JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Маорифапварӣ ва ҳаракатҳои зеҳнию маънавӣ дар охири асри 17 ва аввали асри 19 дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба вуҷуд омаданд. Ин ҳаракатҳо идомаи гуманизм (исондўстӣ)-и замони Эҳё ва ибтидои ратсионализми муосир буда, ба пешрафти илми замона пояҳои таълимии фалсафӣ гузоштанд: рад кардани ҷаҳонбинии динӣ ва бозгашт ба хирад ҳамчун маҳаки ягонаи дониши инсон ва ҷомеа. Мафҳуми «равшанфикр» пас аз нашри мақолаи асосгузори фалсафаи классикии Олмон, И. Кант (1724-1804) таҳти унвони «Ҷавоб ба саволи: Равшанфикрӣ чист?» соли 1784 мустаҳкам гардид. Решаи истилоҳи «равшанӣ», ки аз вожаи «маърифат» (англ. Enlightenment; фарн. Les Lumières; олм. Aufklärung; итал. Illuminismo) гирифта шудааст, ба ривоятҳои қадимаи динии дар ҳар ду аҳд - Қадим ва Нав вуҷуддошта, рафта мерасад.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:44

Оё хобҳои мо воқеият доранд?

Масъалае, ки мо дар борааш сухан мегӯем, ин масъалаи хобу хоббинӣ мебошад. Баҳс дар масъалаи хоббинӣ аз даврони қадим то инҷониб давом дорад. Масъалаи хоббинӣ аз як ҷиҳат оддӣ менамояд, вале аз ҷиҳати дигар мушкилу печида. Чаро? Чаро ки протсессҳо (равандҳо)-и физиологиву биологие, ки дар майнаи сари инсон мегузаранд, бетаъсир нестанд.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:43

Шоколади ҳақиқи чи гуна бояд бошад

Имрӯз дар рафи мағозаву марказҳои савдо мо намудҳои гуногуни шоколадро вомехӯрем: шоколади талх, сафед, ковок (пористый), ширӣ, бо мағз, бо мавиз, бо йогурт, бо ҷем ва ғ. Умуман интихобу навъи шоколад дар рафҳо хеле васеъ мебошад. Аммо на ҳамаи ин тахтачаҳоро (плиткаҳоро) шоколад номидан мумкин аст.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:42

Асал ва намудҳои он

Асал аз ҳама ширинии беҳтарини табиӣ ба ҳисоб меравад. Вай, на ин ки бомазза, балки фоиданок аст. Ҳатто духтурон онро ба беморон тавсия медиҳанд. Дар таркиби он витаминҳои гуногун ва микроэлементҳои фоидабахш мавҷуд мебошанд. Фақат агар он асали тоза бошад. Чӣ хеле маълум аст, бо мурури вақт асал сахту сафед мегардад.