JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 19 Феврали 2019 08:45

Шеъри рӯз: Наврӯзи Зиндагӣ

Муаллиф:
Одамиро маҳшаре бе хайру шар, зебанда аст, Маҳшаре дур аз хурофоти башар, зебанда аст. Бандаи мирандаро, бе илм растохез нест, Бандаи озодаро, фатҳу зафар зебанда аст.
 Иди Наврӯзи Аҷам, иди ҷаҳонӣ мешавад, Ин ҷаҳони пирро, рамзи ҷавонӣ мешавад. Ҳикмати ин Рӯзро Ҷамшеди фаррухпай ниҳод, К-одами миранда рӯзе ҷовидонӣ мешавад.
Панҷшанбе, 14 Феврали 2019 09:31

Наврӯзи Истиқлол

Муаллиф:
 Наврӯзи ман, наврӯзи ту, наврӯзи вай, наврӯзи мо, Аз кӯи ҳиҷрон омада, ин шамъи худафрӯзи мо. Эй ошиқон, эй ошиқон, ӯро пазироӣ кунед, Фархунда бодо фурсате бар ошиқи имрӯзи мо.
Чоршанбе, 13 Феврали 2019 08:13

Шеъри рӯз: Наврӯзи Ҷамшедӣ

Муаллиф:
 Рӯҳи Ҷамшедӣ ҷаҳонеро зи нав бедор кард, Олами афсурдагонро чун гулу гулзор кард. Ҷоми Ҷамшедӣ таҷаллигоҳи маргу зиндагист, Саргузашти одамиро мӯ ба мӯ изҳор кард.
Сешанбе, 12 Феврали 2019 06:36

Шеъри рӯз: Наврӯзи шоирони миллат

Муаллиф:
 Эй шоирони ошиқ, эй ошиқони миллат, Ин миллати парешон, бо сад ҳазор иллат. Ёдат ба хайр Лоиқ, Бозор зинда бошӣ.
Саҳифа аз 1 то 4