JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Ахиран, пойгоҳи хабарию иттилоотии “Ахбор.ком” (https://akhbor.com/-p9452-168.htm?fbclid=IwAR2XuUfocdtXmPdh-G0PqY-Qqxgo_p2b9Q4ivIALyYfABYeww9PW3Il_Sb8) матлаби кӯтоҳеро бо пахши навор, ки дар он омӯзгор дар ҳолати ногувори равонӣ тарафи хонанда мешӯрад, мунташир кард. Наворе, ки шахсияти омӯзгорро ба масхара мекашад, махсусияти ҳангомабарангезӣ дорад ва, мутаассифона, имрӯз ағлаби пойгоҳҳои таҳлилию иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ, фазои маҷозӣ ба минбари таҳқиру тавҳини ашхос табдил ёфтаанд. Кор то ба ҷойе расидааст, ки дигар шахсияти омӯзгор, ки дар баъзе муҳитҳои иттилоотӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷикӣ ба мавзӯъ ё предмети тамасхур табдил ёфтааст, мадди назари гурӯҳҳои расонаӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Аҷабо, ба ном бузургони расонаҳои бонуфуз ва пурхонанда дар пайи шикастани рӯҳияи миллӣ, ки яке аз созандагонаш ҳамин омӯзгор аст, гом бармедоранд ва ин кори худро рисолати ҳирфаӣ унвон мекунанд.

Душанбе, 17 Июни 2019 10:02

Масъулияти муҳимми мудирият

 Яке аз душвортарин вазифаҳои мудирият роҳбарӣ ба шумор меравад. Вақте дар ин боб суҳбат меравад, ҳунари мудириятро аз мушкилтарин бахшҳои вазифаӣ муаррифӣ менамоянд.

Мудирият дар асл ду вазифаи масъулиятро бар дӯш дорад: Аввалан, тайёр ва ҷобаҷогузории масъулон дар лоиҳаи мушаххаси илмӣ, воҳидҳои идорӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ; Дувум, муайян  намудани вазифаҳои масъул ва мушаххас сохтани меъёрҳо ба он, дастуруламалҳо ва эҷоди робита байни воҳидҳои идорӣ, ки дар ҷараёни фаъолият матлуб ва муҳим дониста мешавад.

(идома)

  Ба ин тартиб ӯ нахустин фалсафаи таърихро ба вуҷуд овард ва нахустин иқдоми усулиро дар тарсими ҷараёноти таквин ва тавсеаи фикри аврупоӣ ба амал овард. Интизор мерафт, ки ин гуна тафсири воқеиёт тафсироти метафизикиро канор бигзорад. Таърих мақоми ҳақиқии худро ба даст намеовард, магар он гоҳ ки илоҳиёт канор биравад. Ба гуфтаи Бокал китоби Волтер пояи илми таърихи нав маҳсуб мешуд. Гибин, Нибур, Бокал ва Гарват ҳамагӣ мадюн ва сипосгузору пайрави ӯ ҳастанд ва ӯ дар раъси ҳамаи инҳост ва ҳанӯз дар майдоне, ки ӯ кашф кардааст, касе бар ӯ бартарӣ наёфтааст. Вале бояд дид, ки чаро бузургтарин китоби ӯ муҷиби табъидаш шуд? Барои он ки бо гуфтани ҳақиқат ба ҳама тохта буд. Махсусан кашишонро ба хашм овард, зеро назарияе изҳор карда буд, ки баъд Гибин онро такмил кард. Ба сабаби ин назария ғалабаи сареъи масеҳияти барбарипараст қудрати Румро аз ҳам пошид ва онро туъмаи ҳамла ва тохтутози ваҳшиён сохт. Он чи бештар кашишонро хашмгин сохт, ин буд, ки Волтер бо маҳдудият ба масеҳият аҳамияти камтаре қоил шуда, аз Чину Ҳинду Эрон ва ақидаҳои мардуми он мамолик чунон ба бетарафӣ ёд кард, ки гӯё як тан сокини Миррих дар бораи аҳли замин гуфтугӯ мекунад.

   Аслан Конститутсия ин санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ буда, дорои қувваи олии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври мушаххас дар меъёрҳои муайян ба танзим медарорад. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсия тавассути меъёрҳои муқараркардаи махсус нақши асосиро дорад. Бояд қайд кард, ки ҳангоми вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ ва вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиботи муайянкардаи Конститутсия меъёрҳои вайронгардидаро ба воситаи мақомоти дахлдор бо роҳи маҷбуркунӣ таъмин менамояд. Бахусус нақши Конститутсия дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас аст, чунки он муайянкунандаи самту фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб иборат аст, ду боби он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида шудааст. Аз ҷумла, боби 8-ум ба самти фаъолияти мақомоти Судӣ ва боби 9-ум ба мақомоти Прократура бахшида шудааст, ки ин мақомот дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрванд нақши муҳим мебозад. Яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад, ин мақомоти судӣ мебошад, ки Конститутсия боби махсусеро ба ин мақомот бахшидааст ва он 9 моддаро дар бар мегирад.