JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориёӣ: дирӯз ва имрӯз” дар ҳошияи пешниҳодоти саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе – 19-уми марти соли 2026)

  Гузаронидани ҳамоишу конференсияҳои илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар Раёсат, марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, парешонии қишри равшангарӣ ва зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию маданӣ, ташкил ва гузаронидани конфронсу ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ва нишасту маҳфилҳои фарҳангӣ-фароғатӣ амри зарурист. Маҳз бо ин ҳадафу ният дар муҳити академӣ бо ҳузури донишмандону коршиносон ва пажуҳишгарону ихлосмандон конфронсу ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ ва маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегарданд ва аз ин тариқ вазъи ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ, биниши миллӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии насли ҷавони муҳаққиқ беҳбуд меёбад.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавъам ба пешбурду татбиқи амалии ҳадафҳои Рўзномаҳои ҷаҳонии обу иқлим ва пешниҳоди иқдомҳои глобалии марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, дар баргузории ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ таҷрибаи бузург дорад. Зеро Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардида, дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба тамоми уҳдадориҳоро ба сомон расонидааст. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ду ниҳоди бузурги ҷаҳонии марбут ба тағйирёбии иқлим ва захираҳои об – Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Шурои ҷаҳонии об, ки мувофиқан аз соли 1995 ҳар соле конференсияҳои тарафҳои конвенсия ва аз соли 1997 ҳар се сол форумҳои ҷаҳонии обро баргузор менамоянд, фаъолияти хеле назаррас дорад.

   Дар гоҳшумории расмӣ имрӯз – 23-юми феврал ба унвони Рӯзи Артиши миллӣ шинохта мешавад ва ин рӯзро минҳайси Рӯзи мардонагӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарастӣ ва ғуруру сарбаландӣ ҳамагон дар қаламрави Тоҷикистони азиз ҷашн мегиранд ва бо табрикоту таманниёти сарбозони Ватанро шодбош мегӯянд. Мо ҳам, бо истифода аз фурсат, ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ сарбозону афсарон ва кулли артишиёни Ватанро самимона  шодбош мегӯем.

  Филми мустанади Ҷашни сари сол аз ТВ Синамо, бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз. Муаллиф ва ровӣ: Далер Ҳасанзода. Дар барнома донишмандони тоҷик Бӯризода Анвар Маҳмад, Мирҳусен Нарзиев, Суннатулло Ҷонбобоев, Ризои Баҳромзод, Нурзода Ҳабибҷон ва Номвар Қурбон иштирок кардаанд.

Саҳифа аз 1 то 202