Паёми Наврӯз
Рӯзи нав меоварад, шуру шароре нав ба нав,
Номаи лутфи ҳабибе бар нигоре, нав ба нав.
Тирамоҳи умр дорад, рангу оҳанги хазон,
Офтоби Ишқ мезояд, баҳоре нав ба нав.
Ишқ бар пирони барнодил, раво бошад, раво!
Навҷавонӣ боз гардад, бо хуморе нав ба нав.
Ин ҷаҳону сад ҷаҳон, ҷавлонгаҳи ишқ асту бас!
Дар ҷаҳони бешумор, ояд шуморе, нав ба нав.
Мо паёми Идро риндона кардем ошкор,
То ки бар Ояндагон гардад, шиоре нав ба нав!
(Баҳори 2012)
Ҳикмати бодаи Наврӯзӣ
Меравам аз ин ҷаҳону дил ба дарё мезанам,
Пушти по бар мушкилоти ҳарду дунё мезанам.
Гар ту масти бодаи рӯзи аластӣ, шод бош!
Ман зи ҷоми бодаи имрузу фардо мезанам.
Эй ки доим саргарон аз ишқи ирфони, вале,
Ман дам аз ёри нахусту ишқи Лайло мезанам.
Арзишу маънии Олам, ҳасту буди Одам аст!
Гар набудӣ одамӣ, кай лофи маъно мезанам.
Дар Замин зодиву аммо, мегурезӣ аз Замин!
З-ин фирори нангборат, водареғо мезанам.
Сар ба зону мезанӣ, аз шӯрбахтиҳои хеш,
Ман ба ёди Навбаҳорон, сар ба саҳро мезанам!
Ман аминам, мерасад рӯзе ки бо эъҷози илм,
Бодаи Наврӯзӣ бо Ҷамшед якҷо мезанам!
(Баҳори 2012)
Комил Бекзода
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.