JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 11:14

Оянданигарии илмии бемаргии инсон

Муаллиф:

  Дар самти мушкилоти марказии инсон ва тамаддуни инсонӣ яке аз саволҳои асосӣ чунин аст: «Чӣ гуна умри инсонро дароз кунем ва чӣ гуна ба бемаргӣ ноил гардем?». Ҳамин гуна, Турчин ва Батин (2013) бемаргиро чун татбиқи мутлақи зиндагии инсон чун арзиши бартар муайян мекунанд (Турчин ва Батин 2013: 6). Вобаста ба ин, масъала ин аст, ки мо чӣ гуна ҷомеае созем, ки бемаргии ҷисмонии инсонро ҳадаф қарор диҳад ва ҳамчунин, таҳдидҳои дохилӣ ва глобалиро ба ҳаёти инсон пешгирӣ намояд? Яқин аст, ки бисёриҳо мепурсанд: Чаро маҳз марги ҷисмонии одамон мушкилии марказӣ мебошад ва оё ҳал кардани он метавонад дигар мушкилотро ҳам бартараф намояд?

 

Чунин савол дар зеҳни аксарият чарх мезанад, чунки аввалан онҳо ба тасаввуроти динӣ дар бораи рисолат ва оқибати инсон бовар доранд ва баъд ба қудрати илму техника эътимод надоранд. Вақте ки маорифпарварони Фаронса нахустин бор дар бораи озодӣ ва баробарии ҳамаи одамон гап мезаданд, ҳеч кас бовар надошт, ки дар ояндаи наздик чунин ормонҳо ба даст меоянд. Ё худ то 7 рўзи парвози бародарон Райт ҳама иддао мекарданд, ки ихтирои ҳавопаймо ғайриимкон аст (Турчин ва Батин 2013: 16). Дар таърихи инсоният ҷомеаҳо аксаран ба қабули навгониҳо омода набуданд, чунки ин навгониҳо зидди арзишҳои фарҳангӣ ва системаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ҷомеаҳо будаанд. Балки одамон фақат бо мақсади рўзгузаронӣ ва сарфи назар кардани мушкилии марг зиндагӣ мекунанд. Баръакс, ҳар гуна падидаеро, ки мушкилии маргро актуалӣ ва дар маъраз мегузорад, маҳкум ва инкор месозанд. Чуноне ки Турчин ва Батин (2013) мегўянд: «...одамон андешаро дар мавриди марги худ сарфи назар мекунанд, новобаста ба он ки он катастрофаи аз ҳама бузург дар зиндагии инсон аст, вале дар баробари ин бисёриҳо ба пешгўиҳои дурўғин дар бораи катастрофа дар соли 2012 бовар мекунанд» (7). Яке аз сабабҳои напазируфтани идеяи бемаргӣ ҳам аз тарафи одамони одӣ ва ҳам аз тарафи мутахассисон гурўҳҳо ва ташкилотҳои динӣ мебошанд, ки ин истилоҳ ва мафҳумро монополия ва динӣ кардаанд (Турчин ва Батин 2013: 157).

Дар робита ба имконпазир будани барҳам додани марги ҷисмонии инсон ва аз ин роҳ ҳал кардани бисёр мушкилоти дигари одамон донишмандони бисёре хушбин ҳастанд. Игор Артюхов – ҷонишини директор оид ба илми Институти биологияи пиршавии Русия чунин мегўяд: «Ман инсони бисёр шаккок ҳастам. Барои ҳамин, вақте ки ба ман мегўянд, ки ин имконпазир нест, ман мегўям: далел биёред» (Турчин ва Батин 2013: 16). Баъд аз он ки Николай Фёдоров (1829 1903) дар охири асри 19 пешниҳод кард, ки одамони ҳама давру замонҳо бояд зинда карда шаванд ва ба онҳо умри ҷовидона дар ин ҷаҳон бахшида шавад, шубҳа дар ин маврид боқӣ мемонад, вале имконияти илм барои ба ин ҳадаф расидан меафзояд. Онҳое, ки ба амалишавии ин ҳадаф бовар надоранд, бояд далелҳои устувори илмӣ биёранд.

