JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 23 Апрели 2020 03:57

Вазъият, омилҳо ва дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

Муаллиф: Қаҳҳоров Ғаюр
Вазъият, омилҳо ва дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон https://asiaplustj.info

  Дар назарияҳои фалсафии мутаффакирони форсу тоҷик мафҳуми ҷамъияти шаҳрвандӣ, моҳият ва равандҳои он дар ҷомеа баррасӣ нашудааст. Бинобар ин ҳам таърихан мафҳуми мазкур танҳо мазмуни ахлоқи фалсафӣ дошта, асосҳои ҳуқуқӣ, масъалаҳои муносибати “давлат ва шахс”, озодии инсон ва муносибат ба моликияти хусусӣ ноаён аст. Хусусияти хоси ҷамъияти шарқи исломи аслан ба равандҳои динӣ ҳамоҳанг буда, нишонаҳои иштирок намудан дар идоракунии давлат вуҷуд надорад. Раванди таърихии тараққиёти ҷамъиятҳои исломӣ нигоҳ доштани ҷамъияти анъанавӣ буда, он то давраи нав ва навтарин моҳияти амалии худро нигоҳ дошта меояд, ки он то ба ин рӯз дар шуури мардуми кишвар махсусан дар оилаҳои деҳоти минтақаҳо ҳамчун атрибути асосии оила нигоҳ дошта мешавад. Ҳатто дар давраи мавҷудияти қариб 70-солаи Ҳукумати Шӯравӣ масъалаи ҷамъияти шаҳвандӣ ва хусусиятҳои хоси он ба таври назариявӣ мавриди таҳқиқ қарор наёфта буд. Танҳо пас аз ба даст даровардани истиқлолият масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ дар баъзе мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ баррасӣ шуданд, ки онҳо аслан ҷиҳатҳои назариявӣ дошта, моҳияти амалӣ надоранд. Ҳарчанд дар ҷамъияти имрӯзаи кишвар кӯшишҳои аз ҷиҳати назарӣ тадқиқ намудани масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан дар соҳаи ҳуқуқи инсон вуҷуд дошта бошад ҳам, лекин он амалан низоми анъанавии ҷамъияти ва сохти давлатдориро дар назар дорад.

 Аз ин ҷиҳат хусусияти хоси ҷамъияти анъанавӣ дар Тоҷикистон дар омилҳои зерин зоҳир мегардад: якум, бартарӣ доштани сектори хоҷагидорӣ дар деҳот ва истеҳсоли ашёи хом, ки коркарди он бо истифодаи технологияҳои ба талаботи истеъмолкунанда ҷавобгӯ мувофиқ набуда, дар шакли хеле сода ба роҳ монда шудааст; дуюм, дар шакли ташкили сатҳи статикӣ дошта, ки қисман барои таъмини талаботи афзояндаи мардум пешниҳод мешавад; сеюм, ба таври нисбатан суст (дар баъзе минтақаҳо) истифода намудани навоварии технологӣ ва шакли ташкили иҷтимоӣ дар истеҳсолот ба назар мерасад, ки номутаносибии рушди истеҳсолотро нишон медиҳад ва масъалаҳои муҳими иҷтимоии кишварро пурра дарбар намегирад; чорум, мутамарказии ҳокимияти сиёсӣ ва назорати захираҳои иқтисодӣ, ки натиҷаи он боиси монополияи соҳибкорӣ мегардад; панҷум, маҳдуд намудани фаъолияти озоди иқтисодӣ ба он оварда мерасонад, ки на танҳо рушди шуури иқтисодӣ, балки муносибатҳои истеҳсоли низ ба ақибравӣ дучор мегарданд. 

 Оқибати ин хусусиятҳо ба чунин натиҷаҳо оварда мерасонад: 1) ҷудо набудани шахси алоҳида аз организми иҷтимоӣ, ҳамчун “маҳлули ҳалшаванда” дар дохили ҷамъият; 2) пурра риоя нашудани қонунҳое, ки амалан бояд моликияти шахсӣ аз тарафи давлат ҳимоя карда шавад; 3) кӯшиши доимии ҳокимият (баъзан самаранок аст) барои пурра амали намудани назорати  иҷтимоӣ аз болои ҷамъият; 4) бартарии иерархӣ  ва “қоида” нисбат ба ҳуқуқ.

  Бояд зикр кард, ки имрӯз назарияи умумӣ эътирофшудае, ки вазъияти мавҷудаи иқтисодиёти кишварро ҳамчун раванди  табиӣ қонун баррасӣ намояд, вуҷуд надорад. Ҳол он ки нофаҳмии муътамадии системаи иқтисодӣ, ки дар кишвар вуҷуд дорад, мувофиқан наметавонад ислоҳоти иҷтимоию ҳуқуқиро гузаронад ва амалӣ намояд.

