JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Дар мақолаи мазкур нақшу аҳамияти муҳити сармоягузорӣ дар рушду пешрафти иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Муаллиф бахши хусусиро ҳамчун сутуни аслии иқтисод нишон дода, аҳаммияти як муҳити сармоягузории мувофиқро барои фаъолияти он муҳим арзёбӣ мекунад. Бахши хусусӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ қавитарин манбаи пайдо шудани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ ва манбаи устувори даромади буҷаи давлат мебошад. Ин аст, ки ҳар як ҳукумат барои дастгирии ин бахш талошҳо мекунад ва бо ҷорӣ кардани ислоҳоти муайян барои он шароити мусоид фароҳам меоварад. Чунки муҳити сармоягузорӣ дар давлатсозӣ нақши мустақим дорад. Аз ин ҷост, ки сохтани муҳити сармоягузории мувофиқ яке аз ҳадафҳои аслии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

  Баъди ҳазор соли таҳқиқ доир ба «Шоҳнома», муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ва ҳамаи паҳлуҳои асари ӯ «Шоҳнома» то ба ҳол ба таври дақиқ омӯхта нашудааст[1].

  Он чи ба наҳзати шуубия марбут аст, метавон гуфт, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ он аз як ҷунбиши эътирозӣ ва муқовиматии сиёсӣ ва динӣ ба як фалсафаи воқеъбинонаи гуманистӣ мубаддал гардидидааст. Фирдавсӣ нажодпараст ва мазҳабпараст набуд. Ӯ шоир ва мутафаккири миллатдӯст, ватанпараст, инсондӯст ва ҳаводори сарсупурдаи адлу дод дар аҳди аввали ислом буд. Ҳарчанд ки падару модари Фирдавсӣ ва аҳли хонаводаи завҷааш Фарангис низ, пайрави дини зардуштӣ буданд.

  “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад”.          Эмомалӣ РАҲМОН

  В статье рассматриваются исторически сложившиеся уникальные формы взаимосвязей поэтических жанров газаль и сокиномэ с традициями таджикской классической музыки Шашмаком. Автор на основе ряда первоисточников исследует многочисленные примеры, когда содержание поэтических жанров, которые изначально по традиции исполнялись в ладу тех или иных макомов, находили в музыке адекватное художественное воплощение. 

Китобҳо