JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Конститутсия аз вожаи лотинӣ гирифта шуда, ба маъноҳои «сохт», «таъсис додан» ва «муқаррар кардан» далолат мекунад. Ба маънои пурра ин истилоҳ бори аввал дар ИМА баъд аз қабули конститутутсияи ин кишвар дар таърихи 4 марти соли 1789 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Бо таъбири имрӯза Конститутсия қонуни асосии давлат буда, маҷмуи моддаҳои юридикиест, ки дар асоси он тамоми раванди ҳуқуқтаъминкунӣ дар як давлат ба низом дароварда мешавад.

  Аз эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 қариб се сол сипарӣ мешавад. Бояд қайд намоем, ки омодасозии ин санади муҳим дар асоси таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, геополитикӣ, имкониятҳои генофондии миллат ва талаботи бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳон хеле мураккаб мебошад. Дар чунин ҳолат аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қабули санади мазкур як таҳаввулоти беназир ва аз ҳама муҳим, қолабшиканӣ нисбат ба тафаккури ҷомеаи мо мебошад. Рӯзе мерасад, ки ба ин иқдом баҳои сазовор дода шуда, арзиши он ба таври воқеӣ дарк карда мешавад, зеро ин санади ояндасози миллат мебошад ва дар баробари ҳуҷҷатҳои муҳими давлатсозии навини мо, ба мисли қабули Қонуни забони давлатӣ, Эъломияи истиқлолияти давлатӣ, Мусолиҳаи миллӣ, сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, баровардан аз бунбасти нақлиётӣ, ҳимояи марзу буми давлати миллӣ ва ғайра меистад.

  Ҳакими бузург, шоири тавоно, донишманди нодири таърихи мулуки ориёӣ, устод Абулқосим Фирдавсӣ дар  достони безаволаш “Шоҳнома” дар баробари тасвиру тавсифи ашхоси таърихиву асотирӣ, шарҳи рузгори мардуми қадиму замони хеш, садҳо аносири фарҳангии дар он замон наздик ба фаромӯшӣ рафтаи аҷдодиро бо меҳр ва дониши том ба қалам кашидааст.

Аллома Бобоҷон Ғафуров доир ба манобеъи таърихии ин ҳамосаи бузург навишта буданд, ки : “сарчашмаи асосии ҳамосаи Фирдавсиро  силсилаи гуфторҳои сакоию суғдӣ дар бораи Рустам баҳодур, инчунин афсонаҳои суғдиву хоразмӣ дар бораи Сиёвуш ва афсонаи бохтарӣ дар бораи Исфандиёр фароҳам овардаанд”[1, 385].

   Воқеан, барои иронитаборон, аз ҷумла тоҷикон “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба унвони пружаи ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастӣ зарур буду ҳаст, чаро ки аз бомдоди зуҳур то ба имрӯз густураи таърихию ҷуғрофии Ирону Хуросон мавриди фишору таарузу тасарруфи бегонагон қарор гирифта, ҳамтаборон ҳамеша дар роҳи таҳкими иродаи сиёсӣ, тақвияти ҷуръати ватандорӣ ва шукуҳи ҷасорати ҳувиятӣ гомҳои устувор бардошта, бар мабнои нуфузи ин аслҳои бунёдӣ зиндагӣ кардаанд. Ба ин маънӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ барномаи стратегии ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастии мардуми мо будаву ҳаст. Ҳарчанд ки “Шоҳнома” тайи ҳазор соли ахир ҳамеша бо мушкил рӯбарӯ будааст ва имрӯз низ дар моварои чолишу таҳдидҳо қарор дорад, бузургию шаҳомати ҳувиятиашро аз даст надода, дар баробари зулму истибдоди аҷнабӣ ва таҳоҷумоти сиёсию мафкуравию фарҳангӣ устуворона истод шуда, нерую қудрати ҳувиятию мафкуравии мардумро афзун месозад. Тавре ки дар набардҳои бардавом алайҳи душманон Фирдавсӣ аз забони паҳлавонону қаҳрамонони “Шоҳнома” шоҳбайти “Парканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор”-ро мисол мезанад, “дусад марди ҷангӣ”-и миллат ҳамеша бар зидди бегонагон мубориза бурдаанд ва шарафу иззати миллиро ҳифзу ҳимоят кардаанд. Ин аст, ки дар шароити феълии бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва ноҷуриҳои геополитикӣ “Шоҳнома”, пеш аз ҳама, манофеи миллиро моро ифода мекунад ва миллатро дар баробари хатару таҳдидҳои рӯзафзуни сиёсию мафкуравӣ ва ҳувиятию ахлоқӣ муқовим месозад. Аз тарафи дигар, “Шоҳнома” ба сифати пружаи ҳувиятсозӣ ва барномаи сиёсӣ-давлатӣ ниёзҳои миллии моро ифода мекунад ва роҳандозии чунин пружа ва барномаи стратегӣ давлат ва миллатро аз газанди рӯзгор эмин медорад.

Китобҳо