  Шакли ҷамъият, муносибатҳои ҷамъиятӣ барои дар миллат ташаккул ёфтани тарзи тасаввурот нисбат ба ҷаҳони ӯро иҳотакунанда дорои аҳамияти муҳим мебошад. Мушкилоти воқеӣ дар алоқаи вобастагии байни тараққиёти таърихии ин ё он халқ ва хусусияти характернокӣ миллӣ вуҷуд дорад. Ин хусусияти хос ба шакли феодалии ҷамъияти тоҷикон ва давраи навтарини ҳаёти таърихии аҳолӣ (ҳангоми дар ҳайати СССР будани давлати навбунёди тоҷикон) вобаста буда, аз ҳамдигар куллан бо мазмун ва сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ фарқ дорад. Агар дар давраи ҷамъияти феодалӣ, хусусан, пас аз асри ХI тоҷикон давлати миллии худро аз даст доданд, пас дар солҳои 20-уми асри ХХ ба шарофати инқилоби Октябр аз нав давлати миллии худро барқарор намуданд. Агар дар давраи якум фаҳмиши шуури миллӣ, худшиносии миллӣ, ягонагии миллӣ ва ваҳдати миллӣ, вобаста ба сохти ҷамъиятӣ феодалӣ вуҷуд надошта бошад, дар давраи дуюм ин мафҳумҳо батадриҷ ташаккул ва инкишоф ёфтанд. Ҷамъияти сотсиалистӣ заминаи худшиносии миллиро дар асоси равандҳои иқтисодӣ ҳамчун воситаи асосии пешравии фарҳанг ва омили ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ таъмин намуд. Идеяи ташаккули давлати мустақили халқи тоҷик як давраи муҳими таърихии худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.

  Пас аз пароканда шудани Иттиҳодӣ Шӯравӣ давлати мустақили тоҷикон ташкил ёфт, ки дар он институтҳои иҷтимоие, ки то ин давр вуҷуд доштанд, такмил дода шуд, ки асоси ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва равандҳои сиёсӣ дар асоси фаъолияти онҳо баррасӣ мешавад. Дар шароити нави таърихи давлатдории тоҷикон, бори нахуст дар конститутсия масъалаи ба таври озодона ба фаъолияти моликияти шахсӣ шуғл варзидан нишон дода шудааст. Муҳим он аст, ки ҳокимият дар шароити нав ба таври институти сиёсӣ ба танзим даровардаи иродаи ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ё худ пайдоиш ва тараққиёти институтҳои он маҳсуб намеёбад, чунки ҳукумат, ҳамаи институтҳо, аз он ҷумла институти ҷамъияти шаҳрвандиро худ ташкил медиҳад. Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон давлат нақши институтҳои сиёсиро мебозад, ки шакл ва воситаи конститутсикунонии дигар институтҳоро ҳамчун худташкилкунандаи ҷамъият мебозад. Аз ин ҷо сарчашма мегирад хусусияти хоси системаи идоракунӣ дар ҷамъият – фаъолияти сусти институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ, чунки институт моҳияти ташкилоти конститутсионӣ мебошад, ки мавҷудияти вай дар меъёрҳои қонунии дахлдор инъикос ёфтааст. Вай дар асоси фазои ҳуқуқӣ амал мекунад, чунки  ваколати он барои ҷамъият муайян аст. Дар айни ҳол бошад танҳо давлат ҳамчун ташаббускорӣ ташаккули институтҳои ҷамъиятӣ баромад мекунад ва ин осори худро дар ҳамаи муносибатҳо - хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мегузорад. Ақидаҳои диққатҷалбкунанда, фарзияҳои иҷтимоӣ, технологияҳои сиёсӣ, ки нусхабардорӣ шудааст, дар шароити ҷумҳурӣ татбиқнашаванда мебошанд. Сабаби ин дар асосҳои ҳастӣ ва хусусияти хоси ҷамъият ва давлати Тоҷикистон маҳфуз аст[1]

