JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 15 Июни 2023 11:32

Тақвияти худшиносии миллӣ - омили устуворӣ ва рушди идеяи миллӣ

Муаллиф: Баҳманёр СУЛАЙМОНОВ

  Дар шароити кунунӣ, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили фарҳангӣ ба даст овардааст, доир ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ андеша баён кардан салоҳияти пажӯҳишгарон аст. Зеро дар ин шароити пурпечутоби сиёсии ҷаҳони мутамаддин танҳо қишри хирадгарои ҷомеа метавонад дар рушди тафаккури мардуми худ таъсири мусбат расонад. Аз ин рӯ, ҳар шахси худогоҳро зарур аст, ки дарки худшиносӣ намуда, бо камоли эҳтиром таърихи гузаштаи миллати худро донад ва аз он ифтихор намояд. Чунки худшиносӣ барои дарки асолат, рисолат, таърих, урф, анъана ва одатҳои миллӣ нигаронида шуда, бевосита баҳри мукаммал намудани андешаи миллӣ равона шудааст. Бо ин вижагиҳо таърихи як кишварро оинаи маънавии он миллат гуфтан мумкин аст.

  Албатта, сабақи таърих инсониятро раҳнамоӣ мекунад, то ба боргоҳи мақсуд бирасад, вале мутаассифона, кам ҳолатҳое воқеъ шудааст, ки инсонҳо ба панди таърих гӯш дода бошанд. Ба қавли файласуфи бузурги олмонӣ Ҳегел «таҷриба ва таърих нишон медиҳад, ки халқҳо ва ҳукуматҳо аз таърих ҳаргиз чизе наомӯхтаанд ва мувофиқи панде, ки аз таърих гирифтаанд, амал накардаанд» [10, 16].

  Аз ин ҷост, ки ҳодисаҳои таърихӣ дар марҳилаҳои мухталиф дар шаклу намудҳои дигар такрор мешаванд. Зарурат ва амри воқеӣ муҳаққиқон ва донишмандонро водор месозад, ки ҳамеша башариятро аз фоҷеаҳои бузурги иҷтимоию сиёсии замон ҳушдор диҳанд.

  Ба ин матлаб моҷароҳои пурпечутоби даҳаи охири асри гузашта мисол шуда метавонанд, ки аз як сӯ, пош хурдани иттиҳоди давлати бузурги Шӯравиро пеш овард ва аз сӯи дигар, мустақилияти давлати моро бо мушкилтарин ҳолати низоъовар, ки бунёдаш тафриқаҳои ифротии таҳмилӣ буданд, рӯбарӯ гардонид. Дар ҷараёни ин даргириҳо мураккабтарин вазъи иҷтимоӣ ба рӯи миллати тоҷик соя афканд ва хатари нест шудани миллати тоҷик ва маҳрум шудани он аз тафаккури миллӣ пеши рӯ омад. Вале бо амри тақдир зимоми давлатдорӣ ба дасти шахсияти ватандӯсту давлатсоз ва ваҳдатофар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод, ки марҳила ба марҳила он даҳаи пур аз низоъу моҷаро ба афсона табдил ёфт, хушбахтона, барои ин миллати азияткашида дарси ибрат шуд ва иттиҳод омили суботи ояндаҳо гардид. Агар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷиконро воқеъбинона варақгардон намоем, ба равшанӣ шоистагии Пешвои миллат ҳувайдо мегардад, ки ҳанӯз баъди талошҳову ҷоннисориҳои ватанпарастона ваъдаи сулҳу ваҳдати воқеиро дода буданд. Чуноне ки дар ин росто, Саолибии Нишопурӣ дар асари мондагори худ менависад: «Ба ростӣ, ки пойдории мардумон ба замон бозбаста аст ва замон ба фармонравоӣ ва фармонравоӣ пас аз Худованд аз они подшоҳонест, ки Худованд корҳои бандагонро ба онон во гузоштааст ва сарриштаи кишварро бар онон супурдааст. Бар ин поя, ойин ва зиндагӣ ва ҷаҳон бе онон устувор намемонад» [11, 37].