Бо пешрафти технология на фақат хатарҳо афзоиш меёбанд, балки умеду боварии донишмандон низ ба ояндаи бемаргии ҷисмонии инсон бештар мегардад. Яке аз ҷараёнҳое, ки ба ин гуна оянда бовар доранд ва барои ҳар чӣ тезтар ба ин оянда наздик шудан кору амал мекунанд, ҷараёни трансгуманизм номида мешавад. Трансгуманизм сенарияи хоси оянданигарие мебошад, ки инсонро ба инкишофи технология ва истифодаи он барои ноил шудан ба бемаргии ҷисмонӣ даъват мекунад. Вожаи «трансгуманизм» ро нависанда, файласуф ва футурологи эронӣ – Фаридун Исфандиёрӣ (Fereidoun Esfandiary; форсӣ: فریدون اسفندیاری‎) (1930 2000) пешниҳод кардааст, ки ба маънои «инсони давраи гузариш» («transitory human») мебошад. Инсони давраи гузариш инсоне мебошад, ки аз ҳолати зиндагии маҳдуди замонӣ, ки ба марг меанҷомад, ба ҳолати зиндагии абадии берун аз маҳдудаи замон мегузарад. Дар заминаи ин андеша ва бо такя ба идеяи Роберт Эттингер (1918 2011) дар бораи бемаргӣ, Эрик Дрекслер (зод. 1955) дар бораи нанороботҳо ва Ҳанс Моравек (зод. 1948) дар бораи ИС дар солҳои 1980 ум дар иёлоти Калифорния Ҳаракати трансгуманистон таъсис ёфт (Турчин ва Батин 2013: 235). Соли 2005 дар Русия ҳаракати трансгуманистӣ таъсис ёфт, ки ба таҳлили оянданигарии таъсири технологияҳои нав ба ояндаи инсон машғул аст. Дар ин маврид кори Д.А. Медведев (зод. 1965) дар соҳаи NBIC-конвергенцияҳо назаррас мебошад. Дар Тоҷикистон заминаҳои фалсафии ҷараёни трансгуманизм дар мактаби фалсафии Комил Бекзода бо номи «Ҷаҳони андеша» ба вуҷуд омадааст, ки зиёда аз 10 нафар файласуф, ҷомеашинос, равоншинос ва олими соҳаҳои табиию дақиқро фаро мегирад.

Яке аз таълимотҳои фалсафие, ки дар он метавон заминаҳои трансгуманизм ва идеяи бемаргии ҷисмонии инсонро пайдо кард, «фалсафаи кори ҳамагонӣ» и Н.Ф. Фёдоров мебошад. Ў даъват мекунад, ки тамоми инсоният дар кори мубориза бар зидди марг ва беморӣ, гуруснагӣ ва ҷанг ва билохира барои ба даст овардани бемаргии ҷисмонии инсон ва зинда кардани ҳамаи гузаштагон муттаҳид гарданд. Турчин ва Батин (2013) дуруст мегўянд, ки «назари Фёдоров на фақат инсонитар, некхоҳонатар, балки инчунин хирадмандонатар дар муқоиса ба идеяи бемаргӣ барои баргузидаҳо мебошад» (Турчин ва Батин 2013: 236). Яке аз ин идеяҳои бемаргии баргузидаҳо таълимоти Фридрих Нитше дар мавриди абармард мебошад. Дар даҳсолаҳои охир шумораи донишмандоне меафзояд, ки дилеммаи асосии ояндаро чунин муайян мекунанд: Оё одамон ба бемаргии ҷисмонӣ ва инҷаҳонӣ мерасанд ва ё дар натиҷаи катастрофа аз байн мераванд. Ин мавзўъро профессори Донишгоҳи Оксфорд Ник Бостром (зод. 1973) дар мақолаи «Таҳдидҳои мавҷудият. Таҳлили сенарияҳои азбайнравӣ ва хатарҳои ба он марбута» бо истилоҳи «existential risks» («хатарҳои вуҷудӣ») ифода мекунад, ки ҳама гуна рискҳои нестшавии пурраи одамон ва монеаҳои инкишофу пешрафти онҳоро дар назар дорад (Турчин ва Батин 2013: 37).