  Пас бояд зикр кард, ки барои рушди конститутсионӣ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ омилҳои зерини анъанавӣ, ки шарти аз нав эҳёшавӣ доранд халал мерасонанд; якум, хусусияти патримоналии ҳукумат, ки дар марказикунонии он, яъне ба таври зинагӣ нигоҳ доштани давлат ифода меёбад. Тақсимоти ҳукумат дар давраи советӣ ба таври расмӣ вуҷуд дошт, лекин он дар шакли сохторӣ -функсионалӣ амал мекард. Вай маҳдуд намудани ҳукумати марказӣ набуда, балки танҳо тақсими ваколат буд; дуюм, ҳангоми мавҷудияти давлати Шӯравӣ низ ташаббускорони тағйиротҳои ниҳодӣ набуданд, бинобар ин ҳам ҳамагуна дигаргуниҳо танҳо аз марказ амалӣ мешуданд. Илова ба ин бартарии мутлақи марказ дар ҳамдилии ягонагии горизонталии дохилӣ дар байни гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷамъият на он қадар назаррас буд; сеюм, шуури анъанавии ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ хеле устувор буда, нишонаи ҷамъиятӣ пӯшида будани ҷумҳуриро нишон медиҳад. Илова ба ин барои аксарияти кишварҳои аграрӣ ва нимсаноатӣ (махсусан дар Тоҷикистон) мафҳуми ҷамъияти шаҳрвандӣ ва нишонаҳои он то андозае номуайян аст. Гарчанде ки аксарияти кишварҳо, роҳи тараққиёти саноатикунониро пеш гирифтаанд, метавон то як андозае гуногуншаклии  ҷамъияти шаҳрвандиро эҳсос намуд.    

  Барои ҷумҳурии мо, давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта лозим аст, ки ақаллан ба таври рамзӣ вуҷуд доштани ҷамъияти шаҳрвандиро дар асосии қонунҳои марбута ташкил диҳад, чунки дар шароити муосири Тоҷикистон бо сабабҳои субъективӣ танҳо аз зинаи поён ташкил намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ имконнопазир аст. Проблема на танҳо дар он аст, ки ҳамгироии ҷамъиятӣ, мансубияти миллӣ ва коммуникатсия аз тарафи давлат ба роҳ монда мешавад, балки заминаҳои дигар институтҳои ҷамъиятӣ хеле заиф мебошанд.

  Дар вазъияти баамаломада, зарурати рӯ овардан ба фаҳмиши гегелии ҷамъияти шаҳрвандӣ ба амал омад, чунки асоси онро на танҳо озодии фард, балки яклухтии ҷаҳони корпаративӣ-этатикӣ ташкил медиҳад.

  Дар Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ тағйиротҳои ҷиддӣ дар масъалаи азнавсозии сохторҳо ва институтҳои куҳна ба сохторҳои замонавӣ  ба амал омаданд, ки онҳо бояд дар асоси истифодаи васеи омилҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ташаккул меёфт, чунки ҷамъияти муосир,  мазмунан ифодакунандаи ҷамъияти шаҳрвандиро дар назар дорад. Ҷамъияти шаҳрвандӣ –  шартан ифодакунандаи чунин тарзи ҳаёти якҷоя мебошад, ки дар он шароитҳои дар маҷмӯъ муҳими намуди тамаддуни доштаро дар шакли иқтисодӣ бозорӣ ва демократия ба ҳам мепайвандад. Ҳамин тавр ҷамъияти шаҳрвандӣ ин на танҳо ҷамъияти одамони озоди баробарҳуқуқ, балки тамаддунсозе мебошад, ки зидди хусусияти ваҳшигӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин ҳам, ҳолатҳои зиддиятнокӣ дар асоси масъалаҳои иҷтимоӣ ба амал омадаро, ки метавонад боиси оқибатҳои нохуш гардад, танҳо ба воситаи диалог ва бо роҳи тамаддунсозӣ ҳал намудан шарти муҳим мебошад. Ин масъалаи муҳими тамаддунсозиро мо ҳангоми бо роҳи диалоги сиёсӣ ҳал намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба таври равшан мушоҳида намудем. Табиати диалоги сиёсӣ дар созиши тарафайн инъикос меёбад, ки ҳукумат онро аз рӯи имкониятҳои мавҷуда, бо назардошти озодии субъект амалӣ мекунад. Аз ин ҷониб, институти ҷамъияти шаҳрвандӣ дар масъалаи муттаҳид намудани системаи арзишҳо, ки баландтар аз фарқияти фарҳангӣ ҷой дорад ташаббус нишон диҳад, ки боиси ташаккули модели демократӣ ва институтҳои он мегардад.

  Нисбати ин масъала, метавон дар бораи намудҳои гуногуни ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки аз сатҳи гуногуни институтишавӣ, демократикунонӣ ва фаъолнокии аҳли ҷамъият вобаста аст, бояд баҳогузорӣ намуд. Асоси баҳамзиддии ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлатро ҳамавақт ақидаи ҳимоя ва худташаккулёбии ҷамъият нисбати ҳукуматҳои тоталитарӣ ва авторитарӣ ташкил медод. Вобаста ба ин метавон дар байни давлат ва ҷамъияти шаҳрвандӣ фарқият гузошт, чунки аз ин мавқеъ ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳодисаи хусусӣ буда, он танҳо дар натиҷаи институтикунонии ҷамъият бо ёрии механизмҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқ ба танзим дароварда мешавад. Дар давлати авторитарӣ ҳуқуқро на танҳо аз назари принсип, балки дар амали сиёсӣ низ метавонад бекор кард.