  Агар ба таърихи навини тоҷикон ва махсусан, саҳифаҳои фоҷеабори он, ҳолату вазъи ногувори халқу миллат дар остонаи истиқлоли миллӣ, ки ормони чандин насли равшанфикрони халқи тоҷик буд, назар андозем, ба воқеият доштан ва ҳақиқати бебаҳс будани ин  ишораи таърихнигори муътабар боварӣ ҳосил менамоем. Бе шак, бо ташаббус ва роҳнамоиҳои бевоситаи ин марди фарзона истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст омада, дар заминаи он Ваҳдати миллӣ, ки бунёди он аз тафаккури миллӣ маншаъ мегирад, дубора дар шакли мустақил эҳё гардид. Бо назрдошти ҳастии тафаккури миллӣ рушду суботи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату ҷомеа таъмин гардида, суботу амнияти миллӣ истиқрор ёфта, «маҳз далерию шуҷоат, матонату истодагарӣ, худшиносию худогоҳии баҳодурон ва паҳлавонон асоси ғалаба бар душман арзёбӣ шуда, таъминкунандаи бақои давлат ва якпорчагии Ватан ба ҳисоб рафтааст. Натиҷаи набардҳо дар майдони муҳориба маҳз аз ин омилҳо вобастагӣ дорад» [1, 112].

  Чун мафҳумҳои зикргардида аз рӯи сохтор мавқеи устувори худро мукаммал доранд, ташаккулу тақвият додани ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва тафаккури миллӣ, ки вижагии миллати тоҷик дар доманаи таърих будаанд, муҳим дониста мешавад.

  Ҳувияти миллӣ, ки давраи тӯлонии ташаккулёбиро пушти сар намудааст, вобаста ба вазъи сиёсӣ дар шаклу мазмуни гуногун маънидод шуда, омили асосии устуворӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

  Мафҳуми ҳувияти миллӣ бевосита ба ҳастии шахс марбут буда, на танҳо фарогири мансубият ва фазои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, балки ба забон, марз ва дар маҷмуъ ба тамоми арзишҳои миллӣ, давлату миллат мутааллиқ аст. Вобаста ба методҳои илм ҳувият хусусияту нишонаҳои психикии шахсро дар бар гирифта, тасаввуроту ҷаҳонбинии онро нисбат ба гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ муайян намуда, дар радифи тамоми умумиятҳо – аз лиҳози забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ, инчунин, ташаккули умумияти этникиро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва маънавие, ки некӯаҳволии мардуми кишварро ба танзим медароранд, зоҳир месозад. Ҳангоми дар амал татбиқ шудани назарияи иттиҳоди ҷомеа зарурати роҳандозии тафаккури дуруст, ки асоси онро методҳои устувори мантиқ ташкил медиҳад, ба миён меояд ва он бевосита бавуҷудоварандаи ҷаҳонбинии алтернативӣ дониста мешавад. Дар ин сурат, саволе пайдо мешавад, ки фоида ва арзиши амалии донишҳои мантиқӣ дар рушди ҳувияти миллӣ дар чист? Албатта, ҳамчун воситаи интеллектуалӣ истифода кардан онҳо дар фаъолияти фикрӣ муфид аст. Инчунин, онҳоро ҳамчун натиҷаи ниҳоии таҳқиқи шаклҳои фикр низ баррасӣ кардан мумкин аст. Бо вуҷуди он, тафаккури тадриҷие, ки барои рушди ҳувияти миллӣ корбаст мегардад на восита ва на натиҷа дониста мешавад. Он аз восита ва натиҷа мазмунан ғанитар буда, тақозо менамояд, ки пурра аз худ карда шавад ва танҳо дар ҳамин сурат амалан фоиданок гардида, арзиши фикрронии шахсро бо инъикоси густурдагиҳо нишон медиҳад.

  Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки бархурди тамаддунҳоро ба вуҷуд овардааст, таҳкиму рушди давлати миллӣ ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, танҳо тавассути  омилҳои зеҳнӣ ба танзим дароварда мешавад. Дар ин росто, нодуруст истифода бурдани тафаккури дуруст ва ҳувияти миллӣ дар вазъи номутаносиби ҷаҳони муосир ва фишорҳои пардапӯшонаи шаклию идеологии давлатҳои абарқудрат тасаввур кардани давлати миллӣ ва эҳсоси ҳастӣ намудани шахси комил, имконнопазир аст. Аз ин рӯ, барои рушду тақвияти ҳувияти миллӣ метавон омилҳоеро ҳамчун асос истифода намуд, ки ҷомеаро аз хатарҳои дарунмарзию бурунмарзӣ, аз қабили хурофотпарастӣ, ситезаю низоъҳои оилавӣ, каҷрафторӣ, моҷароҳҳои қавмиву мазҳабӣ, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои харобиовари замони муосир наҷот бахшида, дар ин замина, барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон мусоидат намояд.

