӣ ва афкори сиёсии мардуми тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл ва тафаккури эҷодию воқеӣ-реалистии ақвоми иронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва сиёсиро таҳкиму тақвият бахшидаанд. Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ва миллӣ ҳамеша бар мабнои беҳтарин ормонҳои мардумӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллиятҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми форсу тоҷик ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва маънавиёт дуруст карда, дар арсаи сиёсат ва фарҳанги инсонӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

  60 сол аст, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин, дар тамоми рӯи ҷахон ҳамчун якумин кайҳонавард шинохта гардид. Маҳз рӯзи 12 апрел соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рӯи мадор давр зад ва бо ҳамин давраи кайҳонавардии таърихи башарро боз намуд. Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон  башарият дарк намуд, ки санаи 12 апрел  чи гуна такони ҷиддие баҳри тараққиёти тамаддуни умумибашар гузошт.  Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба хамагон маълум аст, аммо  7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел, ҳамчун рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон гардид.

  Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ ва озодихоҳӣ буда,  дар тамоми давраи мавҷудияти худ барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст.

  Ба  ин асос, дар тӯли таърихи гузаштаи хеш миллати тоҷик ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи  пурифтихори  мо намегузорад, ки  миллатамон тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад.

  Дар замони  муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, дар ғайри он хеҷ миллате бақои худро ҳифз карда наметавонад. Бинобар ин, барои ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад.

  Дар фарҳанги тоҷикон Гули Лола, ки бо номи «Арӯси сол» машҳур аст, дар фасли баҳор ҳама дашту чаманзор ва саҳроҳоро гулгун мекунад. Мувофиқи маълумоти муҳакқиқон, Гули Лола дорои навъҳои зиёде аз 100 то 150 гуна аст. Ҷою макони аслии Лолаи худрӯ, мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ, Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули зебои худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ, ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания ва Африқо мерӯяд. Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон-Эрон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркия ва Озорбойҷон гули лола нуфузи зиёд дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон Амана Ҳонда ва Э. Попов, дар Эрон 19 хел аз шаклҳои гули лола мерӯяд.

Китобҳо