  Бояд зикр намуд, ки асоси ҷамъияти шаҳрвандиро дар ҷамъиятҳои бози муосир фаъолияти озодона нисбат ба иқтисодиёт, пеш аз ҳама моликияти шахсӣ ташкил медиҳад ва нисбати масъалаи мазкур ҳуқуқи озодонаи фаъолият, на танҳо дар меъёрҳои қонунӣ инъикос меёбанд, балки бо нигоҳ доштани арзишҳои пешқадами умуминсонӣ дар ҳаёти ҳар як фард ва умуман ҷомеа амалӣ гардад. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим, ки рушди ояндаи онро таъмин менамояд бояд иқтисодиёти бозорӣ бошад, на танҳо хариду фурӯши молҳои берунмарзӣ. Илова ба ин соҳибкорие, ки ба қонунҳои бозори иқтисодӣ дахл дорад бояд аз монополиякунони озод бошад, то инки фаъолияти озоди иқтисодии гурӯҳҳои дигари иҷтимоии ҷамъиятро маҳдуд накунад. Моделҳои гуногуни ҷамъияти шаҳрвандӣ, ба монанди сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоиро баррасӣ намуда, мо пеш аз ҳама ба модели иҷтимоии он, ҳамчун асоси рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бартарӣ мегузорем. Зеро инсон худ зуҳуроти иҷтимоӣ буда, фаъолияти он низ ба таври озод бояд амалӣ гардад. Бо ин мақсад ба роҳ мондани назорати шаҳрвандӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ, аз як тараф иштироки шаҳрвандонро дар фазои иқтисодӣ таъмин намояд, аз тарафи дигар, ҳуқуқи амалии озодонаи онҳоро дар асоси қонунҳои марбута амалӣ намуда, боиси пешравии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мегардад. Ба таври самаранок истифода намудани масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ барои пешрафти фарҳанги соҳибкории хурду миёна замина гузошта, омили асосии эҷодкории техникӣ-технологӣ ва илмӣ гардида, асоси рушди иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд.   

 Нисбати фазои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, бояд қайд кард, ки дар ҳамагуна ҷамъият яклухтии онҳо ҷиҳатҳои нисбӣ дошта, сустшавии омилҳои он боиси фарқиятҳо дар соҳаи рушд мегардад. Ин фарқиятҳо характери мазмунӣ дошта, яке аз навъҳои мутобиқшавӣ ба шароити мавҷуда, ба ҳисоб меравад. Азбаски принсипи тағйироти ҷомеа дар алоқамандӣ бо муҳит вуҷуд дорад, ҳангоми шароити якхелаи табиӣ дар ҷамъият метавонад муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ-фарҳангӣ амалӣ гардад.

  Мафҳуми маъмули “менталитет” дар шакли синтетикӣ хусусияти хоси умумиятгароиро дар соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ифода мекунад. 

 Таҳлили муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҳангоми воқеият нисбати тадқиқот дар ҷомеаҳои гуногун боиси душвориҳо мегардад, чунки фазои рушди ҷомеа на танҳо ба муҳити табиӣ, балки ба менталитет низ вобаста мебошад. Бинобар ҳамин ҳам дар тадқиқотҳои илмӣ ин масъала дар асоси омилҳои инсонӣ, характери миллӣ, психологияи ҷамъиятӣ, фарҳангӣ анъанавӣ ва ғайраҳо баррасӣ шудааст. Аксарияти ин мафҳумҳо дар тадқиқотӣ илмӣ мавқеи категориявӣ гирифта, аксаран истифодаи онҳо дар тадқиқоти илмӣ боиси душворӣ мегарданд.[2]

  Характери сифатии менталитет аз он иборат аст, ки он як намуди иттилооти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, ки хусусияти хоси он дар рамзгузорӣ, нишон додани хусусияти миллӣ ва қабули шуури ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Бояд зикр кард, ки қишри шуури менталитетии гурӯҳе аз одамон воқеияти иҷтимоиро инъикос намекунад, балки воқеаҳои фазои таърихиро аз насл ба насл медиҳад ва ба воқеияти иҷтимоии ҷамъият, табиати ҳастӣ  ва дарки он муносибати ҷиддӣ зоҳир наменамояд. Ҳол он ки ин масъала бевосита ба тарафҳои гуногуни ҳаёти шахс ва умуман ҷамъият, ба монанди сиёсат, ҳуқуқ, ахлоқ ва иқтисодиёт таъсир мерасонад. Бинобар ин ҳам масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ дар шароити муосири ҷумҳурӣ ба таҳаммулпазирии ҷараёнҳои гуногуни динӣ (ва албатта бо инкори радкализми динӣ), баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр кардани кадрҳои идоракунандаи маъмурӣ новобаста ба маҳал ва вазъияти иҷтимоӣ вобастаги дорад. Дар ин соҳа тағйиротҳо вуҷуд доранд, аммо на бо назардошти арзишҳои пешрафтаи ҷамъиятҳои мутараққӣ.