  Масъалаи дигаре, ки баъд аз дарки ҳувияти миллӣ тасниф мешавад, татбиқи амалии худшиносӣ мебошад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи донишмандон ва муҳаққиқон қарор дошта, дар ҳама давру замон вобаста ба сохти сиёсии ҷомеа ва талаботу ниёзҳои мардум арзи ҳастӣ намудааст. Матлаби асосӣ ва муҳим дар ин самт пойдории давлати миллӣ, таърихи ташаккул, ҳастии устуворонаи он, инчунин, шахсиятҳои бомаърифат ва дурандешу миллатдӯст дониста мешавад, чуноне ки Пешвои миллат дар китоби «Уфуқҳои истиқлол» қайд мекунанд: «Умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёкони арҷманди мо дар саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро ба башарият ато карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд» [16, 116].

  Ин гуфтаҳо шаҳодати онанд, ки тафаккури олии миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари мо дар тӯли таърих на танҳо таҳаррукдиҳандаи илм, фарҳанг, маданият ва сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ, балки маншаи пиндор ва худогоҳии дигар миллату халқиятҳо будааст. Ҳанӯз 26.11.1988 М.С. Горбачёв дар маҷлиси Президиуми Советии Олии СССР ин матлабро тасдиқ намуда, иқтидору рушди миллату давлати моро чунин баҳо медиҳад: «Ниҳоят, масъалаҳои инкишофи забон, маданият ва рамзҳои миллӣ ҳастанд. Мо ба ин масъалаҳо бепарво нестем. Масалан, халқе ҳаст, ки шаш ҳазор нуфус, забон, маданият ва таърихи худро дорад. Чӣ, мо бояд роҳ диҳем, ки ин халқ ва забони он аз байн раванд? Агар халқиятҳо аз байн рафтан гиранд, агар аз ҳама чиз сарфи назар карда шавад, ин хатои бузургтарин ва ҳатто ҷиноят мебуд. Не, давлати федеративиамонро дар заминаи нашъунамои минбаъдаи ҳама миллату маданиятҳо мустаҳкам менамоем. Ин сустӣ не, балки сарвати иттиҳоди мост» [9, 20].

  Аз таҷрибаи давлатдории дигар кишварҳо худогоҳона хулоса кардан мумкин аст, ки маданият, фарҳанг ва фалсафаи зиндагии мардуми мо ҳамеша маҳаки ибрати дигарон буда, омилҳои мазкур новобаста аз давру замон ва миллату давлат ба ҳамагон таъсиргузоранд. Моро зарур аст, ин масъулияти муҳими таърихиро ба дӯш гирифта, ҳастии миллату давлат ва ташаккули тафаккури шахсиятҳои онро, ки ба ҳисси миллию ватандӯстии мо марбутанд, кафолати устуворию бақои сутунҳои побарҷои давлати худ донем. Инчунин, набояд фаромӯш созем, ки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакат маҳз ба зиммаи мову шумо вогузор шудааст. Ҳарчанд, худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда аст, баъди рушди истиқлолияти комили фарҳангӣ марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид.

  Дар ин марҳилаи тақдирсоз вобаста ба ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои зиёде, ки дар пеши ҷомеа истодааст, онҳо манбаи ҳокимият эътироф мешаванд, аз ин рӯ, ба худшиносӣ ва худогоҳии онҳо талабот бештар эҳсос мегардад. Худшиносӣ дар ин ҳолат имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрванд на танҳо таърихи гузаштаи миллату давлати хешро донад, балки вазифаю уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеа ва кишвар дарк кунад ва барои дар сатҳи баланд иҷро намудани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳад.

