JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,Ватан асту мадори ҷону тан аст.Гунаҳи мост, ҳолия ин хокМадфани мурдагони бекафан аст.
Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ, Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ. Бар ҳар куҷо, ки равӣ дар ман аст решаи ту, Ту эй гул, аз қалами сабзи устухони манӣ.
Чоршанбе, 15 Январи 2020 17:22

Вақт

Муаллиф:
Рӯзҳо мегузаранд,Рӯзҳо аз сари мо,Аз дили мо мегузаранд.Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лабАз раҳи манзили мо мегузаранд.
Дубора месозамат Ватан! Агарчи бо хишти ҷони хеш, Сутун ба сақфи ту мезанам, агарчи бо устухони хеш. Дубора мебӯям аз ту гул, ба майли насли ҷавони ту, Дубора мешӯям аз ту хун, ба сели ашки равони хеш.
“Эй рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир! Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам. Бар ман манигар, з-он ки ба ҷуз талхии андӯҳ, Бар хотир аз он чашми сиёҳи ту надорам.