  Дар алоқамандӣ бо ин бояд шарҳи назария ҷамъияти шаҳрвандии либералӣ-фардиро сарфи назар кард, чунки он соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба монополизатсияи соҳибкорӣ, вобастагӣ аз иқтисоди бозорӣ (паст шудани сатҳи иқтисод) нобаробарии иҷтимоӣ ва бюрократияи бесамар мебарад. Ахлоқи ақлӣ метавонад ҳамчун инструменти демократикунонӣ ва институтҳои миллии ҷамъияти шаҳрвандӣ хизмат намояд. Рушди алоқамандии байниҳамдигарии  ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҷамъияти сиёсӣ, таъсири бевоситаи ҷамъияти шаҳрвандӣ ба сохторӣ иқтисодӣ имконият медиҳад, ки моҳиятан назорати ҷамъиятӣ духӯрагии  “ҷамъиятӣ шаҳрвандӣ - давлат” –ро бартараф намояд. Ва баръакс тағйиротҳо дар ин самт боиси он мегардад, ки институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ метавонанд ҳукуматро дар ҳифзи масъалаи манфиатҳои миллӣ дар рафти ҷаҳонишавӣ дастгирӣ намоянд. Илова ба ин масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-таърихӣ хусусиятҳои хоси сиёсӣ ва мушаххаси ҷамъияти шаҳрвандиро дар ин ё он минтақа дар асоси арзишҳои миллии худ, муайян мекунад. Аз ин рӯ ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ҷамъиятҳои гуногун дорои хусусияти хоси миллӣ буда, он ҳамавақт дар тағйирот аст. Чунин ҷамъият ҳамчун соҳаи махсусӣ  ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ташаккул ёфта, фарҳангӣ воқеии худро барои муназамии системанокии он равона месозад. 

  Озодии сухан, гуногунандешӣ, тартиби ҷобаҷогузории интихоби кадрҳои роҳбарикунанда–муҳимтарин омили таҳавулоти иҷтимоии ҷомеаи муосир ба шумор меравад, ки мақсади он тағйиротҳои сохторӣ ва баланд шудани нақши функсионалӣ дар ҷамъият мебошад. 

  Нисбати масъалаи зикр шуда, нақши ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд назаррас бошад. Ташкилоти номбурда дар ҳамкорӣ бо институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ барои таъмини тартибот ва дар иртибот бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ масъалаи мустаҳкам намудани арзишҳои маънави-ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ фарҳангӣ, ташкил намудани фазои зидди идеологияҳои хатарнокро пурра риоя намоянд. Дар ин ҳолат тарзи кор ва методҳои  кормандони ташкилотҳои дохилӣ бояд асоснок буда, дар ҳамкори бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ шавад. Аз ин ҷиҳат институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳамчун шарикҳои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ метавонанд бомуваффақият ва фаъолона бо назардошти муҳити мавҷуда бо омилҳои объективӣ ташаккул ёбанд.

  Ташкил намудани ҳамкории ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқ бо институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ вазифаи идоракуниро мебозад, ки он ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо ва тартиби муайян кардани методҳои ҳамкориро дар назар дорад. Илова ба ин нисбати масъалаи зикршуда, иттилоот, масъалаи кадрҳо, базаи моддӣ-техникӣ ва молиявӣ бояд дар назар дошта шавад.

  Бинобар ин ҳам нақши калидиро барои ташаккули демократияи воқеии ҷамъияти шаҳрвандӣ, ҳамчун системаи кушоди худтанзимкунандаи муносибатҳои байни одамони ба арзишҳои фарҳанги ҷаҳонӣ асосёфта, иқтисодӣ бозорӣ, шакли иттиҳодияҳои ихтиёрии шаҳрвандон мебозад. Ташаккул ёфтани ҷамъияти шаҳрвандӣ дар давлатҳое, ки якчанд муддат дар шароити режими тоталитарӣ зиндагӣ мекарданд, дорои як қатор хусусиятои хос буда, ба душвориҳо дучор мешаванд. Пеш аз ҳама, вайрон шудани ахлоқи иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, арзишҳои миллӣ, ахлоқи меҳнатӣ – инҳо дар маҷмӯъ воқеаҳои реалӣ буда,  дар муҳлати кутоҳ ҳалли худро бояд ёбад. Ин масъалаҳо бо сабаби ғайрифаъол будани шаҳрвандон, надоштани таҷрибаи иштироки мустақилона дар равандҳои сиёсӣ ва бовар надоштан ба фаъолияти худ торафт тезу тунд мешаванд. Масъалаҳои зикршуда то андозае барои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ аз зинаҳои поён мамониат эҷод менамоянд.