  Худшиносӣ ҳамчун мақулаи фалсафӣ аз замонҳои қадим то кунун мавриди баррасии донишмандон қарор гирифта, дар ташаккули марҳилаҳои таърихии худ мазмуни васеъро низ доро гардидааст. Яке аз самтҳои дарбаргирифтаи он тарбия ва ба камол расондани шахси накӯкору хирадгаро дониста мешавад. Ҳанӯз дар замонҳои пеш аз мелод мутафаккири юнонӣ Суқрот ибораи «Худро бишнос»-ро шиори ҷаҳонбинии хеш қарор дод, баъдтар ин мафҳум аз ҷониби К.Маркс дар ҳамин мазмун ва шакли дигар «худшиносӣ аввалин шарти хирадмандӣ аст» ироа гардид, ки дар ҳар ду ҳолат муҳтавояш ба худогоҳӣ ва арҷгузории арзишҳои давлати миллӣ нигаронида шудааст.

  Масъалаи муҳими дигаре, ки ба худшиносии миллӣ нигаронида шудааст, ин «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Консепсияи мазкур худшиносиро яке аз ҷузъҳои асосии тарбия муқаррар намуда, дар рушду ташаккули донишҳои сиёсӣ таъсири мусбат расонида, озодӣ ва уҳдадориҳои шахсро эҳтиром карда, мақсад мегузорад, ки манфиатҳои худро бо манфиатҳои давлату ҷомеа чун ормони миллӣ тақвиятбахшанда бошад. Ватани азизамон, ки ҳама онро Тоҷикистон ном мебарем, аз ҳарвақта дида имрӯзҳо ба шахсиятҳои худшиносу ватанпарвар, ки ҳамеша дар фикри манфиатҳои миллию давлатианд, бештар ниёзманд аст. Аз ин хотир, манфиатҳои миллӣ, ки дар пайи худ ормони миллиро ба вуҷуд меоранд, ба ҳар шаҳрванди худогоҳ мансубияти бевосита доранд, зеро иқтидору тавоноии ҳар давлат аз аҳли сокинон ва фаъолони он вобаста мебошад. Агар бо як нигоҳи иҷмолӣ ба давлатҳои пешрафта ботааммул нигарем, мақом ва манзалати онҳоро на танҳо аз рӯи масоҳату сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қудрату тавони зеҳнии шаҳрвандон ва маънавиёти баланди онҳо баҳо додан мумкин аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ба ору номуси ин ватанро мебояд масъулият ва ҳисси миллӣ зоҳир намуда, аз замина ва ангезаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷаҳони муосир огаҳу бо тадбир бошад, зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ маҳз ҳамин бедории миллӣ ва зиракии сиёсӣ яке аз самтҳои асосии тарбия намудани насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, ҳар шаҳрванди соҳибхирадро зарур аст худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимӣ қарор дода, баҳри осоиштагӣ ва устувории кишвари худ саҳми арзанда гузорад.

  Баъд аз он ки шахсияти комил ба воситаи худшиносӣ ҷавҳари аслии худро дарк мекунад, ӯро лозим аст, ки мазмуни андешаи худро дар тафаккур татбиқ намояд. Барои амалисозии ин раванд дарки таърихӣ ва таҳаввулпазирии он хело муҳим аст.

  Дар охирҳои асри ҳаждаҳ дар Аврупо тазоҳуроти сиёсӣ ва таҳаввулоти фикрӣ барои манфиати халқиятҳо ба вуҷуд омад, ки ҳадафи асосии онҳо таъсиси давлатҳои миллӣ ба ҳисоб мерафт. Дарку корбаст намудани идеяи миллӣ низ дар баробари  ҳазорон изҳороти дигар дар ҳамин радиф инқилобҳои зеҳнию ҷисмонӣ ба вуҷуд омад, ки то кунун ҳамчун мақулаи асосии фалсафӣ дар шакли такмилёбӣ мавриди истифоадаи аҳли маънӣ қарор мегирад. Асолат ва рисолати идеяи миллиро мо на танҳо дар равияҳои ҳувиятсоз дида метавонем, балки ҷойгоҳи устувори ватандорӣ ва қадр кардану ҳифозат намудани манофеи миллӣ, ин худ асоси идеяи миллӣ маҳсуб мешавад. Яъне идеяи миллӣ муҳитест, ки дар он ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд ба таври озодона фаъолият намуда, ташаккулёбии худро таъмин менамояд.

  Ҳангоме ки оид ба андешаи миллӣ ва идеяи миллӣ тафаккури худро вобаста месозем, муҳимтарин воҷиботи дар пеши мо истода, ин сарфи назар кардани гароиши маҳалливу лаҳҷаҳои он мебошад, зеро тасдиқи онҳо танҳо инкори муттаҳидии миллат ва аркони он дониста мешавад.

