JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 14 Феврали 2019 09:31

Наврӯзи Истиқлол

 Наврӯзи ман, наврӯзи ту, наврӯзи вай, наврӯзи мо,

Аз кӯи ҳиҷрон омада, ин шамъи худафрӯзи мо.

Эй ошиқон, эй ошиқон, ӯро пазироӣ кунед,

Фархунда бодо фурсате бар ошиқи имрӯзи мо.

Панҷшанбе, 14 Феврали 2019 09:00

Андар матншиносии осори Сайидо

  Миробид Сайидои Насафӣ аз зумраи суханварони баландпоя ва гаронмояи адабиёти классикии тоҷик буда, осори баландмазмуну пурқимати ӯ аз истеъдоди баланди шоирии ӯ дарак медиҳад. Ӯ аз шоирони пурмаҳсули тоҷик ба ҳисоб рафта, куллиёти осораш бештар аз нуҳ ҳазор байт мебошад. Ба қавли муаллифи тазкираи “Музаккир-ул-асҳоб” Малеҳои Самарқандӣ, “Матлае нест, ки дар мақтааш номи ӯ пайваста набошад, ғазале нест, ки ӯ мухаммас набаста бошад. Ғазалҳои ғаррояш суханваронро санад аст ва мухаммасҳои раънояш гули рӯи сабад аст, шаҳрошӯбаш шӯрҳо дар бозорҳо андохта, рубоиёташ аркони абётро бапо сохта, қасоидаш лангардор, маснавиаш соҳибасрор, муқаттаоташ панд, мустазоди ӯ дилписанд, мувашшаҳоаш муаммо, луғзаш рамзу иймо, номатбӯи ӯ матбӯъ, он чи гуфта, ҳама маснӯъ, ин мазкуротро бисёр хуб ва маънидор гуфта”(1.294).

Чоршанбе, 13 Феврали 2019 08:13

Шеъри рӯз: Наврӯзи Ҷамшедӣ

 Рӯҳи Ҷамшедӣ ҷаҳонеро зи нав бедор кард,

Олами афсурдагонро чун гулу гулзор кард.

Ҷоми Ҷамшедӣ таҷаллигоҳи маргу зиндагист,

Саргузашти одамиро мӯ ба мӯ изҳор кард.

Чоршанбе, 13 Феврали 2019 06:26

Нигоҳе ба айёми Наврӯз

  Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, то имрӯз мавқеияти худро гум накардааст ва онро ҳамчун иди суннатӣ бо шодмониву хурсандӣ дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ бо шодобӣ  ҷашн мегирифтанд. Ин ид ва ё анъанаи фараҳбахш то имрӯз ҳам давом дорад ва боз ҳам ҷашнгириву тарғибу ташвиқи он ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол ва тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо дар кишварамон идома ёфта истодааст.

Китобҳо