  Дар асоси фикрҳои баён шуда метавон ҷамъияти шаҳрвандиро ба таври зайл тавсиф намуд. Ҷамъияти шаҳрвандӣ ин системаи ягонаи  риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти озодонаи иқтисодӣ ва эҷодии фард буда, ҳамчун иттиҳодияи ягонаи ихтиёрӣ, натиҷаи амали озодона, баробарҳуқуқ ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ аз давлат новобастаи шаҳрвандон мебошад.  Бинобар ин ҳам ҷамъияти шаҳрвандӣ дар натиҷаи мавҷудияти моликияти хусусӣ, васеъ намудани тартиботи бозорӣ, бо назардошти  табдил додани фард ба шахси аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил ба амал меояд. Ҷамъияти шаҳрвандӣ сохтори мобайниро дар байни фард ва давлат ишғол намуда, барои қонеъ гардонидани талаботҳои гуногуни инсон ва амали кардани манфиатҳо ва мақсадҳои он шароити мувофиқ ба амал меорад. Бинобар ин ҳам ҷамъияти шаҳрвандӣ дорои сохтори худ мебошад. Дар асоси сохтори ҷамъияти шаҳрвандӣ системаи ягонае фаҳмида мешавад, ки он аз зерсохторҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ иборат мебошад. Муносибатҳои сиёсӣ компонентҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ буда, шаҳрвандон метавонад то андозаи муайян барои манфиатҳои худ бо ёрии бевоситаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, Воситаҳои ахбори омма  ба ҳукумат таъсир расонанд.

  Асоси иқтисодии ҷамъияти шаҳрвандиро моликияти хусусӣ ва бозор ташкил медиҳад.  Ҳуқуқ барои моликияти хусусӣ ва вобаста ба он соҳибкории озод ва ҳуқуқ ба меҳнати озодона (интихоби намуди фаъолият, шароити бехатарии меҳнат, ҳаҷми кафолатноки даромад) омилҳое мебошанд, ки асоси ҳуқуқҳои иқтисодии шахсро таъмин менамоянд. Мутаносибан ба ин бояд қайд кард, ки нахустасоси ҷузъи сохтори ҷамъияти шаҳрвандӣ инсон маҳсуб меёбад. Аз нуқтаи назари равиши сотсиологӣ, инсон, аз як тараф, ҷузъи асосӣ бо маҷмӯи талаботҳои шахсии худ, манфиатҳо ва мақсадҳои амиқ бошад, аз тарафи дигар, ҳамчун иштирокчии бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ байни шаҳрвандон бо мақсади ҳимояи якҷояи манфиатҳо ва арзишҳои инсонӣ мебошад. 

  Қувваи асосии иҷтимоии ҷамъияти шаҳрвандӣ синфи миёна ба ҳисоб меравад. Синфи миёнаи муосир як қатор вазифаҳои махсусро, ки таъмини ҳаёти муътадил ва рушди тамоми ҷанбаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятро, ки талаботҳои инсонро таъмин менамояд, ҳифз менамояд. Пеш аз ҳама синфи миёна бо истеҳсолот ва паҳн кардани дониш, иттилоот ва фарҳанг алоқаманд буда, заминаи рушди ҷомеаро таъмин менамояд. Ин синф дорои тахассуси баланд, сифати эҷодӣ ва касбият буда, пешравии илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро самаранок менамояд. То чи андозае, ки синфи миёна дар ҷамъияти муосири Тоҷикистон зиёд бошад, то ҳамон андоза табақабандии иҷтимоии  гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ коҳиш меёбад. Синфи миёна бо соҳибихтиёр будани худ, барои тарзи сохтори ҳукумати демократӣ ва амали намудани равандҳои демократӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи ҷамъияти шаҳрвандӣ аз беҳуқуқӣ манфиатдор аст. Вобаста ба ин бояд зикр кард, ки пешравии иқтисодӣ ва ҳалли босамари масъалаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои тараққикарда ба фаъолияти бисёрҷанбаи синфи миёна алоқаманд аст.                 

