JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 26 Феврали 2019 08:43

Шеъри рӯз: Паёми Наврӯз

Муаллиф:
Паёми Наврӯз Рӯзи нав меоварад, шуру шароре нав ба нав, Номаи лутфи ҳабибе бар нигоре, нав ба нав. Тирамоҳи умр дорад, рангу оҳанги хазон, Офтоби Ишқ мезояд, баҳоре нав ба нав. Ишқ бар пирони барнодил, раво бошад, раво! Навҷавонӣ боз гардад, бо хуморе нав ба нав. Ин ҷаҳону сад ҷаҳон, ҷавлонгаҳи ишқ асту бас! Дар ҷаҳони бешумор, ояд шуморе, нав ба нав. Мо паёми Идро риндона кардем ошкор, То ки бар Ояндагон гардад, шиоре нав ба нав! (Баҳори 2012) Ҳикмати бодаи Наврӯзӣ Меравам аз ин ҷаҳону дил ба дарё мезанам, Пушти по бар мушкилоти ҳарду дунё мезанам. Гар ту масти…
Душанбе, 25 Феврали 2019 06:23

Шеъри рӯз: Наврӯзи зан

Муаллиф:
Фасли баҳорон мерасад, эй ЗАН баҳори мо туӣ, Дар базми гулҳои чаман, болотар аз гулҳо туӣ. Олам чи нозад бо Баҳор, к-аз боду борон беш нест, Бо сели ашки шодият, туфон туӣ, дарё туӣ.
Сешанбе, 19 Феврали 2019 08:45

Шеъри рӯз: Наврӯзи Зиндагӣ

Муаллиф:
Одамиро маҳшаре бе хайру шар, зебанда аст, Маҳшаре дур аз хурофоти башар, зебанда аст. Бандаи мирандаро, бе илм растохез нест, Бандаи озодаро, фатҳу зафар зебанда аст.
 Иди Наврӯзи Аҷам, иди ҷаҳонӣ мешавад, Ин ҷаҳони пирро, рамзи ҷавонӣ мешавад. Ҳикмати ин Рӯзро Ҷамшеди фаррухпай ниҳод, К-одами миранда рӯзе ҷовидонӣ мешавад.
Панҷшанбе, 14 Феврали 2019 09:31

Наврӯзи Истиқлол

Муаллиф:
 Наврӯзи ман, наврӯзи ту, наврӯзи вай, наврӯзи мо, Аз кӯи ҳиҷрон омада, ин шамъи худафрӯзи мо. Эй ошиқон, эй ошиқон, ӯро пазироӣ кунед, Фархунда бодо фурсате бар ошиқи имрӯзи мо.