Масъалан оҳиста ноаён шудани Моҳ ва ранги сурх гирифтани он аз тарафи одамони ҳуруфотпараст ҳамчун наздикшавии «қиёмат» (охири дунё) шарҳ дода мешавад. Дар баъзе маҳаллаҳо нақора зада мардуми торикфикрро ба ҳарос маафтонанд. Ҳақиқати ҳол дар он аст, ки Моҳ ба сояи Замин меафтад ва ин ҳодисаро гирифти Моҳ меноманд. Масофаи кӯтоҳтарини байни Замину Моҳ 363000 километр мебошад. Дар ин масофа сояи Замин аз диаметри Моҳ, тақрибан, 2,5 маротиба зиёд аст ва дар ҳолати дар як хати рост мавқуд будани Офтоб, Замин ва Моҳ, Моҳ ба сояи Замин ворид мешавад. Ин ҳодиса соле аз ду то чор маротиба такрор мешавад. Муддати аз сояи Замин гузаштани Моҳ ҳам гуногун аст ва сабаби ин гуногун будани ҳамвориҳои харакати Замину Моҳ мебошад. Вақти зиёдтарини аз соя гузаштан қариб 108 дақиқа аст. Гирифти Моҳ ҳодисаи даврӣ, яъне такроршаванда аст ва таърихи яке аз гирифтҳоро дониста, бо осонӣ ин ҳодисаро пешгӯӣ кардан мумкин аст. Ҳамин тавр гирифти Моҳ дар соли 2018, 31 январ ва 18 июл пешбинӣ шудааст. То ба Кайҳон қадам гузоштани инсон яке аз далелҳои кӯрашаклии Замин сояи он дар сатҳи Моҳ буд.
Ранги сурх гирифтани Моҳ ҳангоми гирифт ба атмосфераи Замин вобаста аст. Ҳатто ҳангоми гирифти пурра нурҳои Офтоб ба Моҳ рафта мерасанд ва атмосфераи Замин ба нурҳои сурху норинқи нисбатан шаффоф аст. Маҳз чунин хосият ҳангоми ғуруби Офтоб мушоҳида мешавад. Чунин ҳодиса ва далелҳоро бешумор овардан мумкин аст.
Бо мақсади мутеъ доштани омма ва беқавобгарӣ истифода бурдани халқи оддӣ, ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгаро хуруфтопарстиро паҳн мекунанд. Ҳодисаҳои табиатро бо равандҳои қамъиятӣ вобаста карда, аз тангназарии шахсони алоҳида истифода мебаранд ва афсонаҳо дар бораи тақдир мебофанд. Шиносоӣ бо қонунҳои оддии табиат ва қамъият ҳадафи чунин гурӯҳҳоро бекор месозад.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
Ва аз ҳама бад бар тани ту қавшан аст.
Абуабдуллоҳи Рудакӣ
Ходими илмии Институти
астрофизикаи АИ ҚТ
Иброҳимов А.А.