  Бинобар ин ҳам дар ҷамъиятҳои муосири пешрафтаи ҷаҳон қишри синфи миёна зиёда аз 65 то 70 дарсадро ташкил дода, дар зинаҳои иҷтимоӣ байни нухбагон (элита)-и ҷомеа, яъне сарватмандон ва камбизоатон қарор дорад. Ин синф аз элита ва коргарон тафовут дошта, дар ҷомеа нақши махсусро ифо менамояд. Нақши он ба ҳайси нигаҳдорандаи суботи ҷомеа, қатъи назар аз динамизми сиёсат ва тақозои рӯзмарраи иқтисодиёт, тағйир намеёбад. Синфи миёна дар сохтори ҷомеаи пешрафта, сарфи назар аз тағйири барномаҳои сиёсӣ ва режими ҳокимият, вазифаи анъанавии худро иҷро менамояд ва ҷомеаро бо ҳамаи заруратҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ таъмин менамояд: аз ҷойи кор ва молҳои истеъмолӣ сар карда, то кумаки тиббӣ ва кашфиёти илмӣ. Бинобар ин, барои фаъолияти самараноки тамоми риштаҳои ҷомеа се унсури таркибӣ заруранд: 1) зеҳният (интеллект) ва дониши махсус ё худ замонавӣ; 2) заминаи моддӣ; 3) қобилияти идоракунии кормандон ва роҳбарии самаранок ба фаъолияти одамон. Дар таркиби синфи миёна маҳз чунин табақаҳои иҷтимоие шомиланд, ки қобилияти иҷрои ин вазифаҳоро доранд.       

  Аз ин ҷо бармеояд, ки синфи миёна бисёр гуногуннавъ аст ва ашхосеро фаро мегирад, ки навъҳои мухталифи фаъолияти корӣ-идорӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, техникӣ-технологӣ, хоҷагӣ ва ғайраро иҷро мекунанд. Мавҷудияти чунин табақаҳои мухталиф дар кишварҳои пешрафта,  аввалан, ба истиқлолияти иқтисодӣ - мавҷудияти муассисаҳои хусусӣ ва иҷрои шахсии вазифаҳои ҷудогона ва дастгирии сатҳи ҳукумат барои рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.

  Соҳиб шудани синфи миёна ба истиқлолияти иқтисодӣ дар шароити ҷумҳурӣ омили асосии рушди устувор ва суботи кишвар маҳсуб меёбад. Хусусияти дувуми синфи миёна самтгирии нерумандии касбӣ дар якҷоягӣ бо иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва баҳодиҳии иҷтимоӣ ва худбаҳодиҳӣ мебошад, ки натиҷаи тадқиқот онро собит сохт. Дар кишварҳои пешрафта ҷомеа ба нақши олимон, духтурон, адвокатҳо (ҳимоятгарон), менеҷерҳои миёна, рӯҳониён баҳои баланд медиҳанд ва барои онҳо чунин шароиту фазое фароҳам меоранд, ки онҳо зарур будани худро эҳсос намоянд ва аз ин ҷо хусусияти сеюми синфи миёна; яъне масъулияти баланди шаҳрвандӣ доштан ва мустақилияти сиёсии ин синф бармеояд, ки ин омил низ дар шароити муосири ҷумҳурӣ беҳбудиро мехоҳад.

  Бинобар ин, ҳар андоза синфи миёна дар сохтори ҷомеа қавитар  бошад, ба ҳамон андоза эҳтимоли ба вуқӯъ омадани инқилоб, низоъу моҷароҳо ва таҳаввулоти иҷтимоии харобиовар дар ҷомеа камтар хоҳад буд. Ин синф аз афроде иборат аст, ки сарнавишти хешро бо дастони худ сохтаанд ва табиист, ки онҳо ба ҳифзи низоме, ки барояшон чунин имконотро фароҳам овардааст, манфиатдоранд. Синфи миёна ду қутби мутазод: камбизоатҳо ва сарватмандонро ҷудо месозад ва намегузорад, ки онҳо бо ҳам бархурд намоянд. Ҳар қадар синфи миёна заифу нотавон бошад, ба ҳамон андоза нуқтаи мутазоди қутбҳо бо якдигар наздиктар қарор мегиранд ва ба ҳамон андоза эҳтимоли бархурди онҳо бештар мегардад ва баръакс.

  Синфи миёна барои соҳибкории хурду миёна васеътарин бозори истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба шумор меравад. Ҳар андоза ин синф сершумор бошад, ҳамон қадар соҳибкории хурд ва миёна ба пойи худ қавитар меистад. Одатан, ба синфи миёна онҳое шомиланд, ки дорои мустақилияти иқтисодӣ буда, соҳиби корхона, ширкат, идора, амалияи шахсӣ ва кору фаъолияти худ мебошанд, яъне олимон, рӯҳониён, духтурон, адвокатҳо, менеҷерҳои миёна ва ғайра асоси иҷтимоии ин синфро ташкил медиҳанд.