  Ғояи асосии миллӣ дар замони имрӯз бевосита ба асолати фарҳангу маънавиёти аҷдодӣ арҷ гузоштан ва садоқатмандона вазифаи дурандешию ободкориро дар тинати худ парваридан аст. Барои мукаммал намудани ормонҳои миллӣ идеяи миллӣ чун моҳияти асл дониста шуда, баҳри рушди ваҳдати фикрӣ тафакккури бунёдкорӣ ва ҳифозати арзишҳои миллӣ ҳамчун асо маслак ба зимма гирифта, ҷаҳонбинӣ ва ояндасозии мо низ ба он вобастагии зич дорад.

  Хулоса, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва идеяи миллиро метавон ҳамчун воситаи таъмини амнияти устувор ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлат дар роҳи ҳифзу нигоҳдории мувозинати ҷамъиятӣ ва таъмини ягонагӣ дар замони пур аз идеологияҳои номутаносиб донист. Зеро ягона воситаи суботу амнияти иҷтимоӣ ва рушди тафаккури миллӣ танҳо бо эътирофу таҳким бахшидани ҳамин маслак, ҳамчун амри муҳиму зарурӣ, натиҷаҳои мусбат ба даст оварда метавонад.

 Баҳманёр СУЛАЙМОНОВ  

номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи

фалсафа ва сиёсатшиносии Донишкадаи давлатии

забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

 

Адабиёт

  1. Азизов, К.Ҷ. Фалсафаи ифтихори миллӣ ва давлатдорӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ [Матн] / К.Ҷ.Азизов. – Душанбе, 2020. – 155 с.
  2. Ашуров, Г. Философия эпохи Саманидов [Текст] / Г. Ашуров. – Душанбе: «Ирфон», 2006. – 220 с.
  3. Багоутдинов, А.М. Очерки по истории таджикской философии [Текст] / А.М. Багоутдинов. – Душанбе, 1961. – 334 с.
  4. Бартольд, В.В. Мусульманский мир [Текст] / В.В. Бартольд. – Петербург: «Наука и школа», 1922. – 92 с.
  5. Бертельс, Е.Э. Избранные труды. История персидско-таджикской литературы [Текст] / Е.Э. Бертельс. Т.1. – М., 1 – 556 с.
  6. Брагинский, И.С. Из истории персидской и таджикской литератур [Текст] / И.С. Брагинский. – М., 1972. – 524 с.
  7. Гафуров, Б.Г. Таджики: древнейшая, древняя и средневековая история [Текст] / Б.Г. Гафуров. – Душанбе: «Ирфон», 1989. – 382 с.
  8. Зарифӣ, Ҳ., Зоҳидов, Н., Назриев, Д. Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон [Матн] / Ҳ.Зарифӣ, Н.Зоҳидов, Д.Назриев. – Душанбе: «Ирфон», 2012. – 272 с.
  9. Қодир, Р. Дарси худшиносӣ [Матн] / Р.Қодир. – Душанбе: «Ирфон», 1989. – 279 с.
  10. Маҳмуд, Х. Фалсафаи Ҳегел [Матн] / Х.Маҳмуд. – Теҳрон, 1378ҳ. – 58 с.
  11. Саолибӣ, Н. Таърихи ғурар ас-сияр маъруф ба «Шоҳнома»-и Саолибӣ [Матн] / Н.Саолибӣ. – Душанбе: «Бухоро», 2014. – 444 с.
  12. Ҳазратқулов, М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ [Матн] / М. Ҳазратқулов. – Душанбе: «Дониш», 2006. – 577 с.
  13. Эмомалӣ, Р. Фарҳанг ҳастии миллат аст [Матн] / Р.Эмомалӣ. – Душанбе: «Ирфон», – 37 с.
  14. Эмомалӣ, Р. Истиқлол неъмати бебаҳост [Матн] / Р.Эмомалӣ. – Душанбе: «Шарқи озод», –94 с.
  15. Эмомалӣ, Р. Таджики в зеркале истории. От Арийцев до Саманидов [Матн] / Р.Эмомалӣ. – Душанбе: «Ирфон», – 676 с.
  16. Эмомалӣ, Р. Уфуқҳои истиқлол [Матн] / Р.Эмомалӣ. – Душанбе: «Ганҷ-нашриёт», 2018. – 436 с.
Хондан 2033 маротиба