Дар чунин вазъият, ки тамоми ҷаҳонро «хатарҳои вуҷудӣ» фаро гирифтаанд, вазифаи футурология аст, ки онҳоро омўзад. Пеш аз ҳама, футурология бояд нишон диҳад, ки тасаввуроти мо дар бораи оянда ва инкишофу пешрафти тадриҷӣ нодуруст ва хурофотӣ мебошад. Дар ин сурат, мо хатарҳое чун мусаллаҳшавӣ бо яроқҳои ядроӣ, ҷангу низоъҳои нажодӣ ва мазҳабӣ, гармшавии глобалӣ ва ҳодисаҳои кайҳониро сарфи назар мекунем, ки ба табиат ва тамаддуни инсонӣ таҳдид мекунанд. Дар баробари ин, тасаввуроти динӣ ҳам хато мебошад, ки гўё дар ояндаи наздик ва ё дур дунё аз байн меравад ва қиёмат барпо мегардад. Дар ҳақиқат, агар одамон аз пайи ҳалли мушкилот ва ислоҳи вазъияти худ нашаванд, дар оянда яроқи ядроӣ ва дигар технологияҳои харобкор, офатҳои табиӣ ва иқлимӣ, бемориҳои гузарандаи фарогири ҷаҳон (пандемия) ва ҳодисаҳои кайҳонӣ (афтидани астероид ба Замин, хатари сияҳчол ба системаи офтобӣ ва ғайра) метавонанд онҳоро аз байн баранд. Дарки хатару таҳдидҳо ва афзоиши босуръати онҳо аҳамият ва зарурати онро барои дар оянда ба нақша гирифтани зиндагии одамон дар рўи замин бештар мекунад. Новобаста ба он ки одамон қабул кардан намехоҳанд, марг мушкилии асосии онҳо мебошад. Дар давоми умри худ одамон аз марг бо шеваҳои гуногун роҳи гурез меҷўянд. «Таърихи тамаддун низ таърихи кўшишҳо барои ноил шудан ба бемаргӣ мебошад. Пирамидаи Хеопс, таълифи китобҳо, гузоштани мерос ва насл – ҳамаи ин ба хотири абадӣ кардани худ мебошанд. Вале ҳифзи пурраи худ на ҳифзи афкор ва генҳо, балки ҳифзи ҳама ҷанбаҳои таҷрибаи ҳаётӣ, яъне бемаргии шахс ба шумор меравад» (Турчин ва Батин 2013: 156). Олимон чор давраи ҳаракат ба самти бемаргиро муайян мекунанд: 1) Зиёд кардани умри инсон; 2) Ба таври радикалӣ афзоиш додани умри инсон ба садҳо ва ҳазорҳо сол. Ин метавонад аз ҳисоби идораи кори геном, тибби регенеративӣ, кибогизатсияи куллии ҷисми инсон ва нанороботҳои тиббӣ ба даст ояд; 3) Ба милёнҳо сол расидани умри инсон, пеш аз ҳама, тавассути скани пурраи мағзи сар ва дар шакли электронӣ ҳифз кардани он имконпазир мегардад; 4) Бемаргии абадии инсон ба мавҷудияти Кайҳон ва захираҳои он дар миқёси галактикаҳо вобаста мегардад, дар сурате ки ин захираҳо чунин имконияти бемаргии одамонро таъмин карда метавонанд (Турчин ва Батин 2013: 156).

Чуноне Турчин ва Батин (2013) мегўянд: «Агар наҷоти одамон ва муқобилат бо марг ҳадафи пойдори инсоният бошад, ҳатман методу технологияҳои дароз кардани умри инсон пайдо мешаванд» (Турчин ва Батин 2013: 157). Бояд гуфт, ки аллакай чунин методу технологияҳо вуҷуд доранд, ки аз он ҷумла (1) интеллекти сунъӣ (ИС) ё худ ҷовидонагӣ тавассути компютерҳо, (2) ҳамсонасозӣ ё худ клонсозӣ, (3) яхбандӣ ё худ крионика ва (4) генотерапия ё худ тибби регенеративӣ ба ҳисоб мераванд. Дар кул, ҳамаи ин методу технологияҳои абадисозии инсон бо номи “ҳаракати трансгуманизм” маъруф аст, ки дар боло тавсиф кардем.

Ҳафиз ХОЛИҚЗОДА., Номвар ҚУРБОН.

Хондан 2394 маротиба

Китобҳо