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ин дараҷаҳои касбӣ вуҷуд доранд, аммо онҳо аз ҷиҳати фосилаи даромад аз якдигар куллан фарқ доранд. Синфи миёна дар фазои иҷтимоӣ пароканда аст ва дар пасманзари сохторҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ фаъоли номенклатурӣ, корпоративӣ, мафиозӣ ва иқтисоди пинҳонӣ хеле заиф ба назар мерасад. Ибтидои ташаккули синфи миёна дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои анъанавӣ-саноатӣ дар давраи собиқ Шӯравӣ ташаккул ёфта буд, лекин дар шароити гузариш ба шакли навини муносибатҳои иқтисодӣ- иҷтимоӣ, иқтисоди бозорӣ ва дар ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ қисми зиёди гуруҳҳои иҷтимоии аҳолӣ ба сафи табақаҳои камбизоати аҳолӣ дохил шуданд ва қисми дигар бошанд,  барои таъмини иқтисодиёти ҳаёти оилавӣ маҷбур шуданд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

  Ин синф ҳамчунон дар миёни қисме аз кормандони машғул ба бизнеси хурду миёна ва аҳли зиё чун бахши баландихтисоси аҳолӣ вуҷуд дорад, аммо на аз нигоҳи вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии (даромад, таъминоти моддӣ) онҳо дар ҷомеа, балки фақат аз нигоҳи худайниятдиҳӣ (самоидентификация). Азбаски онҳо қисми каммаоши гурӯҳи иҷтимоии аҳолӣ мебошанд, бинобар ин, айни ҳол аз рӯйи меъёри даромад комилан шомил намудани онҳо ба синфи миёна мантиқӣ нахоҳад буд. Онҳо ҳанӯз ба иҷро намудани муҳимтарин вазифаи тасбитгари иҷтимоии пешрафти ҷомеа ва тасфифгари бархӯрди рӯбарӯйи неруҳои мутазоди ҷомеа қодир нестанд. Масъалаи синфи миёна барои дурнамои рушди кишвар, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар Тоҷикистон он дар шаклҳои махсус, аз ҷумла дар шакли талаботи иҷтимоӣ ба таъсири суботгароёнаи синфи миёна ба сабаби ихтилофнокии ҷомеа рӯнамо мегардад. Ташаккули синфи миёна метавонад «табақаи нав» ва фаъолу созанда миёни мардум ва ҳукумат ва дар айни замон, байни гурӯҳҳои сиёсии ба якдигар мухолиф гардад. Бинобар ин, вазъияти иҷтимоии синфи миёна аз ҳаҷми даромад, ҳокимият, воситаҳои истеҳсолот, тарзи зиндагӣ, маълумоти касбӣ ва риояи ҳуқуқҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ки намояндагони онро аз коргарони кироя дар "пойин" ва аз сарватмандони калон ва элитаи сиёсии ҳукмрон дар "боло" фарқ мекунонад, вобаста хоҳад буд. Зимнан, аз нигоҳи иқтисодӣ рушд ёфтани синфи миёна дар сурати боло рафтани мақоми сиёсии он имконпазир хоҳад буд. Дар сохтори ҷамъияти шаҳрвандӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозанд. Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчун яке аз қисмҳои таркибии ҷамъиятӣ шаҳрвандӣ дар шароити демократикунонии ҷомеа бояд озод бошад, чунки  ин ташкилотҳо бештар ба омӯзиши ҳуқуқҳои одамон, институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ, табақабандии иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҷумҳуриро баррасӣ менамоянд. Аз тарафи дигар, барои пешравии сохторҳои дохилии иҷтимоии ҷамъият, муносибати самаранок бо гурӯҳҳои ва ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ, озодии фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамоянд.

  Хулоса, ташаккулёбии ҷамъияти шаҳрвандӣ, имкони хубест барои рушди равандҳои демократкунонии соҳаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамчун зуҳуроти муосир барои ҷумҳурӣ, метавонад сохторҳои иҷтимоии онро такмил диҳад. Бинобар ин ҳам, муҳим аст, ки ташакулёбии ҷамъиятӣ шаҳрвандӣ дар асоси ташаббуси гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа ташаккул ёбад ва амалӣ шавад, чунки рушди равандҳои демократӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст.          

 

Қаҳҳоров Ғаюр

доктори илми фалсафа

Адабиёт

  1. Баяхчева С. Л., Туркулец А.В. Гражданское общества в современной России и национальная идея // Российское общество в современных цивилизационных процессах. – СПб., 2010 С. 468-476. 
  2. Гоббс Т. О гражданине.Т.1. – С. 231.
  3. Маркс К. Энгельс Ф. Сочинение в 10 томах. Т.3.- М., 1985.-С.154.          
  4. Медушевский А.Н. Гражданское общество и правовое государство в политической мысли Германии //Вестник МГУ. Серия 12. Социально-политические исследования. – 1995. №5,-С. 21-29.

[1] Рахмонов А. К. «Политические институты, этнополитическая конфликтология, национальные и политические процессы и технологии».  Диссертация. Душанбе, 2008г  –С.-56.

[2] Ашуров С. Н. Некоторые пути укрепления кадровой основы в условиях Таджикистана. (Сборник докладов третьей конференции молодых ученых Таджикистана). Душанбе, 2001. С. 305-307. 

Хондан 2085 маротиба

Китобҳо