JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   Давраи муосири рушди илми физика дар Тоҷикистон ба солҳои 50-уми садаи ХХ рост меояд, зеро маҳз дар ин давра, дар кишвар як қатор рӯйдодҳои муҳими илмӣ ба вуқуъ пайвастанд. Яъне, таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) ва дар зертобеи он кушодашавии Институтҳои астрофизика (1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров (1964) саҳифаи ҷадидеро дар таърихи илми тоҷик боз карданд. Яке аз марказҳои асосӣ, ки барои пур кардани фазои илмию тадқиқотии ин муассисаҳо мутахассисони ҷавонро омода менамуд, факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буду ҳаст. Ифтитоҳи факултети фавқ аз санаи таъсисёбии факултети физикаю математика дар соли 1949 ибтидо мегирад. Хатми нахустини донишҷӯёни факултет бошад, ба соли 1954 рост омад (шуморашон 8 нафар буд) ва нахустин декани он пас аз мустақил гардидан (1965), номзади илмҳои физикаю математика, баъдтар д.и.ф.-м., профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳакимов Ф.Х. буд.

 Шарҳ: Муовини Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Рогозин, бо ифтихори том дар твиттер навори видеоии роботро ҳангоми амалиёташ гузоштааст.

 Тибқи аксарияти пешгӯиҳо, оламро саросар ҷанг фаро мегирад,  аз ин рӯ месазад, ки сари ояндаи олам каме биандешем, махсусан сари он, ки олами мо умуман оянда дорад ё не.  

 Хеле роҳат ва баҷост, ки дар яке аз кишварҳои айни ҳол дар арсаи байналмилалӣ дар ҳолати ҷангҷӯӣ қарор дошта, Русия, роботҳои сарбозро пешниҳод кардааст.

  Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи дарки воқеии равандҳои табиӣ тавонист ҳарчиқадар бештар олами иҳотанамудаашро амиқтар омӯзад. Барии татбиқ намудани ин донишҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Ҷавҳари асосӣ дар пешрафти назарраси тамоми соҳаҳо аз зеҳни солими мутахассисони соҳавӣ вобаста аст ва дар навбати худ маҳсули зеҳни онҳо- натиҷаи фаъолияти пурсамар ва эҷодиёти онҳо баҳисоб меравад.

Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:51

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм

Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел

  Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи шукуфоиву рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овард. Танҳо дар ин давраи муҳими таърихӣ имкони қувват гирифтани неруҳои зеҳнӣ ба вуҷуд омад ва халқи тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба масири хушбахтию саодат қадамҳои устувор ниҳод.

 Дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишоф ёфта, ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт ворид гардид. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дастгирии илми ватанӣ ва олимони кишварро ҳадафи стратегӣ қарор дода, сиёсати давлатиро бар асоси таҳкими илм ва маорифи миллӣ устувор сохтанд. Ин аст, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи илм аз ҳисоби Буҷети давлатӣ афзун мегардад ва сиёсати илм ба сифати меҳвар дар сиёсати давлатӣ эътироф мешавад.