JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Воқеан,  равшанфикрон яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Чунки онҳо шахсиятҳое мебошанд, ки ба корҳои фикрӣ машғул ҳастанд[5,c.210]. Равшанфикрон адолатпараст буда, виҷдони бедору интиқодгари ҷомеа маҳсуб мешаванд. Онҳо ҳамвора дар пайи адолат мегарданд ва дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат адолатро талаб мекунанд. Дар ҳар ҷое, ки аз адолат дур мешаванду бар хилофи воқеияти рӯзгор рафтор мекунанд, равшанфикрон забони интиқоду маломатро боз  хоҳанд кард. Барои мисол, ҷомеашинос ва файласуфи олмонӣ Юрген Ҳабермас (1929), равшанфикронро аз одамоне иборат медонад, ки онҳо шахсиятҳои бедор, ҳушёр ва огоҳ буда, дар бораи масоили иҷтимоӣ вокуниш нишон медиҳанд[6,c.23]. Онҳо мехоҳанд, ҷомеаи инсонӣ аз бадиҳо, аз зулму бедодгариҳо ва бадкирдорию номардумиҳо пок бошад. Равшанфикрон, ки  равшандил  ҳастанд, масоилу мушкилоти инсон, ҷомеа ва давлатро равшантару амиқтар мебинанд. Иллатҳою  омилҳои мушкилотро ошкор месозанд ва барои ҳалли онҳо талош меварзанд.  Равшанфикрон, муътақид бар  мақоми волои инсон буда, ҳама гуна беадолатиро дар ҳаққи инсон нораво медонанд. Онҳо мухолифи тобеияту бандагӣ мебошанд, парастиши ҳокимону муқаддаснамоёнро намеписанданд. Ба ақидаи равшанфикрон, ин кор барои инсон на танҳо нораво аст, балки таҳқири инсоният мебошад.

  Дар шароити кунунӣ, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили фарҳангӣ ба даст овардааст, доир ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ андеша баён кардан салоҳияти пажӯҳишгарон аст. Зеро дар ин шароити пурпечутоби сиёсии ҷаҳони мутамаддин танҳо қишри хирадгарои ҷомеа метавонад дар рушди тафаккури мардуми худ таъсири мусбат расонад. Аз ин рӯ, ҳар шахси худогоҳро зарур аст, ки дарки худшиносӣ намуда, бо камоли эҳтиром таърихи гузаштаи миллати худро донад ва аз он ифтихор намояд. Чунки худшиносӣ барои дарки асолат, рисолат, таърих, урф, анъана ва одатҳои миллӣ нигаронида шуда, бевосита баҳри мукаммал намудани андешаи миллӣ равона шудааст. Бо ин вижагиҳо таърихи як кишварро оинаи маънавии он миллат гуфтан мумкин аст.

 

 

  Проблемаи озодӣ, баробарӣ ва адолат дар ҳамаи давру замон фикри шахсиятҳои машҳури таърихиро ба худ ҷалб намудааст.  Мавқеи мо, дар маҷмуъ нисбат ба шинохти озодӣ (либерализм) ва баробарӣ аз муайян кардани идеяи адолат иборат аст.         

  Адолати иҷтимоӣ шарти куллии ҳаёти инсонӣ ва коллективии одамон ба ҳисоб рафта, он натиҷаи идеяҳои дарбаргирандаи умумиинсонӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамчун зинаи идеалии ҷомеа дар афкори инсонҳо бинобар маҳдудиятҳои иҷтимоӣ зуҳур кардааст. Эҳсосот ва тасаввурот дар бораи адолат ва баробарии иҷтимоӣ хулосаҳои ақлонӣ ва илмии инсонҳоро дар бораи муҳити иҷтимоиашон ифода месозад. Ҳаёт барои ҳамаи одамон дар ҳамаи давру замон имкониятҳои баробар дода наметавонад. Аксарияти инсонҳо фикр менамоянд, ки онҳо бештар аз дигарон дида лоиқи зиндагии шоиста мебошанд. Дар натиҷа зарурати баробарии иҷтимоӣ ба миён меояд, ки он маҳсули шуури ҷамъиятӣ мебошад.

8 июн аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол сипарӣ мегардад. Дар ин робита Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нусратулло Зокирзода ба унвони АМИТ «Ховар» мақолае ирсол намудааст, ки дар он натиҷаи амали ин қонун бозгўӣ шудааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад:

Китобҳо